Ташбеҳ-хелҳои ташбеҳ.
Ташбеҳ калимаи арабист. Маънои луғавиаш монанд кардан аст. Ташбеҳ ба маънои истилоҳӣ номи яке аз санъатҳои маънавист, ки чизе ба чизе монанд карда мешавад. Ҳангоми монанд кардани чизе ба чизе ҳатман сифат ё хусусияти муштараки миёни ҳарду чиз ба назар гирифта мешавад. Шоир ё нависанда, барои он ки мақсади хешро пурра ва равшан баён кунад, хусусияти як чизро бо хусусияти чизи дигар монанд мекунад. Ба таври дигар гӯем, ташбеҳ ҳамеша ду тарафи муқоиса дорад. Дар мавриди ташбеҳ истилоҳоти мушаббаҳ (монанд) ва мушаббаҳбиҳӣ (монанда), монандшаванда ва монандкунанда хеле серистеъмоланд. Аҳли қалам он чизро, ки монанд кунанд, мушаббаҳ ва он чизро, ки ба он монанд кунанд, мушаббаҳбиҳӣ гӯянд. Яъне агар касе ё чизе, ки ба касе ё чизе монанд карда шавад, монандшаванда ё ташбеҳшаванда, аммо касе ё чизе, ки монандшавандаро ба худ монанд кардааст, монандкунанда ё ташбеҳкунанда меноманд. Аксари муҳаққиқон тарафдори онанд, ки шакли осонтару муносибтари ин истилоҳ - монанд ва монанда қабул карда шавад. Ҳангоми ба ҳам пайвастани ташбеҳшавандаю ташбеҳкунанда калима ва таъбирҳое ба кор мераванд, ки онҳоро ваҷҳи монандӣ (ваҷҳи ташбеҳ) ва адоти ташбеҳ меноманд. Асоси ташбеҳ аз ду ҷузъ иборат аст: монандии ду чиз (қиёс) ва сабаби ин монандӣ, яъне сифати он. Пас ваҷҳи ташбеҳ ҳамон сифати муштараки ду ҷузъи асосии ташбеҳ мебошад. Илова бар ин, дар монанд кардани ду чиз калимаҳои зиёде ёрӣ мерасонанд, ки онҳоро адоти ташбеҳ меноманд, яъне афзол ва олати ташбеҳ. Аҳли адаб калимаҳои: чунин, монанд, тариқ, -вор, шева, гӯӣ, пиндорӣ, сабил, минвол, -сон, -осо, мисл, чун ва ғайраро аз ҷумлаи калимаҳои адоти ташбеҳ донистаанд. Мисол:
Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд, Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.
(Мирзо Турсунзода)
Дар мисраъи дуюми ин байт «дилам» монанд (ташбеҳшаванда), «чун» адоти ташбеҳ, «ғунча» монанда (ташбеҳкунанда), «хуррамӣ» ваҷҳи ташбеҳ (сабаби ташбеҳ) мебошад. Чанд мисол:
Суратат маҳзари ҳусн аст, вале ин маънӣ Ҳамчу ҳусни дигарон бар ҳама кас зоҳир нест.
(Камол)
Биёр он май, ки пиндорӣ равои ёқути ноб астӣ Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
(Рӯдакӣ)
Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда? Сухан бояд чу шаккар пӯстканда.
(Низомӣ)
Пушти замин чу рӯи фалак гашта аз силоҳ, Рӯи фалак чу пушти замин гашта аз ғубор.
(Рашид)
Зулфро чун ҷони ҳар ошиқ ба бар дорад шиканҷ, Чунки аз ҷонбозии ошиқ хабар дорад шиканҷ.
(Раҳимӣ)
Ойинавор шоҳиди ором нестем, Симоб мечакад зи дили беқарори мо.
(Шавкат)
Пайкарам мегашт ҳамчун набзи беморон зи ҷо, То саҳар аз мавҷи симоб изтиробе доштем.
(Сайидо)
Гаҳе чу шамъ кунам гиряҳои синагудоз, Гаҳе чу субҳ занам хандаҳои хунолуд.
(Бадри Чочӣ)
Аксари донишмандони илми адаб муҳимтарин шарти ташбеҳро дар он донистаанд, ки бояд ташбеҳкунанда бар ташбеҳшаванда афзалият дошта, сифат ва хислатҳои ташбеҳкунанда аз ташбеҳшаванда мукаммалтару олитар бошад, то ки хислатҳои чизи ташбеҳшаванда хубтару беҳтар намоён шавад.
ХЕЛҲОИ ТАШБЕҲ
Ташбеҳ вобаста ба муносибати гӯянда ба хелҳои зерин: ташбеҳи мутлақ (равшан, сареҳ), ташбеҳи пӯшида (музмар, измор), ташбеҳи машрут (шартӣ), ташбеҳи баргашта (тафзил), ташбеҳи акс (маъкус), ташбеҳи баробар (тасвит), ташбеҳи муканно (киноят) ҷудо мешавад. 1. Ташбеҳи мутлақ (равшан, сареҳ). Дар ин навъи ташбеҳ мавҷудияти рукнҳои асосии он - ташбеҳкунанда, ташбеҳшаванда ва адоти ташбеҳ шарт аст. Мисол:
Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда? Сухан бояд чу шаккар пӯстканда.
(Низомӣ)
Дар ҳарду мисраъи Низомӣ ташбеҳ ҳаст, хандаи ёр ба гул ва сухан ба шакар монанд карда шудааст. Дар ин ташбеҳот хандаи ёр ва сухан монандшаванда ва гулу шакар монандкунанда буда, чун ва чу адоти ташбеҳ мебошад. Мисоли дигар:
Ай лабат гул, оразат мул, турраат сунбул барин, Ғабғабат дар чарбу нармӣ тухми нимдумбул барин.
(Шоҳин)
- Ташбеҳи пӯшида (музмар, измор). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки дар он адоти ташбеҳ иштирок намекунад ва бештар бо роҳи таъкиду таҳким (ҳукм) сохта мешавад. Мисол:
Рӯят - дарёи ҳусну лаълат - марҷон, Зулфат - анбар, садаф - даҳон, дурр - дандон. Абрӯ - киштиву чини пешонӣ - мавҷ, Гирдоби бало - ғабғабу чашмат - тӯфон.
(Рӯдакӣ)
Ин навъи ташбеҳро таркибӣ низ меноманд, барои он ки бештари ташбеҳҳо аз таркиб ва калимаҳои мураккаб сохта мешаванд. Мисол:
Шаккаршикан аст ё сухангӯи ман аст, Анбарзақан аст ё суманбӯи ман аст.
(Мусаъибӣ)
Калимаҳои «анбарзақан» ва «суманбӯй» ташбеҳи пӯшида мебошанд, зеро шоир гуфтанист, ки ёри ман зақане (манаҳ, занахдон) дорад, ки мисли анбар хушбӯй аст. 3. Ташбеҳи баргашта (тафзилӣ). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир аз ташбеҳи аввалаи худ бармегардад ва монандшавандаро аз монандкунанда боло медонад. Мисол:
Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор нест, Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.
(Саъдӣ)
Мисоли дигар:
Ин ҷо сухани сарв нагӯем, ки паст аст, Ин ҷо сухани моҳ нахонем, ки зишт аст.
(Камол)
Ин навъи ташбеҳро ташбеҳулмарҷӯъ низ гӯянд, яъне аз ташбеҳ (монанд) ва тарҷеъ - баргаштан. Шоирон гоҳе қади ёрро ба сарв, рӯи ӯро ба моҳ монанд мекунанд, лекин баъд аз гуфтаи худ пушаймон мешаванд ба ин маънӣ, ки гӯё «сарв рафтор» надораду «моҳ айб» дорад. Дар ин навъи ташбеҳ афзалияти монандшавандаро аз монандкунанда нишон медиҳанд ва бо ҳамин сабаб, онро тафзилӣ низ меноманд. 4. Ташбеҳи маъкус (акс). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир ду чизро ба ҳам монанд мекунад ва боз ҷои онҳоро иваз менамояд, мисли ташбеҳи наргис ба чашм ва чашм ба наргис, ё ҳилол ба абрӯ ва абрӯ ба ҳилол. Мисол:
Лола ба рӯи хубат монанд, ки сурхрӯй аст, Рӯят ба лола монанд, з-он рӯ, ки хол дорад.
- Ташбеҳи баробар (тавсия, муздаваҷ, муставӣ). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир сифатҳои ду чизи монандро ба ҳам баробар мекунад ва дар қиёс меорад. Яъне шоир сифатеро меорад, ки ҳам ба ошиқ ва ҳам ба маъшуқа тааллуқ дорад. Мисол: Гуфтам: «Зи дили хеш даҳон созамат, ай дӯст», Гуфто: «Натавон сохт зи як нуқта даҳоне». Гуфтам: «Зи тани хеш миён созамат, ай моҳ», Гуфто: «Натавон сохт зи як мӯй миёне». Дар байти якум шоир дар шакли қиёс «як нуқта»-ро ба «тангии дил» ва «даҳон» ва дар байти дуюм «як мӯй»-ро ба «нозукии тан» ва «борикии миён» монанд ва баробар кардааст. Мисоли дигар:
Пушти хамидаи ман ҳамнасаби ҷаъди* вай аст, Ҷаъди шӯридаи ӯ ҳамсифати холи ман аст.
(Абдулвосеъи Ҷабалӣ)
6 . Ташбеҳи шартӣ (машрут). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир барои ифодаи матлаби хеш чизеро ба чизе шартан монанд мекунад. Яъне барои муқоиса кардани ду чиз шарти муайян гузошта мешавад. Дар бештари мавридҳо чунин ташбеҳҳо ба воситаи пайвандакҳои шартии «агар», «гар», «ар» ифода карда мешавад. Мисол:
Чун ту ба боғ бигзарӣ, гул нарасад ба бӯи ту, Лек расад ба қоматат сарв, агар равон шавад.
(Хусрави Деҳлавӣ)
Мисоли дигар:
Агар мӯре сухан гӯяд ва гар мӯе равон дорад, Ман он мӯри сухангӯям, ман он мӯям, ки ҷон дорад.
(Амъақи Бухороӣ)
*Ҷаъдӣ - мӯи ҷингила, мӯи пурпечутоб. Байни ташбеҳи шартӣ ва ташбеҳи баргашта тафовути хеле кам аст, онҳо фақат зоҳиран аз ҳам фарқ мекунанд. Агар бигӯем: «Рӯи ту гул аст, аммо гул вафо надорад», ташбеҳ баргашта ва агар бигӯем, ки «гул ба рӯи ту он гоҳ монанд мешавад, ки агар вафо дошта бошад», ташбеҳи шартӣ мешавад. 7. Ташбеҳи муканно (киноят). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки бе истифодаи адоти ташбеҳ ба ташбеҳшаванда аз сӯи ташбеҳкунанда киноя карда мешавад. Мисол:
Гоҳ бар моҳи дуҳафта гарди мушк орӣ падид, Гоҳ мар хуршедро дар ғолия23 пинҳон кунӣ.
(Унсурӣ)
Мисоли дигар:
Ҳамегиристу ҳаме наргисон-ш лола гудохт, Ба барги лола бигдохта нуҳуфта зарир.
(Абулаълои Шуштарӣ)
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё