Зеҳн

Абулқосими Фирдавсӣ - Зиндагинома

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Эҷодкори асари безавол - "Шоҳнома" Абулқосими Фирдавсӣ соли 934 дар Хуросон (дар шимоли шарқии Эрони имрӯза) дар деҳаи Божи вилояти Тӯс таваллуд ёфтааст. Номи пурраи шоир Абулқосими Мансур бинни Ҳасани Фирдавсист. Мансур номи аслии ӯ буда, Фирдавсӣ тахаллус ва Абулқосим куняи шоир мебошад. Падару бобои Абулқосим аз деҳқонони он деҳ буда, орому осудаҳолона зиндагӣ мекарданд. Дар он замон деҳқон маънии ашрофзодаи заминдорро мефаҳмонд.
Падари меҳрубони Абулқосим кӯшиш менамуд, ки фарзанди ӯ тандурусту солим ба воя расад ва илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ намояд. Абулқосим зери сарпарастии падар дар мактаб ва мадраса илмҳои замони худро меомӯзад. Ӯ забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хуб медонист.

Фаъолияти адабии Фирдавсӣ.
Давраи бачагӣ ва овони ҷавонии Фирдавсӣ ба замони салтанати Сомониён рост меояд. Дар аҳди Сомониён таваҷҷӯҳ ба гузаштаи пурифтихори мо мақоми хос дошт.
Амирони сомонӣ барои мустаҳкам шудани истиқлоли давлаташон ба гузаштаи халқи худ мароқи беандозае зоҳир намуда, мехостанд, ки дар хусуси тарзи зиндагӣ, урфу одат ва одоби ҳукмронии гузаштагон китоби арзандае тартиб дода, ба ин восита шукӯҳи гузаштагони худро намоиш диҳанд. Бинобар ҳамин, пеш аз Фирдавсӣ низ ҳам ба наср ва ҳам ба назм дар асоси таърихномаю ривоятҳо, қиссаҳо ва афсонаҳо чанд асаре бо номи «Шоҳнома» тартиб дода шуда буд. Дар ин кор, махсусан Дақиқӣ (ваф. 978) кӯшиши зиёде кард. Ӯ бо супориши амири сомонӣ Абулқосим Нӯҳ ибни Мансур ба навиштани «Шоҳнома» сар карда буд. Шоир пас аз сурудани ҳазор байт аз тарафи душманони маънавиаш кушта шуд. Кори саркардаи Дақиқӣ нотамом монд. Фирдавсӣ чун ба навиштани «Шоҳнома» камар мебандад, достони сурудаи Дақиқиро айнан бо номи ӯ ба асари худ ҳамроҳ менамояд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар синни 37-солагӣ ба навиштани «Шоҳнома» сар кард. Вале баъди андаке кор кардан дид, ки барои мақсади пешгузоштааш манбаъҳо, ҳуҷҷатҳо ва таърихномаҳо кофӣ нестанд. Вай барои ҷамъ овардани ахбори иловагӣ ва такмил додани қиссаву ривоятҳо ба шаҳру деҳоти гуногуни Хуросон ва Мовароуннаҳр сафар намуда, бо донишмандон, мӯбадон ва гӯяндагон вохӯрда, аз онҳо бисёр чизҳоро навишта гирифт. Бар замми ин, шоир бисёр маъхазҳо, ҳуҷҷатҳо ва таърихномаҳоро аз назар гузаронда, қисматҳои заруриашро интихоб намуд. Ӯ ҳамчунин, макони вуқӯъи бисёр воқеаҳои таърихӣ ва афсонавиро бо чашмони худ мебинад. Ҳангоми навиштани «Шоҳнома» ба асарҳои адабӣ низ муроҷиат намуда, то андозае аз «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ (соли таълифаш 963), «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ (соли 966 тартиб дода шудааст) истифода бурдааст.
Дигар китобе, ки нисбатан мукаммал буда, бо фармони сарлашкари Сомониён Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдураззоқ тартиб дода шудааст, «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» мебошад. Ин китоб соли 957 мураттаб гардидааст. Фирдавсӣ ҳангоми офаридани шоҳасари худ асосан ба ин китоб такя намуда, онро ба риштаи назм кашидааст.
«Шоҳномаи Абӯмансурӣ» китобе буд, ки аз забони чандин гӯяндагон бо сардории чаҳор мӯбади зардуштӣ ба тариқи наср навишта шуда буд.
Ғайр аз ин, Фирдавсӣ ҳангоми навишт ба «Авесто», «Худойномак» ва китобҳои дигари қадимӣ муроҷиат кардааст. Вале аз гуфтаҳои шоир маълум мешавад, ки ӯ бештар ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат ва такя карда будааст.

Абулқосими Фирдавсӣ баъди пурра ҷамъ овардани маъхазҳо ва қиссаю ривоятҳо бевосита ба навиштани «Шоҳнома» оғоз мекунад. Вай саъй менамуд, ки асарашро зудтар ба охир расонад. Аз ин сабаб ӯ пайваста кор карда, тамоми қуввату истеъдоди худро ба ин кор сарф менамояд.
Фирдавсӣ дар ин кор, на танҳо давлату сарват, балки ҷавонии худро низ сарф кард. Меҳнати пуразобу шабҳои бехобӣ осори худро дар он гузошта буданд. Шоир баъди ранҷу меҳнати 30-сола назми «Шоҳнома»-ро ба итмом мерасонад.
Вақте ки Абулқосими Фирдавсӣ қисматҳои охирини «Шоҳнома»-ро менавишт, дар мамлакат ҷангҳои байнихудии феодалҳои саркаш давом дошт. Дар натиҷаи саркашии феодалҳои маҳалпарасти марказгурез, ки ҳар кадом мехостанд ба сари худ ҳукумати алоҳидае ташкил намуда ҳукмронӣ намоянд, иқтидори давлати Сомониён рӯз то рӯз суст мешуд. Аз ин истифода бурда Қарахониҳо ба Бухоро ҳуҷум намуда, давлати Сомониёнро аз байн бурданд. Дар мамлакат ҳукуматҳои нави бегонагон барпо шуд. Дар Осиёи Миёна Қарахониён ва дар шимоли Афғонистон Ғазнавиён давлатҳои худро барпо намуданд.
Абулқосими Фирдавсӣ ният дошт, ки «Шоҳнома»-ро тамом намуда, ба амирони Сомонӣ пешкаш намояд. Агар ин нияти шоир амалӣ мегашт, Сомониён ба ӯ мукофоти сазоворе медоданд, ки боқии умрро бо хушнудӣ мегузаронид, лекин, чуноне ки гуфтем, ҳангоми ба итмом расидани «Шоҳнома» давлати Сомониён аллакай аз байн рафта буд. Дар Мовароуннаҳру Хуросон чунин шахси мӯътабаре ва ё давлате, ки сазовори ин асари безавол бошад, вуҷуд надошт.
Фирдавсӣ, ки «Шоҳнома»-ро бо умедҳо навишта, дар ин роҳ ҳамаи буду шуди худро сарф карда буд, дар охирҳои умр камбағал ва боз ба болои ин пиру нотавон шуда монд. Дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ҷангҳои хонумонсӯзи дохилию берунӣ давом мекард. Дар мамлакат оромӣ набуд. Аз ин сабаб, шоир «Шоҳнома»-ро ба касе пешкаш накарда, чандин сол онро ниҳон дошт:
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро наҳуфта ҳамедоштам.

Абулқосими Фирдавсӣ ба ин нокомиҳо тан надода, китоби худро борҳо аз нав кор карда, баъзе достонҳои онро каму беш тағйир дод, баъзеи дигарро мукаммал намуд, достонҳои парокандаи онро ба тартиб овард.
Баъди чандин сол дӯстони шоир ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки «Шоҳнома»-ро ба Султон Маҳмуд пешкаш намояд.
Султон Маҳмуд касе буд, ки ҳанӯз дар замони Сомониён вилояти худро аз тасарруфи онҳо бароварда, фақат бо ном тобеи онҳо буд. Ӯ Ғазна (дар Афғонистони имрӯза)-ро пойтахти худ интихоб карда, то соли 1030 ҳукумат рондааст.
Абулқосими Фирдавсӣ маҳсули ранҷи беш аз сисолаи худро ба Султон Маҳмуд пешкаш намуд. Вале Маҳмуд «Шоҳнома»-ро қабул накард, чунки «Шоҳнома» манфиати Ғазнавиҳо ва махсусан, манфиати Султон Маҳмудро ҳимоя намекард. Баръакс, тамоми ғояҳои ин асари безавол бар зидди истилогарони хориҷӣ равона шуда буд.
Идеяи дигари «Шоҳнома», ки меросӣ будани шоҳӣ, ягона нигоҳ доштани обу хоки кишвар, муҳофизати халқу ватан ва накӯҳиши истилову ғорати замину кишварҳои дигарон аст, низ ба Маҳмуд мақбул набуд, зеро Султон Маҳмуд аслан на шоҳзода, балки аз лашкариёни кироя буда, мувофиқи ақидаи Фирдавсӣ, чунин шоҳи бенасаб бояд нест карда мешуд. Бар болои ин Маҳмуд шоҳи золиму ғоратгар буд. Танҳо ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки ӯ 15 маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашида, он кишварро помол ва тороҷ карда буд.

Фирдавсӣ ба динҳои пеш аз исломии халқи худ — зартуштӣ ва монавӣ назари нек дошт. Инчунин, ӯ ба намояндагони халқ ва сардорони шӯришҳои халқӣ (Кова ва Маздак), ки зидди шоҳони золиму ситамгар қиём мекарданд ва исён мебардоштанд, бо эҳтирому муҳаббати тамом менигарист. Ин ақидаи шоир низ бар хилофи манфиати Султон Маҳмуд буд.
Султон Маҳмуд баробари золимӣ шахси бағоят мутаассиб буд. Ӯ аксарияти ҷангҳои ғоратгаронаи худро бо шиори «ҷанги муқаддас» мегузаронд. Бо зарби шамшер ба гардани халқҳо бор кардани дини исломро гӯё назди худ вазифа гузошта буд. Ӯ бо ҳар роҳ мехост, ки хизматгори арабҳо будани худро нишон диҳад. Маҳз халифаҳои Аббосӣ ба ӯ унвонҳои «Аминуддавла» ва «Яминуддавла»-ро дода, шоҳ шудани ӯро эътироф карда буданд. Дигар ин ки яке аз персонажҳои ниҳоят манфии «Шоҳнома» Заҳҳоки мордӯш, ки мағзи сари инсонро мехӯрд, намояндаи халқи араб буд.
Абулқосими Фирдавсӣ, ки 30 соли умри худро дар навиштани «Шоҳнома» сарф намуда буд, аз ин достони ҷовидонаи худ умедҳои калоне дошт. Ӯ гумон дошт, ки ба ин васила аз сахтию нодориҳо халос мешавад, вале, чуноне ки дидем, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тамоми орзую умедҳои шоирро ба бод дод. Султон Маҳмуд дар «Шоҳнома» ақидаҳои хилофи мақсадашро дида, онро қабул накард.
Баъди он ки Султон Маҳмуд ба қадри шоир нарасид, Фирдавсӣ бар ивази бадгӯӣ ва бадрафториҳои Маҳмуд ва наздикони ӯ ҳаҷви машҳури худ «Гуфтор дар ҳаҷви Султон Маҳмуд»-ро навишту аз Ғазна баромада рафт.
Баъди ин, Султон Маҳмуд фармон дод, ки Абулқосими Фирдавсиро дастгир намуда, ба зери пои фил партоянд. Фирдавсӣ аз ин хабар ёфта, гурехт. Вай аввал ба Ҳирот, сипас ба Табаристону Ироқ, баъд аз он ба шаҳру вилоятҳои дигаре, ки дуртар аз Ғазна буданд, рафта, бо сарсонию саргардониҳо рӯз мегузаронд. Одамони Султон Маҳмуд барои дастгир намудани Фирдавсӣ ба бисёр шаҳру деҳот рафта, ӯро мекобанд. Халқ, ки шоири худро ниҳоят дӯст медошт, доимо ӯро пинҳон мекард. Одамони Маҳмуд ноумед шуда ҷустуҷӯро тарк карданд. Дар ин айём бар болои ин сахтию ғурбатҳо ва таъқиб шоирро пирӣ ва фақирӣ ҳам азоб медод. Вай баъди азоб ва гурезагии дуру дароз ва пасанда шудани кофтуковҳо соли 1020, дар ҳолати нотавонию фақирӣ ба зодгоҳи худ Бож баргашта, ҳамон сол аз олам гузашт. Ӯро дар боғе, ки аз падараш мерос монда буд, дафн карданд. Ҳоло дар болои турбати ӯ аз санги мармар мақбараи мӯҳташаму зебое сохта шудааст. Акнун оромгоҳи шоир ба зиёратгоҳи мардум табдил ёфтааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2