Зеҳн

Дар ситоиши Рӯдакӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

ШАҲИДИ БАЛХӢ
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро суханаш талвино.
Шоиронро хаву аҳсан мадеҳ,
Рӯдакиро хаву аҳсан ҳиҷо.

КИСОИИ МАРВАЗӢ
Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,
Садяк аз ӯ туӣ, Кисоӣ, яргист.

ШОИРИ ГУМНОМ
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз май бӯй.
Шоират ку кунун, ки шоир рафт?
Набувад низ ҷовидона чануй.

МАЪРУФИИ БАЛХӢ
Аз Рӯдакӣ шунидам, султони шоирон
К:-«андар ҷаҳон ба кас магарав, ҷуз ба Фотимӣ».

АББОСИ МАРВАЗӢ
Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Кисоӣ,
Чунон ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Муҳаммади Гургонӣ
Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,
Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон,
Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат
Навои Борбад мондасту Дастон.

УНСУРИИ БАЛХӢ
Ғазал рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест,
Агарчӣ бикӯшам ба борикӣ ҳам,
Бад-ин парда-андар маро бор нест,

АСАДИИ ТӮСӢ
Шоир чу гузин Рӯдакӣ он к-аш бувад ашъор,
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.

МУХТОРИ ҒАЗНАВӢ
Байтест бад-ин қоида устоди Аҷамро,
К-он байт ба мадҳи ту матин омаду маҳкам.

Рашидии Самарқандӣ
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ,
Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

НИЗОМИИ АРӮЗИИ САМАРҚАНДӢ
Эй он кӣ таън кардӣ, дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
Он кас, ки шеър донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист,

СУҲАЙЛӢ ҶАВҲАРИЗОДА
Саромади шуаро он ки Рӯдакии бузург
Баладтар зи сарони сухан варост мақом.
Худ ба адиби балиғе, ки дар бадоеи шеър
Баёни ӯст: ба тасвири илми он – рассом.
Чакидаи қаламаш рӯҳи пайкари маънӣ,
Ҷаридаи рақамаш найири сипеҳри калом.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Рӯдакӣ он ки дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ.
Силаи назмҳои ҳамчу дураш
Буд дар бораи чорсад уштураш.
Чун шутур аз работ берун ронд,
Бар замин ғайри шеър ҳеҷ намонд,
Номи онро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.

ИБНИ ЯМИН
Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

ТУРАЛ
Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбази чарх аз суханаш пурсадост.

МУҲИДДИН АМИНЗОДА
Рӯдакӣ, эй тоҷи фарқи назми халқи тоҷдор,
Мекунад бо чун ту тоҷе назми тоҷик ифтихор.
Сарзамини назм дар даврони мо гул-гул шукуфт,
Зиндаву бино шудӣ, бингар ба файзи ин баҳор.

САИД НАФИСӢ
Бар хоки Рӯдакии суханофаринин кунун
Сарро кунам фурӯду сиришкро кунам равон,
Баъд аз ҳазору яксаду се соли рӯзгор
Аз роҳи дур омадаам зору нотавон,
То ҷон ҳамефишонам бар хоки он касе,
К-аз гуфти ӯст бар тани ҳар донише равон,
То рӯзи растхез шавад баҳраманд аз ӯ
Ҳар кас, ки баҳра ҷӯяд - чӣ пиру чӣ ҷавон.

ШАҲРИЁР
Марде аз рустои Рӯдак хост,
Хусраваш хонам, агарчӣ деҳқон буд.
Кохе аз назми порсоӣ афканд,
К-аш на осеби боду борон буд.
Пояи назмро бад-он ҷо бурд,
Ки ба даврони Оли Сосон буд.
Вақт хуш буд Оли Сомонро,
Ҷое дар хиттаи Хуросон буд.
Рӯдакӣ низ чун дури шаҳвор
Зеби дарбори Оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи амир Исмоил
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.
Рӯдакӣ кори пури Дастон кард,
К-ин ҳунар кори пури Дастон буд.
Дар низоъи бақои миллият
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.
Рӯдакӣ бо ду чашми нобино
Раҳнамои маоли бунён буд.
Аввалин бор ӯ раҳе паймуд,
К-аш на пайдоӣ карону поён буд.
Дигарон пайравони Рӯдакианд,
Натавонанд Рӯдакисон буд.

МӮЪМИН ҚАНОАТ
Ҳар оҳ, ки сар кашид аз синаи ту,
Аз он дили чок-чски бекинаи ту,
Шуд шеъру ҷаҳони назмро гарм бисохт,
Бо нолаи руд дар ҷаҳон шӯр андохт.
Он дар дилу ҷони дидаю гӯш нишаст,
Дар сафҳаи офоқ, пас он нақш бубаст.
Ин кӯҳна китоби даҳрро то имрӯз
Гар боз кунӣ, туӣ дар он пандомӯз.
Ҳар сафҳаи ӯ гарм кунад оҳи туро,
Аз он ҳама сӯзу созу овоз ояд,
Ашъори фусунгарат ба парвоз ояд!

Фарзона
То Бухоро ҳамраҳи рӯди Зарафшон омадам,
Балки дарё будаму лабрези исён омадам.
Нои ман гулбонг мезад: «Эй хомӯшон, омадам,
Дар ҷабинам фарри яздонӣ фурӯзон омадам,
Дӯш аз шаш сӯй гетӣ ташнаи ашъор буд,
Халқ соҳибдавлату даврон навозишкор буд,
Дар Аҷам Наврӯз буду офтобе метукуфт,
Тахти Сомон пойдору давлаташ бедор буд.
Ба-ъди даҳ садсола дар оғӯши сабзи деҳааш,
Халқи тоҷик каъбаашро мунтаҳо обод кард.
Ин замон, ки гӯри Сомон дар сукунат ғарқааст,
Эй Бухоро, мавҷи овози маро дорӣ ба ёд?!
Ногаҳон афтод андар тахти Сомон ғулғула,
Ногаҳон бархост андар марзи тоҷик зилзила.
Душмане чашми чароғони маро хомӯш кард,
То бимонад халқи ман дар зулмати бемашъала.
Шеъри ман хубу аз шарёни мардум мегузашт,
Чун малоик иарфишон аз авҷи анҷум мегузашт.
Сорбоне буду пешопеш гоме мениҳод,
Корвоне аз биёбонҳои саргум мегузашт.
Дӯш қалбат метапид аз шеъри шаҳрошӯби ман,
Ҳолиё рӯҳи маро шояд бияфкандӣ ба бод?!
Шеъри ман имрӯз ҳам мисли радифу раҳбалад,
Ворисони тундравро сӯи фардо мебарад.
То кунун рӯди Зарафшон шеъри шодоби маро,
То Бухоро, то Бухоро, то Бухоро мебарад.

Лоиқ Шералӣ
Устухонатро зи баъди даҳ сада
Ёфтанд аз зери хоки деҳкада.
Устухон бисёр дар зери замин,
Устухони пайкарони одамин,
Аз миёни хирмани сутхони хушк,
Ҳар кадомеро чу мекарданд даст,
Устухоне нола зад, фарёд зад,
Пас бидонистанд, сутхони туаст,

ГУЛНАЗАР
Нахушкад то абад сарҷӯи Рӯдак,
Ки дарё шуд зи дастонгӯи Рӯдак.
Бухоро рафт агар Рӯдак замоне,
Кунун ояд Бухоро сӯи Рӯдак.

Баҳори зиндагӣ ҳаргиз намирад,
Диёри кӯдакӣ ҳаргиз намирад.
Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,
Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.

Суруди Рӯдакӣ умре ҷавон аст,
Барои ҳар макону ҳар замон аст.
Агарчӣ кӯчааш хурд аст дар шаҳр,
Ба рӯи даҳр роҳаш бекарон аст,

ЗАЛИЛӢ
Аз тамоми шоирон аъло мақоми Рӯдакӣ,
Халқи тоҷик менамояд эҳтироми Рӯдакӣ.
Роҳҳо ҳамвор гашту кӯчаҳо маъмур шуд,
Ин ҳама ободиҳо аз файзи оми Рӯдакӣ.
Марқади зебои ӯ маъмули хосу ом шуд,
Мактаби зебо иморат шуд ба номи Рӯдакӣ.
Шоири равшанбаёну халқҷӯю ҳақталаб,
Халқҳо гаштанд ин ҷо шодкоми Рӯдакӣ.
Ҳар кӣ меояд ба назди қабри файзосори ӯ,
Мешавад маълум қадри эҳтироми Рӯдакӣ.
Эй сабо, бар рӯҳи устоди бузургворам расон,
Аз Залилӣ, ин саломе бар каломи Рӯдакӣ.

САРМАД
Вожаҳо-хиштҳои тиллоӣ,
Рӯдакӣ буда шоири меъмор,
Дар канори диёри авдодӣ,
Кохи назмаш ҳаме бувад пойдор.
Кохи шеъре, ки оламорояст,
Сар кашидаст гӯӣ то гардун,
Байтҳоянд шаҳсутунҳояш.
Нақшҳояш зи қатраҳои хун.

Марзи сарводаҳо тиллоӣ,
Шаҳри озодаи Бухоро буд.
Рӯдакӣ садри базми шоирҳо,
Чомагӯ буд, давраоро буд.
Хасми безоти кӯрботинаш,
Чашми ӯро агарчӣ аъмо кард,
Дидаҳои варо зи хун гулгун
Хешро рӯсиёҳи дунё кард,
Гавҳарони рабудаи чашмаш,
Гӯиё наҷмҳои тобон шуд.
Шеърҳои равону ҷонбахшаш,
Доруи дардҳои инсон шуд.
Байтҳое, ки мондааст имрӯз,
Сабт дар синаҳои инсон аст
Шеърҳое, ки мо намедонем,
Ганҷҳои зи дида пинҳон аст,


Замири Рӯдакӣ кони сухан буд,
Каломаш сарвату ганҷи ватан буд.
Адӯ гар нури чашмонаш рабуда.
Вале шеъраш чароғи анҷуман буд.


Аз навои чангу аз сарводаҳои Рӯдакӣ,
Дар дили ҳар мавҷи дарёи Зарафшон оташаст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2