Зеҳн

Истиора.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Истиора калимаи арабист, маънои аслиаш ба орият, амонат ва гаравгон гирифтан аст, аммо дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист, ки ба ҷои як калима калимаи дигарро истифода мебаранд. Истиора ҳам ба маҷоз ва ҳам ба ташбеҳ наздик аст. Донишмандони илми бадеъ истиораро як нави маҷоз медонанд ба ин маънӣ, ки дар истиора калима аз маънои аслии худ хеле дур меравад. Истиораро ташбеҳи пӯшида низ меноманд ва истиора дар асоси инкишофи минбаъдаи ташбеҳи пӯшида ба вуҷуд меояд. Фарқи истиора аз ташбеҳ он аст, ки дар истиора ташбеҳшаванда зикр наёфта, фақат ташбеҳкунанда ном бурда мешавад. Масалан, дар байти:

Гули ман, иди наврӯзат муборак, Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.

калимаи «гул» ба маънои ёр омадаст ва истиора аст. Агар бигӯем, ки «ёри ман мисли гул аст», мо ёрро ба ниҳоли гул монанд кардем, ки ин ташбеҳ аст. Аммо агар бигӯем, ки «гули ман омад», дар ин ифода «гул» истиора мешавад, зеро ба ҷои калимаи «ёр» истифода шудааст. Мақсад аз истифодаи истиора, пеш аз ҳама, ҳаққиқатро барҷастатар ва бофасоҳат баён кардан аст. Аз мисоли боло маълум шуд, ки рӯи ёр мисли гул аст, аммо нагуфтем , ки «ёри ман, ки ӯ мисли гул аст, омад», баръакс кӯтоҳакак «гули ман омад» гуфтем ва дар ин ҷо «гул» киноя аз ёр мебошад. Ҳамин тариқ, «гул», ки дар ифодаи аввал ташбеҳкунанда буд, дар ифодаи сонӣ ҷои худи ташбеҳшавандаро гирифт ва ба истиора табдил ёфт. Дар байти:

Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад.

гузаштани борон истиора аст. Ба маънои оби чашм, яъне шоир гуфтан мехоҳад, ки аз рафтани ту чунон ғамгин мешавам, ки оби дидагонам мисли борон мерезад. Дар ин ифода борон ҷои ташбеҳшавандаро гирифт ва истиора шуд. Чанд мисол:

Маро аз гиряи шабҳо нашуд ҷуз дарди сар ҳосил, Ба хуни дал абас парвардаам ин тифли бадхӯро.

(Мулҳами Бухороӣ)

Ай ки бар кори шикасти дили мо мекӯшӣ, Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад.

(Ҳофиз)

Дар байти аввал ибораи «тифли бадхӯ» (ба ҷои оби дида омадаст) ва дар байти дуюм «шиша» (ба ҷои дил омадааст) истиора мебошанд. Истиора ду хел мешавад: 1. Истиораи равшан. Дар ин навъи истиора ташбеҳшаванда, яъне соҳибистиора зикр нашуда, истиорашаванда оварда мешавад. Мисол:

Барафрӯхт он моҳ чун офтоб, Фурӯ рехт бар гул зи наргис гулоб.

(Низомӣ)

Калимаҳои «моҳ», «гул», «наргис» ва «гулоб»- и байт истиораи равшананд, зеро онҳо ба маънои аслии худ наомада ба ҷои соҳибистиора - ёр, рӯй, чашм ва ашк омадаанд. 2. Истиораи пӯшида (истиораи изофӣ). Ин навъи истиора чунон аст, ки шоир истиорашавандаро умуман зикр накарда, ягон сифат, аломат, хислат ва узви онро ба таври изофат соҳибистиора месозад. Мисол:

Мисраъи барҷастаи оҳам ончунин истодааст, Об гардад шамъ, гар дар анҷуман бинад маро.

Дар ин байт соҳибистиора оҳу нола аст, ба маънои шеър омадааст ва «мисраъи барҷаста» чун истиорашаванда бо соҳибистиора дар шакли изофӣ пайвастааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2