Зеҳн

Ёддоштҳо-Қисми 5

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 20 дақиқа хондан

Дар он замон мавзӯи шеър дар Бухорои амирӣ, аз дунё ва аз замон шикоят, мадҳияҳои бардурӯғ, ҳаҷвияҳои шахсии беодобона, май ва маҳбуб ва аз ҳамин қабил мавзӯъҳои феодалӣ буд. Агар мо Аҳмади Калла, Шоҳин52, Ҳайрат ва баъзе чунин касонро истисно кунем, ҳамагӣ муқаллиди якдигар ва тақлидчии бемуваффақияти гузаштагони худ буданд, Аммо забони шеърӣ то охирҳои асри 19 бештарин тақлиди забони Бедил бошад ҳам, аз охирҳои ин аср сар карда ҳаракати майлон ба забони омма—забони соддаи ҳамафаҳм ба майдон омад. Шеърҳои охирии Шоҳин, қозӣ Қурбонхон53, Музтариб54, Ҳайрат ва дигар-ҳо аз ҳамин қисми охирианд.


Дар замонҳои охир насрнависӣ, гуфта мешавад, ба таҳрири иншои мактуб махсус шуда монда буд. Беҳтарин муншӣ ва мактубнавис ҳамон кас ҳисоб меёфт, ки муддаоеро, ки бо як ҷумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду саҳифа бо калимаҳои қофиядор печонад. Мактубҳо ва иншоҳо айнан мисли «Нукоти»55 Бедил буд. Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки Бедил дар ибораҳои мушкили худ маъниҳои фалсафии печонда ифода мекунад, аммо иншоҳои нукотмонанди замони мо тамоман бемаънӣ буд. Аввалин касе, ки ба ин услуби насрнависӣ ҳуҷум кард, Аҳмади Калла буд. «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Калла ҳарчанд ба хонандагони замони советӣ душворӣ кунад ҳам, дар замони ҷавонии мо насри бисёр содда ва зидди анъанаҳои насрнависони он замон буд. Баъд аз Аҳмади Калла Мирзо Азими Сомӣ ин шеваро дар наср ривоҷ дод ва нисбат ба Аҳмади Калла боз ҳам соддатар навишт. Шарифҷон-махдум, ки аз иншонависони машҳури замони худ буд, аз мухлисони Аҳмади Калла ва Сомӣ буда, иншо, мактуб ва хотироти худро боз ҳам соддатар ва оммафаҳмтар карда менавишт. Ман, ки дар шеър тарафдори содданависӣ буда, бештарин луғатҳо, ташбеҳҳо ва киноя-истиораҳои халқиро кор мефармудам, дар наср ҳам тарафдори роҳи содданависон будам. Лекин дар он вақтҳо насри ман иборат аз мактубҳое буд, ки ба дӯстони худ менавиштам. Дар соли 1902 Шарифҷон-махдум, яъне хӯҷаини пештараам, ба Каркӣ қозӣ шуда рафт. Дар тобистони ҳамон сол ба ман хат кард, ки Каркӣ рафта чанд рӯзе ба ӯ меҳмон шавам. «Дар ин ҷо касе нест, ки одам гап занад ва китобхонию шеърхонӣ кунад», мегуфт дар мактуби худ. Ман рафтам. Қозихонаи Каркӣ як ҳавлии танг буд. Мирзои қозӣ дар беруни қозихона дар сари роҳи бозор дар як дӯкон ҷой гирифта буд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукотибаҳои қозиро дар он ҷо менавишт. Ман ҳам пеши мирзо нишаста оянда ва равандагони бозорро тамошо мекардам. Мирзои қозӣ Мирзо Аҳмад ном як ҷавони бисёр хушахт буд. Лекин ягон мактубро аз пеши худ навишта наметавонист, ҳуҷҷатҳои расмиро бошад, бо таҳрири канселярии анъанавӣ менавишт. Мактубҳоро худи қозӣ мусаввада карда медод. Як рӯз ман дар мирзохона пеши мирзо менишастам, ки пешхизмати қозӣ омада ӯро ба пеши қозӣ ҷеғ зад. Мирзо рафт ва баъд аз ду дақиқа дар ҳолате, ки дар дасташ як мактуби кушода ва аҳволаш парешон буд, омад.

– Чаро аҳволатон парешон?—гуфта ман аз ӯ пурсидам.
– Қозӣ маро аз хизмат мебарорад, — гуфт.
– Чаро? Сабабашро намедонам.

— Аз куҷо фаҳмидед, ки шуморо аз кор мебаровардааст? — То ҳол мактубҳоро худ мусаввада карда медод. Имрӯз аз акааш як хат омадааст, як фарзанд таваллуд ёфта ва як фарзандаш вафот кардааст, Қозӣ мегӯяд: «Ба ҳамин мактуб ҷавоб навис, ки ҳам табрик шаваду ҳам таъзия. Тобам нест, бинобар ин мусаввада карда дода наметавонам». Аммо ман ки мактубҳои оддиро навишта наметаванам, ин гуна мактуберо, ки ду муддаои зидди якдигарро ифода кунад, чӣ гуна таҳрир мекунам? Албатта, ман наметавонам ва ӯ ҳам маро бо баҳонаи ӯҳданобароиям аз кор мебарорад.

– Агар ҷавоби ҳамин мактубро ман мусаввада карда диҳам, ба ман чанд пул медиҳӣ? — ман аз мирзо пурсидам.
– Агар мактуберо, ки аз рӯи мусаввадаи шумо навишта мебарам, қозӣ қабул кунад, ҳар чӣ хоҳед, медиҳам,—гуфт мирзо.

Қорӣ Шоҷон ном вакили харҷи қозӣ дар пеши мо истода музокираи моро мешунид ва дар ҳамин вақт як туркман ҳам дар кифти худ чанд хӯрҷин бардошта аз кӯча мегузашт. Қорӣ Шоҷон туркмани хӯрҷинфурӯшро ҷеғ зад, як хӯрҷини ӯро 22 танга (3 сӯму 30 тин) савдо карда гирифт. Баъд аз он ба ман ва мирзо нигоҳ карда гуфт; — Шумо хат мусаввада карда диҳед, мирзо покнавис карда пеши қозӣ барад, агар қозӣ қабул кунад, мирзо пули ин хӯрҷинро диҳад ва хӯрҷинро ҳам ба шумо мукофот гӯён диҳад. Агар қозӣ он хатро хуш накунад, хӯрҷин моли ман аст. Ин таклифро ман ҳам қабул кардам, мирзо ҳам. Ман аввал мактуби бародари қозиро бо диққат хонда баромадам ва баъд аз он ҷавоби вайро таҳрир кардам. Дар мавриди табрик ва таъзия, фарзандҳоро ба ниҳоли бехҷаст ташбеҳ кардам, мурдани яке аз онҳоро ба бурида шудани яке аз ниҳолҳои бехҷаст монанд намудам ва гуфтам: «Ҳар чанд бурида шудани яке аз ниҳолҳои бехҷаст ҷои таассуф аст, бо ҷонуни табиат, ин ҳол сабаби ба камол расидани ниҳоли боқимонда мешавад. Бинобар ин ҷои табрик аст, ки шумо ба ҷои фарзанди вафотёфтаатон, фарзанди навхези ба камолрасандае доред». Мирзо ин таҳрирро бо хати худ покнавис карда, пеши қозӣ бурд ва баъд аз чанд дақиқа хандон ва шукуфон баромад: — Қозӣ мактубро писандид ва шуморо ҷеғ мезанад, — гуфт. Ман пеши қозӣ даромадам. Ӯ мактуби покнавискардаи мирзаро ба ман дод ва: — Хонда бин! — гуфт. Ман мактубро хондам ва ба дасти қозӣ баргашта дода истода: —Дуруст навиштааст, — гуфтам. Қозӣ мисли як тирговчӣ ба ман қадаре бо диққат нигоҳ карда истоду гуфт: —Мирзои ман он қадар иқтидор надорад, ки ин гуна мактубро аз пеши худ навишта тавонад. Ман яқин медонам, ки ин мактубро касе ба ӯ мусаввада карда додааст, лекин ҳар чанд фикр мекунам, дар ин давру пеш касе ба ёдам намерасад, ки бо ин ташбеҳи нав мактубе навишта тавонад. Ту намедонӣ, ки кадом кас ба ӯ навишта дод? — Намедонам! — Ин тавр бошад худат мусаввада карда додаӣ! Ман мункир шудам. Қозӣ пешхидматро фиристод, ки Қорӣ Шоҷонро ҷеғ зада биёрад. Ӯ омад ва қозӣ аз ӯ пурсид: —Ин мактубро ба мирзо кӣ мусаввада карда дод? Шоҷон як ба ман ва як ба қозӣ нигоҳ карда: —Дар пеши қозӣ дурӯғ гуфтан дуруст нест, домулло Айнӣ навишта доданд, — гуфт ва воқеаи дар мирзохона шудагиро тамоман ҳикоя карда дод. Қозӣ гуфт:

– Мирзо дуруст фаҳмидааст, ки бениқтидории ӯ ба дили ман зада буд.Ман бо ин баҳона ӯро аз кор бароварданӣ будам. Ба шарофати иқтидори ту ӯ аз ин бало халос шуд, — баъд аз он аз бӯғчааш як ҷомаи навро, ки дар ҳамон вақтҳо 50 танга (7 сӯму 50 тин) мегирифтанд, бароварда ба ман пӯшонд ва сад танга (15-сӯм) пули нақд ҳам «мукофот» гӯён дод ва ба ман нигоҳ карда сухани худро давом кунонид:
– Ман дар тазкираи худ (ӯ тазкираи шуарои манзум навишта буд) туро дар назм муқтадир, аммо дар наср қувват надорад, аммо Мирзо Абдулвоҳидро дар наср муқтадир ва шеъраш суст аст, — гуфта баҳо дода будам. Маълум шуд, ки ман хато карда будаам. Ту ҳам дар назм ва ҳам дар наср аз вай муқтадиртар будаӣ, — гуфт56.

Он рӯз барои ҳаёти ман як воқеаи хеле аҷиб буд: 1) ман, ки як умр ба шеърнависӣ кӯшиш мекардам, аввалин гонорари худро аз наср гирифтам; 2) қозӣ Шарифҷон, ки дар ҳаштмоҳа хизмати ман, ба ман на музд дода буд ва на либос, он рӯз худро маҷбур медонист, ки маро бо ҷома мукофотонад, Баъд аз он ҳодиса қозӣ Шарифҷон ба ман, як ба хизматгори собиқи худ, балки гӯё ,ки ба як одами баробари худ муомила мекарда бошад, бо эҳтиром ва эҳтиёт муомила мекардагӣ шуд. Дар соли 1904 Абдухалил-махдум ба пул мӯҳтоҷ шуда, ҳуҷраашро, ки ман дар вай менишастам, маҷбур шуд, ки фурӯшад. Ман як соли тамом бе ҷои истиқомат мондам. Дар Бухоро, ки аз сад зиёд мадраса дошт ва дар ҳамаи он мадрасаҳо се-чор ҳазор ҳуҷра буд, ба мисли ман як одам, ки дар он вақт хеле ошно доштам ва дар шоирӣ номам ҳам баромада буд, як ҷои истиқомат намеёфтам. Аз ин ҳодиса ҳоли муллобачагони бекаси қашшоқро, ки ҳеҷ касро намешинохтанд ва барои хондан ба Бухоро меомаданд, қиёс кардан мумкин аст (ман душвории ҳуҷраёбиро барои муллобачаҳои қашшоқ дар «Марги судхӯр» ном асари худ тасвир кардаам). Ман китоб ва парча палосҳои худро ба ҳуҷраи Сироҷ-махдум ном як муллобачаи ғиҷдувонӣ, ки ӯ ҳам ориятнишин буд ва дар як ҳуҷраи танг бо бародараш меистод, — мондам ва худам дар кӯчаҳо сар-сарӣ гаштам. Шабҳо дар ҳуҷраи кадом аз шарикдарсҳоям, ки рост ояд, мехобидам. Дар он вақт ин рубоиро навиштаам:

Дар мадраса ҳуҷраи қулай нест маро,
Дар майкада ваҷҳи нуқлу май нест маро,
То кай гӯям, ки «ину вай нест маро»?
Билҷумла, ба даҳр ҳеҷ май нест маро. Баъд аз як сол сар-сарӣ ва бе ҳуҷра гаштан, аз як мадрасача, ки дар пушти мадрасаи Кӯкалтош буд (мадрасаи Домулло Шер), як ҳуҷрачаи бисёр бад ёфтам, ки дар вай аз ҷиҳати бадиаш ҳеҷ кас намеистод. Ман дар он ҷо ду сол мондам. Қозӣ Шарифҷон, ки дар он вақтҳо дар Қаршӣ қозӣ буд ва аз беҳуҷрагӣ танг будани маро шунидааст, аз мадрасаи Кӯкалтош як ҳуҷра харида истиқоматашро ба ман дод. Ман дар он ҳуҷра аз соли 1907 то соли 1917 — то дастгир шуданам аз тарафи одамони амир истиқомат кардам. Револютсияи 1905-и Россия дар Бухоро таъсири калон бахшид, ҳаракати прогрессивӣ, ки пештар дар доираҳои танги ҷудогона буд, хеле вусъат ёфт. Газетаҳои русӣ ҳар гапро озодона менавиштагӣ шуданд, аз тарафи турк ва тоторҳои Россия, ки пештар ғайр аз «Тарҷумон» газетае надоштанд, газетаҳо ва журналҳои гуногун баромадан гирифт. Газетаи «Тарҷумон», ки баъд аз револютсияи 1905 аз тарҷима карда ба русӣ чоп кардани мундариҷаҳои газетаи худ халос шуда буд, хабари аз миён рафтани сензураи ҳукумати мутлақиятро бо сарлавҳаи «инно лиллоҳи ва инно илайҳирроҷеун»57 навишта бароварда аз сензура механдид. Ҳамаи ин матбуот ба Бухоро ҳам меомаданд ва дар кушода шудани фикри мардуми Бухоро, ки дар зери идораи асримиёнагии сахти амир ва таъсири муллоҳои мутаассиб ях баста буд, таъсир мекарданд. Бо вуҷуди ин он ҳаракатро як ҳаракати револютсионӣ гуфтан мумкин набуд. Ин ҳаракат танҳо ислоҳ кардани мактабҳо, мадрасаҳо ва баъзе урфу одатҳои кӯҳнаро талаб мекард ва дар масъалаҳои сиёсӣ бошад, ин ҳаракат ислоҳ кардани идораи амирро ва ба як тартиби муай-ян андохтани андозҳои подшоҳиро ва аз худсарӣ нигоҳ доштани маъмурони амирро талаб мекард. Муҳимтарин фикри ислоҳотпарварӣ дар бораи ислоҳоти андози замин — деҳқонӣ мерафт. Дар ин ҳаракати прогрессивӣ, албатта, ман ҳам ҳамроҳ шудам ва мо дар роҳи ислоҳ кардани мактаб ва мадрасаҳо ташвиқот мебурдем. Дар Самарқанд, дар Тошкент мактабҳои нав кушода шуд, дар Бухоро ҳам тотороне, ки дар он ҷо меистоданд, як мактаби хусусӣ барои фарзандони худ кушоданд. Баъзе касони бухорӣ ҳам, ки аз мактаби кӯҳна ба ҷон омада буданд, фарзандони худро дар мактаби тоторҳо монданд. Ман он мактабро рафта дидам (1907 буд), бачагони Бухоро, ки забони тоторӣ он, тараф истад, ҳатто забони ӯзбекиро ҳам намедонистанд, маҷбур буданд, ки дар забони тоторӣ хонанд. Ман ин ҳолро дида ба бачагон раҳмам омад ва ба муаллими тотор гуфтам: — Агар шумо розӣ шавед, ман дар мактаби шумо бепул хизмат карда вазифаи тарҷумониро адо мекунам, дарсҳои тоториро ба тоҷикӣ тарҷима карда медиҳам ва гапҳои шуморо ҳам ба забони тоҷикӣ тарҷима карда мефаҳмонам (ман он вақтҳо забони тоториро ба воситаи матбуот, ба қадре, ки тарҷима карда тавонам, ёд гирифта будам). Муаллим розӣ шуд. Ман ба кор даромадам ва шаш моҳ дар он мактаб кор кардам ва инчунин мактаби тоҷикиро дар Самарқанд ҳам дида будам. Ана бо ҳамин маълумот ман ва Мирзо Абдулвоҳид дар ҳавлии ӯ як мактаб кушодем. Ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим вазъ кардем, фақирбачагонро бепул гирифтем. Ман ҳам маълумотеро, ки аз мактаби тоторӣ гирифта будам ва мегирифтам, дар мактаби тоҷикӣ татбиқ мекардам. Мо бо Мирзо Абдулвоҳид як алифбо тартиб додем, ба қиёси дарсҳое, ки дар мактаби тоторӣ барои тоҷик-бачагон тарҷима карда будам, худам як китоби қироат ҳам тартиб додам. Ин китоб характери адабӣ дошта, хонданаш барои бачагон шавқовар буд. Дуруст аст, ки бо хоҳиши он замон дар ҷое китоб чизҳои динӣ ҳам буд. Аммо ҳар чи бошад, як чизи нав буд (ин китобро дар соли 1909 ба номи «Таҳзибуссибён»58 чоп кардам). Аз пуле, ки аз моҳонаи бачагон ҷамъ шуд, мактабхона—меҳмонхонаи Мирзо Абдулвоҳидро пол ва ремонт карда мувофиқи ҳифзуссиҳҳа гардонидем. Лекин дар вақти имтиҳони намунавӣ муллоҳои ка-лон иғво бардошта ба муқобили мактаби мо хестанд ва ривоят карданд, ки ин мактаб бачагонро кофир мекунад ва ба амир муроҷиат карда мактабро бандонданд. Муллоҳо ва одамони амир бо ин қадар қаноат накарда, хостанд, ки бо ҳуҷуми издиҳоми кӯча Мирзо Абдулвоҳидро зада кушанд. Ӯ маҷбур шуд, ки чанде аз Бухоро гурехта ба Қаршӣ рафта истад. Ман ҳам якчанд рӯз рӯй пинҳон кардам. Охир як рӯз он гуна зиндагонӣ ба дилам зада, пеши аълами Бухоро, ки ман ба ӯ шогирд будам ва ӯ яке аз ташаббускорони бандондани мактаб буд, рафтам ва бо ӯ дар хусуси он мактаб мунозира кардам ва исбот намудам, ки он мактаб мухолифи шариат набуд ва дар баробари ин зудтар саводбарор будани ин мактабро ҳам исбот кардам, ки вай дар рӯзи имтиҳон амалан собит шуда буд. Аълам мулзам шуд, амма роҳи дигарро гирифт. — Фарзандони мардум саводнок шаванд чӣ ва бесавод монанд чӣ? Худат савод дорӣ, илм дорӣ, қозӣ шав, раис шав, агар зиндагӣ мехоҳӣ, дар паси ин корҳо нагард, — гуфт. Ин рӯйрост барои харида гирифтани ман савдо буд, агар ман фурӯхта нашавам, бо куштан таҳдид буд. Ман тамоман навмед шуда, аз пеши аълам баромадам. Аммо мо аз мақсади худ нагаштем. Барои ислоҳ кардани мактаб ва мадраса як ҷамъияти махфӣ ташкил кардем. Номи ин ҷамъиятро ҳам «Тарбияи атфол» ниҳодем ва ба воситаи ин ҷамъият мо мактабҳои махфӣ кушодем. Талабаҳои дар ин мактаб савод баровардаро ҷамъият ба Оренбург, Қазон, Уфа, Қрим ва Туркия ба хондан фирнстодан гирифт. Фарзандони касоне, ки падарашон осудаҳол буданд, бо харҷи падарашон мерафтанд, бачагони фақир бошанд, бо харҷи чамъият мерафтанд. Аз ҷавонони ҳаваскор ҳам, бо хоҳиш ва ихтиёри худ мерафтанд. Ҷавононе ҳам, ки аз Бухоро аз дасти амир мегурехтанд, дар Россия ё дар Туркия ба хондан медаромаданд. Дар ҷамъият аъзо қабулкунӣ бисёр сахт буд, ҳар чанд он ҷамъият чандон характери сиёсӣ надошт ва ташкилоти революсионӣ ҳеҷ набуд, аммо режими амирӣ, ки режими асримиёнагӣ буд ва кордорони императорӣ ҳам дар Бухоро бо режими асримиёнагӣ муомила мекарданд, ба он гуна корҳои илмӣ ва маорифӣ ҳам мисли як ташкилоти революсионӣ нигоҳ мекарданд ва аъзоёни он гуна ҷамъиятро «суиқасдкунанда ба давлат» мешумориданд. Бинобар ин агар одами сусттар ё ин ки ягон иғвогар ба ҷамъият даромада мемонд, ба1 зудӣ сир фош мегардид. Бинобар ҳамин сабаб, Фитрат барин касе, ки дар он вақтҳо шӯҳрати калон дошт, ба он ҷамъият қабул наёфта буд ва барои даст гирифтани сирри ҷамъият аз он гуна одамҳо, чораҳои сахт дида шуда буд. Фақат афсӯс, ки ҷамъияти тарбия маълумоти сиёсӣ надошт ва аз ҳаракати коргарони Россия тамоман бехабар буд. Дар соли таҳсили 1914 — баъд аз сар шудани ҷанги ҷаҳон, адади мактабҳои махфӣ ва ғайрӣ расмӣ ба 5 — 6 расида буд. Ғайр аз ин гуна мактабҳои ибтидоӣ барои ҷамъияти калонсоли саводнок, мактаби шабонаи дараҷаи болотар ва барои калонсолони бесавод курсҳои саводбарории шабона ҳам кушода шуда буданд. Дар ҳамин тарз як вақт ҳамаи муаллимони ҳамаи мактабҳоро одамони қушбегӣ ғун карда ба арк59, пеши қушбегӣ бурданд ва қушбегӣ аз забони онҳо хат гирифт, ки дигар муаллимӣ накунанд ва агар касе муаллимӣ кунад, ба ҷазои бадарға гирифтор мешавад. Дар вақти ҷанг таъқиботи полисияи махфии («Тайная охрана»60) ҳукумати императорӣ ва бо фармоиши махсуси вай таъқиботи ҳукумати амирӣ боз ҳам зиёдтар гардид. Губернатори Тошкент барои таъқиби мардуми Бухоро, дар Бухоро полисияхонаи махсус кушода, дар вай Велман номро сардор кард. Ин идора аз мардуми Бухоро иғвогароеро ёфта барои худ агент карда гирифта, ҳар рӯз чанд ҳавлиро кофтуков мекард ва чанд касро ба амир гуфта ҳабс мекунонд, аммо ҳамаи ин кофтуков ва ҳабсҳо ба роҳи провокасионӣ мешуд. Дар ин гуна шароит, албатта, ҷамъ шудани ҷамъият бисёр кам ва дар ҷоҳои бисёр номаълум воқеъ мегардид. Бо фармуди охрани полисияи махфии императорӣ, ҳукумати амир дар ҳар гузаре, ки дар он ҷо як ё ду одамони аз сиёсат гап мезадагӣ ва ё газетахон буд, агентҳои махфӣ монд, ки шояд дар як ҷо ғун шудани одамони «шубҳанок»-ро дарёфта дастгир кунад (ман ин ҳодисаро аз як дӯсти худ, ки бо қозикалони Бухоро наздик буд, фаҳмидам ва ба дӯстони худ хабар додам, ки дар як ҷо ғун нашаванд). Чун ҳукумати амир ва полисияи махфӣ одамони «шубҳанок»-ро дар болои «ҷиноят» дастгир карда натавонистанд, барои таъқиб ва тарсонидан роҳи дигарро пеш гарифтанд. Моҳи августи соли 1915 буд. Ман дар саҳро дар қишлоқи худ будам ва ин ҷо омада будам, ки Мирзо Абдулвоҳид пеши ман омад ва гуфт: — Ду рӯз аз ин пеш тахминан панҷоҳ касро ягон-ягон пеши қушбегӣ бурданд ва дар он қатор ман ҳам будам. Қушбегӣ «шумоҳо бо сиёсат машғулӣ карда, аз шикасти аскари рус гап мезадед, шуморо ҷазо додан лозим аст», гуфта дӯғ зад ва дар охир аз ҳар кадоми онҳо барои баъд аз ин газета нахонданашон имзо гирифта сар дод. Шояд шуморо ҳам ҷеғ зананд, натарсед, — гуфт. Дар ҳақиқат ҳам одами қушбегӣ маро пурсида омада, баъд аз наёфтанаш муаззини мадрасаро мутасаддӣ карда будааст, ки маро пеши қушбегӣ фиристонад. Муаззин ба ман хабар дода барои ба қушбегӣ расондани ман ҷавобгар будани худашро ба ман фаҳмонд.

– Натарс, ман намегурезам, — гуфтам ба ӯ ва аввали пагоҳ хеста пеши қушбегӣ рафтам. Дар роҳрави ҳавлии ӯ чанд мулло мунтазири қабули ӯ истода буданд. Як рӯз пеш як мударрис мурда будааст, ки онҳо ҷои ӯро талаб мекардаанд. Яке аз онҳо, ки бо ман шинос ва одами хубе буд, маро дар он ҷо дида ва мансабталаб гумон карда ба муллоҳои дигар гуфт:
– Бародарон Айнӣ ҳеҷ гоҳ ба дари ҳукуматдорон ба талаби мансаб наёмадааст. Имрӯз чӣ навъ шудааст, ки ба фикри мансабгирӣ афтодааст. Мову шумо ҳар рӯз дар ин даргоҳ ҳастем. Имрӯз бояд роҳ диҳем,ки аввал ӯ арзи худро карда барояд.

Онҳо қабул карданд ва ман танҳо пеши қушбегӣ рафта аз пеши дарича (тиреза), ки дар он ҷо менишаст, ба ӯ салом додам. Ӯ маро шахсан намешинохт:

– Ҳа, чӣ гап? — гуфта пурсид.
– Ман Айнӣ! — гуфтам.

— Ҳа, ҳа, ҳа, — гӯён аз пеши зонуяш як рӯйхатро гирифт ва ба ман нигоҳ карда, — нишинед! — гуфт. Ман нишастам, ӯ давом кард:

– Шумо газета мехондаед, аз сиёсат ва аз шикас- ти аскари рус гап мезадаед!
– — гуфт.
– Рост аст, ки газета мехонам, аммо дар ҷое аз сиёсат ва аз шикасти аскари рус гап назадаам,
– — гуфтам.
– Ин тавр бошад, чаро номи шуморо дар ин рӯйхат ва ҳам аз ҳама болотар навиштаанд? (Азбаски рӯйхат аз тарафи полисияи махфӣ ё консулхонаи рус61 тартиб ёфтааст, бинобар бо ҳарфи «а» сар шудани фамилияи ман, маро аз ҳама аввал навиштаанд. Қушбегӣ гумон мекард, ки бинобар «ҷинояткори гузаро бу-дани ман» номи маро аз ҳама болотар навишта бошанд.)
– Ин гапро аз касе, ки он рӯйхатро тартиб додааст, пурсидан даркор аст,
– — гуфтам ман.
– Ин рӯйхат аз як идораи мӯътабари давлати Россия ба ман фиристода шудааст, он гуна идора бе тафтиш ва таҳқиқ ин гуна гапро дар ҳаққи касе наменависад,
– — гуфт.
– Ҳар кас навишта бошад ҳам, нодуруст навиштааст,
– — гуфтам ман,
– — барои исботи ин гап дар куҷо, ба кӣ ва дар пеши кӣ гап задани маро муайян кардан ва шоҳидони ин гап ба ман чорбарӯй шуда, гуфта исбот карданашон лозим аст.
– Чаро газета мехонед?
– — қушбегӣ пурсид.
– Газета як чизи мамнӯъ ва хондани он ҷиноят нест, газетаро худам махфӣ чоп карда намехонам ва ё ягон газетаи махфӣ чопшударо нахондаам. Ман газетаҳоеро мехонам, ки дар хоки Россия бо рухсати сензураи Россия чоп мешаванд ва онҳоро почтаи Россия оварда ба хонандагон мерасонад, ки ҳазорҳо одам мехонад ва дар қатори онҳо ман ҳам мехонам. Дар куҷои ин кор ҷиноят ҳаст?

— Шумо, ки мулло ҳастед, шоир ва бофазл ҳастед, газетахонии шуморо гап мекунанд. Шумо «Қуръон» хонед, китоб хонед, газетахонӣ ба шумо муносиб нест.

– «Куръон» ва китобҳои дигарро чунои бисёр хондаам, ки монда шудаам, акнун барои ман чизҳои наве даркоранд, ки хонда, мондагии худро барорам. Ин ҳам, бошад, газета ва журнал аст.
– Ҳеҷ, набошад то тамом шудани ҷанг нахонед.
– Аввал ин ки агар ман як рӯз газета нахонам, девона барин мешавам; дуввум ин ки хоҳ хонам, хоҳ нахонам, газетаҳоеро, ки ман ба онҳо обуна ҳастам, почтаи давлатии рус оварда медиҳад.
– Бисёр хуб, «намехонам» гӯед, равед!
– — гуфт қушбегӣ.
– Ман ба дурӯғгӯӣ одат накардаам ва дурӯғ гуфта наметавонам.
– Қушбегӣ мулзам шуд ва:
– —Хуб!

– — гӯён маро рухсат дод. Ман баромадам
– Муллое, ки навбати қабулро ба ман дода буд, маро дар роҳрав дида гуфт:
– — Бо мири қушбегӣ хеле гапзанон кардед, магар муддаои худро қабул кунондед?.. муборак шавад! — гуфт.
– — Рост аст ё дурӯғ, як ваъда доданд, ҳанӯз барои муборакбодӣ барвақт аст,
– — гуфтам ва аз дарвозаи қушбегӣ баромада рафтам.

Ман дар вақти омада истоданам ба пеши қушбегӣ бисёр дарғазаб будам ва дар дили худ муқаррар карда будам, ки «агар ба ман ҳам, чунон ки ба дигарон кардааст, сахт гап занад ва тарсонданӣ шавад, ман ҳам сахт гап мезанам. Чӣ коре, ки кунад майлаш», аммо бар хилофи чашмдошт ва одати ҳукуматдорони Бухоро ба ман сахт гап назад. Ҳар чанд гапҳои бемантиқ зада бошад ҳам, ман маҷбур нашудам, ки оташин шу-да аз мантиқ бароям. Ман ғолиб баромада будам. Лекин медонистам, ки ин ғалабаи ман муваққатист. Ҳукумати амир ва полисияи махфии подшоҳи рус он гуна чизҳо нестанд, ки баъд аз таъқиб кардани касе ба осонӣ аз вай даст кашанд ва бинобар ин, агар имрӯз набошад, рӯзи дигар бо ягон баҳона дастгир карданашон мумкин аст. Хусусан, ки ман ба гапи худ сахт истода будам. Бинобар ин ман хостам, ки чанд гоҳе дар шаҳр набошам ва бо ёрии яке аз дӯстони худ дар стансияи Қизилтеппа дар заводи пахта ба кор даромадам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2