Зеҳн

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Калила ва Димна

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 16 дақиқа хондан

«КАЛИЛА ВА ДИМНА»

Асли ин достони машҳури ҷаҳонӣ ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шуда буд. Баъд онро дар асри VIII Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонд. Дар аҳди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ «Калила ва Димна»-ро Балъамӣ аз арабӣ ба форсии дарӣ бо наср тарҷима карда буд. «Калила ва Димна» маҷмӯаи қиссаю ҳикояҳои пандомезест, ки аз забони ҳайвонот нақл шуда, масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоиро дар бар мегирад. Онро ба Рӯдакӣ мехонданд. Чашмони Рӯдакӣ он вақт хира буд. Вай онро аз рӯи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашид. Дар ин бора Фирдавсӣ чунин хабар медиҳад:

Калила ба тозӣ1 шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳамебишнавӣ.
Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳи аср.
Гаронмоя Булфазл дастури2 ӯй,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯй,
Бифармуд то порсии дарӣ
Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ...

Гузорандаро3 пеш биншонданд,
Ҳаме нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт4 инчунин дурри огандаро.

«Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ асари панду ахлоқӣ буда, дар он масъалаҳои тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат, дониш ва баръакс мазаммати нуқсонҳои инсонӣ ва иллатҳои ҷамъиятӣ тасвир мешавад. Ба ақидаи устод Рӯдакӣ, барои пеш рафтани инсон ду чиз аз ҳама заруртар аст: омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва ба даст даровардани илму дониш. Аммо сарчашмаи муваффақиятҳои шахсии одам ба кӯшиши мақсадноки ҳамешагӣ, сабру тоқат ва солорию бурдборӣ вобаста мебошад. Дар «Калила ва Димна» устод Рӯдакӣ ягонагии дониши инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунё дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи маданият, ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ5 доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан6 аст.

«Калила ва Димна» ганҷинаи ҳикмат аст. Ин ҳикматҳо ростӣ, хизмат ба мардум, расидани рӯзи хубӣ, камсуханӣ, таърифи хираду дониш ва накӯҳиши афъоли нописанд ва амсоли инро ташвиқ мекунанд:

Кор чун баста шавад, бикшоядо
В-аз паси ҳар ғам тараб афзоядо.

Ситоиш ва тарғиби дӯстӣ дар «Калила ва Димна» мақоми сазовор дорад. Шоир дар олам дидори дӯстро бузургтарин шодмонӣ ва ҷудоӣ аз онро ғами ҷонкоҳ мешуморад:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи7 дӯстони пурҳунар.

Мағрури дунё, мақом, дороӣ ва дониши худ набояд шуд, зеро оқибат бе ҳеҷ чиз танҳо ба гӯр бояд рафт ва дар зери лаҳад омию олим, дорою бебизоат ва аблаҳу хираманд, яъне фарзона баробар аст:

Аблаҳу фарзонаро8 фарҷом9 хок,
Ҷойгоҳи ҳар ду андар як мағок10.

Достони «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ дар баҳри рамали мусаддаси мақсур навишта шудааст. Ҳар мисраи он аз се рукн - фоилотун фоилотун фоилун -V - -/-V- -/-V- - /-V- иборат аст. Он бо ин байти машҳури пурҳикмат шурӯъ мешудааст:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!


1 Тозӣ - арабӣ.
2 Дастур - вазир.
3 Гузоранда - ровӣ, ривояткунанда, гӯянда, нақлкунанда.
4 Бисуфт - шикоф кард, зеб дод, оро дод.
5 Гиромӣ - азиз, мӯътабар.
6 Ҷавшан - навъе аз либоси ҷангии оҳанин, чун зиреҳ.
7 Фироқ - ҷудоӣ.
8 Фарзона - хираманд, доно.
9 Фарҷом - оқибат, охири кор.
10 Мағок - лаҳад, гӯр.

Муқаддама

Ҳар киро эзад-ш лахте ҳуш дод,
Рӯзгор ӯро басанда устод.
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро бо ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рав Туву ин ганҷ неҳ.

Боби Барзӯяи табиб

Аз ҳамолон в-аз бародар ман фузун,
З-он ки манн умедворам низ юн.
Боз кард аз хоб занро нарму х(в)аш,
Гуфт: «дуздонанду омад ройпаш».
Шав бад-он кунҷ андарун ҳумме биҷӯй,
Зери ӯ самчест берун шав бад-ӯй.
Марди муздур андар оғозид кор,
Пеши ӯ дастон ҳамезад бе киёр.
Чоҳ пуркарбосаву пуркаждумон,
Хӯрди эшон пӯсти рӯйи мардумон.

Боби Шеру Гов

Доштӣ он тоҷири давлатшиъор, сад қатор сор андар зери бор.
Ҳамчунон Сурма, ки духти хубрӯй,
Ҳам ба сони гард бардорам за ӯй.
Гарчи ҳар рӯз андаке бардорадаш,
Бофдум рӯзе ба поён орадаш.
Об ҳарчи бештар нерӯ кунад,
Банду варғи сусту пуда барканад.
Хоягони ту чу кобили шудаст,
Ранги ӯ чун ранги потили шудаст.
Чун яке хошоки афканда ба кӯй,
Гӯшхоронро ниёз ояд бад-ӯй.
Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист
Бо ниҳебу саҳм, ин овойи кист?
Димна гуфт ӯро: ҷуз ин ово дигар
Кори ту на ҳасту саҳме бештар!
Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,
Ранҷаке бошад-ту озору газанд!
Пас табире дид наздики дарахт,
Ҳар гаҳе бонге биҷастӣ тунду сахт.
Гурусна рӯбоҳ шуд то он табир,
Чашм зӣ ӯ бурда, монда хир-хир.
Зан чу ин бишнида шуд, зомӯш шуд,
Кафшгар конову марде лӯш буд…
Мардро наҳмор хашм омад аз ин,
Ғовшанге бар каф овардаш газин.
Кард бояд маар маро в-ӯро раван,
Шер то темор дорад хештан.
Шер хашм оварду ҷаст аз ҷойи хеш,
В-омад он харгӯшро олуға пеш.
Ҳам худ омада бувӣ в-ороста,
Ҷанги ӯро хештан пероста.
Ҳамчунон кабте, ки дорад ангубин,
Чун намонад достони ман чунин?
Кабт ногаҳ бӯйи нилуфар биёфт,
Хушаш омад сӯйи нилуфар шитофт.
В-аз барии хушбӯй нилуфар нишаст
Чун гаҳи рафтан фароз омад наҷаст.
То чу шуд дар об нилуфар ниҳон,
Ӯ ба зери об монд аз ногаҳон.
Чун кашаф анбӯҳи ғавғоӣ бидид,
Бонгу жаххи мардумон, хашм оварид.
Мода гуфто, ҳеҷ шармат нест, век!
Бас сабуксорӣ, на бад донӣ, на нек!
Подшо Симурғ дарёро бибурд,
Хонаю бачча бад-он Тайту супурд.
Шаб зимистон буд каппӣ сард ёфт,
Кирмаке шабтоб ногоҳе битофт.
Каппиён-ш оташ ҳаме пиндоштанд,
Пуштаи ҳезум бар ӯ бардоштанд.
В-аз дарахт-андар гувоҳӣ хоҳад ӯй,
Ту бад-он вақт аз дарахт-андар бигӯй,
К-он табангу, к-андар он динор буд,
Он ситад з-эдар, ки ноҳушёр буд.
Андар он шаҳре, ки муш оҳан хурад,
Боз парад дар ҳаво, кӯдак барад.
Танг шуд олам ба ӯ аз баҳри гов,
Шӯр-шӯр андар фиканду ков-ков.

Боби боҷусти кори Димна

Бори кажмардум ба кангара-ш андаро,
Чун аз ӯ суд асту маар шодӣ туро.
Нозди он шоҳи замин кардаш паём:
«Доруе фармой зомаҳрон ба ном»…
Сус парварда ба май бигдохта,
Нек дармоне занонро сохта.
Дастгоҳи ӯ надонад к-аз чӣ рӯй,
Танбулу канбураву дастони ӯй.
Песиву носуркуну гурбапой,
Хоя ғур дорӣ ту чун уштурдироӣ.

Боби дӯстии кабутар ва зоғу муш ва бохаву оҳу

Бар сари шохи чанор истода зоғ,
Бонг барбурда зи ҳар сӯ коғ-коғ.
Аз замӣ барҷастаме то чошдон,
Хӯрдаме ҳар-ч андар он будӣ зи нон.
Манн сухан гӯям, ту конӣ кунӣ,
Ҳар замоне даст бар дастат занӣ…
Марди динӣ рафту овардаш кананд,
Чун ҳаме меҳмон дари манн хост канд…
Гуфт диниро, ки ин динор буд,
К-ин фажокин мушро парвор буд!
Гар хурӣ аз хӯрда бигсорат-т ранҷ,
Гар диҳӣ мину фароз орад-ту ганҷ!
Офарида мардумон маар ранҷро,
Пеша карда ранҷи ҷоноҳанҷро.
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар!
Худ туро ҷӯяд ҳама хубиву зеб,
Ҳамчунон чун навҷаба ҷӯяд нишеб!
Чун фароз омад бад-ӯ оғози марг,
Диданаш бегор гардонду маҷарг.
Ҷой кард аз баҳри будан козае,
З-он ки карда будашон андозае.
Оҳу аз дом-андарун овоз дод,
Посухи гурза ба дониш боздод.
Чун бигардад пойи ӯ аз пойдон,
Худ шикӯҳида бимонад ҳамчунон.
Ошикӯхад бар замин душвортар.
Бо курузу хуррамӣ оҳу ба дашт,
Мехиромад чун касе к-ӯ гашт маст.

Боби буф ва зоғ

Заш аз ӯ посух даҳам андар ниҳон,
Заш ба пайдоӣ миёни мардумон.
Гуфт бо зарғуш: «хона-хони ман,
Хезу гашта, бод хокаш бехта»
Пар биканда, ҷангу ҷангал рехта,
Хок гашта, бод хокаш бехта!
Зишта нофарҳехтаву нобихраде, одамирӯеву дар ботин даде.
Аз фаровонӣ, ки хушкомор кард,
З-он ниҳон маар мардро бедор кард.
Кор чун баста шавад, бикшоядо
В-аз паси ҳар ғам тараб афзоядо!
Он киро донам, ки ӯям душман аст,
В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.
Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман.
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.

Боби бӯзина ва боха

Бӯзина ҷасту гурез андар замӣ,
Бонг барзад аз куруз хуррамӣ.
Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодмон будаам.

Синдбоднома

Хашмаш омад-шу ҳамон гаҳ гуфт: век!
Хост, к-ӯро барканад аз дида кек.
Он гурунҷу он шакар бардошт пок,
В-андар он дастори он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст андар ниҳод.
Шӯй бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу, ай палид!
Май гусро андар такуки шоҳвор,
Хур ба шодӣ рӯзгори навбаҳор.
Гуфт, ҳангоми яке шаҳзода буд,
Гавҳарию пурҳунар, озода буд.
Шуд ба гармоба дарун як рӯз ғушт,
Буд фарбеҳу калону хубгӯшт.
Чунки занро дид луч, кард умтулам,
Ҳамчу оҳан гашту надод эч хам.
Гунбаде наҳмор бар бурда баланд,
Н-аш сутун аз зеру н-аз барсӯш банд.
Бонги зилла кар бихоҳад кард гӯш,
В-эч н-осояд ба гармо аз хурӯш.
Барзанад овоз ду нонак ба даст,
Бонги «ду нонак» сечанд овой ҳаст.
Нони он мудхил зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам набуд.
Аспяле омад он гаҳ нарм-нарм,
То барад маар аспро ӯ гарм-гарм.
Пас шитобон омад инак пирзан,
Рӯй як сӯ коға карда хештан…
То ба хона бурд занро бод илом,
Шодмона зан нишасту шодком.
Андар омад мард ба зан чарб-чарб,
Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.
Шоҳ дигар рӯз боғ орост хуб
Тахтҳо бинҳоду баргустурд буб.
Гурбузони шаҳр бо ман тохтанд,
Ман надонистам чи танбул сохтанд!
Гуфт, хез акнуну сози раҳ бисеч,
Рафт бояд-т, ай писар, мамғаз ту ҳеҷ.
Кард рӯбаҳ юзворӣ як зағанд,
Хештанро з-он миён берун фиканд.


Меҳр дидам, бомдодон чун битофт,
Аз Хуросон сӯйи Ховар мешитофт.
Нимрӯзон бар сари мо баргузашт,
Чун ба Ховар шуд зи мо нодид гашт.
Аз Хуросон бардамад товусваш,
Сӯйи Ховар мешитобад шоду каш.
Ахтаронанд осмон-шон ҷойгоҳ,
Ҳафт тобанда давон дар дуву доҳ.
К-офтоб ояд ба бахшаш зӣ Бара,
Рӯйи гетӣ сабз гардад яксара.
Чун даромад он кадевар марди зафт,
Бел ҳишту доскола баргирифт.
Омад ин шабдиз бо марди хароҷ
Дар биҷунбонид бо бонгу талоҷ.
Дасту кафу пойи пирон пуркалахч,
Риши пирон зард аз бас дуди нахч.
Киштие бар обу каштибон-ш бод,
Рафтан андар водие, яксон ниҳод.
На хала бояд-шу на ангехтан,
На зи каштӣ биму на з-овехтан.
Чунки моланда ба ӯ густоҳ шуд,
Дар дурустӣ омаду дарвох шуд.
Рӯзи ҷастан тозиён ҳамчун наванд,
Рӯзи дан чун шастсола судманд.
Сурхии хафча нигар аз сурхбед,
Муъсафаргун пӯшиши ӯ, худ сафед.
Сар фурӯ бурдам миёни обх(в)ар,
Аз фурунҷи ман-ш хашм омад магар.
Аз ту дорам ҳарчи дар ханур,
В-аз ту дорам орду гандум дар канур.
В-аз чаковак нӯф бинӣ растахез,
Дашт баргирад бад-он овойи тез.
Оташе биншонад аз тан тафту тез,
Чун замоне бигзарад гардад гимез.
Чун гули сурх аз миёни пилғӯш,
Ё чу зарин гӯшвор аз хуб гӯш.
Мӯйи сар чағбуту ҷомари нок,
Аз бурнсӯ боди сарду бимнок.
Аз даҳони ту ҳамеояд ғашок.
Пир гаштӣ рехт мӯят аз ҳабок,
Зад кулӯхе бар ҳабоки он фажок,
Шуд ҳабоки ӯ ба кирдори мағок.
Аблаҳу фарзандро фарҷом хок,
Ҷойгоҳи ҳарду андар як мағок!
Думи саг бинӣ або бадфузи саг,
Хушк гашта, к-аш наҷунбад ҳеҷ раг!
Истода дидам он ҷо дузду ғул,
Рӯй зишту чашмҳо ҳамчун дуғул.
Гар дирам дорӣ газан орад ба дин,
Бифкан ӯро гурми дарвешӣ гузин.
Токи зар, бинӣ, шуда динор гумм,
Пар ниёни сабзи ӯ зангоргум.
Гуфт: «фардо наштар орам пеши ту,
Худ биёҳанҷам ситем аз реши ту».
Аз ҳама некиву хубӣ дорад ӯ,
Модавар бар кори хеш ар дорад ӯ!
Рӯйи ҳар як чун дуҳафта гирд моҳ,
Ҷомашон ғуфа, самуришон кулоҳ.
Кош он гӯяд, ки бошад беш неҳ,
Бар яке бар чанд бифзояд фареҳ.
Санҷиди челон ба ду нима шуда,
Нуқтаи сурма ба ӯ як-як зада.
Беҳтарин ёрону наздикон ҳама
Назди ӯдорам ҳамеша андама.
Пас биавборид ишонро ҳама,
Нешубонро ҳишт зинда, не рама.
Ҳаст аз мағз сарат, ай мангула,
Ҳамчу рашт монда тиҳӣ аз кашкула!
Обканде дуру бас торик ҷой,
Лағж-лағжон чун дар ӯ бинҳанд пой.
Гуфт, риман марди хоми лакдирой,
Пеши он фартут пири жожхой.
Чун яке жағбут пистонбанди ӯй,
Шир дӯшӣ з-ӯ ба рӯзе дусабӯй!
Хуму хумбаҳ пур, зи андӯҳ дил тиҳӣ,
Заъфарону наргису беду биҳӣ!

Маснави дар баҳри мутақориб

Ба кӯҳ андарун, гуфт, куҳкони мо,
Биёву бикан, биксалат ҷони мо!
Ба андо намуданд вахшурро,
Бидид он саропо ҳама нурро.
Кафан ҳулла шуд кирми баҳромаро,
К-аз абрешими ҷон кунад ҷомаро.
Тавоноӣ бар ӯ кор бастани фиреб,
Ки нодон ҳама рост бинад вуреб.
Гириф об коша зи сармои сахт,
Чу зарин варақа гашта барги дарахт.
Зи қалб ончунон сӯйи душман битохт,
Ки аз ҳайбаташ шерри нар об тохт!
Чу гашт он парирӯй беморғанҷ,
Бибуррид дил з-ин сарайи сипанҷ.
Синголида дар ҷанг монанди ғӯч,
Табар бурда бар сар чу тоиҷи хурӯч.
Тани хингбед гар чи бошад сапед,
Батаррию нармӣ набошад чу бед.
Нишасту суханро ҳаме хош зад,
Зи оби даҳан кӯҳро шош зад.
Нафасро ба ғадрам чу ангез кард,
Чу озарфазо оташ тез кард.
Ба душман бар аз хашм овоз кард,
Ту гуфтӣ, магар тундар оғоз кард!
Кӣ бар обу гил нақши мо ёд кард,
Кӣ моҳор дар бинии бод кард?!
Яке зарби гӯпол вақти набард,
Дарорад сари ҳамнабардон ба гард.
Зи ҳар хошае хештан парварад,
Ки ҷуз хош вайро чӣ андар х(в)арад?!
Ба бодафараҳи ҷовидон кардманд,
Ба дӯзах бимонад равонаш нажанд!
Кафидаш дил аз ғам чу як кафтанор,
Кафида шавад санги теморхор!
Дурахш ар нахандад ба вақти баҳор,
Ҳамоно нагирад чунин абр зор.
Расиданд зӣ шаҳри Чандон фароз,
Сипаҳ хайма зад дар нишебу фароз.
Чи хуш гуфт он мард ба он хадеш:
«Макун бад ба касс, гар нахоҳӣ ба хеш».
Ситуда бувад назди хурду бузург,
Агар родмарде набошад сутург.
Фиканданд бар лод парнехсанг,
Накарданд дар кори мӯбад дирам.
Ба як борагӣ бештар бори ранг,
Ки бошад, ки бешӣ бувад бедаранг.
Дар ҷӯйе равон аз даҳонаш зи хилм,
Ду хирман зада бар ду чашмаш зи хим.
Баҳор аст ҳамвора ҳар рӯзиям
Ба мункир фаровон ба маъруф кам.
Ба дашт ар ба шамшер бигзорадам,
Аз он беҳ, ки моҳӣ биавборадам.
Макун хештан аз раҳи рост гумм
Ки худро ба дӯзах барӣ бофдум.
В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Моваруннаҳр дон.
Ба чашми дилат диди бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон!
Бад-он ошкорат бибин ошкор
Ниҳони-тро бар ниҳонӣ гумор!
Ки ҳар гаҳ, ки тира бигардад ҷаҳон,
Бисӯзад чу дӯзах шавад бодрон.
Агар божгуна бувад пираҳан,
Бувад ҳоҷати баркашидан зи тан.
Бадандеш душман бувад вилҷӯ,
Ки то чун ситонад аз ӯ чизи ӯ.
Зи диндор хезад ҳазор орзӯй,
Зи чашм аст, гӯянд жарди гулӯй.
Сиришк аз мижа ҳамчу дур рехта,
Чи хӯша зи соруна овехта.
Нишаста ба сад чашм бар борае,
Гирифта ба чанг-андарун порае.
Лаби бахти пирӯзро хандаӣ,
Маро низ мурвои фархундаӣ.
Ҷавон чун бидид он нигорида рӯй,
Ба сони ду занҷир марғулмӯй.
Ба хунёгари нағз овард рӯй,
Ки чизе, ки дил хушк кунад, он бигӯй!
Або хилъати фохир аз хуррамӣ,
Ҳаме рафтиву менаваштӣ замӣ.
Маялфанҷ душман, ки душман яке,
Фузун асту дӯст ар ҳазор, андаке.
Ҷавон будаму пунба фахмидаме,
Чу фахмида шуд, дона барчидаме.

Маснавии баҳри хафиф

Нест фикре ба ғайри ёр маро,
Ишқ шуд дар ҷаҳон фаёр маро.
Заъру заръ аз баҳор шуд чу биҳишт,
Заръ кишт асту заръ кӯшаи кишт.
То саму сар бароварид аз дашт,
Гашт зангоргун ҳама лаби кишт.
Ҳар яке корде зи хон бардошт,
То пазад аз саму таъомаки чошт.
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.
Дева ҳарчанд абрешум биканад,
Ҳарчи он бештар ба хеш танад.
Уштури гурсуна касема хурад,
Кай шикӯҳад зи хор, чира чарад!
Гови мискин зи кайди Димна чӣ дид?
В-аз бади Зоғ Бумро чи расид?!
Дур монд аз саройи хешу табор,
Насаре сохт бар сари кӯҳсор.
Табар азбаски зад ба душмани кӯс,
Сурх шуд ҳамчун лолакои хурӯс.
Хештандор боше бе пархош,
Ҳеҷ касро мабош ошиқи ғош!
Он ки аз ин сухан шунид арзиш,
Боз пеш ор, то кунад пажҳиш.
Аз бузургӣ, ки ҳастӣ ай хаштук,
Чокарат бар китиф ниҳад дафнук!
Аз ту холӣ нигорхонаи чам,
Фарши дебо фиканда бар бачкам.
Ман чунин зор аз он ҷамош шудам,
Ҳамчу оташ миёни дош шудам!
Ҷонтаранҷидаву шикастадилам,
Гӯйи аз ғам ҳаме фурӯ гусилам.
Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гуспандкушон!
Бунанӣ буд, май биёр акнун,
Ратл пур кун, магӯй беш сухан!
Чун ба бонг омад аз ҳаво бахну(в),
Май хуру бонги рӯду май бишнув!
Чун ниҳод ӯ паҳандро неку.
Банд шуд дар паҳанди ӯ оҳу.
Аз шабистон ба башкам омад шоҳ,
Гашт башкам ба дилбарон чун моҳ.
Он ки нашк офариду сарви сиҳӣ
В-он ки бед офариду себу биҳӣ.
Ришу саблат ҳаме хизоб кунӣ,
Хештанро ҳаме азоб кунӣ!

Маснавии баҳри ҳазаҷ

Диранг ор, ай сипеҳри чархворо,
Каёхантар-т бояд кард коро!
Шабе деранду зулматро муҳайё,
Чу нобино дар ӯ ду чашм бино.
Биҳиштойин сароеро бипардохт,
Зи ҳар гуна дар ӯ тимсолҳо сохт.
Зи уду чандан ӯро остона,
Дараш симину зарин поликона!
Агарчи дар вафо бешибҳиву дес,
Намедонӣ ту қадри ман дизандес.
Чароғон дар шаби чак ончунон шуд,
Ки гетӣ рашки ҳафтум осмон шуд!
Чу ёвандон ба маҷлис май гирифтанд,
Зи маҷлис маст чун гаштанд, рафтанд.
Наёрам бар касе ин роз бикшуд,
Маро аз холи ҳиндуи ту бифнуд.
Бувад зудо, ки ойӣ нек хомӯш,
Чу мурғобӣ занӣ дар об поғӯш!
Илоҳо, аз худам бистону гумм кун,
Ба нури пок дар ман уштулум кун!
Ба роҳ-андар ҳамешуд роҳшоҳе,
Расид ӯ то ба назди подшоҳе.
Ту аз фарғул бояд дур бошӣ,
Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ!

Маснавии дигар дар баҳри ҳазаҷ

Бигрифт ба чанг чангу биншаст,
Бинвохт ба шаст чангро шаст.
Фархор бузург нек ҷоест,
К-он мавзеъи он бути навоист.
На кафшгарӣ, ки дӯхтастӣ,
На гандуму ҷав фурӯхтастӣ.

Маснавии баҳри музореъ

Ай булбули хушово, ово деҳ,
Ай соқӣ, он қадаҳро бо мо деҳ.
Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ,
Табъам гирифт низ гаронӣ.
Ба сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.

Маснавии баҳри сареъ

Ҷомаи пурсурати даҳр, ай ҷавон,
Чирк шуду шуд ба кафи гозарон.
Ранг ҳама хому чунон печутоб,
Мунтазирам, то чи барояд зи об!
Луқмае аз заҳр зада дар даҳан.
Марг фишурдаш ҳама дар зери ған.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2