Абулқосими Фирдавсӣ - «Шоҳнома»
«ШОҲНОМА» ВА ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ОН
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достони бемисли қаҳрамонӣ буда, аз 60 ҳазор байт иборат аст.
Вазни «Шоҳнома» оҳанги ҷанговарона дорад. Агар афоили онро бо шиддат талаффуз кунем, як навъ оҳанги марш пайдо мешавад, аз ин вазн садои мусиқии ҳарбӣ, овози нағораи ҷанг, зарбаи пои аскарон ва ба таври ҳарбӣ баробар қадам задани онҳо шунида мешавад. Фирдавсӣ дар ин асар худро ҳамчун донандаи беҳамтои таъриху фолклори бои халқҳои эронинажод, достонҳои қаҳрамонии давраҳои қадим, урфу одатҳои қадимии халқи худ ва устоди моҳири забони тоҷикӣ нишон додааст.
«Шоҳнома» асари томи бадеӣ буда, таърихи пайвастаи халқҳои Эрону Тӯронро аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод то замони истилои араб дарбар мегирад. Аз ин рӯ, он чун эпоси миллӣ шинохта шудааст. Барои ин ки воқеаҳо дар замону макони муайян гузаранд ва вақту фазои муайян дошта бошанд, Фирдавсӣ дар силсилабандии воқеаҳо тарзи хронология таърихияти хонадонҳои подшоҳиро интихоб намудааст.
«Шоҳнома»-ро одатан, ба се қисм тақсим мекунанд:
Қисми якуми «Шоҳнома» «Подшоҳии Пешдодиён» аз афсонаҳои асотирӣ ва ривоятҳои афсонавӣ иборат буда, дар хусуси мифҳои қадим нақл мекунад. Ин қисм аз подшоҳии Каюмарс сар шуда то подшоҳии Гаршосп давом мекунад ва ҳамагӣ саргузашти 10 подшоҳро фаро мегирад.
Каюмарс аз рӯи тасвири шоир, подшоҳи аввалин дар дунё мебошад. Вай марди бохираде буда, ба одамон шикори ҳайвонҳоро ёд медиҳад, аз санг ва чӯб олатҳои буррандаву шикофанда тарошида, ба воситаи онҳо ҷонваронро шикор мекунад. Аввалин шуда Каюмарс либосҳои аз барг дӯхтаашро бо либосҳои аз пӯсти ҳайвонҳо дӯхташуда иваз кард. Одамон ром кардани ҷонваронро дар замони ӯ ёд гирифтанд. Ӯ ба одамон ҷӯшидани модагов ва бузро ёд дод. Одамон саги ёбоиро ба худ ром карда гирифтанд. Каюмарс бо адлу дод подшоҳӣ кард.
Авлоди Каюмаре низ ҳар кадоме ба мардум дар зиндагӣ кашфе мекунанд. Тахти подшоҳӣ ба Фаридун мерасад. Фаридун дунёро дар байни фарзандонаш тақсим мекунад. Салм ва Тур ба Эраҷ рашк бурда бародарашонро мекушанд. Зиддияти байни Эрон ва Тӯрон сар мешавад. Корҳои сиёҳи Аҳриман бо дасти тӯрониён сурат мегирад. Сардори тӯрониён сарлашкари девсиришт Афросиёб мебошад. Ба Эрон марги ногузир таҳдид менамояд. Вале ҳамаи ин як заминае буд, ки зарурати пайдоиш ва корнамоиҳои Рустамро омода мекард.
Қисми дуюми «Шоҳнома» аз достонҳои қаҳрамонӣ иборат буда, моҳиятан ба Рустам ва корнамоиҳои ӯ бахшида шудааст. Ин қисм бо воқеаҳои Искандари Мақдунӣ поён мепазирад. Аз ин қисм воқеаҳои зерин барои равшантар инъикос ёфтани хислати Рустам аҳамияти бештаре доранд. Зави Таҳмосӣ мемурад, ба ҷои ӯ писараш Гаршосп ба тахти подшоҳӣ менишинад. Гаршосп баъди 9 соли подшоҳӣ вафот мекунад. Ӯ аз худ авлоде нагузошта буд. Аъёну ашрофи Эрон боз аз нажоди Фаридун шоҳ ҷустанд. Эрон муддате бе шоҳ монд. Шоҳи Тӯрон—Афросиёб тахти Эронро холӣ дида ба Эрон лашкар мекашад:
Баромад ҳаме кӯю барзан ба ҷӯш,
Аз Эрон саросар баромад хурӯш.
Аъёну ашроф дар талаби сардор ва сарлашкар боз ба Зобул рафта, рӯи ниёз ба Зол оварданд.
Золи Сом ин вақт пир шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки акнун шамшери кобулӣ ба дасти ман вазнинӣ менамояд, лекин шукри Худои пок, ки аз бехи ман шоҳи фаррух рӯид, писарам Рустам ҷои маро мегирад. Баъд ӯ ба писараш рӯ оварда, мақсади худро мегӯяд:
Ба Рустам чунин гуфт, к-эй пилтан,
Ба боло сарат бартар аз анҷуман.
Яке кор пеш асту ранҷи дароз,
К-аз ӯ бугсилад хобу орому ноз.
Туро низ, пуро, гаҳи разм нест,
Чи созам, ки ҳангомаи базм нест.
Наме аз лабат шир бӯяд, ҳаме,
Дилат нозу шодӣ биҷӯяд ҳаме.
Чигуна фиристам ба дашти набард
Туро назди шерону мардони мард?
Рустам Рахш ном аспи ба худаш мувофиқро интихоб менамояд. Ӯ ба кӯҳи Албурз рафта Кайқубодро, ки аз авлоди Фаридун аст, оварда, ба тахти шоҳии Эрон мешинонад. Дар роҳи бозгашт онҳо ба ҷанговарони Афросиёб дучор мешаванд. Кайқубод шамшер аз ғилоф кашида, ҷанг карданӣ мешавад. Рустам аз ин кор ӯро манъ менамояд. Рустам ба Қулун ҳамла карда, найзаро аз дасти Қулун гирифта, ба худи Қулун мезанад. Қулун аз зин парида, лағаткӯби аспи Рустам мегардад.
— Офарин, Таҳамтан!— ба Рустам хитоб мекунад Кайқубод. Аз ҳамин рӯз сар карда Таҳамтан, яъне паҳлавони бузург ва беҳамто, лақаби Рустами Дастон гардид. Ҳамин тариқ, Эрон дар симои паҳлавонони систонӣ муҳофизони худро ёфт. Лекин аз нокасии шоҳони камхирад муҳофизони ватан нобуд мешаванд. Муҳофизаткунандаи Эрон — Исфандиёр кушта мешавад. Рустам ҳалок мегардад. Мамлакат боз бе пушту паноҳ мемонад.
Қисми сеюми «Шоҳнома» қисми таърихӣ буда, асосан ба давраи Сосониҳо баҳшида шудааст. Ин қисмат бо кушта шудани охирин шоҳи Сосонӣ Яздигурд ва мамлакатро истило кардани арабҳо хотима меёбад. Дар қисми дуюм, чунон ки гуфтем, мамлакат бе пуштибон мемонад. Дар қисми сеюм ба ин савол ҷавоб меёбём. Муҳофизати ватан ба дӯши Сосониён меафтад. Фарр, яъне нуре, ки шарти подшоҳист, ба Ардашер мерасад ва мудофиаи ватан ба ӯҳдаи ӯ ва авлодаш гузошта мешавад, лекин ин қисмати «Шоҳнома» низ бо фоҷиа хотима меёбад. Давлати Сосониён аз байн меравад. Боз Аҳриман — қувваи бадӣ тантана мекунад, ин дафъа лашкари ӯ дар сурати аскарони арабҳои истилогар зуҳур мекунад.
Чунон ки мебинем, ҳар се қисми «Шоҳнома» як хел тамом мешавад. Дар ду қисми аввал-эрониҳо наҷотдиҳанда меёбанд. Аз рӯи ақидаи шоир, бояд муҳофизони ватан дар қисмати сеюм Сомониён бошанд. Он гуна ки медонем, Фирдавсӣ гузаштаи Сомониёнро сароида, «Шоҳнома»-ро ба онҳо тақдим карданӣ буд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё