Бадриддин Ҳилолӣ - Эҷодиёт
Эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ аз ғазал шурӯъ шудааст. Ӯ аз аввали ҷавонӣ то охири ҳаёти худ ғазал мегуфт ва дар ҳамин жанри лирикӣ истеъдоди фавқулоддае дошт. Ба гуфти Саид Нафисӣ, «беҳтарин шоири ғазалсарои рӯзгори худ буд». Ин мулоҳизаро ҳамаи муаллифони сарчашмаҳои замони Ҳилолӣ ба як қавл тасдиқ карда буданд. Далели ин ҳанӯз дар рӯзгори ҷавонии шоир ба Мир Алишер бағоят писанд омадани ғазали «Чунон аз по фиганд имрӯзам он рафтору қомат ҳам»-и ӯст. Навоӣ пас аз шунидани ин ғазал, ки дар шаклу мазмун хеле баланду комил буд, тахаллуси Бадриддинро «Ҳилолӣ»- не, балки «Бадрӣ» мешуморад. Худи Ҳилолӣ низ дар эҷодиёташ жанри ғазалро аз дигар навъҳои шеър муқаддам гузоштааст. Вай дар ҷавоби ҳарифи муддаӣ, ки гӯё Ҳилолӣ ҷуз ғазал дар дигар навъҳои шеър, аз он ҷумла, маснавӣ, иқтидоре надошта бошад, мегӯяд: Нақди ганҷинаи сухан газал аст, Шукри борӣ, ки назми ман ғазал аст. Он, ки назми ғазал тавонад гуфт, Маснавиро чу дурр тавонад суфт. Бинобар ин мо ба хотири ҳамин бузургии Ҳилолӣ дар олами ғазалу ашъори лирикӣ нахуст муҳимтарин нуктаҳои девони ғазалиёти ӯро аз назар мегузаронем.
Девони Ҳилолӣ
Ба гуфти Фахрии Ҳиротӣ, девони ғазалиёт ё ашъорашро худи Ҳилолӣ бо дасташ то соли 927/1521 тартиб медиҳад. Ба ин девон ашъори аз давраи ҷавонӣ то охири рӯзгори шоир дохил шудааст. Дар девони Ҳилолӣ низ аз ин рӯ солҳои таълифи ғазалҳоро нишон додан берун аз имкон аст. Албатта, аз ин гуфтаҳо он ғазале, ки Ҳилолӣ дар ҷавонӣ ба Навоӣ нишон дода буд, ё он ғазале, ки ӯ аз давраи пиронсолӣ сухан меронд, истисност. Чунин ғазалҳо танҳо як-ду ададанд. Ашъори лирикии Ҳилолӣ бо мазмуну мундариҷа ва мавзӯоти худ давомн бевоситаи ашъори лирикии мактаби адабии Ҷомию Навоӣ аст. Дар он суннатҳои ин мактаб мувофиқи талаботи рӯҳии замон асосан риоя гардидааст. Дар айни замон Ҳилолӣ ҳақиқати зиндагии рӯзгорашро бо ҳиссу ҳаяҷонҳои пуршӯр ва туғёни эҳсоси маҳз ҳилолиёна то ба он дараҷа ба таври нозук ифода кардааст, ки чунин тарзи адо ба камтарин шоир даст додааст. Девони ашъори Ҳилолӣ ба мисли ҳақиқати зиндагии мардуми Хуросони охирҳои асри XV ва аввали асри XVI аз ҷиҳати мазмуну тематикаи худ гуногун аст. Ҳилолӣ ҳамчун як нафар шоири нозуксанҷи замонаш рӯзгори ҷавониҳо низ дошт. Ӯро манзараҳои зебои табиат: сабзу хуррамиҳои боғу бӯстон, дашту даман, шукуфтани гулҳо, хониши мурғони чаману чаҳ-чаҳи бул-булон, сояи беду лаби ҷӯй, нашъаи маю ҳусну ҷамоли маҳбубагони хушхиром ва амсоли инҳо ба завқу ҳаяҷонҳо меовард. Аз ин ҷост, ки дар девони шоир тараннуми чунин ҳиссу ҳаячонҳо ва нашъаҳои хуррами рӯзгори ҷавонӣ кам нест. Шоир дар яке аз ғазалҳояш ба маҳбубааш мегӯяд: Хез, то имрӯз бо ҳам соғари саҳбо кашем, Хешро доманкашон то домани саҳро кашем. Боғу бӯстон дилкаш асту кӯҳу саҳро ҳам хуш аст, Ҳар куҷо гӯӣ бисоти айшро он ҷо кашем. Ҳамин гуна ҳолатҳои хуррамӣ ва ҳаловатҳои нашъаи зиндагии Ҳилолиро дар ғазали радифаш «гул» низ ба хубӣ мушоҳида мекунем, ки матлааш ин аст: Омад баҳору хушдилам аз рангу бӯи гул, Он беҳ, ки май кашам ду се рӯзе ба бӯи гул... Ҳилолӣ дар чанд рубоии худ низ ҳаловатҳои аз зиндагӣ бардошта ва нашъаҳои комрониашро бо камоли қаноат изҳор мекунад, ки яке аз онҳо ин аст: Оинаи нур аст рухи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб. Ҳар қадар, ки Ҳилолӣ таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхта, ба рушду балоғати маънавӣ мерасид, ҳамон қадар ба ҳодисаҳои муҳиту атроф ва муаммоҳои зиндагӣ бештар сарфаҳм мерафт. Дар ин вақтҳо он пушту паноҳ ва муттакои маънавии шоир, ки Алишери Навоӣ буд, аз дунё чашм мепӯшад. Дар дохили давлати Темуриён беназмӣ, ҷабру ситам ва бедодиҳо авҷ мегиранд. Аз хориҷ ба Хуросон хавфи ҳуҷуми Шайбониён то рафт зиёд мегардад. Ногаҳон дар арафаи ҷанг Султон Ҳусайн вафот намуда (1506), мамлакат ба ихтиёри ду писари ношуди ӯ мемонад. Ҳамаи ин воқеаҳо ба рӯҳия ва дунёи маънавии Ҳилолӣ асар доштанд. Акнун дар лирикаи ӯ ба ҷои мавзӯи хушу хурсандиҳои зиндагӣ бештар шикоят аз муҳити бедодгар, фалаки каҷрафтор, бемеҳриҳои маҳбубаи дилсахт, дарду ғамҳои замонаи шум ва аламҳои бешумори он раҳ меёбанд. Шоир дар ғазале аҳволи аз дасти ағёр ва «чархи бераҳм» ба танг омадаи қаҳрамони лирикиро бо камоли назокат ва эҳтиёти тамоме баён кардааст: Саъй кардам, ки шавад ёр зи ағёр ҷудо, Он нашуд оқибату ман шудам аз ёр ҷудо. Аз ман имрӯз ҷудо мешавад он ёри азиз, Ҳамчу ҷоне, ки шавад аз тани бемор ҷудо. Дӯстон, қимати сӯҳбат бишносед, ки чарх Дӯстонро зи ҳам андохта бисёр ҷудо. Воқеан гирудор ва беадолатиҳои «чарху фалак», ки Ҳилолӣ бо ин мафҳумҳо ҳамон кирдори абнои ситамгари замонаро дар назар дорад, мардум аз ҷумла, аҳли фазлу камолро парешон гардонд. Чунончи, зумрае аз онҳо бо дили пурдарду сари хам ба Мовароуннаҳру Ироқ ва Ҳинду Осиёи Хурд, парешон гардиданд. Шоир дар ғазали дигар сабаби аз маҳбуба дур афтода, дар тангнои Хуросон мисли мурғони қафас гирифтори дарду ғам гардидани худро аз кирдори фалаки ситамгар медонад: Ҳилолй, рӯзгоре шуд, ки дур аз гулшани рӯяш, Фалак дилтанг медорад чу мурғони қафас моро. Дар лирикаи Ҳилолӣ ҷазабаву сӯзу гудоз ва дараҷаи ҳарорати ишқи поки инсонӣ хеле баланду пурқувват аст. Худи шоир ин ҳолатро хуб медонист: То Ҳилолиро ба сӯзи ишк пайдо шуд саре, Мегудозад ҳамчу шамъ аз оҳи оташбори хеш. Ишқи Ҳилолӣ, ба гуфти худаш, аз ишқи дигарон тафовут дорад ва ишқи хосаест. Дар лирикаи ин шоир мафҳуми ишқ бо мафҳумҳои дарду алам ва нокомӣ сахт омезиш ёфтааст: Эй дар дилам зи оташи ишқи ту сад алам, Ҳар як алам нишонаи чандин ҳазор ғам. Ин алам ва чандин дарду ғами Ҳилолӣ аз масъалаи марказӣ ва муҳимтарини лирикаи ӯ, ки дарди ишқ аст, сарчашма мегирад. Худи шоир мегӯяд: Бар сари кӯяш, Ҳилолӣ, дарди ишқи хешро Беш аз ин пинҳон макун, ки аз чеҳраат пайдост ин. Маълум мешавад, ки як муддат Ҳилолӣ дарди ишқи худро аз мардум ниҳон медошт. Аммо вай дар ғазали дигар ин розро ошкор месозад, ки тамоми фаъолияти адабии ӯ бо ҳамин дарди ишқ, кори ишқ сахт омӯзиш дорад: Кори ман аз ҷумлаи олам ҳамин ишқ асту бас, Оламе дорам, ки дар олам надорад ҳеҷ кас. Подшоҳи аҳли дардам бар сари майдони ишқ, Ман миёни фитнаву хайли бало дар пешу пас! Ин дарди ишқе, ки Ҳилолӣ дорад, чист ва чӣ гуна дард аст? — Ин дарду ғам ва дарди ишқи Ҳилолӣ зотан аз концепцияи инсондӯстии шоир сарчашма мегирад. Маънии ин дарди ишқ фарох аст. Ин дарди ишқ аз ҳиссу эҳсоси шӯрангези маҳбубагони рӯи замин, муҳаббати самимӣ ҷиҳати инсон ва умуман аз маҷмӯи меҳру муҳаббати поки Ҳилолӣ ба қисмати инсонӣ рӯзгори худ ва ҳаёти тоқатгудози он ҳосил гардидааст. Зотан Ҳилолӣ шоири инсондӯсту фуқаропарвар буд ва шоири ягон дарбору побанди хукмроне нагардидааст. Дар умраш инъоми ҳукмронеро ҳавас накардааст. Вай, мувофиқи мундариҷаву ғояи эҷодиёт аз он ҷумла, лирикаи худ, намояндаи адабиёти шаҳрию доираҳои ҳунармандӣ аст. Ҳилолӣ мувофиқи тасаввуроти худ бисёр мехост, ки мардуми замон бархилофи тороҷгариҳои темуриёни охир, шайбониёни мутаассиб ва сафавиёни худраъй орому осуда зиҳанд, кишвар обод, раият шод ва дилбохтагон ба якдигар бо амри дил бемамониати тартиботи зулмбунёди ҳукуматдорон рози дил гӯянд. Аммо баҳри рӯи об баромадани ин идеали бадеии шоир ҳақиқати мавҷудаи таърихӣ яъне ҷабру зулми беинтиҳо, абгори халқу вайронии мамлакат садди роҳ мегардиданд. Ин зиддияти ҳақиқати таърихиву идеали бадеӣ дар тафаккури шоири инсонпарвар инқилоберо падид оварда, ҳамаи он орзуву умед ва дархостҳои наҷибу ширин ба сабаби амалӣ нашудани худ ба дарду ғам ва аламҳои бешуморе табдил меёбанд. Аз ин ҷост, ки Ҳилолӣ сабаби дарду ғам ва нокомиҳои худро на танҳо аз нозу истиғнои маҳбуба, балки асосан аз бедодиҳои «чархи каҷрафтор», яъне абнои беадолати замона медонад: Нолаи ман ин ҳама з-он моҳи хушрафтор нест, Ҳарчи бо ман кард даври чархи каҷрафтор кард. Чунин ақидаи шоир дар ғазали дигар низ изҳор мегардад: Хостам, ки он сарв рӯзе дар канор ояд, вале Бо каҷиҳои фалак ҳаргиз наёяд рост ин. Ҳилолӣ борҳо таъкид мекунад, ки сабаби умдаи дарду аламҳои шахси шоир ҳамин саргаштасозиҳои гардиши фалаки бедодгар аст, вагарна ӯ метавонист бо ёри худ комрон бошад: Чун Ҳилолиро фалак саргашта медорад чунин, Беҷиҳат менолад аз моҳи ҳилолабрӯи хеш! Бинобар ин, ошиқи додхоҳи шоир ба як эҳсоси баландм пуршӯр бар муқобили чунин рафтори фалаки бедодгар ба исён омадааст: То кай Ҳилолиро чунин з-ин моҳ медорӣ ҷудо, Ё раб, ки эй чархи фалак, зеру забар бинам туро! Ин шӯру исён ва эътирози қаҳрамони лирикӣ, ки алайҳи тартиботи беадолати муҳити конкрет баён гардидааст, дар он шароити пурхатар, яъне ибтидои ҳукмронии шайбониёну сафавиёни мутаассиб намунаи барҷастаи ҷасорате буд. Чунин эътирозро метавонист, танҳо шоири инсонпарвари бузурге баён намояд. Бешак Ҳилолӣ чунин шоири инсонпарвари бузургу ҷасур буд. Бо вуҷуди ин, Ҳилолӣ дар ҷараёни таҷрибаи зиндагӣ мефаҳмад, ки чунин тартиботи ҳукмфармои замонаро бо ин ҳама шӯру исёнҳо тағйир додан душвор аст. Дар он шароит ӯ роҳи аз ин бадбахтиҳо халос ёфтанро намедонист, дониста ҳам на-метавонист. Вале шӯру шар ва фитнаи даврон пайваста шоирро ба гирдоби худ мекашиданд. Гоҳе ин фитнаҳоро пуштипо зада худро бо ҷоми май мепайваст, то соате аз ғами айём фароғате ёбад: Фитнаангез аст даврон ҷоми май дар гардиш ор, То набинам фитнаҳои гардиши айёмро. Ин лаҳзаҳои хурсандӣ хеле зудгузар буданд. Фитнаҳои паёпаи айём намегузошт, ки айши шахси шоир андаке давом ёбад. Ин аст, ки ӯ дар ҷустуҷӯи адлу дод шодмониҳои лаҳзавии худро ба ёд оварда аз дарди нокомиҳои бардавом фарёд мекашад: Фиғон, ки аз гардиши гардун набинам ҳаргиз он маҳро, Вагар бинам пас аз умре, чу умрам даргузар бинам. Шахси шоир, ки худ бисёр додгустар аст, бархилофи он шароити тира, ҳангоми авҷи зулму бедодиҳо зимомдорони замонаро даъват мекунад, ки заррае ҳам бошад, ба аҳли заҳмату ҳунари мамлакат муруввате намоянд: Эй фалак, з-он сангҳо, ки аз нақши Ширин канда шуд, Гар тавонӣ зеби рӯи турбати Фарҳод кун! Аммо ҳукуматдорони мағрур ва мутаассиби хунмаст, аз он ҷумла, шоҳ Исмоилу Убайдуллохон ва гумоштагони онҳо ба ин даъватҳои шоири инсонпарвар аҳамият намедоданд. Ва баръакси ин дархост онҳо дар ҳавои шӯҳрат ва ҳирси молу чоҳ аз паи ғорату тороҷи молу мулки аҳли заҳмат ва фуқарои ситамкаш буданд. Ин вазъияти душвор на танҳо ҳолати моддӣ, балки аҳволи рӯҳии шоири инсондӯстро ба дараҷаи тоқатшикан бад мегардонад. Дар ин замина ӯ акнун аз дарду ғамҳои шахси ошиқ ва беадолатиҳои паёпаи замона боз ҳам зиёдтар сухан меронад. Ҳатто қаҳрамони лирикии шоир бисёр маврид худро аз Қайси гирифтори бедодиҳои муҳит низ зиёдтар савдоӣ медонад ва фоҷиаи Лайливу Маҷнуни гузаштаро дар назди достони фоҷиаи хеш ҳеҷ мешуморад: Магӯ афсонаи Маҷнун, чу ман дар анҷуман бошам, Аз ӯ боре чаро гӯяд касе ҷое, ки ман бошам. Касе афсонаи дарди маро ҷуз ман намедонад, Аз он доим мани девона бо худ дар сухан бошам. Агар дар айёми Қайси Маҷнун ба ҳоли нотавони ӯ осмон гиряд, акнун дар рӯзгори Ҳилолӣ бори гарони бедодиҳои замона аҳволи шахси ошиқро то ба он ҳолат мерасонад, ки замину замон ва кӯҳу ҳомун хун мегирянд, вале ҳаргиз дили золимон нарм намегардид: Он на шабнам буд дар айёми Лайлӣ ҳар сабоҳ, Осмон шаб то саҳар бар ҳоли Маҷнун мегирист. Сел дар ҳомун, садо дар кӯҳ медонӣ чӣ буд? Аз ғами ман кӯҳ менолиду ҳомун мегирист. Чист домони сипеҳр имрӯз пурхун аз шафақ? Ғолибо, имшаб зи дарди ишқ гардун мегирист. Ҳамчунин шӯълаҳои барқи оҳи ошиқи ноком то фалак мепечад ва аз ҳоли низори вай «малоика»-и гардун ба фиғон меояд: Ҳилолӣ, шӯълаҳои барқи оҳам рафт бар гардун, Малакро дар фалак дил сӯхт аз оҳу фиғони ман. Бо вуҷуди чунин сахтиҳо шахси ошиқи Ҳилолӣ аз васли ёр ноумед нест ва ҳазорон кулфатро паси сар намуда, ба умеди васл зиндагӣ ба сар мебарад. Гоҳ вай пушти девори дилбарро нашемангоҳ месозад, гоҳе аз оби дидаву дили пуроташ ба худ болину бистар дуруст мекунад ва гоҳ ба боди раҳгузар муроҷиат менамояд, ки ниёзашро ба нозпарвараш бирасонад. Ин нукот тавассути ҳаяҷонҳои пуршӯре дар ғазали «Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман — Аз гирья бар сар афтод, эй хок бар сари ман» ба дараҷаи олӣ иброз гардидааст, ки мақтаи ғазал ин аст: Чуз кунчи ғам, Хилолй, чои дигар надорам, Ман подшоҳи ишқам, ин аст кишвари ман. Оре, қаҳрамони лирикии Ҳилолӣ подшоҳи ошиқони замона буд ва ӯ дар ин маснади шоҳӣ ҷовидон монд. Барои ошиқи Ҳилолӣ мулки ишқи маҳбуба бекарон аст. Чунки маҳбубаи ӯ подшоҳи кишвари ҳуснест: Тӯӣ он подшоҳи мамлакати ҳусн, ки нест Ҳашмату хайли бутон дархури ҳайлу ҳашмат. Аслан яке аз сифатҳои хосаи маҳбубаи ошиқи Ҳилолӣ ҳамин «нодшоҳи ҳусн» аст. Ошиқ ба ин маҳбубаи шоҳи ҳусн бо ниёзмандиҳо илтиҷо мекунад, ки сӯяш боре гӯшаи чашме намояд: Ё раб, чи кам шавад, зи ту, эй подшоҳи ҳусн, Гар сӯи ман ба гӯшаи чашме кунӣ назар. Зоҳиран аз мутолиаи девони ғазалиёти Ҳилолӣ бармеояд,:ки ин маҳбубаи «шоҳи ҳусн» дар ибтидои ба саҳнаи ҷавлон омадани худ як навъ нармдил буда, ба арзу доди шахси ошиқ гоҳе гӯш менамуд ва шахси ошиқ аз ӯ чандон ба дод наёмадааст: Эй шаҳи ҳусн, ба аҳволи Ҳилолӣ назаре, Ки манам бандаи мискин, ту шаҳи банданавоз! Аммо тадриҷан ин «шаҳи ҳусни банданавоз» ба маҳбубаи дилсахту бедодгар ва шахси золими бадхӯи замона табдил ёфта, аз дасти ситамҳои бешумори ӯ шахси ошиқ ва ҳамаи додхоҳони замона ба фарёд меоянд: Бо ту чун гӯяд Ҳилолӣ зулму бедодӣ макун, Ҳарчи мехоҳӣ бикун, эй золими бадхӯи ман! Дар чанд маврид шахси ошиқи Ҳилолӣ хеле сахт ба дод омадааст. Аз ҷумла, вай «султони ҳусн»-и мамлакатро огоҳ месозад, ки дар ин кишвар садҳо мазлумон аз дасти ӯ ба дод омадаанд: Ин чй бедодист, ки аз ҳар чониб, эй султони ҳусн Дод мехоҳанд чу ман сад додхоҳ аз дасти ту?! Ниҳоят, шахси ошиқи Ҳилолӣ ба ин «подшоҳи ҳусн» бо камоли исрор хитоб мекунад, ки бояд ӯ зулму ситамро хотима бидиҳад. Зеро дар аҳли ин подшоҳ халқи мамлакат саросар зери истибдод азият мекашанд: Тараҳҳум, бикун, эй подшаҳи кишвари ҳусн, Ки ғайри зулму ситам нест дар замонаи ту! Аз ин чанд мисоли боло хуб ошкор аст, махсусиятҳои образи «подшоҳи ҳусни золим» ва «ошиқи ситамкаш»-и Ҳилолӣ ба воситаи калимаву ибораҳои аз қабили «бандаи мискин»-у «шаҳи банданавоз», «бедодӣ»-ву «золими бадхӯй», «дод мехоҳанд зи ту», «ғайри зулму ситам нест дар замонаи ту» ва амсоли инҳо тавре ифода ёфтаанд, ки ҳолату тарзи ҳаракатҳои ин ду образи мутақобил дар назари мо дафъатан аҳволи ҷонгудози халқи мазлуму ситами беинтиҳои ҳукуматдорони темуриёни охирушайбониёни навкор ва сафавиёни мутаассибро таҷассум мегардонанд. Шоир дар ҳеҷ яке аз ин абёт Султон Ҳусайну Убайдуллохон ва ё шоҳ Исмоилро бевосита золиму бедодгар нагуфтааст, аммо ӯ суханро тавассути кирдори образҳои «подшоҳи ҳус-ни золим» ва «ошиқи ситамкаши замона» чунон ҷилва додааст, ки аз ин тарзи адо дарҳол бедодиҳои подшоҳони золими номбурда ба ёд меоянд. Ин ҳолат аз маҳорати баланди шоири инсонпарвар шоҳиди дигарест. Дар лирикаи Ҳилолӣ ба ҷуз ин сифати хосаи маъшуқа, ки аз маҳбубагони лирикаи шоирони бисёре тафовут дорад, боз авсофи зиёди маҳбубагоне ҳаст, ки як қисми умдаи онҳо дар адабиёти мо ҳукми суннат доштанд. Ин авсоф аз қабили «боғи навшукуфта», «боғи навшукуфтаи хандон», «давлати бедор», «моҳи кишвар», «шохи гули тоза», «моҳи саодатманд», «зӯҳраҷабин», «шаҳсавор», «ганҷи ҳусн», «шамъи ҷамъ», «шоҳи хубон», «нозукдил», «офтоб», «гул», «парипайкар», «шакарханд», «ҷафоҷӯй», «кофари бераҳм» ва ғайраҳоанд. Шахси ошиқи Ҳилолӣ бештар дар сифатҳои «подшоҳи ишқ», «девонаи даврон», «расвои олам», «дардманди ишқ», «дилтанги фалак», «ҷавркаши фалак», «ситамкаши даврон», «саргаштаи фалак», «ёри вафодор», «фарҳоди кӯҳкан», «ҷон ба каф гузошта», «сар дар хок», «маҷрӯҳи намак дар ҷароҳат», «куштаи ғам», «булбули шӯридаи қафас», «ҷаврдидаи фалаки каҷрафтор», «зерузабар созандаи чархи фалак» ва монанди инҳо ба арсаи ҷавлон омадааст. Бо чанде аз ин сифатҳои шахси ошиқ болотар ошно будем ва ҳоло бо иддае аз онҳо шинос мешавем. Шахси ошиқи Ҳилолӣ худро ҷудо аз ёри дилбанд мисли булбули дар қафас тасаввур мекунад: Зор менолад Ҳилолӣ бе ту дар кунҷи фироқ, Ҳамчу он булбул, ки менолад ба зиндони қафас, Ошиқи Ҳилолӣ сабаби асосии нокомиҳову аз дилдор ҷудо афтодани худро гӯё аз гардиши фалаки ҷафокор медонад ва бисёр маврид аз ин рафтори беадолат ба оҳу фиғон меояд. Дар он шароити танг чунин шикоятҳои ҷонсӯз низ як навъ эътироз ба муқобили беадолатиҳои ҳукмфармои зумомдорони замона буд: Ваҳ, ки бозам фалак андохт ба ғавғои дигар, Ман ба ҷои дигар афтодаму дил ҷои дигар. Дар ҷои дигар ин ошиқи ноком ба фиғон меояд: Имрӯз маро чун фалак овард ба афғон, Ман низ фиғонро ба фалак бурдаам имрӯз, Бигзор, Ҳилолӣ, ки ба сад дард бинолам, Ки аз даври фалак тири ҷафо хӯрдаам имрӯз. Зоҳиран тангии муҳити шоир ва нокомиҳои паёпай шахси ошиқ ӯро мачҷур месозад, ки ба ҳамаи ин сахтию нокомиҳо пушти даст афшонда, худро ба кӯи риндию озодагӣ, пасту бешараф гардондани тартиботи беадолати ҳукмрон ва аҳкоми беасоси мазҳабӣ занад. Ин рафтори қаҳрамони лирикӣ дар он шароити ҳукмфармои таассуботи мазҳабӣ ва поймол гардидани оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ бар муқобили бидъату тартибот, аҳкоми беасос ва ҳамаи он бедодиҳо эътирози қатъие буда, аз вусъати гуманизми Бадриддин Ҳилолӣ гувоҳӣ медиҳад. Ошиқи ринди Ҳилолӣ дар таъну лаън ва истеҳзои зоҳиди риёкор мегӯяд: Зоҳидо, дар ҳиркаи пашмин мусулмонам махоҳ, Дар таҳи ҳар мӯ аз ин пашмина зуннорам бубин! Вай суханони воизи соддалавҳро дар назди ошиқ афсона шуморида, ба ин фасонахон хитоб мекунад: Воизо, тарки Ҳилолӣ куну афсона махон, Куштаи ишқи бутон зинда ба афсун нашавад! Ин ринди зирак дар ошкор сохтани тафовути гуфтору кирдори зоҳидонеро, ки дар асл худ пинҳонӣ май менӯшанд, вале дар зоҳир мардумро ба риояи қонуну оин ва бидъатҳои мазҳабӣ даъват мекунанд, мегӯяд: Зоҳид, ба кунҷи савмеа май нӯшу маст бош, Яъне ки дӯзахӣ шудӣ, оташпараст бош! Албатта, чунин мазмунҳо дар эҷодиёти адибони гузашта, аз ҷумла Хайёму Ҳофиз бисёр мустаъмал буданд. Аммо Ҳилолӣ онҳоро дар шароити аввалҳои асри XVI ба таври хоси худ истифода мебурд. Дар мавриди дигар ин ошиқи ринд бо кирдору рафтори худ ба сифати «як бутпарасти кофир», вориди майдон гардида, он ҳама қонуну оини мусулмониро пушти по мезад ва бо ин ҷасорати бутпарастӣ намояндагони дину шариати расмиро ба тарсу ваҳм меоварад: Ошиқи девонаам сомони кор аз ман маҷӯ, Ошиқи девонаро сомон набошад, гӯ мабош, Дар бутон дилбастаам, дигар маро бо дин чӣ кор, Бутпарастам, гар маро имон набошад, гӯ мабош! Ин ҷо чаро қаҳрамони лирикӣ худро як шахси фориғи мазҳабҳо ва кофари бутпараст эълон кардааст? Яъне моҳиятан ӯ чаро озодии эътиқоди диниро талқин намудааст? Ҷавоби савол ин аст, ки дар он давра ба иллати ихтилофоти сиёсии давлатҳои Сафавиёни шиамазҳабу Шайбониёни суннӣ таассуботи мазҳабй бағоят шиддат дошт. Ҳар бор, ки Хуросон ба иллати ин ихтилофот аз дасти яке ба дигаре мегузашт, бо айби шиа ё суннӣ ҳазорон аҳолии маъсум кушта мегардиданд. Лекин дар асл мебоист, ки «мӯъмин бародари мӯъмин» буда, якдигарро чунин қатлу ғорат накунанд. Ана, дар ҳамин асос қаҳрамони лирикии Ҳилолӣ, ки ҳамаи оину қонуни мазҳаби исломро хуб медонист, дар муқобили ин ҳақиқати таърих эътирозан худро на шиаю на суннӣ, балки ҳатто кофари бутпараст эълон менамояд. Ин рафтори қаҳрамони лирикӣ дар он шароити бисёр пуршиддати таассуботи мазҳабӣ моҳиятан шӯрӯ исёни Ҳилолии инсонпарвар алайҳи ҳақиқати таърихӣ ва он ҳама беҳуқуқиҳои ҳазорон мазлумони Хуросон буд. Дар лирикаи Ҳилолӣ ашъори ошкоро дар тарафдории манфиатҳои мазлумон ба муқобили кирдори ҳукуматдорони золими гузаро низ мавҷуд аст. Чунончи, ба гуфти Ҳасанбеки Румлу дар соли 1529 Убайдуллохон Ҳиротро сахт талаву тороҷ ва мардумро қатлу ғорат менамуд, дар ин ҳолат дигар ёрои тоқати Ҳилолӣ намемонад ва дар маҳкуми ин қатлу ғорат ӯ ду рубоӣ мегӯяд, ки яке аз онҳоро овардем. Ҳилолӣ рубоии дуюмро бевосита дар чавоби рубоии мустазоди худи Убайдуллохон иншо намуда, гуфтааст: «Агар дар мазҳаби аҳли суннат куштану ғорати мусулмонон раво бошад (Ҳол он ки чунин кирдор ҳаргиз норавост!) ба чунин мазҳаби ислом лаънати мӯъбади оташпараст бод! Он рубоӣ ин аст: Эй шӯҳра шуда ба золимӣ номи шумо, Аз шоҳу гадо, Озор бувад ба аҳли дин коми шумо, Ин аст раво?! Бастед ба авлоди Алӣ нону намак, Чун қавми Язид Сад лаънати мӯъбад бар исломи шумо, Дар мазҳари мо. Ин ҷо Ҳилолӣ бо ибораҳои «дар мазҳаби мо», «авлоди Алӣ» ва «чун қавми Язид» ба сифати як шахси шиамазҳаб намудор мегардад. Шояд ӯ ин рубоиро ба унвони Убайдуллохон аз ҷониби мазҳаби шиа гуфта бошад. Дар байни ашъори риндию озодагии Ҳилолӣ аз ҷиҳати мазмуну тарзи баён рубоиёти хайёмманишу ғазалиёти ҳофизона низ ҳаст. Чунончи, дар ин ғазал қаҳрамони лирикии Ҳилолй ба мисли қаҳрамони ғазалҳои Ҳофиз мӯътақиди пири муғон бу-да, пайваста оини риндию озодагиро тарғиб мекунад: Бад-ин ҳавас, ки даме сар ниҳам ба пои қадаҳ, Ҳазор бор фузун хондаам дуои қадаҳ, Манам, ки вақфи харобот кардаам сару зар, Зар аз барои шаробу сар аз барои қадаҳ, Бирез хуни ману хунбаҳо шароб биёр, Бигир Ҷавҳари ҷонам, бидеҳ баҳои қадаҳ. Расид мавсими гашти чаман, биё соқӣ, Ба ёди лаъли ту то кай лаби кадаҳ бӯсем, Ки тоза шуд хаваси бодаву ҳавои қадаҳ. Хуш он бӯса бар он лаб занам ба ҷои қадаҳ. Ҳилолӣ, аз қадаҳи май ҷои парҳез аст, Биё, ки пири муғон мезанад садои қадаҳ. Чун ин ду байти панди Ҳилолиро мехонем, равшан мефаҳмем, ки дар мазмун, образҳо ва тарзи баённ он таъсири Хайём калон аст: Душ паймона тиҳӣ омада аз майхона, Кошкӣ пур шавад имрӯз маро паймона. Баъди мурдан аз қолаби ман хишт зананд, Ояму боз шавам хишти дари майхона. Аз чунин ғазалу рубоиҳои Ҳилолӣ хуб маълум аст, ки ба ин шоири инсондӯст дар вазъи ақидаҳои риндию озодагӣ зиддиистибдодӣ ва хурофотии ӯ оҳи пуршӯру исёнгаронаи Хайёму Ҳофиз гоҳе мададгор гардидаанд. Дар байни авсофи шахси ошиқи Ҳилолӣ сифат ё ки беҳтараш образи «саги ёр» низ ҷолиб аст. Ин образ дар доираи 421 ғазали Ҳилолӣ барои ифодаи сидқу вафои бекарони ошиқ дар шаклҳои «саги ёр», «саги остон» «саги кӯй» ва «саги дар» 75-бор ба маънию мазмун ва ҳадафҳои гуногун такроран истифода шудааст. Чунончи, дар ин байт ошиқи вафодор дар дил орзӯи «саги дарбони ёр» буданро мепарварад: Бар хоки дарат ман киву ташрифи ғуломе, Эй кош, тавонам саги дарбони ту гардам. Дар байти поин шахси ошиқ ҳад надорад, ки бандаи рӯи маҳбуба бошад ва танҳо аз «сари кӯй»-и ёр будани худ қаноат мекунад: Нест ҳадди он ки гӯям бандаи рӯи туам Дигаре гар банда бошад, ман саги кӯи туам. Дар мавриди дигар шахси ошиқи Ҳилолӣ ба мартабаи баланди «саги кӯи ёр» аз худ сазовортар касеро намебинад: Чуз ман дигареро саги он кӯй мехонед, Ки ин мартабаро нест сазовортар аз ман. Ҳилолӣ ба ин образи ошиқи вафодор образи рақибро, кя «саги девона» аст, муқобил гузоштааст: Тақсири вафо расми рақиб аст, аҷаб нест, Ҳаргиз саги девона вафодор набошад. Аз шуарои гузашта образи «саг»-ро ҳамчун шахси ошиқи вафодор зиёдтар дар лирикаи Камоли Хуҷандӣ мебннем. Ин образ бо чуннн маъниҳо дар лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва намояндагони ҷавони мактаби адабии Ҳирот, аз ҷумла Восифӣ инкишоф дошт. Аммо вай дар лирикаи Ҳилолӣ ба дараҷае ривоҷ ёфт, ки назири инро ҳоло намедонем. Яке аз сабабҳои ин ҳолат шояд дар ҳаёти иҷтимоию мадании асрҳои XV—XVI тадриҷан афзудани нуфузи аҳолии бодиянишин бошад. Чунки дар зиндагии ин бодиянишинон саг чун як узви доимӣ ва ҳайвони вафодор нуфузи мушаххас дошт1. 1 Дар ин масъала, пеш аз ҳама, идомаи мантиқии таҳаввули қаҳрамони лирикиро дар ғояти садоқату вафодорӣ (умуман, дар ашъори ғиноии ишқии тоҷик) дидан шояд авлотар бошад. (Муҳаррир). Аз мулоҳизаву мисолҳои боло низ равшан аст, ки Ҳилолӣ дар шароити басо авҷ гирифтани таассуботи мазҳабӣ, истилову тороҷ ва кушокушиҳои бешумор тавассути муҳаббати шахси ошиқи маҳбуба ғояи меҳру вафо ва оини дӯстиву рафоқатро тарғиб менамуд. Ҳатто вай халалпазирони рафоқатро ба сагони девона монанд кардааст. Дар ин байт бошад, шахси ошиқ ба маҳбубаи худ изҳори меҳр мекунад, ки: Ҷонро агар ба меҳри ту аз дил бурун кунам, Аз ҷон чигуна меҳри ту берун кунад касе?! Дар лирикаи Ҳилолӣ шеърҳои зиёде ҳаст, ки шоир оини дӯстиву рафоқат ва сифатҳои олии дӯсти содиқро сутудааст. Чунончи, ӯ дар муқобили дӯстони фориғболу бепарво дӯстии босадоқату ҷониро вазъ мекунад: Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест, Душман беҳ аз касе ки намирад барои дӯст. Чунин ситоиши рафоқату дӯстӣ дар он шароити зиндагӣ ва муҳити вазнини шоир моҳияти бузурги инсонпарварӣ дошт. Ҳилолӣ ҳамчун шоири барҷастаи инсондӯсти замонаш пайваста ғами осоишу беҳбудии раиятро мехӯрд. Вай дар он шароити таърихӣ ҳанӯз сабабҳои умдаи нобаробарии иҷтимоиро намедонист. Ба ақидаи ӯ гӯё ҳамаи он бадбахтиҳои замонаро метавонист, ки худи шоҳи одилу фуқаропарвар ва ҳукмрони раҳмдилу худоҷӯй ислоҳ намояд. Бинобар ин шоир ба нияти осоиши халқу мамлакат золимони замонаро насиҳат вокунад, ки онҳо дигар ҷафоҷӯи накунанд ва оини некиву накӯкориро пеш гиранд: Ситамгоро, ба эҳсон хӯ накардӣ, Ҳама бад кардию некӯ накардӣ! Ҷафокорӣ макун ва аз мухлисон бош, Чунин то чанд бошӣ? — ончунон бош! Хушо касе, ки дар ин олами харобод, Асоси зулм фиканду бинои дод ниҳод! Тавонгаре, ки дари хайр бар фақирон баст, Даре зи олами боло ба рӯи ӯ накушод. Касе, ки ёфт бар аҳволи зердастон даст, Ба зулм агар наситонад, худош хайр диҳод! Аммо чунин панду насиҳатҳо ба дили он золимони сангдилу тавонгарони мумсик асар надоштанд. Аз ин ҷост, ки дар ин лаҳзаҳо шахси шоир ба олами яъсу ноумедиҳо меафтад. Бо вуҷуди ин вай дар муқобили тарзи зиндагии ҳамаи он «хушдилон»-и табақаи боло ва комронии айшу нӯш аҳволи ғамангези табақаи поини мамлакатро ба ин тарз изҳор мекунад: Дар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар бани одам нест. Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, Ё одам нест, ё аз ин олам нест. Албатта, одами табақаи муфтхӯр аз одами заҳматкашони ғамзада бо комрониҳои худ имтиёз дорад. Шоир дар қитъаи поин бар муқобили ингуна рӯзгори нокому номурод, ғамангез ва бадтар аз заҳри ҳалоҳил эътироз менамояд: Ғам хӯрдани ман, ки заҳр хӯрдан беҳ аз ӯ, Талх аст чунон ки заҳр хӯрдан беҳ аз ӯ. Умре, ки бад-ин меқнату талхӣ гузарад, Биллаҳ, ки ҳазор бор мурдан беҳ аз ӯ! Чунин эътирозоти Ҳилолӣ ба муқобили рӯзгори пурмусибати аҳли заҳмату хирад моҳиятан аз консепсияи инсондӯстии шоир сарчашма гирифта, дар назди мо симои ӯро ҳамчун шоири инсонпарвари барҷастаи замона таҷассум мегардонад. Чунон ки аз мазмуну мундариҷаи лирикаи Ҳилолӣ ошкор шуд, шоир ашъори худро бештар ба хотири мардуми оддии ҷафокаш ва табақаи поини иҷтимоӣ эҷод кардааст. Дар ашъори Ҳилолӣ воқеан афкору рӯҳияи зиддифеодалии табақаҳои поини иҷтимоӣ, аз ҷумла доираҳои шаҳрию ҳунармандӣ зиёдтар ифода гардидаанд. Худи шоир низ аз миёни ҳамин табақаи иҷтимоӣ баромада буд. Мазмуну мундариҷа, мавзӯъ ва ғояи лирикаи Ҳилолӣ шакли равону рӯҳбахши онро муайян кардааст. Ҳилолӣ низ дар мактаби адабии гузаштагони худ дарси маҳорат омӯхта, беҳтарин анъанаҳои устодони ғазали форсу тоҷикро бомуваффақият давом додааст ва баробари ин дар ғазал услуби хосаи худро вазъ намудааст. Дар ин хусус худи шоир мегӯяд: Ҳилолӣ, аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ, Ки шӯри Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ, Ба чуз ин дар мазмуну услуби лирикаи Ҳилолӣ нақши Саъдиву Ҳофиз, Хайём ва Ҷомиро низ мебинем. Ғазалиёти Ҳилолӣ аз ҷиҳати шакл бештар ба ғазалҳои Хусраву Ҳасан ва Камолу Ҷомӣ монанд аст. Теъдоди абёти ғазалиёти Ҳилолӣ низ мисли ин шоирон аз ҳафт байт зиёдтар нест. Аммо ғазалиёти Ҳилолӣ дар равонию рӯҳбахшӣ покиву ширинии сухан, мусиқияти шеър ва равшании образҳо аз ашъори ин шоирон афзалият дорад. Мисоли ин ғазалҳои «Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман. Аз гиря бар сар афтод, эй хок бар сари ман», «Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро — Душмани ҷониву аз ҷон дӯсттар дорам туро», «Акси он лабҳои майгун дар шароб афтодааст—Ҳайрате дорам, ки чун оташ дар об афтодааст», «Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам — Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам» ва чанд ғазали дигар аст. Чунин ғазалҳои Ҳилолиро ҳофизони халқӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр то имрӯз бо завқу лаззати тамоми эстетикӣ мехонанд ва чанде аз онҳо ба эҷодиёти даҳонии халқ табдил ёфтаанд. Як ғазали маъмули Ҳилолӣ ин аст: Аз он пештар ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд, Аз шодии висолаш тарсам, ки ҷон барояд. Эй турки шӯх, боре дар сар чӣ фитна дорӣ? Ки аз шӯхии ту ҳар дам сад фитна бар сар ояд. Ҷуз акси худ, ки бинӣ з-оина гоҳ-гоҳе, Мисли ту дигаре ку, то дар баробар ояд. Гуфтӣ, ки бо ту ёрам, оҳ, ин дурӯғ гуфтӣ Ва аз з-он ки рост бошад, кай аз ту бовар ояд? Бар гирди шамъи рӯят парвона шуд Ҳилолӣ, Як бор гар биронӣ, сад бори дигар ояд. Ин ғазал на танҳо равону сода, хушоҳанг ва мусиқияти тамом дорад, балки ба суханони гуфтугӯии омма низ бисёр монанд аст. Ин ҷо дигар хусусияти барҷастаи ғазалиёти Ҳилолӣ ифода ёфтааст. Ин хусусият бо тақозои маънӣ басо нарму латиф ва хеле чошнӣ такрор ёфтани алфози шоирона аст. Дар ин ду байт низ ҳамин такрори алфоз ҳаст: Қасди ҷон кардӣ, ки яъне даст кӯтаҳ кун зи ман, Ҷон зи каф бигзораму аз даст нагзорам туро. Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил, Нест мумкин ҷони ман ки аз дил бурун орам туро. Бисьёр маврид дар лирикаи Ҳилолӣ монанди лирикаи Камол ин суханони такрор ба маъниҳои гуногун омада лутфу бадеияти шеърро афзун мегардонад: Дод Ҳилолӣ ба вафои ту ҷон, Ҷони дигар ёфт, вале аз вафот. Дар ин байт ифодаи «ҷо бар хоки дар» ва «ҷо бар авҷи гардун» ҷолиб аст: Чун Ҳилолӣ дӯш бар хоки дараш ҷо кардаам, Шояд аз имрӯз ҷо бар авҷи гардунам кунед. Ҳилолӣ дар мавриди тасвири тани поку дилкаши маҳбуба ибораҳои «тани пок» ва «ҷони пок»-ро бисёр ҷолиб овардааст: Нест ҷонро бо тани поки ту асло нисбате, Ин тани поки ту сад раҳ, поктар аз ҷони пок. Яке аз асрори мазмуну мундариҷаи баланд ва шакли олии лирикаи Ҳилолӣ дар шинаму гуворо ва бархӯри психологияи бадеии халқ моҳирона истифода гардидани мақолу зарбулмасал ва ибораҳои шоиронаи оммавӣ аст. Ҳилолӣ дар ин байт ба маҳбубаи рақибнавоз муроҷиат намуда, аз мадади мақоли поин хеле бо самар истифода мебарад: Домани худро бикаш имрӯз аз дасти рақиб, Варна чун фардо шавад, «дасти ману домони ту». Ошиқи шоир дар ин байт ба ёри азизаш тааҷҷубомез суол додааст: Касон гӯянд: «Ҳар ҷӯяндае ёбанда мебошад», Туро меҷӯяму ҳаргиз намеёбам,— чӣ ҳол аст ин? Ошиқи Ҳилолӣ ба нияти наздик овардани соати васл дар муроҷиат ба ёри ширини ваъдабоз зарбулмасали «Кори имрӯзаро ба фардо магузор»-ро ба ин шакли марғубаш истифода бурдааст: Рӯзи васли ту ҳам имрӯз, фидои ту шавам, Кори имрӯз нашояд, ки ба фардо афтад. Дар лирикаи Ҳилолӣ чунин мақолу зарбулмасал ва ибораҳои зебои оммавӣ ниҳоят бисьёр аст. Ба ин тариқ, ҳамин фазилатҳои мазмуни инсондӯстӣ ва шакли олию халқии лирикаи Ҳилолӣ буд, ки ӯ воқеан шоири маҳбуби халқи тоҷик гардид. Оҳанги басо хуш ва гуворои мусиқияти лирикии Ҳилолӣ комилан тақозо намуд, ки 38 ғазали ӯ ба ҷузъи таркибии оҳангҳои классикии «Шашмақом»-и тоҷик ба таври ҳамешагӣ дохил гарданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё