Сайидои Насафӣ - Мухаммас
Мухаммас чист? Мавзӯи мухаммасҳои Сайидо
Мухаммас шакли шеъриеро мегӯянд, ки ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат бошад. Мухаммас мувофиқи мазмун ва салоҳдиди шоир 5-6 банд шуда метавонад. Тарзи қофиябандии он чунин аст: мисраъҳои банди аввал ҳамқофияанд (а а а а а), чор мисраи банди сонӣ ҳамқофия буда, мисраи панҷум ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия мешавад (б б б б а). Ба ҳамин тариқ, ҳар як мисраи бандҳои дигар ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия ҳастанд. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳоло мухаммаси «Намонд»-и Сайидоро аз назар мегузаронем: Арбоби ҷудро кафи гавҳарфишон намонд,
Дасти кушодае бо муҳиту ба кон намонд.
Дар рӯзгори мо зи мурувват нишон намонд,
Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,
Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд.
То чуғртинатон ба фазои чаман шуданд,
Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,
Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу заған шуданд,
Мурғони нағмасанҷ ҷалои ватан шуданд,
Ҷуз байзаи шикаста дар ин ошён намонд.
Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,
Бастанд обу оина рахти худ аз миён,
Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон:
«Равшандилон чу барқ гузаштанд аз миён,
Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд».
Аз дидаи басирати мо хоб шуд равон,
Абёт аз сафина чу симоб шуд равон.
Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,
«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,
Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».
Эй Сайидо, ту дил ба мақоми наҷот каш.
Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,
Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш,
«Соиб, забони хома ба коми давот каш,
Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд». Дар банди I «намонд» радиф буда, калимаҳои гавҳарфишон, кон, нишон, ҷаҳон ва бӯстон қофия шуда омадаанд. Дар банди II чор мисраи аввал ҳамқофия (чаман шуданд, суман шуданд, заған шуданд, ватан шуданд) ва мисраи панҷум ба мисраъҳои банди аввал (ошён намонд) ҳамқофияанд. Бандҳои сонӣ ҳам ба ҳамин чунинанд. Мухаммас бо ду роҳ эҷод мешавад. Аввал шоир мустақилона мухаммас меофарад. Ҳамаи мисраю байтҳо моли ӯ ҳастанд. Дуюм, ба ғазали шоире мухаммас мебандад. Се мисраи аввалро худи шоир эҷод мекунад ва пас ду мисраъ ё байти ғазали аз шоири дигар интихобшударо меорад. Масалан: дар мухаммаси «Намонд» байтҳои дар дохили нохунак («») овардашуда моли Соиб мебошанд. Яъне Сайидо бар ғазали Соиб мухаммас бастааст.
1 Арбоби ҷуд – аҳли сарват, бахшояндагони давлатманд.
2 Байза – тухм.
3 Басират – фаросат, дониш, биноӣ, хирад.
4 Сафина – киноя аз дафтари шеър.
Шарти асосӣ он аст, ки шоири мухаммасбанд бояд ба мазмун, вазн, қофияю радифи ғазали интихобшуда мухаммас ё байтҳои овардаи худро мувофиқ кунад. Тавре ки дидем, Сайидо тамоми қонуниятҳои зикршударо ба хубӣ риоя кардааст. Ба ғазали Соиб мухаммаси бисёр олӣ офаридааст. Нигоҳ доштани хусусиятҳои ғазали Соиб чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати сохт ва чӣ аз ҷиҳати санъати суханварӣ дар мухаммаси «Намонд» пурра мушоҳида мешавад. Ба ҳамин тариқ, дар тарзи дуюми мухаммасофарӣ шоир озод нест. Вай бояд хоҳу нохоҳ ба қонуниятҳои боло риоя кунад. Вале дар тариқи аввали мухаммасбандӣ шоир мустақил аст. Ӯ метавонад, мазмуни дилхоҳашро интихоб намояд ва бо услуби худ мухаммас эҷод намояд. Барои намуна мухаммаси «Дидаро умре ба мардум ошно кардам нашуд»-ро ба тарзи пурра меорем. Худи шумо қоидаҳои мухаммасбандиро ба ёд оварда. Мухаммаси поёнро муқоиса намоед: Дидаро умре ба мардум ошно кардам, нашуд, Синаро оинаи сидқу сафо кардам, нашуд, Бо баду неки ҷаҳон аҳду вафо кардам, нашуд, Дар дили ҳар кас зи рӯи меҳр ҷо кардам, нашуд, Хонаи шодӣ ба рӯи хеш во кардам, нашуд. Муддате чун соя будам дар қафои шайху шоб, Рӯзгоре ҳамнишин будам ба минову шароб, Сар ба танҳоӣ барорам баъд аз ин чун Офтоб, Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб? Бо қаландар шурбу бо зоҳид риё кардам, нашуд. Меҳрубониҳо намудам дӯстони хешро, Ёр бо мадҳу сано кардам забони хешро, Чун қалам гӯям ман акнун достони хешро, Хоки пои ҳар як аз ҳамсӯҳбатони хешро. Солҳо дар дидаи худ тӯтиё кардам, нашуд. Маҷлиси ағёр равшан кардааст он майпараст, Эй мусулмонон, чӣ бояд кард бо он шӯхи маст? Дар фироқи зулфи кофаркеш мехӯрдам шикаст, Обрӯи рафтаро мехостам орам ба даст, Дар ҳарими Каъба чандоне дуо кардам, нашуд! Сайидо, дорам дили чун ғунчаи гул пур зи хун, Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун, Меравам, занҷир дар по, дар биёбони ҷунун, Баски ноком аз дили офоқ афтодам бурун, Қимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд. Сайидо дар таърихи адабиёти тоҷик дар ин шакли шеърӣ устод будани худро пурра собит намуд. Муҳаммассароиро чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати миқдор инкишоф дод, ба дараҷаи олӣ расонд. Шоир бо ду роҳи маъмули мухаммассароӣ асар офаридааст. Аввалан, худи адиб бевосита мухаммас эҷод кардааст. Сониян, ба ғазалҳои машҳури адибони бузурги гузашта. Зашта: Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдур-раҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Толиби Омулӣ, Мӯҳташами Кошӣ, Калим, Соиб ва дигарон мухаммас бастааст. Ҳангоми интихоб Сайидо кӯшиш намудааст, то ки аз бузургон ғазалҳои аз ҷиҳати маънӣ баланд ва аз лиҳози санъат олиро интихоб намояд ва ба онҳо мухаммас бандад. Мавзӯи мухаммассоти шоир танқиди замон, тасвири ҳаёти пуртоқати муаллиф, та-раннуми зебоиҳои табиат, ишқи поки инсонӣ ва амсоли инро ташкил медиҳанд. Масалан, бар ғазали Соиб мухаммаси «Ғаме дорам»-ро эҷод карда, дар он аз ҳаёти талху пурмашаққати хеш шикоят дорад. Табиист, ки ғазали Соиб низ мазмуни баланди иҷтимоӣ дошта, дар он зиндагии пурмашаққати қаҳрамони лирикӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст: Сари пуршӯру ҷисми лоғару пушти хаме дорам, Дар ин водӣ фаровон дарди бедармон, ғаме дорам, Парешонхотирам имрӯз, гӯё мотаме дорам, «Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам, Нигаҳ дорад худо аз чашми бад, хуш оламе дорам». Агар гул дар замини дил нишонам, хор мерӯяд, Ниҳоли сабза корам, неш аз гулзор мерӯяд, Маро аз сина дил ҳамчун забони мор мерӯяд, «Ба ҷои ҷавҳари оинаам зангор мерӯяд. Гуворо бод айшам, хуш баҳори хурраме дорам». Ба гардун тири оҳи хастагон созад асар, Соиб, Барояд эҳтиёҷи Сайидо аз чашми тар, Соиб, Чу шабнам, гаштаам аз пеши худ соҳибназар, Соиб, «Зи рози осмонҳо чун набошам бохабар, Соиб. Ки ман аз косаи зонуи худ Ҷоми Ҷаме дорам». Баъзан Сайидо дар мухаммасҳояш зебоиҳои ёр ё табиати фусункорро васф намуда, якбора ба тасвири ҳаёти талхи худ бар мегардад. Чунончи дар мухаммаси «Булбул масти гуфтори худ аст» дар банди аввал хуррамиҳои нотакрори табиатро ба қалам дода, дар бандҳои сонӣ боз ба ҳаёти каҳрамони лирикӣ бармегардад. Адиб, бо вуҷуди он ки хонааш вайрона аст, парво надорад, дӯстонро ёд мекунад. Агар ӯ либоси тоза, сарвату бой-гарӣ надошта бошад ҳам, парво надорад, афсӯс намехӯрад. Мақсади худро бо байти Соиб, ки мегӯяд «Табъи гуҳарбор» дорем, баён кардааст: Дар чаман имрӯз булбул масти гуфтори худ аст, Кабк дар кӯҳсорҳо дар банди рафтори худ аст, Сарв мағрури қаду гул маҳви рафтори худ аст, «Ҳар киро бинам дар ин олам, гирифтори худ аст. Кори ҳақ дар тоқи нисён монда дар кори худ аст». Рӯзгоре шуд, ки дар вайронае ҳастам муқим, Мекунам пайваста ёд аз аҳди ёрони қадим, Ин нидо омад бурун аз хоки Мусои Калим, «Хизр осудаст аз таъмири девори ятим, Ҳар касеро рӯй дар таъмири девори худ аст». Хонабардӯшем моро хоҷати дастор нест, Пайкари моро либоси тозае даркор нест, Сайидо, моро назар бар чашми дунёдор нест, Чашми Соиб чун садаф бар абри гавҳарбор нест, Зери бори миннати табъи гуҳарбори худ аст»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё