Зеҳн

Сайидои Насафӣ - БАҲОРИЁТ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 13 дақиқа хондан

...Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам,
Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон.
Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор
Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.
Дидам нишаста бар дари сӯрох мушаке,
Мекард худ ба худ сифати хешро баён.
МУШ
Дорам даруни хона зи анвои хӯрданӣ,
Аз арзану ҷуворию мошу биринҷу нон.
Баққол кардааст муҳайё барои ман,
Имрӯз ҳар матоъ, ки чидаст дар дӯкон,
Ҳар кас, ки ёфтаст таваллуд ба соли муш,
Гардад чу ман баҳушу адофаҳму нуктадон.
Гоҳе ки аз ғазаб ба замин рахнаҳо канам,
Аз ҷони банг наъра барояд, ки алъамон!
Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,
Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон!
РАСИДАНИ ГУРБА ДАР БАРОБАРИ МУШ
Дар васфи хеш буд, ки ногоҳ гурбае
Худро расонд ҳамчу балоҳои осмон.
Зад силие, ки дар таҳи пояш фитод муш,
Гуфто: «Туӣ, ки омада даҳ пушт паҳлавон!
Эй беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман.
Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.
Обои олии ту бувад кӯршабпарак,
Абнои софили ту ҳам аз ҷинси сифлагон.
Пур кардаӣ зи хок ба ҳар хона рафтаӣ,
Эй хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон.
Дандонзанист кори ту ҳар ҷо ки донаест,
Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.
Рӯзи ҷазост киштию Нӯҳ аз ту додхоҳ,
Оби азобро ту дар ӯ кардаи равон.
Мусоиён ба аҳди набӣ муш гаштаанд,
Бошад туро муносибате бо ҷуҳудгон.
Бар ман бубину нек тамошо бикун маро,
Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.
Паррандае ки бигзарад аз пеши чашми ман.
Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон
Бар пушти ман расонд набӣ дасти хешро.
3-он рӯ маро азиз шуморанд умматон.
Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,
Ҷоям ҳамеша ҳаст ба паҳлӯи меҳмон».
РАСИДАНИ САГ
Ногаҳ зи гурба ин суханонро шунид саг,
Фарёд карду гуфт, ки: «эй ҳамдами занон!
Монанди дуд дидадароист кори ту,
Аз дар бурун кунанд, дароӣ зи тобадон,
Дар хонае, ки як нафасе нест хӯрданӣ,
Бар бомҳо баромада гардӣ фиғонкунон.
Тифлону ақрабои ту, эй дузди косалес!
Омӯхтанд дарбадариро зи модарон,
Гоҳе ки нони сӯхтае баҳри ман диҳанд,
Аз пеши ман гирифта гурезӣ ба нардбон.
Аз хонае ки парчаи ноне ба ман расад,
Шаб то ба рӯз бар дари ӯям нигоҳбон.
Бар ҳар даре, ки мераваму ҳалқа мезанам,
Он хона эҳтиёҷ надорад ба посбон.
Нашнидаӣ, ки ҷадди ман асҳоби Каҳфро,
Рафтаст ҳамчу гард ба дунболи корвон.
Бо он ки ҳаст мартабаи олие маро,
Дорам мани шикаста қаноат ба устухон»,
РАСИДАНИ ГӮСФАНД
Бар гӯсфанд чун хабари устухон расид,
Афтод оташе аҷаб ӯро ба мағзи ҷон,
Он дам лабу даҳон зи чаро сохтан бубаст
Худро ба як-ду хез расонид дар миён,
Гуфт: «Эй палиди шумнафас, ҳадди худ шинос,
Бар устухони ман марасон ин ҳама забон!
Қори ту хунхӯрист ба саллоҳхонаҳо,
Ин ҷо шудӣ гурехта аз дасти сагкушон.
Пайваста кори ту ҷадалу ҷанг бо гадост,
Бар остон ту нолакунон, ӯ асозанон.
Бедории шаби ту бувад то дами саҳар,
Созад маҳалли файз туро хоб саргарон.
Ҳар рӯз вақти субҳ шӯбон мебарад маро,
Гоҳе ба сӯи дашт, гаҳе сӯи бӯстон.
Қурбон кунам барои худо ҷони хешро,
Бошад зи ман савоби саросар ба ҳоҷиён.
Қассобро зи хуни манаш теғ сурхрӯст,
Бошад канорааш чу хиёбони арғувон.
Симинбарон кабоби дилу гурдаи мананд,
Пайвастааст равғани ман шаъни дегдон».

РАСИДАНИ ГУРГ
Чун ин мубоҳиса ба биёбон фасона шуд,
Худро расонд гург бад эшон давон-давон.
Бо гӯсфанд гуфт: «Дилу гурдаи ту чист?
Чун аст рӯдаҳои ту резам ба як замон?!
Гоҳе ба зери пушта ниҳон гардӣ аз гала,
Созад ба соҳиби ту маро куштанӣ шубон.
Доим даҳон ба равғани ту чарб мекунам,
Худ гӯ, ба пеши ҷанги ҳарифон туро чӣ шон?
Ман кӯҳна гурги ҳазрати Яъқуб дидаам,
Пурхун шуда, зи тӯҳмати Юсуф маро даҳон.
Аҳволи ман чу шамъ ба ҳар базм равшан аст,
Дар пеши халқ нест маро ҳоҷати баён.
Дар хоби хеш ҳар ки бубинад шабе маро,
Гардад зи юмни ман ҳамаи рӯз шодмон.
Гови замин чу дар назарам ҷилвагар шавад,
Созам ба як ишора ҷудо рони ӯ зи рон».
РАСИДАНИ ГОВ
Дар гӯши гов бод расонид ин хабар,
Фарёд карду гуфт: «Чӣ гуфтӣ? Бигӯ, ҳамон!
Ҳар ҷо ки дидаӣ ту маро, гаштаӣ душох,
Бовар намекунӣ бикун имрӯз имтиҳон,
Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,
Нашнидааст гӯши ту овозаи сагон,
Гаҳ сулҳ мекунӣ ту бо чӯпону гоҳ ҷанг,
Гургоштист кори ту пайваста бо шубон,
Шаб то ба рӯз дӯхтаам чашм бар замин,
Аз ман нагашта ҳеҷ кас озурда дар ҷаҳон,
Гоҳе ба гирди хирмани деҳқон шавам ба чарх,
Гоҳе ба халқ шир диҳам ҳамчу модарон.
Аҷдоди ман ба Одаму Ҳавво баробар аст,
Яъне марост гови замин аз бародарон».
РАСИДАНИ УШТУР
Уштур шуниду гуфт, ки: «Гӯсолаӣ ҳанӯз,
Берун накардаӣ сари худро зи коҳдон.
Обои ту ба ҳеҷ қаторе набудаанд,
Овардаӣ базӯр ту худро дар ин миён.
Якраҳ ба пушту паҳлӯи худ ҳам нигоҳ кун,
Аз хотири ту рафта магар чӯби говрон?
Бар гарданат зананд чу дузд айрии душох,
Аз коҳдон баранд сӯи дашт каш-кашон,
Бар ман яке нигоҳ куну сунъи ҳақ бубин,
Чун офаридааст маро холиқи ҷаҳон,
Додаст шири ман шутури солиҳи набӣ,
Дар рӯзгор нисбати ман мерасад ба он.
Пайваста хор мехӯраму бор мекашам,
Ҳаргиз нагашта хотирам аз сорбон гарон.
Ҳар ҷо ки будаам, ба ду зону нишастаам,
Дар бар кашида ҷомаи малла чу сӯфиён».
РАСИДАНИ САНГПУШТ
Овози гирудори шутур чун баланд шуд,
Дарҳол сангпушт биёмад тапон-тапон.
Дар пушт чороина дар пеши рӯ сипар,
Бар даст санг, барзада доман чу ҷимриён.
Аз санг рафта-рафта чу оташ забона зад,
Оғози гуфтугӯй бигуфт: «Эй сабук-инон!
Кунҷора дидаӣ магар имшаб ба хоби хеш?
Ё гов гаштаӣ ба хаёли ҷувозрон?
Дар умри хеш мисли ту лӯъбат надидаам,
Кӯтоҳаклу пойдарозу шикамкалон
Дар зери бор нолакунон хоб меравӣ,
Хезӣ зи ҷой ҳамчу заифони погарон.
Дандони ту саросар агар бишканам, равост,
Ҳаргиз туро касе назада санг бар даҳон.
Маълум шуд ба даҳр шутурдил ту будаӣ,
Бошад ҳамеша чашми ту бар дасти сорбон.
Дар зери бори миннати кас нестам фақир,
Дорам мудом шукри худованд бар забон.
Аз фоқа рӯзу шаб ба шикам санг бастаам,
Донанд халқ дар бағалам ҳаст тоҳи нон.
Дар гӯшае нишастааму хок мехӯрам,
Бигзаштаам ба чилланишинӣ зи зоҳидон.
Рӯзе ки офтоб ба гармӣ шавад алам
Он рӯз эҳтиёҷ надорам ба соябон».
РАСИДАНИ ХОРПУШТ
Бар гӯши хорпушт чу ин моҷаро расид,
Ҳар мӯй гашт бар тани ӯ неши хунфишон,
Чун мӯр нарм-нарм қадамро ба раҳ ниҳод,
Паҳлӯи сангпушт нишасту бигуфт:
«Хон! Бар гирди хеш маъракае ҷамъ кардаӣ,
Дорӣ ба пушт сандалие ҳамчу қиссахон
Аъҷубвор дар таҳи сандуқ ҷо шавӣ,
Айёрӣ косапушт туро аз мусоҳибон.

Саҳроиён зи косаи чӯбини ту ба танг.
Исқотиёну косагарон аз ту дар фиғон,
Ҳаргиз надидаам ба барат ҷомаи дуруст,
Домони ту ҳамону гиребони ту ҳамон.
Аз дидани ту сӯҳбати ин қавм шуд хунук,
Эй баднамой, хезу бирав зуд аз миён!
Ман умри худ ба хоркашӣ сарф кардаам,
3-он ваҷҳ гармрӯй намоям ба мардумон
Пероҳане ба сӯзани худ бахя кардаам,
Дорам ба дӯш ҷомаи шолӣ чу ҳоҷиён.
Бошад ҳамеша дар шаби маҳтоб хоби ман,
Болину бистарам ҳама хор асту парниён».
ОМАДАНИ РӮБОҲ
Оҳанги хорпушт чу рӯбоҳ гӯш кард,
Аз шиддате ки дошт равон гашт думзанон.
Фарёд карду гуфт: «Маро дур дидаӣ?
Имрӯз ҳамчу хор баровардаӣ забон.
Дорӣ ба худ ғурур чу пирони хоркаш
Оташ занам, ки дуд барояд туро зи ҷон!
Аз ҷунбиши ту дар ҳаракат буттаҳои хор,
Пайваста хурду резаи ман аз ту даргумон.
Гар бинии ту канда ба дастат диҳам равост,
То пеши халқ сар набарорӣ ба ину он.
Ман муддатест, хона дар ин дашт кардаам,
Накшодаам ба ҳеҷ кас аз хеш достон.
Паҳлӯ бар офтоб занад пӯстини ман,
Доранд орзӯи маро пир то ҷавон.
Шабҳои дай ба воситаи пӯст мекашам,
То субҳ, ҳамчу мағз, дар оғӯши дилбарон.
Оре худойрост ба ҳар пӯст дӯстӣ,
Ҳаст ин масал чу ганҷ дар айёми шойгон.

Гоҳе ки рӯбарӯй шавад душмане маро,
Ёбам зи рӯи ақли худ аз дасти вай амон.

РАСИДАНИ ХАРГӮШ

Харгӯш сар ба хоби фароғат ниҳода буд,
Бедор гашту гуфт ба рӯбоҳ он замон:
«Як зарра ақлу ҳуш агар доштӣ ба сар.
Ҳаргиз зи хона по наниҳодӣ бар остон.
Шабҳо равӣ чу дузд ба сӯи маҳаллаҳо,
Чашмони худ чароғ кунӣ баҳри мокиён.
Бйсёр зинда-зинда туро пӯст кандаанд,
Афкандаанд мурдаи ту паҳлӯи сагон.
Бо ҳар каси фақир муяссар намешавам,
Ҷон медиҳанд дар талабам мардуми калон.
Моланд агар ба пайкари худ равғани маро,
Бешакку шубҳа дафъ кунад дарди устухон.
Гоҳе ки ман ба одамиён ром мешавам,
Пайваста умри хеш кунам сарфи он макон».

РАСИДАНИ МАЙМУН

Харгӯш чун ҳикояти худро тамом кард,
Маймун шуниду паҳлӯяш омад нафасзанон.
Гуфт: «Эй дарозгӯш, чаро лоф мезанӣ?
Аз одамигарӣ на туро ному на нишон!
Чун муши думбурида намоӣ ба чашми ман,
Ё баччаи бузе ки бувад ҳар тараф давон.
Зин доштӣ ба пушт, туро мешудам, савор,
Ҳастӣ ба пеши ман ту ҳам аз ҷумлаи харон,
Букшо зи хоб чашму сари худ баланд кун,
Дар дасту пои ман назари хешро бимон.
Яъне ки нест сурати ман кам зи одамӣ,
Аммо кашидаам қадами худ аз он миён,
Нашъунамои ман шуда дар кӯҳсори Ҳинд,
Асли ман аз Фарангу маро ном кордон.
Ҳар ҷо ки бешаест, дар ӯ сайр мекунам,
Ҳастам ба гирду гӯшаи ӯ ҳамчу боғбон.
Аз меваҳо ба паҳлӯи худ паҳн кардаам,
Гоҳе зи туршу гоҳ зи ширину нордон».
РАСИДАНИ ОҲУ
Оҳу расиду гашт ба ӯ рӯбарӯю гуфт:
«Кам дидаем одами думдор дар ҷаҳон.
Одамкасе ба сурати одам намерасад,
Бе мағз эътибор куҷо дорад устухон,
Гоҳе ки сӯи шаҳр туро уфтад гузар,
Гардӣ ту пойкор ба арбоби лӯлиён.
Дар пеши халқ масхарагӣ пеша мекунӣ,
Тифлон ба кӯчаҳо зи қафои ту кафзанон,
Гаҳ найнавозу гоҳ шубонӣ, гаҳе гадо,
Гоҳе асобадаст шавӣ аз ясовулон.
Дар даҳр агарчи сурати ман нест одамӣ,
Лекин марост сурати некӯ чу дилбарон.
Чашмам бувад зи ғамзаи Лайлӣ барандатар,
Девонаи мананд чу Маҷнун паривашон.
Гардад зи бӯи мушк муаттар димоғҳо,
Бар ҳар тараф, ки рӯй ниҳам ҳамчу навхатон,
Гоҳе ки ҳамчу бод шавам дар давандагӣ,
Барқи ситезакор наёбад зи ман нишон».

РАСИДАНИ ПАЛАНГ

3-ин гуфтугӯ паланг даромад ба ҷастухез,
Худро расонд дар паи оҳу ҳамон замон.
Гуфт: «Эй гурезпой, зи чангам куҷо равӣ?
Бо ман масоз ҷилвагарӣ, ҳамчу духтарон!
Нофи туро ба коми ҳарифон буридаанд,
Бошанд хонаводаи ман аз ту комрон.
Гар бар сари ту сояи калхот уфтад,
Дар зери пой хоб равӣ ҳамчу мокиён.
Яъне ки ман ба хуни ту имрӯз ташнаам,
Аз роҳи ташнагӣ ба лаби ман расида ҷон,
Аз қаҳр агар ба хох занам чанги хешро,
Чангу ғубор тира кунад рӯи осмон.
Аз силиям кабуд бувад рӯи фили чарх,
Акси думи ман аст, ки гӯянд Каҳкашон».

РАСИДАНИ ФИЛ

Ошуфта гашт филу равон шуд сӯи паланг,
Дандон ба якдигар зада ҳамчун муборизон.
Дум хода карда омаду хобонд гӯшро,
Хартум бар замин заду гуфт: «Эй алочапон!
Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пои фил,
Тоҷи хурӯсро чӣ ғам аз нӯли мокиён?
Тундӣ макун, ки чарми ту бисёр дидаам,
Чун тахтапӯст дар таҳи пои қаландарон.
Гӯӣ ки ҳеҷ кас набувад дар баробарам,
Дар ҳар канор ҳаст, маро чун ту чокарон.
Дар рӯзи ҷанг зери алам по сутун кунам,
Бошам бар остони дари фатҳ пуштбон.
Тахти раврн киноя зи рафтори ман бувад,
Дӯшам ривоҷ ёфта аз мақдами шаҳон.
Чун теғи обдор саропой ҷавҳарам,
Дандони ман равост, ки созанд зарнишон.
Дар пушти ман ниҳанд агар кӯҳи Қофро,
Монанди барги коҳ наёяд маро гарон.
Хартуми ман чу гурз бувад вақти гирудор,
Ҳар мӯи ман ба тундию тезӣ бувад синон.
Умрам ҳазор сол бувад дар миёни халқ,
Кам нест зиндагониям аз умри ҷовидон.

Бузруктаре зи ман набувад дар миёни қавм,
Имрӯз зиндафил маро гуфта метавон!»

РАСИДАНИ КАРК

Карк ин сухан зи фил шуниду қадам ниҳод,
Сар то ба пой чину гиреҳ карда абрӯвон.
Дар пушту паҳлӯяш халае зад ба шоҳу гуфт:
«Эй тангчашм, ҳарф магӯ ин ҳама калон!
Аз филмасти ҳодиса ғофил нишастаӣ,
Дорӣ ту эътимод ба умри сабук-инон?
Хартум нест он ки ба ӯ фахр мекунӣ,
Андохта ба биният айём ресмон.
Худ ку бар устухони ту гар буд ҷавҳаре,
Тобеъ намешудӣ ту ба ҳиндустониён.
Хартуми ту ба паҳлӯи дандони ту бувад,
Аз фоқа ҳамчу пӯст, ки часпад ба устухон,
Хат мекашӣ ба бинии худ кӯчаҳои шаҳр,
Аз пушту паҳлӯи ту ғуломон саводхон.
Хартуми ту ба дидани саҳроиён бувад,
Бар боми коҳдон, ки гузоранд новадон.
Азбаски нест бар думу хартумат имтиёз,
Ҳайрон шавам кадом тараф бошадат даҳон.
Вақт аст ин замон, ки сари шоҳи хешро,
Гулгун кунам зи хуни ту чун шоҳи арғувон,
Рӯзи масоф синаи худ мекунам сипар,
Гарданд рӯбарӯй зи пуштам диловарон.
Хоҳам ки ҳамла дар сафи пиру ҷавон кунам,
Дар дил маро на бим зи тиру на аз камон,
Шоҳам ба ҳар диёр кунад кори шохмор,
Пайваста бар хӯранд аз-ӯ аҳли корвон.
Хосияти аҷиб ба шохам навиштаанд,
Ҳар кас нигоҳ дошт гурезанд чиниён».

РАСИДАНИ ШЕР
Шер аз камин баромаду омад ба карк гуфт:
«Эй шохношикаста бикаш пой аз миён.
Бо ҳар ки монда шохбашох истодаӣ,
Азбаски дар канори биёбон шудӣ калон.
Эй сахтрӯи сустқадам чобукӣ макун
Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон.
Тифлонат аз забони ту парҳез мекунанд,
Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон.
Аҷдоди ман ба шери худо даст додаанд,
Аз чанги ман вагарна кй меёфтй амон!
Ҳаргиз шикори дигареро нахӯрдаам,
Як раҳ ба хуни мурда наолудаам даҳон.

Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор,
Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.
Бо ҳар кӣ бингарам ҷигараш об мешавад,
Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон».

РАСИДАНИ МӮРЧА
Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки «Эй Рустами замон!
Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар.
Варна чаро ҳақир шуморию нотавон.
Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,
Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.
Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир,
Хешони нотавони мананд аз ту комрон.
Мӯре шунидаӣ, ки Сулаймони вактро
Бар аҳди худ ба рони малах карда меҳмон,
Ин рутба шуд муяссари ӯ аз шикастагӣ,
Варна чӣ ҳадди мӯрчаву лашкари гарон?»
Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,
Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён.
Гуфтанд узрҳо зи таҳи дил ба якдигар,
Афтод пои оштӣ андар он миён.
Ин нусха, Сайидо, ба ду-се рӯз шуд тамом,
Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.
Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,
Аз ҳиҷрати расул шаҳи охируззамон.
Эй хурду бузруке, ки дар айём мондаед,
Афтад ба саҳв дар назар ин турфа достон,
Гар зиндаам ба дуо маро ёд оваред,
Вар рафтаам ба фотиҳа созед шодмон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2