Зеҳн

Зарбулмасал-мақол

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан
  1. Ҳамсафари нобино шудӣ, як чашматро бипӯш.
  2. Мо ҳафт бародар будем; баъзеашон мурданду мурданд, ҳафт кас шудем.
  3. Дар ҷойҳои худӣ одамро ҳурмат мекунанд, дар ҷойҳои бегона – пӯстини мӯинаи одамро.
  4. Барои мардум – коргар, барои хонавода – писар.
  5. Ҷое, ки мардҳо бисёранд, он ҷо ҳезум намеёбӣ; ҷое, ки занҳо бисёранд – об нест.
  6. Диҳӣ – мегирӣ, коштӣ – медаравӣ.
  7. Барои якрӯза зиёфат чил рӯз ташаккур бояд гуфт.
  8. Шутуркуш аз бузкуш гӯшт пурсидааст.
  9. Аз як дона гандум атола пухта намешавад.
  10. Касе, ки сараш дард намекунад, чи парво дорад.
  11. Вақте ки бургут пир шавад, муш шикор мекунад.
  12. Ҷое, ки саг нест, хук аккос мезанад.
  13. Кадом ангуштро нагазӣ, як хел дард мекунад.
  14. Касе, ки худаш афтид, гиря намекунад.
  15. Касе, ки оҳиста роҳ равад, хеле дур меравад.
  16. Зоғ ҳар куҷое набошад, бадтар аз шоҳин аст.
  17. Чархҳои пеши ароба куҷое, ки раванд, чархҳои қафои он низ аз пасаш мераванд.
  18. Модари роҳ – сумҳо, модари гуфтугӯ – гӯшҳо.
  19. Ман зӯрам, магӯй, ки ба одами зӯртар бармехӯрӣ.
  20. Шахси хушрӯй зебо нест, шахси дӯстдошта зебо аст.
  21. Қасоси сагро аз турна магир.
  22. 11 Бургут – боша, паррандаи соҳибчангол
  23. Аз дасти одами бад оби ҳаёт диҳад ҳам манӯш.
  24. Одами бафурҷа (бешитоб) бо ароба ҳам харгӯшро дастгир мекунад.
  25. Сӯзиши сухан дардноктар аз сӯзиш дар оташ аст.
  26. Ба одами бад некӣ кунӣ, қадарашро намедонад; ба одами нек бадӣ кунӣ, фаромӯш намекунад.
  27. Риши сафедшуда дигар сиёҳ намешавад.
  28. Нури чароғ ба танаш намефтад, хубиҳои инсон ба наздиконаш наменамояд.
  29. Тухми имрӯз беҳ аз мурғи фардо.
  30. Ба мурғи кӯр ҳама чиз дона аст.
  31. Аз гап гап мебарояд, агар хомӯш истӣ, аз куҷо он барояд.
  32. Сухане хуб аст, ки кӯтоҳ бошад.
  33. Пир дар байни ҷавонон нодон мешавад, ҷавон дар байни пирон – доно.
  34. Бори шутури аз ҳама охир вазнин аст.
  35. Душмани хуб беҳтар аз хеши бад.
  36. Ба одами бад некӣ макун.
  37. Ба дег ҳар чӣ дарояд, ба қошуқ ҳамон мебарояд.
  38. Забон бе устухону фикр бепоён аст.
  39. Кӯдакон баъд аз сари падар не, баъд аз сари модар ятим мешаванд.
  40. Оштӣ хуш аст, махсусан баъд аз ҷанг.
  41. То шаб нашавад, қадри моҳро намедонанд.
  42. Ҳам шарики дузду ҳам рафиқи қалъабон.
  43. Меваи расидаро начинӣ, меафтад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2