Абулқосими Фирдавсӣ — Андарзҳо
Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ним кирдор нест.
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд.
Дилат гар ба роҳи хато моил аст,
Туро душман андар ҷаҳон худ дил аст.
Касе, к-ӯ наҷӯяд саранҷоми хеш,
Наёбад зи гетӣ ҳаме коми хеш.
Зи нерӯ бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ каҷӣ зояду костӣ.
Ҳар он кас, ки ҷӯяд ҳаме бартарӣ,
Ҳунарҳо бибояд бад-ин доварӣ.
Яке ройу фарҳанг бояд нахуст,
Дувум озмоиш бибояд дуруст.
Савум ёр бояд ҳангоми кор,
Зи ҳар неку бад баргирифтан шумор.
Чаҳорум хирад бояду ростӣ,
Бишустан дил аз кажжию костӣ.
Бипарҳез, то бад нагардад ном,
Ки бадном гетӣ набинад ба ком.
Ба осоишу некномӣ гирой,
Гурезон шав аз марди нопокрой.
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Зи мардум намонад ба ҷуз гуфтанӣ.
Ба номи накӯ гар бимирам равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
Машав шодмон, гар бадӣ кардаӣ,
Ки озурда гардӣ, гар озурдаӣ.
Зи бад кардан ояд ба ҳосил зиён,
Агар бад кунӣ, ғам барӣ аз ҷаҳон.
Замона зи бад доман андар кашид,
Мукофот бадро бад омад падид.
Нигар, то чӣ корӣ ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ ҳамон бишнавӣ.
Дарахте, ки парвардӣ, омад ба бор,
Бубинӣ бараш ҳам кунун дар канор.
Гараш бор хор аст, худ киштаӣ
В-агар парниён аст, худ риштаӣ.
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун.
Биандеш бисёру бикшой гӯш,
Сухан аз хирадманд мардум ниюш.
Камозор бошеду ҳам камзиён,
Бадиро мабандед ҳаргиз миён.
Дилу мағзро дур дор аз шитоб,
Хирад бо шитоб андар ояд ба хоб.
Ҳар он гаҳ, ки доно бувад пуршитоб,
Чӣ дониш мар ӯро, чӣ дар шӯраоб.
Пушаймон нашуд ҳар кӣ некӣ гузид,
Ки бад з-оби дониш наёрад мазид.
Аз имрӯз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон.
Бибахшу биорою фардо магӯй,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ ояд ба рӯй.
Ҳунар ҷӯйу бо марди доно нишин,
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ зи бахт офарин.
Зи нодон наёбӣ ба ҷуз бартарӣ,
Нигар, сӯи бедонишон нангарӣ.
Набояд, ки гардад ба гирди ту бад,
Ки аз бад туро бегумон бад расад.
Ситеза на хуб ояд аз номҷӯй,
Бипарҳезу гирди ситеза мапӯй.
Ситеза ба ҷое расонад сухан,
Ки вайрон кунад хонумони куҳан.
Мафармой, акнуну тезӣ макун,
Ки тезӣ пушаймонӣ орад ба бун.
Сари мардумӣ бурдборӣ бувад,
Чу тезӣ кунад, тан ба хорӣ бувад.
Надониста дар кор тундӣ макун,
Биандешу бингар зи сар то ба бун.
Ки тундиву тезӣ наояд ба кор,
Ба нармӣ барояд зи сӯрох мор.
Агар дил тавон доштан шодмон,
Ҷуз аз шодмонӣ макун як замон.
Ҳама ҳамчунон шоду хуррам зиед,
Беозор бошеду беғам зиед.
Тавонгар шавад, ҳар кӣ хурсанд гашт,
Аз ӯ озу темор дар банд гашт.
Бикаш ҷону дил, то тавонӣ зи рашк,
Ки рашк оварад гарму хунин сиришк.
Ҳама пухта бояд, ки ронад сухан,
Ки гуфтори некӯ нагардад куҳан.
Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард.
Суханҳо сабук гӯю баста магӯй,
Макун хомгуфторӣ бо рангу бӯй.
Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Зи гуфтор гӯянда ромиш барад.
Касе, к-ӯ ба ҳукми адаб нангарад,
Саранҷом темору ҳасрат барад.
Нишони падар бояд андар писар,
Раво набвад, ар камтар орад ҳунар.
Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар ӯ ҳар ниҳон.
Гар ӯ бифканад номи фаррухпадар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.
Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Чу меҳри касеро бихоҳӣ ба суд,
Бибояд-т ба суду зиён озмуд.
Ба гетӣ кадом аст, бо ман бигӯй,
Ки бифзояд аз донише обрӯй.
Чунин дод посух, ки донои пир,
Ки бо озмоиш бувад ёдгир.
Ҷавон гарчӣ доно бувад бо гуҳар,
Абе озмоиш нагирад ҳунар.
Баду нек ҳар гуна бояд кашид,
Зи ҳар шӯру талхӣ бибояд чашид.
Чу меҳтар шудӣ кор ҳушёр кун,
Надонӣ ту донандаро ёр кун.
Бипарҳез аз он марди носудманд,
Ки хезад аз ӯ ранҷу дарду газанд.
Бипарҳез аз ҳар чӣ нокарданист,
Маёзор онро, ки н-озурданист.
Нигаҳ кун бад-он гардиши рӯзгор,
Ҷуз ӯ-ро макун ҳеҷ омӯзгор.
Чу хоҳӣ, ки ранҷи тан ояд ба сар,
Аз омӯзгорон мабартоби сар.
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан.
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ.
Биомӯзу бишнав зи ҳар донише,
Ки ёбӣ зи ҳар донише ромише.
Зи омӯхтан чун фурӯтан шавӣ,
Суханҳои донандагон бишнавӣ.
Маёсой аз омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон.
Касе, к-ӯ бувад судаи рӯзгор,
Набояд ба ҳар кораш омӯзгор.
Бахилӣ макун ҳеҷ, агар мардумӣ,
Ҳамоно, ки кам бошӣ аз одамӣ.
Чу айби тани хеш донад касе,
Зи айби касон ӯ нагӯяд басе.
Машав ғарра з-оби ҳунарҳои хеш,
Нигаҳ дор бар ҷойгаҳ пойи хеш.
Тавонгар шуд он кас, ки хурсанд гашт,
Аз ӯ озу темор дар банд гашт.
Ба чизи касон даст ёзад касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.
Зи чизи касон даст кӯтоҳ кун,
Равонро сӯи ростӣ роҳ кун.
Макун ёрии марди паймоншикан,
Ки паймоншикан хок дорад кафан.
Чу паймоншикан бошию тезмағз,
Наёяд зи пайкори ту кори нағз.
Ба гирди дурӯғ он кӣ гардад басе,
Аз ӯ рост бовар надорад касе.
Маёмез бо мардуми кажгӯй,
Ки ӯро набошад сухан ҷуз ба рӯй.
Ҳар он кас, ки ронад сухан бо газоф,
Бувад бар сари анҷуман марди лоф.
Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,
Зи бад гардад андар ҷаҳон ном бад.
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун.
Агар хоҳӣ аз ҳарду саро обрӯй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гӯй.
Ҳар он кас, ки ҷӯяд ба дил ростӣ,
Надорад ба дод андарун костӣ.
Бузург он касе, к-ӯ ба гуфтори рост,
Забонро биорост, кажжӣ нахост.
Ҳама ростӣ ҷӯю мардонагӣ,
Зи ту дур бод озу девонагӣ.
Чу хоҳӣ, ки ганҷе ба бор оядат,
Бикӯшӣ чу дар пеш кор оядат.
Ба манзил расид, он кӣ пӯянда буд,
Беҳӣ ёфт, он кас, ки ҷӯянда буд.
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
Ҳар он, к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш одамӣ.
Ҳама некӯӣ пеша кун, гар тавон,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидон.
Ба ҷое ба кас гар ту некӣ кунӣ,
Мазан бар сараш, то дилаш нашканӣ.
Ба некӣ гарою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.
Бидон, к-аз забон аст мардум ба ранҷ,
Чу ранҷиш нахоҳӣ, суханро бисанҷ.
Сухангӯй чун баркушояд сухун,
Бимон, то бигӯяд, ту тундӣ макун.
Забонро чу бо дил бувад ростӣ,
Бубандад зи ҳар сӯ дари костӣ.
Зи шодӣ, ки фарҷоми он ғам бувад,
Хирадмандро ози ӯ кам бувад.
Ту аз оз бошӣ ҳамеша ба ранҷ,
Ки ҳамвора серӣ наёбӣ зи ганҷ.
Дилу мағзро дур дор аз шитоб,
Хирадро шитоб андар орад ба хоб.
Ба кор андар андеша бояд нахуст,
Ба ҷон то шавад эмину тандуруст.
Чӣ гуфт он сухангӯи озодмард,
Ки озодаро соилӣ банда кард.
Шумо дил мадоред чандин ба ғам,
Ки аз ғам шавад ҷони хуррам дижам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё