Зеҳн

Адабиёти бадеӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Адабиёт як навъи санъат буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушнависӣ ва ғайра)-ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин фаҳмиши адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмӯи асарҳои бадеиро дар бар мегирад.

Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд. Нақшҳои бадеӣ манзараҳои ҳаёти зоҳирӣ ва ҳолати ботинии инсонро фаро мегиранд. Адабиёти бадеӣ донишҳои моро дар бораи таърихи гузашта, тамаддун ва фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ зиёд мекунад. Аз мутолиаи адабиёти бадеӣ мо бо тасвирҳои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехӯрем, ки онҳо хулқу рафтори намуна доранд ва мо аз онҳо ибрат мегирем. Нақшҳои наҷибу барҷастаи адабиёти бадеӣ моро дар рӯҳияи накӯкорӣ, покизаахлоқӣ, баинсофӣ ва раҳмдилӣ, вафодорию садоқат, меҳнатдӯстию рағбат ба илму ҳунар, шарафмандию ҳисси ифтихор, инсондӯстию меҳанпарварӣ, боиродагию мубориза дар роҳи расидан ба мақсад, боҳимматию ҷавонмардӣ, нотарсию ростқавлӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ, хуллас, рафтори ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, ниҳод ва тинати моро аз танбалӣ, ҳирсу ҳасад, бухлу кина, бадбинию беадолатӣ, маҷмӯан аз тамоми хислатҳои нафратовар тоза мекунад.

Ҳангоми мутолиаи адабиёти бадеӣ лафзи равону шевои нависанда, тасвири манзараҳои табиати дилфиреб, васфи симою сурати зебо ва дилкаши қаҳрамонҳои мусбат, лутфу нозукбаёнӣ, истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои лафзӣ ҳисси зебоифаҳмии мо бедор мешавад, завқи эстетикӣ моро ба сайри боғу бӯстони олами зебоӣ даъват менамояд. Аз ин рӯ, адабиёти бадеӣ аҳамияти барҷастаи таълимӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ дорад. Адабиёти бадеӣ аз эҷодиёти шифоҳии халқ-фолклор сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар замонҳое, ки хат вуҷуд надошт, одамон суруд мехонданд, нақлу ривоятҳо ҳикоя мекарданд, афсона мегуфтанд. Матни сурудҳо дар шакли назм ва матни нақлу ривояту афсонаҳо дар шакли наср маҳсули эҷодиёти шифоҳии одамони бесавод буд. Бинобар ин, адабиёт аз они халқ аст ва бояд барои халқ эҷод шавад. Баробари инкишофи ҳаёт ҷомеа, илм, фарҳанг пеш рафт ва адабиёт низ сайқал ёфт. Тамоми осори бадеӣ ба се ҷинси адабӣ ҷудо шуд: назм, наср, драматургия. Асарҳои манзумро аксар асарҳои лирикӣ мегӯянд, ки ба онҳо дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, ғазал, мусаммат ва ғайра дохил мешаванд. Асарҳои насриро асарҳои эпикӣ (аз калимаи эпос, яъне нақлӣ) меноманд, ки жанрҳои ҳикоя, латифа, очерк, повест, роман ва дигар асарҳои калонҳаҷми нақлиро дар бар мегирад.

Ба ҷинси сеюм асарҳое мутааллиқанд, ки ба саҳна гузошта шуда, мазмуну мундариҷаи ғоявии онҳоро ҳунарпешаҳои театр бо ҳаракат ва амалиёту санъати актёрӣ пешкаши тамошобин мегардонанд. Ин ҷинси адабӣ драматургия ном дорад ва жанрҳои комедия (мазҳака) ва трагедия (фоҷиа)ро дар бар мегирад. Асарҳои мазҳакавӣ аз аввал то охири намоиш бо хушҳолӣ мегузаранд. Асарҳои фоҷиавӣ бо ҳисси ғаму андӯҳ намоиш дода мешаванд, ки оқибати он намоиш бо нокомии қаҳрамонони асар анҷом меёбад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2