Бузу гӯсфанду гӯсола.
Як бузи кӯтурро соҳибаш ба замини беда сар дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт:
— Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ. Соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан гир, ман аз дигар тараф мехӯрам.
Охир буз розӣ шуд. Ҳар ду аз ду тарафи замин алаф хӯрда гаштанд. Як рӯз ба як тарафи замин як гӯсола даромад. Бузак хез карда омаду гӯсоларо шох зада, пеш карда шуд. Гӯсола гуфт:
— Ҷӯра, мон, ман ҳам бо шумо аз ин алаф хӯрам. Ин алаф, ки тамом шуд, Боғи Шимол меравем, хазон мехӯрем.
Бузу гӯсфанду гӯсола чанд рӯз алаф хӯрда гаштанд, алаф тамом шуд. Онҳо ҳар се ба сӯи Боғи Шимол равон шуданд. Рафта истода буданд, ки аз роҳ як пӯсти гург ёфтанд. «Ягон вақт даркор мешавад», гуфта пӯстро гирифта, ба гирди шохи буз печонданд. Боз рафтан гирифтанд.
Рафтанд, рафтанд, аз пешашон як хона баромад. Диданд, ки аз мӯрии хона дуд баромада истодааст. Буз гуфт:
— Ҷӯраҳо, ташна мондем, биёетон, даромада як пиёла чой нӯшем.
Пӯсти гургро дар таги дари хона монданд ва дарро кушода диданд, ки дар хона се гург нишастааст. Бузу гӯсфанду гӯсола гурехтанӣ шуданд, лекин гургҳо гуфтанд:
— Меҳмонҳо, дароед, мо ҳам шумо барин роҳгузар ҳастем, ҳамроҳ чой менӯшем.
Бузу гӯсфанду гӯсола ба хона даромада, чой нӯшида нишастанд. Яке аз гургҳо бисёр калон буд. Гурги калон ба гурги дигар гуфт:
— Шарик, ҳамон дуторро ба ман деҳ. Аз падарам як қисса монда буд, ҳамон қиссаро ба ин меҳмонҳои азиз гуфта диҳам.
Ба ӯ дуторро доданд. Гург дутор зада, хондан гирифт:
Ин шохкалонаш ини ман,
Ишкамкалонаш ини ман.
Ҳамроҳонаш ба хониши вай «дӯст» мегуфтанд. Баъд гурги миёна дуторро гирифта гуфт: «Ман ҳам аз бобом як қисса ёд гирифта будам, ба меҳмонҳо хонда диҳам». Дуторро гирифту ба хондан даромад:
Дасткалонаш ини ман,
Почадарозаш ини ман.
Гург мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Навбат ба гурги хурдӣ расид. Гурги хурдӣ дуторро гирифту ба хониш сар кард:
Бедуму шохаш ини ман,
Дунбакалонаш ини ман.
Ин ҳам мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Гургҳо хонда шуда буданд, ки буз гуфт:
— Набошад, дуторро ба мо ҳам диҳед, мо ҳам як қисса гӯем.
Дуторро ба буз доданд, бузак дуторро зада хонд:
Якто пӯсти гург доштем,
Ба пеши дар партофтем.
Пӯсти се гурга гирем,
Пӯстини хуб месозем.
Буз мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Гурги калон ба гурги хурдӣ оҳиста гуфт:
— Барав берун бин, канӣ, пӯст ҳаст ё не?
Гурги хурдӣ берун баромада дид, ки ба таги дар пӯсти гург партофтагӣ. Тарсида гурехта рафт ва дигар наомад. Сонӣ гӯсфанд дуторро гирифт ва ба хониш даромад:
Якто пӯсти гург доштем,
Шуд ба моён чойпулӣ.
Пӯсти инро ҳам гирем,
Мешавад боз ошпулӣ.
Мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Гурги калон ба гурги миёна оҳиста гуфт:
— Хез баромада бин, магар гапашон рост аст, ки гурги хурдӣ наомад.
Гурги миёна баромада, дар пеши дар пӯстро дид ва ин ҳам тарсида гурехта рафт. Навбат ба гӯсола расид. Гӯсола дуторро гирифта ба хониш сар кард:
Мо гургака пӯст кардем,
Аз пӯсташ пӯстин кардем.
Ба таги дар партофтем,
Хай, лайло, лайло, лайло.
Бузу гӯсфанд «дӯст» мегуфтанд. Гурги калон фикр кард, ки аз афташ инҳо рост мегӯянд. «Худам як баромада бинам, чаро ин гурги хурдию миёна наомаданд?» Баромада дид, ки ба таги дар як пӯсти калон партофтагӣ. Ин ҳам тарсиду гурехта рафт.
Бузу гӯсфанду гӯсола соҳиби хона шуданду кайф карда гаштанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё