Мазмун ва мундариҷаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Ӯ дар таърихи адабиёт ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Падар ва гузаштагони шоир аз аҳли форс буда, аз амалдорони хурди дарбори Саъд бини Зангӣ ҳисоб меёфтанд. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан барои идомаи таҳсил ба марказҳои илмии ҳамон давра ба шаҳри Бағдод меравад. Бо сабаби он ки ватани шоир осудаву ором набуд, ӯ дар ҷавонӣ зодгоҳи худро тарк менамояд. Вале меҳру муҳаббати ватани азизаш ӯро ранҷу азоб медоданд:
Саъдиё, хуби ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.
Баъди таҳсили илм дар мадрасаҳо, сайру саёҳат ва сафари мамлакатҳо ва дар байни халқҳо буданро ба худ ихтиёр мекунад. Сайру сафарҳои Саъдӣ ба кишварҳои Араб, Эрон, Туркия ва Рум ба қавле 30 сол тӯл кашидааст. Ӯ баъди сафарҳои дуру дароз хулосаи худро дар асари «Гулистон» ва «Бӯстон» ҷамъбаст менамояд. Бештари ҳикояҳои «Гулистон»-ро ҳангоми сафарҳои худ ҷамъоварӣ намудааст. Шоир ин асари худро соли 1258 эҷод намудааст. Саъдӣ сабаби навиштани асари хешро таъкид намуда, дар бораи беҳуда гузаштани вақт ва фоиданок истифода намудани онро барои насли ҷавон таъкид менамояд. Дар бораи бевафоии дунё мулоҳиза ронда, мегӯяд, ки инсон бояд фурсатро ғанимат шуморад ва вақтро барои кори муфид сарф намояд. Маснавии «Гулистон»-и Саъдӣ саршори ҳикояҳои пандуахлоқӣ буда, мардумонро ба некиву накӯкорӣ, ростиву росткорӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. Ғояи асосии асар панду андарз маҳсуб мешавад. «Гулистон» ба таври наср эҷод карда шудааст, ки аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст. Яке аз бобҳои «Гулистон» дар бораи ҳурмату эҳтироми устод-муаллим ҳикоят мекунад. Саъди эҳтироми устодро аз ҳама боло мегузорад:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Умри одам бебақост. Аз ин хотир, инсонро лозим аст, ки бо амали худ ва корҳои шоиста номи нек ба даст орад. Ин номи нек барои ӯ умри ҷовидон аст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
Ки аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдӣ баробари инсонро чун меҳвари коинот, офаридаи олии табиат эътироф намудан, аз ӯ рафтору кирдори ба чунин рутбаи олӣ сазоворро талаб менамояд. Ба фикри ӯ, нишонаи одамият на дар сурати зоҳирӣ, балки дар ботини ӯст. Агар инсон танҳо зоҳиран зебо бошад, ӯ нақшеро мемонад, ки дар девор кашида шудааст:
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!…
Ба даст овардани дунё ҳунар нест.
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!
Шоир фақат шахсеро чун инсон эътироф мекунад, ки замири ӯ аз одамият холӣ набошад. Вале одамият дар замири одам худ аз худ пайдо намешавад. Барои онро дарёфт кардан илму ҳунар омӯхтан даркор, ки онҳо олами маънавии касро ғанӣ мегардонанд:
Хирадманд мардум ҳунар парваранд,
Ки танпарварон аз ҳунар лоғаранд!
Саъдӣ барои беҳбудии халқу мамлакат шоҳону давлатмандонро ба тараҳҳуму адолатпарварӣ даъват мекард. Инро махсусан дар боби аввали «Гулистон», ки «Дар сирояти подшоҳон» ном дорад, баръало дида метавонем. Саъдӣ дар ин ҷода аз гузаштагони худ як қадам пеш рафтааст, яъне ӯ халқро ба решакан кардани зулму золимӣ, мубориза бар зидди золимон даъват мекунад. Аз ин ҷо шоир бадиро ба некӣ ва бадиро ба сабурӣ иваз менамояд. Шоир мефармояд, ки сазои некӣ – некӣ ва сазои бад – бадӣ аст:
Бо бадон бад бошу бо некон накӯ!
Ҷои гул-гул бошу ҷои хор-хор!
Шоир ба подшоҳони золим нафрат дошт ва мудом онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Саъдӣ хоб рафтани подшоҳро дар рӯз ҳам беҳтар медонад, то ки ба озурдани халқ машғул нашавад. Яке аз подшоҳони беинсоф пурсид: «Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?» Гуфт: «Туро хоби нимрӯз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ». Мавзӯи сулҳу ҷанг бо мавзӯи ватандӯстӣ дар «Гулистон» пайванди ногусастанӣ доранд. Барои шоир ҷанги беадолат таҷовузу ғоратгарона ва ҷанги боадолат, ки барои ҳифзи Ватан ва истиқлоли ҳамватанон бурда мешавад, баробар нест. Бинобар ин, дар «Гулистон» симои муҳофизи содиқи Ватан ҳамеша чун шахси шуҷоъ, далеру сарбаланд таҷассум ёфтааст:
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман!
Он манам, ки андар миёни хоку хун бинӣ саре,
Он ки, ба хуни хеш бозӣ мекунад.
Рӯзи майдон он ки бигурезад, ба хуни лашкаре.
Нисбат ба фирориён, ки аз майдони ҳарб мегурезанд, ҳукми шоир яктост – онҳоро куштан!
Якеро, ки дидӣ ту дар ҷанг пушт,
Бикуш, гар адӯ дар масофаш накушад.
Хулоса, ақидаҳои инсондӯстӣ, адолатхоҳӣ ва ватандӯстӣ, ки онҳоро Саъдӣ дар «Гулистон» баён кардааст, аҳамияти худро то имрӯз гум накардаанд. Қиммати ғоявию бадеии асарҳои ӯ инсондӯстиву инсониятпарварии онҳост, тараннуми ҳаёт, озодфикрӣ, тасдиқи озодии шахсӣ, боварӣ ба ғалабаи ақлу хирад ва тантанаи ҳақиқат аст, ки ин ҳама талаботи муҳими имрӯзиён мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё