Зеҳн

Ёддоштҳо-Қисми 8

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 21 дақиқа хондан

Натиҷаи ин ҳаракати провокасионӣ ин шуд, ки амир одамони бисёреро дар Бухоро ва вилоятҳои вай бо шубҳаи болшевикӣ, револютсионерӣ ё бо тӯҳмати алоқа доштан бо онҳо бо як сурати ваҳшиёна кушт. (Бародари ман Сироҷиддинро ҳам аз қишлоқи тағоиҳомо, ки дар он ҷо пинҳон шуда буд, дастгир карда оварда, дар обхонае, ки ман хобида будам, хобонда, баъд аз 15 рӯзи азобҳои тоқатгудоз додан дар он ҷо кушт. Ман дар ин боб марсияе дорам, ки дар «Ёдгорӣ» ном маҷмӯаи шеърҳоям нашр шудааст82). Амир аз меҳнаткашони рус ҳам, ки дар хоки Бухоро буданд ва коргарони роҳи оҳан ва заводҳоеро ҳам, ки дар мамлакати ӯ буданд, тамоман ва бо зану бачаашон кушт, ва ҳол он ки дар он вақт офисерони сафеди императорӣ дар пеши амир буда, дар корҳои ҳарбӣ ва ҷаллодии ӯ ба ӯ раҳбарӣ ва ёрмандӣ мекарданд. Ман то он вақт дар Самарқанд буда, ҳанӯз қуввати дурусте надоштам. Баъд аз воқеаи Колесов амир дар Самарқанд шайкаҳои террорӣ ташкил кард. Коркунони амалии ин ташкилот дуздони Самарқанд буданд, ки оқибат онҳо босмачӣ шуданд. Самарқанд барои зиндагонии ман ҷои хавфнок шуд. Ман 22-уми апрели соли 1918 аз Самарқанд ба Тошканд кӯчида, дар он ҷо шаш моҳ мондам. Дар ин миён комилан сиҳат ёфта қувват гирифтам. То он вақт дар Самарқанд ҳам Ҳукумати Советӣ қувват гирифта буд. Ман дар 22-уми октябр аз Тошканд баргашта ба Самарқанд омада, дар он ҷо дар як мактаби миёнае, ки барои бачагони халқҳои маҳаллӣ аз тарафи Ҳукумати Советӣ кушода шуда буд, муаллим шудам. Дар он ҷо ман дарси забон ва адабиёти тоҷикӣ, ҳам ӯзбекӣ ва дарси таърих медодам. Ман соли таҳсили 1918—1919-ро бо шароити онвақта бо муваффақият тамом кардам. Дар он вақт аз мардумони маҳаллӣ ҳанӯз муаллимони таҷрибадида ва таҳсилдида набуданд, мактабҳои бисёр кушода шуда буданд, аммо бештарини муаллимони маҳаллӣ касоне буданд, ки курсҳои думоҳа-семоҳаро тамом карда ба дараҷаи «муаллимӣ» расида буданд. Китоб дар забони маҳаллӣ мутлақо набуд. Ман бо ёрии таҷрибаҳои пештараам ҳамаи дарсҳоро худам навишта тайёр мекардам ва ба асоси таҷрибаҳои пештараам дарс медодам. Албатта, курс тамомкардагон ин корҳоро карда наметавонистанд. Бинобар ин мактаби ман бо ҳамаи нуқсон аз дигар мактабҳо аз ҷиҳати сифат беҳтар буд. Лекин дар охири таҳсил, дар натиҷаи ин саъю ғайрати тоқатгудоз бемори асабӣ шудам ва муаллимиро тарк карда ба хизмати матбуот даромадам. Дар Самарқанд як журнал ба номи «Шӯълаи инқилоб»83 дар забони тоҷикӣ ва як газета ба номи «Меҳнаткашлар товушӣ»84 дар забони ӯзбекӣ нашр мешуд. Ман дар дуи инҳо хизмат мекардам. Дар он вақт аз коркунони маҳаллӣ коркунони адабӣ ҳам кам буданд, бинобар ин гуфта метавонам, ки қисми муҳимми ин журнал ва газетаро бо имзоҳои гуногун ман пур мекардам85. Дар ду забон шеърҳо менавиштам, дар ду забон мақолаҳо менавиштам. Дар журнали «Шӯълаи инқилоб» як очерки таърихиро бо сарлавҳои «Таърихи амирони манғити Бухоро»86 сар кардам. Ин силсилаи мақолот то револютсияи Бухоро87 давом кард. Дар ин очерк на танҳо амири охирин ва дарбориёни ӯ, балки ҳаракатҳои нобакоронаи тамоми амирони манғитро бо тарзи идораи онҳо, ки дар Бухоро қариб 150 сол ҳукмронӣ карда буданд, фош кардам (ин мақолаҳо дар соли 1923 дар Тошканд ба шакли китоб чоп шуд88). Дар вақти сар шудани таҳсили соли 1919—1920 шӯъбаи маориф бинобар камии муаллими таҷрибадор маро аз хизмати маориф тамоман озод накард ва дар се мактаб инструктор таъин кард, ки ман ҳар рӯз аввали пагоҳӣ як-ду соат бо навбат дар яке аз ин мактабҳо ба сифати консултант кор мекардам. Баъд аз воқеаи Колесов зулм ва кушокушии амир тоқатнопазир шуд. Аз меҳнаткашони Бухоро ва ҳатто аз аскарони амир ҳар рӯз чанд нафар гурехта ба Самарқанд ва Тошканд мегузаштанд. Дар Тошканд ва Самарқанд дар қатори ташкилоти ҷадидони Бухоро, ки худро «инқилобчиёни Бухоро» меномиданд, ташкилоти коммунистони Бухоро ҳам пайдо шуд. Аъзоёни коммунистони Бухоро бештарин аз меҳнаткашони Бухоро ва аз аскарони гуреза буданд. Аммо раҳбарон ва аъзоёни «инқилобчиёни Бухоро» бошанд, бойҳо ва майдасавдогарони Бухоро буда, як қисми ин ташкилотро муллозодагон ва маҳдумони Бухоро ташкил мекарданд. Ин ташкилотҳо дар шаҳри Бухоро ва вилоятҳои вай ҳам шӯъбаҳои махфии худро доштанд. Аммо хоҳ дар Тошканд бошад ва хоҳ дар маҳалҳо, ҳамеша дар байни ин ду ташкилот низоъ ва ҷанҷол буд, ки ин ба пеш бурдани инқилоби Бухоро сакта меовард... Инқилоби Бухоро пухта расид, оммаи мардуми Бухоро аз болшевикони Россия ва Туркистон ёрмандӣ талаб мекарданд. Ман дар моҳи июни соли 1920 аз тарафи ташкилоти коммунистони Бухоро ба Тошканд даъват шудам. Дар он ҷо як моҳ истода, лоиҳаҳо, баённомаҳо ва дигар чизҳоро, ки ба қалами ман эҳтиёҷ дошт, дар ду забон дар забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навишта додам. Ман баъд аз гашта ба Самарқанд омаданам барои ба инқилоби Бухоро тайёр кардани мардуми Бухоро ба воситаи журнал ва газетае, ки худ ходими онҳо будам, боз ҳам зиёдтар ва ҷиддитар кор кардан гирифтам. Ин журнал ва газета ба воситаи ташкилотҳои коммунистони Бухоро дар районҳои Бухоро ба тарзи пинҳонӣ паҳн карда мешуданд (ман ин эпизодро дар романи «Ғуломон»-и худ дар воқеаи ҳезумкашон тасвир кардаам89). Бо кӯшиши Туркфронт90 дар зери раҳбарияти коммунистони Россия ва Туркистон дар миёнаи ташкилоти коммунистӣ ва ташкилоти «инқилобии Бухоро» (ҷадидон) гургоштие ба амал омада, дар зери раҳбарияти болшевикон ва ёрии бевоситаи аскарони сурх, меҳнаткашони Бухоро аз занҷири амир халос шуда, дар он ҷо ҳукумати Ҷумҳурияти Шӯроии Халқии Бухоро91 ташкил ёфт. Баъд аз ба амал омадани инқилоби Бухоро, ман хотирҷамъ шуда дар умри худ якум бор (дар моҳи октябри соли 1920) дар Самарқанд хонадор шуда, дар он ҷо ҷои истиқомати доимии худро ташкил додам. Ман дар корҳои Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро бевосита иштирок карданро нахостам. Чунки дар раҳбарияти он ҳукумат баъзе одамони шубҳанок буданд. Барои исботи чи қадар натиҷаи амалӣ доштани ин шубҳаи худ маҷбурам, ки як воқеаро дар ин ҷо ёдоварӣ кунам. Дар Бухоро ва қаламрави он баъд аз инқилоби Бухоро аввал шайкаҳои майда ва баъд аз он шайкаҳои калони босмачиён ташкил ёфтанд. Баъзе коркунони Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро, ки дар раҳбарияти ҳукумат буданд, баъзе шайкаҳои босмачиёнро мусаллаҳ карда, барои «барҳам додани дуздони майда» аз онҳо (аз мулло Қаҳҳор ва Ҷабборхӯҷа) фоида бурданӣ шуданд. Мулло Қаҳҳори босмачӣ, ки қишлоқи ӯ ба қишлоқи мо наздик буд, як тӯй кард. Акаи ман, ки рӯҳонӣ ва дар деҳаи худамон имом ва мударрис буд, ба ин тӯй иштирок накард ва аҳли деҳаро ҳам нагузошт, ки ба он тӯй раванд ва гуфт: ки «Мулло Қаҳҳор дузд аст ва мардумро тороҷ карда тӯй ташкил дода истодааст, ба тӯи ӯ иштирок кардан ва ошӣ ӯро хӯрдан дуруст нест». Аммо баъзе маъмурони Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро ва аз ин ҷумла, додари яке аз ҳукуматдорони Бухорои шӯроӣ, ки дар раҳбарият ҷой гирифта буд, ба он тӯй иштирок кард ва се рӯз истода тӯй хӯрд ва кӯбкорӣ тохт. Мулло Қаҳҳор-қӯрбошӣ дар баҳорони соли 1922 баъд аз тӯй рӯйрост ба ҳукумат исён кард. Аввалин кори ӯ ин шуд, ки дар зери сардории додари худ як даста босмачиёни яроқдорро рӯзона ба ҳавлии акаи ман фиристод. Соати дуи рӯз буд, акаам дар мадрасачаи деҳа буд, ӯро аз он ҷо кашолакунон бароварданд ва ба як дарахт бастанд ва тирборон карда куштанд. Ҳавлиро тамоман тороҷ карданд, молҳои ҷондор ва беҷонро бурданд, ҳатто либосҳои занонро аз танашон кашида гирифтанд. Писари калони акаам, ки 15—16 сола буд ва аз даҳшати ин ҳодиса тарсида дар зери хошокҳо пинҳон шуда буд, ӯро ҳам ёфта гирифтанд, аввал хостанд, ки ӯро ҳам кушанд, аммо мӯйсафедони қишлоқ ба ҳоли бачаи ҷавон раҳм карда, ба босмачиён илтиҷо карда, ӯро аз куштан халос карданд. Лекин босмачиён ӯро асир карда бурданд. Бачагони дигари акаам ҳама хурдсол буданд. Писари акаам, ки Муслиҳиддин ном дошт, босмачиён ӯро асир карда то Нурато бурданд. Тағоиам, ки 75-сола буд, ин хабарро шунида Нурато рафт ва ӯро аз дасти босмачиён гурезонда гирифта овард. Муслиҳиддин баъд аз халос шуданаш аз босмачиён дар қишлоқи худамон наистод ва ба Самарқанд ба пеши ман омад. Ман чанде ӯро дар Самарқанд нигоҳ доштам ва баъд аз он ба шаҳри Бухоро фиристодам, ки дар он ҷо ба ягон мактаб даромада хонад ва бо қишлоқ алоқаи махфӣ карда, дар куҷоҳо рафтуомад доштани қотилони падараш босмачиёнро ёбад ва ба ман хабар диҳад. Дар охирҳои соли 1922 боз писари акаам ба Самарқанд ба пеши ман омад ва хабар дод, ки «маркази босмачиён дар Нуратост, аммо чанде аз қотилони падарам, ки ҷояшон дар атрофи қишлоқи мост, ба ҳавлиҳои одамон махфиёна рафтуомад мекардаанд». Ман бо шунидани ин хабар худам Бухоро рафтам. Шахсан ба Чекаи92 Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро рафта, босмачиёни мазкурро бо ҳавлиҳошон рӯйхат карда додам ва дастгир карданашонро илтимос намудам. Азбаски дар сари Комитети Иҷроияи Марказӣ ва Совети Комиссарони Халқии Бухоро одамони шубҳанок буданд, ба онҳо муроҷиат накардам. Чека дар се рӯз 5 нафар босмачиро, ки қотили акаи ман буданд, дастгир карда овард ва маро хотирҷамъ кард, ки баъд аз тамом шудани тафтиш онҳоро ба суди олӣ медиҳад, суд мувофиқи қонун ба онҳо ҷазо медиҳад (дар сари Чекаи Бухоро он вақтҳо Юнус Ҳодӣ ном як кас буд). Ман баъд аз он ба Самарқанд баргаштам. Баъд аз ду моҳ аз суди олии Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро ба ин мазмун хат гирифтам: «Суди олӣ қотилони акаи шумо босмачиёни дастгир кардашударо ба ҷазои олӣ ба паррондан ҳукм кард. Аммо раиси Комиҷроияи Марказии Ҷумҳурияти Шӯроии Халқии Бухоро Аминов ин ҳукми суди олиро дар ҳаққи гунаҳгорон ба ҳабси даҳсола бадал намуд». Баъд аз ду-се моҳи ин воқеа боз писари акаам Муслиҳиддин ба Самарқанд пеши ман омад ва ҳикоя кард, ки «ман маҳбусон қотилони падарамро, ки ба даҳ сол ҳабс ҳукм шуда буданд, дар чойхонаҳои Бухоро дидам ва аз он ҷо онҳоро таъқиб кардам. Чанде аз онҳо (аз ин ҷумла, Мулло Тош) ба ҳавлии додари яке аз ҳукуматдорони калони Бухоро рафта даромад. Баъд аз тафтиш маълум шуд, ки онҳо ҳар шаб он ҷо мерафтаанд. Ман ба Комиҷроияи Марказӣ рафта, ин ҳолро ба раис Аминов гуфтам. Ӯ маро «дурӯғ мегӯӣ, ба як одами калон тӯҳмат мекунӣ, ту лоиқи ҷазо мебошӣ» гӯён пеш кард»... (Ман ба босмачиён робита доштани баъзе раҳбарони Ҳукумати Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухороро дар «Дохунда» ном романи худ, ки дар соли 1930 чоп шуда буд, аз забони котиби вакили мухтор, дар воқеаи хурӯҷи Анварпошо ҳикоя кардаам93 ва кушта шудани акаамро дар романи «Ғуломон» тасвир намудаам94). Албатта, ман дар ин шароит дар Бухоро истода наметавонистам ва ин ҳолро ман дар рӯзҳои барпо шудани Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро ҳис мекардам. Бинобар ин ман аз Самарқанд хонадор шуда, бо ҳама сахтиҳои онвақта дар он ҷо мондам ва ба Бухоро рафта «комиссар» нашудам. Он вақтҳо дар Самарқанд зиндагонии ман бисёр сахт буд. Ман хонаи худ надоштам. Дар ҳавлии модарарӯсам менишастам. Дар он ҷо ду хона буд, ки дар вақти бориш ҳамеша об мегузашт. Ман дар пеши сандалӣ нишаста, дар вақте ки ба атрофам ва сарам борон мечакид, кори таҳририи худро давом медодам. Соли 1920—1921 қиматӣ буд. Маоше, ки ман аз идораи матбуот мегирифтам, ба як ҳафта намерасид. Ман дар зимни кори адабӣ бо хари модарарӯсам ба боғи ӯ пору кашонда, дар соли 1921—1922 сабзавот ва картошка киштам ана ин кор маро ёрмандии бузург шуд. Ман ҳар чанд Бухоро нарафта бошам ва ба корҳои Ҳукумати Халқии Шӯроии Бухоро бевосита иштирок накарда бошам ҳам, тамоман аз вай дур буданро нахостам. Чунки ин ҳол дар афкори омма нисбат ба револютсияи Бухоро як кайфияти ногувор ба вуҷуд оварданаш мумкин буд. Бинобар ин ман бо хоҳиши худ дар Самарқанд, ба консулхонаи Бухоро, дар соли 1921 басифати консултант ба хизмат даромадам, ва ҳол он ки дар он ҷо на ин гуна штат буд ва на ба ин вазифа эҳтиёҷ буд. Бо вуҷуди ин кори асосии ман хизмати матбуот ва ба вуҷуд овардани асарҳо буд.


Ман дар он солҳо дар зимни ин ки дар матбуота Самарқанд револютсияро мудофиа карда, ҳукумати амириро ва босмачиёнро фош менамудам, асарҳои мустақил ҳам ба вуҷуд овардам. Дар соли 1920 аз моҳи август (дар арафаи инқилоби Бухоро) «Ҷаллодони Бухоро» ном асари худро сар карда дар сари ноябр тамом намуда, Бухоро бурда ба Нашриёти давлатии Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро супурдам. Аммо онҳо ин асарро чоп накарданд. Вақте ки асарро пас талаб намудам, «гум шуд» гуфтанд (мухтасари ин асар дар соли 1922 дар журнали «Инқилоб» дар Тошканд чоп шуд)95. Дар соли 1920—1921 «Материалҳои таърихи инқилоби Бухоро» ном асари худро навишта, ба Нашриёти давлатии Бухоро додам. Инро ҳам чоп накарданд (ин асар дар соли 1926 дар Москва аз тарафи Нашриёти халқҳои СССР чоп шуд)90. Дар соли 1921—1922 мақолаҳои очерки таърихиамро, ки бо сарлавҳаи «Таърихи амирони манғити Бухоро» дар журнали «Шӯълаи инқилоб» чоп шуда буд, дубора кор карда ба шакли китоб оварда боз ба Нашриёти давлатии мазкур додам (ин асар дар соли 1923 дар Тошканд аз тарафи Наркомпроси97 Бухоро чоп шуд). Нашриёти давлатии Бухоро асарҳои маро чоп накарда бошад ҳам, ҳаққи таҳрирамро пурра дод ва ман ба он пулҳо дар соли 1923 дар Самарқанд барои худ ҳавлии мустақил харидам.


Дар соли 1923 консулхонаи дар Самарқанд доштаи ҳукумати Бухоро баста шуд ва маро дар охири соли 1923 дар шӯъбаи Бухгосторг98 ки дар Самарқанд буд, мудир таъин карданд. Ман ин корро рад кардам. Аммо раҳбари тиҷоратии онвақтаи Бухоро маро қаноат кунонид, ки то ёфт шудани ягон одам ин корро муваққатан идора намоям. Аммо ин кори «муваққатӣ» ба номи мудирии ман аз сари соли 1924 то сари соли 1925 давом кард. Тахтапушти С. Айнӣ пас аз 75 чӯб зада шудан бо фармони амири Бухоро. Апрели 1917. Ман дар соли 1924 дар вақте ки дар Самарқанд дар Бухгосторг мудир будам, «Одина» ном повести худро навиштам, ки як қисми он дар соли 1924—25 ба воситаи «Овози тоҷик»99 ном газетаи тоҷикӣ, ки дар Самарқанд мебаромад, нашр шуда буд (ин асар дар соли 1927 аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷикистон нашр шуд, ки то ҳол дар забони тоҷикӣ чор бор, дар забони ӯзбекӣ (бо таҳрири худам) се бор, дар забони русӣ ду бор ва дар забонҳои украинӣ ва баъзе дигар халқҳои СССР якборӣ нашр шуд ва, парчаҳои ин асар дар забонҳои хориҷӣ ҳам дар журналҳо чоп шудааст100. Баъд аз тақсимоти миллии Осиёи Миёна101 Бухгосторги Самарқанд ба Ӯзбекистон гузашт ва маро боз ба ои мудир таъин карданд. Аммо ман ба Обкоми Самарқанд ариза дода, худро аз ин кор озод кунондам ва тамоман ба хизмати адабӣ дода шудам. Дар баҳори соли 1925—баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти Автономии Советии Тоҷикистон102 бо1 ҳукумати вай шартнома баста ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» даромадам ва дар ҳамон сол тамом кардам. Ин асар 40 ҷузъи чопӣ буда, дар вай намунаҳои ҳазорсолаи адабиёти тоҷик (аз аввалҳои асри 10 то замони худамон) дарҷ шудаанд. Ин асар дар соли 1926 бо харҷи Ҳукумати Тоҷикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халқҳои СССР нашр шуд, Ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллии партия роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро парча-парча кардани «туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад, боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд» мегуфтанд. Ана ин асар «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад. Аммо ин иғвогарони контрреволютсионӣ ба муқобили ин асар бо «калимаҳои сурх» хурӯҷ карданд. Як шеъри Рӯдакиро, ки ҳазор сол пеш аз замони мо навишта шудааст103, дастак карда, «соҳиби асар ин шеърро дар ҳаққи амири гурехта навиштааст», гӯён иғво паҳн карданд ва ин масъаларо дар Ӯзбекистон бо забони яке аз роҳбарони собиқ дар пленуми партия монда хостанд, ки асарро манъ кунонанд. Аммо шарқшиносони рус асарро мудофиа карданд, ки дар он вақт аз манъкунӣ халос шуд. Лекин ҳамон иғвогарони контрреволютсионӣ ин масъаларо бо забони ҳамфикри худ Бухарин дар Москва дар маҷлиси комсомол музокара кунонданд ва оқибат ба воситаи одамонашон, ки дар Нашриёти Тоҷкиистон ҷойгир шуда буданд, дар соли 1930 манъ кунонданд ва ба китоби қиматбаҳоро ба утилсиоё104 супоронданд.


Ман дар соли 1926 дар 5 июн дар Самарқанд дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар он ҷо таъсис шуда буд, ба хизмати адабӣ даромадам. Дар он вақт ходимони адабӣ ҳеҷ набуданд, ман тарҷимаҳо ва таълифҳоро гашта-баргашта таҳрир кардам ва худам ҳам асарҳои мустақил навиштам. Дар солҳои 1927—1929 «Дохунда» ном романи худро навиштам, ки вай аввалин бор дар соли 1936 дар Қазон чоп шуда, то ҳол дар забони тоҷикӣ се бор чоп шуд, дар забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва баъзе забонҳои дигар ҳам чоп шуд105. Аз соли 1932 то соли 1935 ман «Ғуломон» ном романи худро ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони ӯзбекӣ навишта тамом кардам (дар соли 1934 ба забони ӯзбекӣ ва дар соли 1935 ба забони тоҷикӣ чоп шуд). Аз соли 1935 то соли 1939 «Ҷанги одаму об» ном як достон дар бораи Вахш (2000 мисраъ) навиштам, «Ҷаллодони Бухоро»-ро дубора кор кардам106, «Марги судхӯр» ном як повест навиштам107, аз шеърҳои кӯҳна ва навам «Ёдгорӣ» ном як маҷмӯаи шеърҳо тайёр кардам108, «Аҳмади девбанд» ном як ҳикояамро дубора кор кардам109, дар бораи чӣ навъ хондани худ «Мактаби кӯҳна» ном асари худро навиштам ва ба муносибати даҳсолагии Тоҷикистон «Ятим» ном як роман навишта ба чоп додам110 ва аз ғайри инҳо аз соли 1926 то ҳол дар журналҳо ва газетаҳо хеле мақолаҳои илмӣ ва адабии ман ва ҳикояҳои ҷудогонаам чоп шуд. Аз соли 1936 то соли 1938 як луғати забони адабии тоҷикиро тайёр кардам, ки 15000 луғат дорад111.


Дар соли 1923 баъд аз дигаргуниҳо дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро дар қатори аъзоёни Комиҷроияи Марказии он интихоб шудам. Дар соли 1929 дар қатори аъзоёни Комиҷроияи Марказии Тоҷикистон интихоб шудам, ки ин кор дар интихобҳои гуногун то соли 1938 давом кард. Дар соли 1939 ба Совети шаҳри Сталинобод депутат интихоб шудам. Дар соли 1931 аз тарафи Комиҷроияи Марказии Тоҷикистон бо нишони «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудам. Дар соли 1935 ба муносибати юбилеи сисолагии фаъолияти адабиам аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон бо машинаи сабукрав мукофотонида шудам. Ман аз соли 1926 то моҳи сентябри соли 1933 дар Самарқанд дар шӯъбаи Тоҷгиз112 ба сифати муҳаррири адабӣ ва машваратчии илмӣ ва адабӣ кор кардам. Дар он вақт маро ҳукумати Тоҷикистон персоналии пенсионер карда, аз хизмати штатӣ озод кард. Аммо то ҳол дар Нашриёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо шартнома кори худро давом дода истодаам.

Садриддин Айнӣ.

Илова:

Дар соли 1941, ба муносибати Даҳрӯзаи санъати тоҷик дар Москва, бо фармони Совети Олии Иттифоқ (23 апрели соли 1941) бо ордени Ленин мукофотонида шудам. Дар соли 1947 дар даъвати дуввуми Совети Олии Тоҷикистон ба депутатии Совети Олии мазкур интихоб шудам. Дар соли 1948 дуввумбора ба депутатии Совети шаҳри Сталинобод интихоб шудам113.

АЗ НАВИСАНДА

(Аз муқаддимаи нашри якуми ин китоб)1 Ман навиштани ин повестро соли 1920, пештарак аз револютсияи Бухоро сар карда, дар моҳи сентябри ҳамон сол ба поён расонда, дар ҳамон вақтҳо ба Нашриёти давлатии Республикаи Советии Халқии Бухоро супурда бошам ҳам, чоп нашуд. Вақте ки сабаби чоп нашуданашро пурсидам, мудири нашриёти мазкур «асаратон гум шуд, бинобар ин чоп нашуд» гуфта ҷавоб дод. Пеш аз он ҳодиса дар моҳи июни соли 1920 «Фоҷиаи муаллимаи як ҷавони бухороӣ» ном як ҳикояти аввалинам дар Тошкент гум шуда буд, ки мусваддаи он ҳам дар дастам намонда буд. Бар болои он, ин «гумкунӣ» барои ман як фалокати дигар шуда ба ман таъсири хеле бад кард. Хайрият мусваддаи ин дар дастам монда буд, ки маро хеле тасаллӣ медод. Дар соли 1920 редаксияи журнали «Инқилоб» ин асарро аз ман барои чоп кунонидан дар журнали мазкур талаб кард. Ман ҳам, инро дубора кор карда, аммо қадре кӯтоҳтар намуда фиристода будам, ки дар соли 1922 дар шумораҳои 3, 4, 5, 6, 7 ва 8 журнали мазкур чоп шуда буд. Аммо аз он ҷо, ки шумораи чопи он журнал кам ва саводнокони ба алифбои араб ҳам хеле маҳдуд буданд, дар он вақт ин асар дар байни оммаи меҳнаткашон дуруст нашр наёфта монда буд. Ман оммаи коргарон, колхозчиён ва умуман меҳнаткашони босавод ва бомаданиятшудаи имрӯзаро ба назар гирифта хостам, ки ин повест дубора чоп шавад, бинобар ин дубора кор карда ба ёдгории он бародарон ва рафиқонам, ки дар моҳи марти соли 1918 дар арки Бухоро дар дасти ҷаллодони амир кушта шуда буданд, бахшидам. Ҳамин қадарашро ҳам бояд қайд кунам, ки дар вақти дубора кор кардани ин асар дар саволу ҷавобҳо ва гуфтугузорҳо аз ҷиҳати техника баъзе навиҳо дароварда ва мундариҷаашро қадре пурратар карда бошам ҳам, аммо сохти асарро монанди як намунаи таҷрибаи 16 сол пештараи худ ба ҳолаш боқӣ гузоштам. Инчунин ҷадидҳоро ҳам танҳо аз забони уламо ва амалдорони онвақта, ба тарзе, ки онҳо ҳамон вақтҳо ҳамон тарз дастур медоданд, тасвир намуда тафсили моҳияти синфии ҷадидизм ва ҷадидҳоро ба романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон»-и худ ҳавола намудам. Аз хонандагон ҳар кас, ки он тафсилотро хоҳад, ба он китобҳо муроҷиат хоҳад кард.

С. Айнӣ.

Моҳи феврали соли 1936, Самарқанд.

«ҶАДИД» КИСТ?

Дар моҳи марти соли 1918 дар арки Бухоро барои ҷаллодон машғулият зиёд шуда буд. Ин машғулияти ҷаллодон аз рӯзи шанбе 2-уми марти ҳамон сол сар шуда буд. Амир дар ҷавоби талабномаи қатъии Колесов115, ки барои талаби ислоҳот ва таслими силоҳ аз номи ҷавонбухороиён дода буд, барои кушта маҳв намудани ҷавонфикрони дар даруни Бухоро буда ва хайрхоҳони онҳо фармон дода буд116. Мувофиқи ин фармони амир ҳар рӯз садҳо ҷавонфикрон, хайрхоҳони онон ва касоне, ки ба хайрхоҳии онон шубҳанок шудаанд, дастгир шуда дар арки амир кушта мешуданд ва ҳар шаб ҷасади он кушташудагонро аз шаҳр ба беруни дарвозаи Ӯғлони Бухоро дар кӯли маълум бурда андохта, барои дастгиршавандагони фардоӣ дар арк ҷой холӣ мекарданд. Азбаски аз 2-вуми март то 5-уми март дар беруни шаҳр бо қувваҳои шӯришгар ҷанг давом дошт, амалдорони амир ва муллоён барои ба арк бурдани дастгиршудагон фурсат наёфта, бештарини онҳоро дар ҷои дастгиршудаашон зада мекуштанд, гӯшу бинии мурдагонро мебуриданд, чашмонашонро мекофтанд, рӯҳошонро чок мекарданд, шикамҳошонро мекафонданд. Дар аъзои бадани баъзе дастгиршудагон ин амалиётро дар ҳолати зиндагии онҳо иҷро карда, пас аз он мекуштанд, ки маҷрӯҳ бо азоб ва уқубатҳои шунида-ношуда ҷон медод. Бинобар ин дар аввалҳои март кушташавандагон: дар даруни арк маҳдуд буда, машғулияти ҷаллодон ҳам аз ҳад зиёд набуд. Дар он рӯзҳо ҷаллодон рӯзона бо куштани якчанд нафар ва шабона бо бор карда додани ҷасади онҳо аз кор фориғ шуда фароғат мекарданд. Баъд аз 5-уми март, вақте ки отряди Колесов ба Қизилтеппа пас нишаст ва аҳволи Бухоро як дараҷа «осуда» шуд, амир фармон бароварда ҷор андохт, ки «дар кӯчаҳо одам кушта нашавад. Ҷадидоне, ки дастгир карда мешаванд, ба арки олӣ оварда шаванд, дар ин ҷо барои саломатии сари ҷаноби олӣ тасаддуқот карда мешаванд». Ҷадид кист? Ҷавоби ин савол ба хонандагони мо як дараҷа маълум бошад ҳам, ғазоталабоне, ки он вақт дар Бухоро гирд омада буданд, аз амалдорони амир ва муллоҳои калон «ҷадид кист?» гуфта мепурсиданд. Амалдорон— маҳрамони амир, қозӣ, раис ва дигар муллоҳои калони Бухоро барои ҷадидро аз ғайри ҷадид ҷудо карда дастгир намуда овардан ба ғазоталабон ин гуна таъриф мекарданд: «Ҳар касе ки гаребони куртааш тугмадор бошад»- ҷадид аст; ҳар касе, ки дар тани худ камзӯл дошта бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки камзӯли сиёҳ дошта бошад, бадтарини ҷадидон аст; ҳар касе, ки ришашро қадре кӯтоҳ карда, мӯйлабҳояшро дарозтар гузошта бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки писарашро барои хонондан дар мактабҳои нав дода бошад, ё ин ки барои хондан ба Россия ва ё ба Истамбул фиристода бошад, ё ки худаш газета хонда бошад, ё ин ки бо газетахонон ошноӣ дошта бошад, албатта, ҷадид аст; аммо дар ҷадид будани касоне, ки қадре забони русиро донанд ва ё ба Истамбул рафта омада бошанд, ҳеҷ шакку шубҳае нест; ҳар касе, ки ин гуна одамонро «ҷадид не» гӯяд ё ин ки ба ҷадидии ин гуна одамон шак орад, бе шакку шубҳа ҷадид аст...». Ин аст «таърифи пуррае», ки барои аз одамони дигар ҷудо карда дастгир намуда куштани «ҷадидон». дар моҳи марти соли 1918 ба ғазоталабони Бухоро мисли як дастуруламал дода шуда буд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2