Зеҳн

Оё медонед?!

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

-Компакт-дискҳо аз марказ ба канор хонданро анҷом медиҳанд ва аз канор ба марказ сабт мекунанд.

-Як дарахт метавонад дар тӯли як сол аз ҳаво 27 кг ифлосиро тоза намояд.
-Инсон ба ҳисоби миёна дар як дақиқа 6-8 литр ҳаворо нафас мегирад.

  • Мағзи сари мард нисбати зан тақрибан 8-13 % калонтар аст.
  • Соли 1988 Майк Тайсон дар 91 сония 20 млн доллар ба даст овард. Дар ин вақт вай рақибаш Майкл Спинксро бо нокаут кардан мағлуб сохт.
  • Дар шаҳри Лос-Анҷелес аз инсонҳо дида мошин бисёртар аст.
  • 7,1 %-и мардум дар дунё чапдастанд.
  • Ҳангоме, ки олимон зиндагии бохирадонаро дар дигар сайёраҳо ҷустуҷӯ мекунанд мо нишонаҳои онро дар Замин гум карда истодаем.
  • Сангпӯштон метавонанд аз 5 нуқта нафас бигиранд.
  • Агар инсон мисли уқоб чашми тез медоштааст, пас вай дар болои 10-ум ошёна мурчаи поёнбударо медидааст.
  • Аз ҳама голи босуръат дар таърихи футбол соли 1995 бо пои Дамён Мори дар мӯҳлати 3,67 сония зада шудааст.
  • Аввалин молҳое, ки NOKIA истеҳсол кардааст коғаз ва калӯш мебошад.
  • Харгӯшҳо метавонистаанд, ки пушташонро бе нагаштан ба қафо бубинанд.
  • Шумо ҳамеша бинии худро мебинед танҳо мағзи саратон ин информатсияро дур мекунад ва пас аз чанд сония шумо дидани онро бас мекунед.
  • Мутлақан тиллои холис хеле мулоим аст, ки онро метавон бо даст ғиҷим кард.
  • Асали тоза вайрон намешавад. Шумо метавонед асали тозаи 3000 соларо истеъмол намоед.
  • Билл Гейтс яке аз шахсони аз ҳама бойтарини дунё ба ҳисоб меравад. Танҳо 18 давлати дунё аз Билл Гейтс бойтаранд.
    -Дар сомонаи Википедиа реклама нест ва ҳеҷ гоҳ набуд.
    -Дар 1 тонна телефонҳои ҳамроҳ мавҷудияти тилло бештар аз 17 ҳазор тонна маъдани тиллодор мебошад.

-Дар ғарби музофоти Синьцзян соли 1997 заминҷунбие 7,8 бал ба амал меояд ки дар натиҷа кони ангишти ин вилоят ба тамом хароб шуда 118 шахтер ба ҳалокат мерасад ва соли 2014 гурӯҳи геологҳо ба кандани қисмате аз ин кон оғоз мекунанд Дар натиҷаи кофтукоб ба марди 59 сола бо номи Чан Вей бармехӯранд. Чан Вей дар ҳамон вақти заминҷунби зери замин монда тӯли 17 сол аз захираи озуқаи монда ва муш истифода бурда зинда мемонад
-Аввалин сабзадаравак соли 1918 дар Боғи ботаникии Миссурӣ пайдо шуд. Он бо бензин кор мекард ва бо системаи сардшавии обӣ муҷаҳҳаз шуда буд.

-Дар дунё дар як рӯз 15-милиард сигарет кашида мешавад аз ҷониби одамон

-Метро ё метрополитен-роҳи оҳании зерзамини барои ҳар як шаҳрванди шаҳрҳои калон шинос аст. Воситаи нақлиётиест, ки аз роҳи мошингузар дида тезтар ба макон мебарад.
Метрополитен аз калимаи фаронсавии métropolitain вожаи ихтисоршуда аз ибораи chemin de fer métropolitain гирифта шуда ба руси столичная железная дорога тарҷума мешавад.
Метро аввалин маротиба рӯзи 10уми январ соли 1863 аз ҷониби ширкати Metropolitan Railway дар шаҳри Лондон дар марказ ба истифода дода шудааст. Дарозии метрои аввалин 3600 метр буда аз ҷониби Чарльз Пирсон ихтироъ шудааст. Дар Нью-Йорк танҳо соли 1868 ва дар Москва соли 1933 метро пайдо шудааст.

-Аввалин бозии футбол тариқи ТВ мустақиман соли 1937 пахш шуда буд. Ин бозии рафиқона миёни тимҳои якум ва дуюми дастаи "Арсенал" баргузор шуд.

-Дар табиат ду барфак (❄❅❆)-и сохташон яксон вуҷуд надорад.

-Уилсон Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал соли 1885 акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард. Ӯ дар давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омӯзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад

-Астрономи форс Қутбуддини Шерозӣ (1236—1311), эҳтимолан, шогирди ӯ Камолуддини Форсӣ (1260—1320), зоҳиран аввалин нафар буд, ки зуҳуроти тиру камон (рангинкамон, камони Рустам, қавси кузаҳ)-ро хеле дақиқ баён намуд.
Дар худи ҳамон замон пешниҳоди мушобеҳе дар мавриди тиру камон олими олмонӣ Дитер Фрейбургский пешниҳод кард.

-Баъдан назарияи тиру камонро Рене Декард соли 1637 баён кард. Назарияи бештар саҳеҳи тиру камонро соли 1836 астрономи англис Ҷ. Эрӣ пешниҳод ва онро охири асри 19 геофизики австриягӣ Ч. М. Пернтер инкишоф дод.

-Зан ҳарчиқадар зеботар бошад ҳамсараш зудтар мемирад! Пажуҳиш нишон додааст, ки ғайрати баъзе мардоне, ки ҳамсаронашон зебо ҳастанд, далили аслии бемории (фишори хун) аст, ки ба он мубтало мешаванд!

-Шапаракҳо ба ҳангоми заминларза парвоз карда наметавонанд.

-Ҳар шоиру нависанда мехоҳад ё аз шӯҳрат ё аз сидқ дар дили хонандаи худ бо асари ҷолибу хонданиаш маҳбуб бимонад. Бархе барои навиштани асари зиёд сидқан мекушанд. Корин Тельядо номи аслиаш Мария Дель Сокорро Тельядо Лопес зодаи Испания ки соли 2009 дар 81 солаги аз олам даргузашт аз шумори он нависандагонест, ки тули умраш ба навиштани 4000 китоб тавонист дар китоби рекордҳои Гиннес ҷой бигирад. Китобҳои навиштаи ӯ аслан дар мавзӯҳои муҳаббту ишқ яке аз сершумортарин китобҳонаи Испониё буда ҳатто хонандаи зиёде дошт.

-Санаи 17-уми феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи некии беподош таҷлил мешавад...

-Китоби формати стандартии иборат аз 500 саҳифа пачақ шуданаш номумкин аст, ҳатто агар шумо онро зери бори 15 вагони ангишт ҳам гузоред.

-Парандае ба номи "common swift bird" вуҷуд дорад, ки қодир аст 12-моҳ (як соли комил) парвоз кунад. Ин паранда метавонад дар ҳаво ғизояшро майл кунад ва инчунин хоб кунад ва ҳатто бо ҷинси мухолифи худ (завҷаш) якҷо шавад. Ҳаҷми ин паранда миёна (аз фароштурук андак бузургтар) буда суръаташ ба 110 км, с (километр дар соат) мерасад, ӯ дорои болҳои нисбатан дароз буда пойҳояш кутоҳ ва заиф мебошанд. Ин паранда дар манотиқи Аврупо ва Осиё аксаран вуҷуд дорад ва ҳамеша лонаи худро барои тухм гузори дар маконҳои баланд ва даст норас бунёд мекунад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 4229 деҳа ва 370 ҷамоат мавҷуд аст.

Дар Ҷопон бесадо ғизо хӯрдан тавҳин ба ошпаз маҳсуб мешавад! Як Ҷопонии муаддаб бояд риштаҳоро бо садо (ҳурт)-бикашад, ҳар қадар садои (ҳурт)-кашидан баландтар бошад яъне ғизо хушмаззатар аст...!

Мурғи сиёҳ (Ayam Cemani) дар кишвари Инданезия парвариш дода мешавад ва гушташ гаронтарин гушти мурғи ҷаҳон аст, ин мурғ дар кишварҳои дигар содир намешавад.

Замони муосирро бе газета тасавур кардан аҷиб аст. Таърихи газета ва пайдоиши ин вожа шояд ба бисёриҳо номаълум бошад.
Газета аз луғати итолиёви gazetta пайдо шуда рӯзнома ва ё ҳафтнома (бархе онро маҷала меноманд) тарҷума мешавад.

Аввалин газета дар Хитои қадим 1300 сол қабл бо номи "Тчинь Пао" аз тарафи ҳукумат ба таб расид. Ва дар Рими қадим низ аввалин газета (мутаасифона солаш маълум нест) бо номи "Акта Диурна" нашр шуд.
Дар Аврупои имрӯз аввалин маротиба соли 1450 дар Олмон аз ҷониби ихтироъкор Иоганном Гутенберг таҷхизоти газетанашркунӣ пайдо шуд Локин аввалин газетае, ки ба газетаи имрӯз шабоҳати зиёд дорад ба технолгияи ҷадидтар дар Фаронса бо номи «La Gazette» соли 30 майи 1631 ба адади 1200 ба таб расидааст.

Одамон баъди аз хоб бедор шудан, 90 фисади хоби дидаи худро фаромӯш мекунанд.

80-дарсади занҳо танҳо саволҳоеро мепурсанд, ки қаблан ҷавобашро медонанд! (пас беҳтар аст ҳақиқатро ба онҳо бигӯед!)

Формулаи бином, ки ба номи Нютон маъруф аст, аслан ихтирои Умари Хайём аст, ки шашсад сол қабл аз Нютон кашф кардааст.

Кудаки чорсола дар як рӯз то 400 маротиба савол медиҳад...

Баландтарин чарх (колесо обозрения) дар дунё ин чархи Singapore Flyer дар шаҳри Сингапур ки бо баландии 165 метр аст машҳури олам гаштааст. Дар сохтани ин чарх ҳамаги 135 миллион доллари амрикои сарф шуда ин чарх дорои 28 кабина буда дар ҳар кабина 28 одам метавонад озод ҷой гирад. Нархи савори ба ин чарх 21$ буда дар 28 дақиқа метавонед як давра чарх бизанед.

Дар бадани инсони калонсол қариб 75 километр асабҳо мавҷуд аст.

Ҳангоми табассум дар инсон 17 мушак "кор мекунад".

Оё медонед ҳаҷми ҳофизаи (хотира) инсон чӣ қадар аст? Аз рӯи ҳисоби олимон мағзи сари инсон, он қисми майнаи сар, ки "ҳиппокамус" ном дорад тахминан 2.5 петабайт ё 2.5 миллион гигабайт маълумотро ғунҷонида метавонад. Соддатар карда гӯем 3 миллион соат видеоро дар худ ҷой дода метавонад, ки 342 сол лозим аст то ҳамаи онро тамошо кунед!
Ин ҳама оятҳо ва нишонаҳои Аллоҳи Мутаъол аст, ки дар вуҷуди мо ниҳодааст.

Билл Гейтс аз ҳама шахси бойтарин дар ҷаҳон мебошад, ки соҳиби $79 млрд аст. Ӯ соли 2010 ба фонди Билл ва Мелинда $28 млрд хайр кардааст.

Хурдтарин ҷазира дар рӯи олам ки он ҷо одамон зиндаги мекунанд дар кули Викторияи қитъаи Африко воқеъ аст. Ин ҷазира Мгинго ном дошта 1,8 ҳазор м2 мебошад ва аз 131 аҳоли иборат аст. Дар ин ҷазира ҳеҷ касро роҳ намедиҳанд ва мехоҳанд давлати алоҳида бошанд. Ин ҷазира баҳсе гаштааст барои дар зери тасаруфи ду давлат Кения ва Уганда аммо то ҳол дар миён мондааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2