Зеҳн

Садриддин Айнӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ13 сентябри 2024 · 25 дақиқа хондан

(1878–1954)

АЗ ТАЪРИХИ РӮЗГОР…

Бояд гуфт, ки рӯзгори воқеии С. Айнӣ пас аз пирӯзии Инқилоби халқии Бухоро (2 сентябри соли 1920) то имрӯз барои алоқамандони адабиёти бадеӣ чандон равшан нест. Матлабҳое, ки дар бораи ин бахши сарнавишти ӯ ба қалам омадаанд, дар муҳити сиёсии дигар навишта шудаанд.

Ба нақли К. Айнӣ, фарзанди бузурги адиб, ҳангоми Инқилоби Бухоро мардум ба ду даста ҷудо шуда, гирдиҳамоиҳо баргузор мекарданд. Аммо С. Айнӣ ва дӯстонаш эътироз баён карда, аз иштирок дар намоиш худдорӣ намуданд. Сабаб он будааст, ки Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба воситаи номае С. Айниро огоҳ кардааст, ки амири Бухоро нияти балво барангехтан ва тирпарронӣ кардан дорад. С. Айнӣ кӯшиш кардааст ҳамфикронашро огоҳ созад: «Халқ тайёр нест, миллат хароб мешавад».

Баъдтар масъалаи интихоби сарвари Ҷумҳурии Бухоро ба миён омад. Ба ин вазифа номзадии Файзулло Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат, С. Айнӣ ва Ҳошим Шоиқ пешниҳод гардид. Дар натиҷа, Ф. Хоҷаев раиси Ҷумҳурии халқии Бухоро интихоб шуд. Ӯ чанде пас Шоиқ Афандиро сафир дар Афғонистон таъин кард ва хост С. Айниро ба Эрон фиристад. Ҳамон айём С. Айнӣ изҳор доштааст: «Ҳазрати эшон, ман на сафир мешаваму на кабир (на сарвар). Агар тавонед, ба мо имкон диҳед, ки чун кишварҳои Шарқ дар Бухоро “Анҷумани таърихӣ-адабӣ” (академия)-ро барпо кунем». Ф. Хоҷаев ин пешниҳодро пазируфт. Ба ин тариқ, Абдуқодир Муҳиддинов, Шоиқ Афандӣ, Домулло Изомӣ ва С. Айнӣ ба ҳайати садорати анҷуман дохил шуданд. Изомӣ мегӯяд: «С. Айнӣ ҳар рӯз дар хонае соати 8:45 ҳамаро ҷамъ мекард ва соати 9:00 корро оғоз менамуд. Дар ин анҷуман танҳо Садри Зиё ҳақ дошт, ки сари вақт ҳозир нашавад».

Бояд гуфт, ки С. Айнӣ дар миёни ҳамрадифони худ шояд яке аз аввалин зиёиёни салтанати амирсолории Бухоро буд, ки инқилоби русҳоро ба зудӣ пазируфт. Чунин рафтори ӯ дар миёни алоқамандон саволҳоеро ба миён меорад. Яке аз саволҳое, ки посух мехоҳад, ин аст: оё С. Айнӣ ҳадафи инқилоби русӣ ва иқдомҳои болшевикҳоро дарк карда буд? Мо бар ин ақидаем, ки С. Айнӣ то поёни умр моҳияти ҷомеаи сотсиалистиро пурра нафаҳмид ва тамоми фаъолияташ барои пойдории сохти нав ба хотири зинда мондан ва ба мардумаш хизмат кардан буд.

Яъне устод шояд худро ба замона мутобиқ сохт, зеро илоҷи дигаре надошт. Масалан, шоире бо номи Абдураҳмони Кӯлобӣ мадрасаро дар Бухоро хатм карда, пас аз бозгашт ду мадраса таъсис додааст. Ӯ барои дарс гуфтан донишмандонро аз Бухоро, Кобул, Ҳиндустон ва Покистон даъват кардааст. Илова бар ин, Абдураҳмони шоир ҳамроҳи Олимхон ва Файзулло Хоҷаев Академияи ҳарбии Петербургро хатм кардааст. Ӯ дар мактабҳои Олмону Туркия низ таҳсил карда, забонҳои арабӣ, туркӣ, русӣ ва олмониро медонистааст. Абдураҳмон мисли Файзулло Хоҷаев дар солҳои аввали инқилоб узви ҳизби болшевикӣ шудааст.

Абдураҳмон солҳои сиюм яке аз роҳбарони сохтмони иншооти обёрии Вахш будааст. Ӯ ба ин сохтмон мутахассисони олмониву амрикоиро даъват мекардааст. Ҳамон айём шоири навқалам Мирсаид Миршакарро низ бо худ бурдааст. Бо вуҷуди ин ҳама хидмату садоқат, Абдураҳмони шоир соли 1937 бо туҳмат парронда шуд. Писари ӯ — Абдуразоқ, падари ҳунарманди шинохта Ҳабибулло, мадрасаи Бухороро хатм карда, яке аз донишмандони замони худ будааст. Вале Абдуразоқ низ соли 1937, пас аз се дафъа дучори туҳмат шудан, зиндонӣ гардид. Ӯро танҳо соли 1954 озод карданд. Ӯ ба фарзандаш Ҳабибулло ҳикоят кардааст, ки дар зиндони Қазоқистон 45 ҳазор мударриси тарбиядидаи мадрасаҳои Бухоро азият мекашиданд.

Аз ин шумора се ҳазор нафар зинда монда, дар пиронсолӣ ба озодӣ баромаданд… Пас, бояд андеша кард, ки С. Айнӣ дуруст рафтор кардааст ё не. Ба хотири рушди адабиёту фарҳанг ва бақои қавму миллат ба замона мутобиқ шудан бадие надорад, зеро бо мурури замон таърих ҳаққу ноҳақро муайян хоҳад кард. Чунон ки ҳодисаҳои солҳои навадуми Тоҷикистон нишон доданд, ба кишварҳои дигар рӯ овардани як зумра шоирону донишмандони тоҷик ба хотири манфиати илму адабиёту фарҳанг сурат гирифтааст.

Аз сӯи дигар, С. Айнӣ аз солҳои таҳсил дар мадраса беадолатиро мазаммат мекард ва ҳамеша тарафдори табақаи заҳматкаш буд. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ сохти амирсолории Бухороро бад медид, аммо ҷуръат надошт ошкоро бар зидди он садо баланд кунад. Илова бар ин, бо амри амир ӯро 75 чӯб зада, ба обхонаи арк андохтанд ва дар пайи воқеаи Колесов бародараш Сироҷиддинро ба қатл расонданд. Чанде баъд бародари дигараш — Муҳиддинро низ ҷисман нобуд карданд. Агар аскарони сурх ӯро аз обхонаи арк берун намеоварданд, яқинан С. Айнӣ ҳалок мешуд. Аз ин рӯ, нависанда дар симои аскарони рус наҷотдиҳандагони худро медид. Маълум аст, ки С. Айнӣ алайҳи муллоҳо мубориза мебурд, ҳол он ки он айём мардум ба онҳо бовар доштанд ва аз пайи онҳо мерафтанд. Аз ҳамин сабаб, таъқиби С. Айнӣ оғоз ёфт ва ҳатто хатари ба қатл расондани ӯ ба миён омад. Дар ин вазъият низ болшевикҳои Самарқанд ӯро зери ҳимояи худ гирифтанд. Гӯё русҳо бори дувум ӯро аз марг наҷот доданд. Ниҳоят, С. Айнӣ эҳсос кард, ки ҷомеаи нав ба ӯ ниёз дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин садоқат, соли 1937 С. Айнӣ душмани халқ эълон шуд ва номи ӯро аз хиёбони «Регистон»-и Самарқанд бардоштанд. Ба замми ин, ронандаи С. Айнӣ — Бобоқул аз Сталинобод хабар меовард, ки дар ҳама ҷо ӯро бадном мекунанд. Дар чунин шароит С. Айнӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва ҳар лаҳза интизори зиндонӣ шудан буд. Ӯ дарҳол ба А. Лоҳутӣ нома навишт ва ӯро аз ин туҳматҳо огоҳ сохт. А. Лоҳутӣ сарнавишти С. Айниро ба нависандаи бонуфузи рус А. Фадеев нақл кард. А. Фадеев ҳамроҳи М. Молотов ба назди И. В. Сталин рафт. Сталин пас аз огоҳ шудан аз рӯзгори С. Айнӣ гуфт: «Ин марди кӯҳансолро эҳтиёт бояд кард. Ӯ рамзи мардуми бузурги форсизабон мебошад». Пас аз ин, муовини А. Фадеев — Ставский ба Самарқанд фиристода шуд. Ӯ С. Айниро бо худ ба Маскав бурд ва чанде баъд истироҳати устодро дар Сочӣ ташкил карданд.

Гумон меравад, ки С. Айнӣ пас аз ҳодисаи соли 1937 моҳияти воқеии ҷомеаи сотсиалистиро то андозае дарк кард ва баъдҳо кӯшид дар васфи он камтар нависад.

Чунон ки маълум аст, С. Айнӣ ҳамеша дар Самарқанд иқомат мекард ва гоҳ-гоҳ барои иштирок дар маҷлисҳои садорати Академияи илмҳо ба Сталинобод меомад. Ӯ аз соли 1951 роҳбарии академияро ба уҳда дошт.

Ҳарчанд С. Айнӣ то поёни умр дар Самарқанд зиндагӣ кард, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дӯст медошт ва аз он ифтихор мекард. Агар касе пас аз хатми мактаби олӣ ният мекард барои кору иқомати доимӣ ба Тоҷикистон кӯч бандад, С. Айнӣ ӯро табрик мегуфт. Академики соҳаи тиб Ҳомид Мансуров, ҷияни ҳамсари устод, менависад, ки С. Айнӣ ҳанӯз дар солҳои таҳсилаш дар донишгоҳ ӯро ташвиқ мекардааст, ки барои кори доимӣ ба Тоҷикистон равад, зеро ҷумҳурӣ ба мутахассисон ниёз дошт.

Менависанд, ки С. Айнӣ ҳар дафъа ҳангоми сафар ба Сталинобод дар бӯстонсарои ҳукуматӣ иқомат мекард. Ӯ ҳар саҳар рӯи сандалии назди ҳавлӣ нишаста, рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикиро мутолиа менамуд.

Устод бори охир моҳи майи соли 1954 ба Сталинобод сафар карда, дар конференсияи илмӣ оид ба масъалаҳои забон иштирок намуд. Пас аз он, ба сабаби авҷ гирифтани бемориаш, дар бӯстонсарои ҳукуматии Сталинобод бистарӣ шуд.

Дар бораи рӯзҳои охири ҳаёти С. Айнӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров менависад, ки 15 июли соли 1954 вазъи саломатии устод ниҳоят вазнин шуд. Он рӯз, ҳангоми чошт, дар назди ҳавлие, ки С. Айнӣ дар он бистарӣ буд, А. Деҳотӣ, Неъматуллоев, Ғулом Алиев ва Ҳабиб Аҳрорӣ ҳузур доштанд. Устод дар хонаи аввали қисми ҷанубу шарқии бино ба болиштҳои баланд такя зада буд. Дар атрофаш хешу ақрабо ва духтаронаш — Холидаву Лутфия дар давутоз буданд. Ҳомид Мансуров болои сари С. Айнӣ истода, сари ӯро бо дасти чапаш баланд нигоҳ медошт ва бо дока ё пахта ба даҳони устод об мечаконд. Инҳо лаҳзаҳои охири зиндагии С. Айнӣ буданд. Ҳамон рӯз, нисфирӯзӣ, устод бо олами равшан абадан видоъ кард… Пас аз на камтар аз як соат Ҳ. Мансуров, Ғ. Алиев ва чанд нафари дигар ҷасади устодро эҳтиёткорона ба назди мошини «Волга» — М-21 оварда, ба дохили он гузоштанд. Ду-се нафар аз наздикони марҳум ба ҳамон мошин ва дигарон ба мошинҳои дигар савор шуда, роҳи ҳавлии устодро пеш гирифтанд.

Дар муддати кӯтоҳ атрофи ҳавлии бӯстонсаро, майдони назди фаввораи қисми шарқии ҳавлӣ ва тарафи ҷанубии он аз одамону мошинҳо пур шуд.

Вақте ки ҷасади устодро ба ҳавлиаш расонданд, кӯчаи онвақтаи Ботаникӣ (ҳоло ба номи Ҳамза Ҳакимзода), кӯчаи Рӯдакӣ ва атрофи ҳавлии марҳум аллакай аз алоқамандон пур буд. Адибону олимон, аз ҷумла М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода ва М. Миршакар, инчунин устодону донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳр, мактаббачаҳо, коргарону деҳқонон ҷамъ омада буданд.

Шаби 15 июл, пас аз муайян шудани рӯзи дафни устод ва ба хонаҳояшон рафтани аксари ҳозирин, суратгирон чанд бор аз ҷасади дар тобутбудаи ӯ акс гирифтанд. Ҳамон вақт ҳайкалтарош Е. Татаринова бо иҷозати хешовандони марҳум ду-се бор аз рӯи ӯ қолаби гаҷӣ гирифт. Ба ин восита тарҳи симои С. Айнӣ барои оянда нигоҳ дошта шуд.

17 июл, тақрибан соатҳои панҷу шаши субҳ, тобутро бо ҷасади устод ба дохили ҳамон мошини сабукрав гузошта, ба бинои Театри опера ва балет оварданд. Соати даҳи саҳар дар майдони «800-солагии Москва» тақрибан дусад то сесад ҳазор нафар барои видоъ ҷамъ омаданд. Тамоми маросими видоъ бо устод аз оғоз то анҷом тавассути радиои ҷумҳурӣ пахш гардид. Матнҳо аз болохонаи театр хонда мешуданд. Овозхонҳои «Шашмақом» — Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова ва Туҳфа Фозилова сурудҳои дилхарошро бо сӯзу гудоз месуруданд.

Соати чаҳор маросими видоъ бо устод анҷом ёфт ва ҳамагон роҳи Боғи шаҳрии фарҳангу истироҳатро пеш гирифтанд. Онҳо аз даромадгоҳи ҷанубу шарқии боғ, ки бо дарвозаю панҷараҳои баланди кунгурадор оро ёфта буд, ворид шуда, ба қисми ҷанубу ғарбии он рафтанд. Дар он ҷо, ҷанубтар аз қабри шаҳидон, ҷасади устод С. Айниро ба хок супориданд. (Муфассал ниг.: С. Табаров. «Ёди устод». — «Садои Шарқ», 1979, № 4, саҳ. 123–133.)

Ба нақли академик М. Шукуров, дар соли вафоти С. Айнӣ боғи шаҳрӣ ҳамчун ҷойи муваққатии дафни ӯ интихоб шуда буд, зеро он вақт барои марқади устод мавзеи муносибе вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб, соли 1958 турбати С. Айниро ба «Боғи Айнӣ» кӯчонданд. Маълум мешавад, ки ҷасади устод дар сандуқ гузошта шуда, қисми болои баданаш мумиёӣ ва болои рӯяш шишабандӣ гардида буд. Вақте тобутро аз хок берун оварданд, рӯи Айнӣ тоза ва зинда менамуд. Аммо пас аз чанд лаҳза, бинобар аз қабати шиша ворид шудани ҳаво, бофтаҳои рӯяш нарм шуданд ва дидани чеҳраи марҳум душвор гардид. Сипас турбати устодро бо сандуқ дар ҷойи феълиаш, зери санги мармари қабр, ки ба хона монанд аст, ҷой доданд. Яъне турбат ба хок гӯронида нашудааст. Ҳоло болои мазори С. Айнӣ нимпайкараи гаҷии ӯ қарор дорад. Дар ин боғ шахсиятҳои фарҳангии ҷумҳурӣ — академикҳо Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ, инчунин шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода низ мадфунанд.

Соли 1978 ҷомеаи тоҷик садсолагии С. Айниро таҷлил намуд. Дар Душанбе ба хотири устод ду ёдгорӣ қомат афрохт. Яке аз онҳо «М. Горкий ва С. Айнӣ» ном дошта, лаҳзаи суҳбати ду чеҳраи адабиёти шуравиро тасвир мекунад. Ин муҷассама дар назди Хонаи адибони Тоҷикистон, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, гузошта шуд. Онро муҷассамасози машҳури москвагӣ Исак Давидович Сфомятникович сохтааст.

Ёдгории дигар пайкари биринҷии Айнӣ аст, ки 6,9 метр баландӣ дошта, рӯи пояи 4,2-метра қарор дорад. Муаллифони он Умар Элдаров, Александр Агаронов ва Рустам Каримов мебошанд. Онҳо муҷассамаро дар давоми ду сол офаридаанд. Ин маҷмаа рӯ ба рӯи Осорхонаи Беҳзод, дар назди Хонаи хизматрасонии маишии «Садбарг» ва меҳмонхонаи «Душанбе», бунёд шудааст.

Ба маҷмааи муҷассамаи С. Айнӣ боз се композитсия — «Одина», «Озодӣ» ва «Ғалаба» илова шудаанд, ки дар маҷмуъ рӯзгори устод ва қаҳрамонони осори ӯро инъикос мекунанд. (Ниг.: Ӯктам Пӯлодов. «Ёдгории абадӣ». — Ҳамон маъхаз, саҳ. 134–137.)

Илова бар ин, дар рӯзҳову моҳҳои омодагӣ ба ҷашни садсолагии С. Айнӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳои Тоҷикистон хотираҳои фарзандони устод — Холида ва Камол Айнӣ, академик Ҳомид Мансуров, Раҳим Ҳошим, Соҳиб Табаров, Ӯктам Пӯлодов, Аслиддин Қамаров ва дигарон чоп шуданд. Ин хотираҳо барои равшантар сохтани рӯзгор ва фаъолияти эҷодии устод маводи арзишманданд. Азбаски мақолаҳои мазкур парокандаанд ва баъзеашон аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои давр канда гирифта шудаанд, мо дар ин матн ҷо-ҷо аз муҳтавои онҳо истифода кардем. Ҳадаф он аст, ки алоқамандон бо ин чеҳраи барҷастаи адабиёту фарҳанги форсии тоҷикӣ бештар ошно шаванд.

Чунон ки маълум аст, устод С. Айнӣ аз оғози солҳои бистум ба омӯзишу таҳқиқи осори Рӯдакӣ таваҷҷуҳ пайдо кард. Соли 1934 ӯ охирин мақолаашро дар бораи маҳалли дафни Рӯдакӣ навишт. Ин мақола бо номи «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рӯдакӣ» дар матбуоти Эрон низ ба чоп расид. Адиб дар он орзуи аз рӯи устухони сару рӯи Рӯдакӣ барқарор кардани чеҳраи шоирро баён намуд. С. Айнӣ огоҳ буд, ки бо ташаббуси олими шинохтаи рус М. М. Герасимов ва бо истифода аз дастовардҳои илми антропология симои Амир Темур, Шоҳрух ва Улуғбек барқарор карда шудааст. Аз ҷумла, устод ишора кардааст, ки агар устухони сару рӯи Рӯдакӣ солим пайдо шавад, аз рӯи он симои аслии ин устоди бузургро низ муайян кардан мумкин аст. Яке аз орзуҳои С. Айнӣ кушодани қабри устод Рӯдакӣ ва пас аз ҳазор соли ҷудоӣ ба мардум нишон додани чеҳраи ӯ будааст. Дар ин масъала С. Айнӣ хеле сахтгир буд: ҳар гуфтаву навиштаро дар бораи Рӯдакӣ дақиқ месанҷид ва барои ӯ «ҳеҷ чизи хурд, ҳеҷ чизи назарногир ва ночиз вуҷуд надошт».

Ба нақли Камол Айнӣ, рӯзе ба ҳавлии онҳо дар Самарқанд се нафар аз Сталинобод меҳмон шуданд. Яке аз онҳо бостоншиноси рус В. Р. Чейлитко будааст. Дар оғоз устод хеле шод шуд, ки мутахассиси бостоншинос ба ӯ муроҷиат кардааст ва шояд барои муайян кардани симои Рӯдакӣ кумак карда тавонад. Чейлитко аз солҳои чиҳилум дар атрофи Панҷакент ва Панҷрӯд борҳо корҳои ҳафриётӣ анҷом дода буд. Ӯ ният дошт бо роҳнамоии С. Айнӣ қабри Рӯдакиро кушояд.

Ҳангоме ки С. Айнӣ бо меҳмон суҳбати гарм дошт, писараш Камол бо як сатил мева вориди ҳавлӣ шуд. Ӯ навакак аз боғи беруни шаҳр баргашта буд ва сарулибосаш чанголуд буд. С. Айнӣ ба саломи Камол ҷавоб дода, гуфт:

— Барои меҳмон ду табақ мева шуста биёру ҳеҷ ҷо нарав.

С. Айнӣ суҳбатро бо меҳмон идома дода, дар бораи кашфиёт дар соҳаи рӯдакишиносӣ баҳс мекард. Чейлитко, гӯё кайҳо қабри Рӯдакиро кушода бошад, бо ғуруру боварии қатъӣ мегуфт, ки ба кори барқарор кардани чеҳраи Рӯдакӣ ҳатман худаш роҳбарӣ хоҳад кард.

— Ин кашфиёт чунон кори бузургест, — идома дод ӯ, — ки ба каси дигаре бовар кардан муҳол аст.

Чунин ранг гирифтани суҳбат ва оҳанги гуфтори бостоншинос ба С. Айнӣ писанд наомад. Аз ин рӯ, ӯ чанд саволи дигарро оид ба қабатҳои замин, усулҳои атиқашиносӣ, нишонаҳои сафолшиносӣ, хатхонӣ, сиккашиносӣ ва дигар масъалаҳои бостоншиносӣ ба миён гузошт, то дониши воқеии Чейлиткоро бисанҷад. Бо ин мақсад ба меҳмон муроҷиат карда гуфт:

— Рафиқ Чейлитко, ҳоло ки шумо мехоҳед қабри Рӯдакиро кушоед ва чеҳраи ӯро аз рӯи устухони сару рӯяш мисли аслаш созонед ва мебинам, ки ба худатон боварии қавӣ ҳам доред, ба як суоли ман ҷавоб диҳед.

Ин сухан таваҷҷуҳи ҳамаро ба С. Айнӣ ҷалб кард. Устод аввал ба Абдулҳамид — хоҳарзодаи ҳамсараш, ки бо либоси покиза ва дасту рӯи шуста мисли фарзанди соҳибхона нишаста буд, ишора кард. Сипас Камолро, ки навакак аз боғ омада, ба меҳмонон хизмат мекард, нишон дода, аз Чейлитко пурсид:

— Шумо ҳоло бигӯед, ки аз ин ду писар кадомаш фарзанди ман аст?

Чейлитко ба Камол аз сар то по бодиққат нигарист. Ӯ медид, ки ин писар хизмат мекунад, навакак аз боғ меваи тоза овардааст, либосҳояш чандон хуб нестанд ва дар гарданаш фалахмон овезон аст. Камол ба назари ӯ бачаи деҳотӣ менамуд. Бостоншинос ба ҳар ду писар нигоҳ карда, ба Абдулҳамид ишора намуд ва гуфт:

— Ман шубҳае надорам, ки ин писарак фарзанди шумост.

С. Айнӣ пас аз шунидани ин ҷавоб чизе нагуфт ва эҳсосашро низ ошкор накард. Ҳамон лаҳза яке аз дӯстони наздики устод вориди хона шуд. С. Айнӣ боз ба меҳмон муроҷиат кард:

— Пас, ҳоло бигӯед, ки ин шахс кист? Ба ин бачаҳо дахле дорад ё не?

Чейлитко ба он мард нигарист. Ӯ куртаву эзори сафеди маҳаллӣ, яктаҳи сафеди беастар ва кафши одии ҷойдорӣ дошт. Бостоншинос лаҳзае хомӯш монд, сипас Камолро нишон дода гуфт:

— Албатта, ин кас падари ин писар аст.

С. Айнӣ дигар ҳавсалаи суҳбат надошт. Ӯ соаташро аз таги кӯрпача гирифта, ба он нигарист ва гуфт, ки вақташ тамом шудааст. Сипас ба ҳамроҳони Чейлитко рӯ оварда, суханашро идома дод:

— Беҳтар аст, ки ин шахс ба қабри Рӯдакӣ ва чеҳраи ӯ коре надошта бошад.

С. Айнӣ мактуберо, ки Чейлитко аз Сталинобод оварда буд, бори дигар аз назар гузаронда, ба бостоншинос гуфт:

— Рафиқ Чейлитко, ба ақидаи ман, беҳтар аст, ки шумо ба Сталинобод рафта, ба корҳои асосии худ машғул шавед…

(Барои маълумоти бештар ниг.: К. Айнӣ. «Чеҳраи Рӯдакӣ». — «Садои Шарқ», 1979, № 4, саҳ. 102–109.)

Шахси дигаре, ки С. Айниро хеле хуб мешинохт, шогирди ӯ — адабиётшинос ва мутарҷими варзидаи тоҷик Раҳим Ҳошим буд. Р. Ҳошим назди С. Айнӣ дарс хонда, муддати зиёд бо ӯ дар як ҷо кор карда ва чанд сол котиби устод будааст. Ӯ баъдтар дар бораи ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти эҷодии С. Айнӣ, муомилаву муносибаташ бо ҳамкорон, корафтодагон ва шогирдон, инчунин иштироки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ хотираҳо навиштааст.

Р. Ҳошим рӯзҳои пас аз зиндони амир озод шудани С. Айниро ба ёд оварда, таъкид мекунад, ки устод ҳанӯз пурра сиҳат нашуда буд. Илова бар ин, солҳои 1918–1919 ӯ бехонаву ҷой буд ва зери таҳдиду таъқиби қотилони фиристодаи амир қарор дошт. Бо вуҷуди ин, ҳамеша барои дарс гуфтан ҳозир мешуд. С. Айнӣ он замон ду-се соат пештар ба мактаб омада, назди бухорӣ менишаст ва дафтарҳои шогирдонро хондаву ислоҳ мекард ё китобу рӯзнома мехонд. Интизомнокӣ яке аз меъёрҳои асосии кору зиндагии устод буд.

Солҳои сиюм ба дари утоқи кории С. Айнӣ, ки ҳамзамон меҳмонхонааш буд, варақе овехта шуда буд. Он ба чашми ҳар касе, ки вориди утоқ мешуд, мерасид. Дар варақ се таъкид навишта шуда буд:

— Дар назди ман бисёр нашинед, ки машғули кор ҳастам.

— Таваққуи дастархон надошта бошед, ки дастёр надорам.

— Дар ин ҷо имкони шаб хобидан нест.

Шогирдон ин эълонномаро «Се шарти устод С. Айнӣ» меномиданд.

Солҳои 1948–1950 Р. Ҳошим дар Самарқанд то андозае вазифаи котиби С. Айниро иҷро мекард. Устод, агар коре ё фармоише медошт, ӯро бо хатчае ба наздаш даъват менамуд. Яке аз ин хатчаҳо чунин мазмун дошт: «Рафиқ Раҳим Ҳошим! Илтимос дорам, ки соатҳои даҳ як сари қадам омада равед. Айнӣ, 10 январ 1950». Ҳамчунин, вақте С. Айнӣ қисми сеюми «Ёддоштҳо»-ро менавишт, бахши ҳамон рӯз навиштаашро ба Р. Ҳошим медод ва хоҳиш мекард, ки онро бо овози баланд хонад. Бо ин роҳ устод мехост бишнавад, ки навиштаҳояш чӣ гуна садо медиҳанд. (Ниг.: Р. Ҳошим. «Сухан аз устод ва дӯстон…».)

С. Айнӣ ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус дошт. Академик Ҳомид Мансуров дар ин бора менависад, ки устод ҳанӯз солҳои сиюм зарурати дар мактабҳои русӣ таҳсил кардани кӯдаконро хуб дарк мекард. Аз ин рӯ, ӯ барои фарзандонаш Холидаву Камол ва ҷияни ҳамсараш Абдулҳамид муаллими хонагии забони русиро даъват карда буд. Худи устод низ барои омӯхтани забони русӣ бисёр кӯшиш кардааст. Ӯ ҳатто соли 1918 ба муаллими забони русӣ А. Лемановский муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар омӯзиши ин забон ба ӯ ёрӣ расонад. Устод хусусиятҳои забони русиро то андозае дарк карда, дар таҳрири луғати русӣ-тоҷикӣ иштирок намудааст. Р. Ҳошим дар ин замина лаҳзаеро ба ёд меорад, ки ба баҳси Айнӣ бо профессори шинохтаи рус Поливанов марбут аст. Рӯзе Поливанов гуфтааст, ки сездаҳ забонро медонад. С. Айнӣ ин суханро шунида, аз болои айнак бо шубҳа ба ӯ нигариста, пурсидааст:

— Дар ҳамаи ин забонҳо хонда метавонед?

— Бале.

— Навишта метавонед?

— Бале.

— Гап зада ҳам метавонед?

— Бале.

— Забони тоҷикӣ ҳам ба ин забонҳо дохил аст?

— Бале.

— Пас, маълум мешавад, ки шумо ҳеҷ кадом аз ин забонҳоро намедонистаед.

Ин муколама нишон медиҳад, ки С. Айнӣ дар масъалаи забондонӣ серталаб будааст. Ҳарчанд ӯ ба забони арабӣ таҳсил карда буд, ҳеҷ гоҳ худро арабидон намешуморид.

Соли 1938 як зумра олимони тоҷик бо мақсади ба забони гуфтугӯӣ наздик кардани забони китобӣ хостанд пасоянди «ро»-ро аз забони тоҷикӣ хориҷ кунанд. Лоиҳаи фармони ҳукумат низ омода шуда, 2 январи соли 1939 дар матбуот ба чоп расида будааст. Дар ин замина истифодаи чунин ҷумлаҳо пешниҳод шудааст: 1) «Китоба чанд пулба харидед?»; 2) «Рафиқ Ленин бачаҳоя дӯст медошт». Дар ҳар ду мисол пасоянди «ро» ҳазф шудааст.

С. Айнӣ пас аз огоҳ шудан аз мазмуни ин лоиҳа, ки метавонист ба зудӣ ҳамчун фармон эътибор пайдо кунад, дарҳол аз Самарқанд ба Сталинобод роҳ пеш гирифт. Устод пас аз ду-се соати расидан ба меҳмонхона тавассути шахсе намояндаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон И. С. Брагинскийро ба наздаш даъват кард. Брагинский мухолифи истифодаи пасоянди «ро» дар забони тоҷикӣ будааст. Вақте ӯ вориди меҳмонхона шуд, устод аз болои айнак бо хашм ба ӯ нигариста, пурсид:

— Ҳамон Брагинский, ки ба муқобили пасоянди «ро» баромадааст, шумоед? Шумо шахси рус, аз куҷо медонед, ки ин пасоянд дар забони тоҷикӣ лозим аст ё не?

Баҳс идома ёфт ва пасоянди «ро» нигоҳ дошта шуд.

Мавзӯи дигаре, ки дар робита ба рӯзгори шахсии С. Айнӣ гоҳ-гоҳ миёни алоқамандони адабиёту фарҳанг ба шӯхӣ матраҳ мешавад, масъалаи мумсикӣ аст. Мегӯянд, ки устод ҳангоми офаридани симои Қорӣ Исмати судхӯр аз баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худ истифода кардааст. Ҳатто баъзан чунин сухан ба гӯш мерасад: «Қорӣ Исмат худи Айнист». Албатта, ин пиндори баъзе ғайримутахассисон дуруст нест. Аммо мусаллам аст, ки С. Айнӣ қадри пули бо заҳмат бадастовардаашро медонист ва сарфакориро меписандид. Устод аз кӯдакӣ муҳтоҷӣ кашида, орзуи зиндагии беҳтар дошт. Аз сӯи дигар, ӯ хуб дарк мекард, ки пулу сарват метавонад инсонҳоро аз роҳи инсонгарӣ дур карда, ба ҳаромхӯриву хиёнат барад.

Бесабаб нест, ки устод ба фарзандонаш, ки дар Петербург таҳсил мекарданд, моҳе бештар аз се сӯм намефиристод. Ӯ ба дӯстонаш дар он ҷо низ менавишт, ки ба хотири ӯ ба фарзандонаш ёрии пулӣ нарасонанд. Ҳамин муносибати устод боис шуд, ки ҳар се фарзандаш — Камол, Холида ва Лутфия роҳи падарро идома диҳанд ва ҳар кадом дар таҳқиқи адабиёту фарҳанг саҳм гузоранд. Дар миёни бузургони асри охир кам касонеро метавон ёфт, ки дар тарбияи маънавию фарҳангии фарзандон чунин комёб шуда бошанд.

С. Айнӣ фарзандонашро дар рӯҳияе тарбия кард, ки тавонанд кори падарро идома диҳанд. Ӯ онҳоро барои вазир ё мансабдор шудан тарбия накард, балки ба омӯзиши адабиёту фарҳанг ва илм раҳнамун сохт. Масалан, Камол Айнӣ дар муаррифии Ҳилолӣ саҳм гузошта, як силсила мақолаву асарҳои адабиётшиносӣ навиштааст. Ӯ ҳамзамон ба таҳқиқи эҷодиёти С. Айнӣ машғул буда, пайваста мекӯшад саҳифаҳои норӯшани рӯзгори падарро равшан созад. Бо ин мақсад ӯ дар бораи С. Айнӣ маводи зиёде ҷамъ овардааст, ки то имрӯз барои алоқамандон номаълум аст. Яъне ӯ барои дурусттар шиносондани С. Айнӣ талош мекунад. Рӯзе мерасад, ки ин фарзанди бонангу номус дар бораи падари барӯмандаш китоби ҷиддие ба вуҷуд меорад…

Барои тақвияти гуфтаҳои боло бояд таъкид кард, ки «мумсикӣ»-и устод С. Айниро ба маънои сарфакорӣ ва қадр кардани заҳмати пулёбӣ фаҳмидан лозим аст. Ҳамчунин маълум аст, ки бо гузашти вақт дар бораи бузургон ҳикояту ривоятҳо бофта мешаванд, то мақому манзалати онҳоро баландтар нишон диҳанд.

Маълум аст, ки моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт ва устод С. Айнӣ нахустин президенти он интихоб шуд. Табиист, ки пеш аз баргузории маҷлиси аввал масъалаи номзадии ӯ ба ин вазифа дар идораҳои болоӣ ҳал шуда буд. Ба ин хотир яке аз кормандони идораи дахлдорро вазифадор карданд, ки ба Самарқанд рафта, ин хабарро ба устод расонад ва ӯро ба Сталинобод даъват кунад. Намоянда бо эҳтиром ба С. Айнӣ хабар дод, ки бояд розигии худро барои ишғоли ин вазифа баён намояд. Устод истилоҳи «президенти Академияи илмҳо»-ро шунида, гӯё маънояшро нафаҳмида бошад, пурсид:

— Ман чӣ будани вазифаи президентиро намефаҳмам. Марҳамат карда бигӯед, ки маошаш чанд аст?

Намоянда маблағи баланди маошро гуфт. С. Айнӣ ҷавоб дод:

— Розӣ ҳастам.

Сипас намоянда аз устод хоҳиш кард, ки барои иштирок дар маҷлиси аввал ба Сталинобод сафар кунад. Ҳамсари устод чун анъана тӯшаи сафари ӯро аз ду-се нон ва як мурғи пухта омода карда, ба сабад гузошт ва ба дасти намоянда дод. Ҳангоми сафар бо қатора онҳо ҳамчун мусофирони ҳукуматӣ пазируфта шуданд ва хароҷоти хӯрокашон низ аз ҳисоби давлат пардохт гардид. С. Айнӣ гӯё тӯшаи сафарашро фаромӯш карда буд ва аз намоянда дар бораи сабад чизе напурсид. Вақте ба истгоҳи роҳи оҳани Сталинобод расиданд, чанд тан аз шоирону олимон ӯро пешвоз гирифта, то мошини хизматӣ гусел карданд. Мошин ба назди меҳмонхонаи ҳозираи «Душанбе» наздик шуда буд, ки устод ногаҳон ба намоянда рӯ оварда пурсид:

— Сабад куҷост?

Намоянда дар ҳолати ногувор монда, узр пурсид ва гуфт, ки сабадро дар купеи қатора фаромӯш кардааст. Мошинро ба қафо гардонданд. Намоянда сабадро ёфта, бо хушнудӣ гуфт: «Хайрият, ки фаррошҳо ҳоло рӯбучинро сар накарда будаанд». Сипас мошини хизматӣ роҳи бӯстонсароро пеш гирифт. С. Айниро дар беҳтарин утоқ ҷой доданд. Намоянда сабадро дар ҷевони хурди назди кати устод гузошт ва хайрухуш карда рафт.

Пас аз се рӯз устод гӯё гуруснагиро эҳсос карда, ба сабад нигарист, аммо мурғи пухтаро дар он наёфт. Ӯ бо ташвиш ба намоянда занг зада, аз гум шудани мурғ хабар дод. Намоянда зуд ба бӯстонсаро расид ва ҳамаи кормандонро ҷамъ карда пурсид, ки ғизои дохили сабад куҷо шудааст. Ҳеҷ кас ҷавоби равшане дода натавонист. Ҳама худро нороҳат ҳис карда, шарм доштанд ва ба якдигар бо нигоҳи саволомез менигаристанд. Ҳамон лаҳза устод дар даҳлез гурбаеро дид, ки вазнин қадам мезад. Бо амри ӯ гурбаро доштанд. Устод онро бардошта, вазнашро санҷид ва аз ҳозирин хост, ки пас аз ду рӯз боз оянд. Баъди рафтани онҳо С. Айнӣ гурбаро дар утоқи худ маҳкам карда, ба он хӯрок надод.

Пас аз гузаштани муҳлати муайяншуда устод кормандонро ҷамъ карда гуфт:

— Дуздро ёфтам.

Ҳама ҳайрон шуданд, ки дузд кӣ бошад. Устод ба гурба ишора карда гуфт:

— Ана дузд.

Гурба дуртар аз устод бепарво нишаста, лаб мелесид ва бо панҷаҳо гӯё рӯяшро мешуст. С. Айнӣ ба кормандон муроҷиат карда, хулоса намуд:

— Гап дар ин нест, ки мурғи пухта гум шуду банда дар пайи пайдо кардани он шудам. Гап дар он аст, ки гунаҳкор шумо — хизматгорон не, балки ҳамин гурба будааст. Шумо дар ин ҷо ҳеҷ гуноҳе надоред ва виҷдонатон соф аст. Мо гунаҳкорро ёфтем.

Албатта, шояд ин ҳодиса дар зиндагии С. Айнӣ воқеан рух надода бошад. Аммо ин ҳикоят ҳақиқатҷӯии устодро инъикос мекунад: ӯ тамоми умр дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд. С. Айнӣ ҳамеша барои дифоъ аз инсон талош мекард ва аз роҳи ҳақиқату ҳалолкорӣ берун намерафт. Маънои ҳикояти бофтаи боло низ ҳамин аст. Тибқи ин ҳикоят, С. Айнӣ масъалаи гум шудани мурғи пухтаро барои он пайгирӣ кардааст, ки хизматгорони бӯстонсаро гунаҳкор дониста нашаванд. Дар акси ҳол, яке аз кормандон зери шубҳа мемонд ва адлу инсоф осеб медид…

Дар робита ба ин мавзӯъ боз як-ду лаҳзаи дигарро, ки хислатҳои шахсии устодро равшан месозанд, аз нақлҳои профессори марҳуми забоншинос Б. Ниёзмуҳаммадов меорем. Рӯзе С. Айнӣ мактуби шахсиашро тавассути ронанда ба котиботи академия фиристодааст, то онро ба нишонии муайяншуда равон кунанд. Ӯ ҳамроҳи нома пули лифофаю тамғаро низ додааст. Кормандони котибот мактубро фиристода, пули устодро тавассути ронанда баргардондаанд. С. Айнӣ аз ин амал норозӣ шуда, ба Б. Ниёзмуҳаммадов, ки ҷонишини президенти академия будааст, супориш додааст, ки бо кормандони садорат маҷлис гузаронад. Устод хостааст ба онҳо қатъӣ таъкид шавад, ки минбаъд чунин амалро такрор накунанд, хароҷоти шахсиро аз хароҷоти давлатӣ ҷудо донанд ва аз маблағи давлат ҳатто як қиронро ҳам барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода набаранд.

Рӯзи дигар касе аз боғи ботаникӣ дарахтеро, ки аз Африқо оварда буданд, дуздидааст. Устод ҳамаи идораҳои масъули шаҳрро ба по хезонда, қатъӣ талаб кардааст, ки гунаҳкорро пайдо карда, ҷазои сахт диҳанд… С. Айнӣ мошини хизматиашро ҳатто як дақиқа зиёдатӣ ва берун аз доираи вазифаи расмӣ истифода намекардааст. Ӯ ҳар бор ронандаро рухсат дода, вақти онро ба садорат хабар медодааст. Масалан, чунин навиштааст: «Рафиқ Ниёзмуҳаммадов! Сестра бо мошини ман барои давоҳои ман рафта буд, ки ҳозир омад ва соати севу понздаҳ дақиқа ҷавоб додам. Имзо, С. Айнӣ».

Ба ин тариқ, ёддошту хотираҳо ва ҳикояту ривоятҳои бофтаю сохтае, ки ягон паҳлуи хислатҳои наҷиб ва шахсияти С. Айниро равшан месозанд, бояд ҷамъоварӣ шаванд. Зеро ҳар қадар замони зиндагии устод аз мо дуртар шавад, шинохти чеҳраи воқеии ӯ барои наслҳои баъдӣ ҳамон қадар аҳамияти бештар пайдо мекунад. (Барои маълумоти бештар ниг.: «Садриддин Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон». — Душанбе, 1958.)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2