Барои чи миён дард мекунад?
Дарди миён ин бемориес, ки новобаста аз сину соли кас пайдо мешавад ва азобе ки ӯ ба иносон медиҳам ҳам имконияти кор накарданро медиҳаду ва ҳам асабҳоро хароб мекунад. Сабаби пайдоиши дарди миён гуногун мешавад ва дар байни аз ҳама паҳншудатарин сабаб ин каҷшавии сутунмуҳра мебошад, ки дар натиҷаи он рагҳои асаб пахш шуда ба одам дарди дурудароз медиҳад.
Миён метавонад инчунин аз сабаби бемории гурда ва ё ҷигар ҳам бошад ки дар ҷамъият чунин беморон ҳам хеле зиёд ҳастанд. Дар саҳифаи мазкур асосан сухан дар мавриди дарди миён ки аз ҳисоби сутунмуҳра пайдо мешавад, сухан меравад.
Сарчашмаҳои пайдоиши дарди сутунмуҳра
Сутунмуҳраи одамон дар замонҳои қадим ҳам азобу дардҳои зиёде медод вале он замонҳо мегуфтанд, ки ин бемории пирӣ буда асосан дар натиҷаи ҷамъ шудани намак гӯё пайдо мешудаст. Лек тибби имрӯза сарчашмаҳои пайдоишро чунин номбар мекунад:
Остеохондроз, спондилез, спондилоартроз;
Сколиоз, кифосколиоз;
Грижа;
Радикулит – шамолхурӣ;
Стеноз;
Захм хурдан ва ё шикастани қабурға;
Ягон чизи вазнинро бардошта мушакҳоро пароканда кардан;
Пайдоиши номгӯи ин намуди дардҳо-бемориҳо асосан аз чунин корҳо ба миён меоянд, ки ҷумлаи онҳо ин бардоштани бори вазнин, зарбаи сахт хурдан, дурудароз – солҳои сол дар кори якҷой менишаста кор кардан, гоҳ-ногоҳ бо миёни гарму тар шамол хурдан, қаҷ нишастан, дурудароз камфаъол будан (масалан занҳои хонашини камкор дар назди телевизор).
Чи бояд кард?
Агар миёни шумо дарди тоқатнофарсо медода бошад ва ё аз ҳисоби захм-зарба дидан пайдо шуда бошад фавран ба духтури асаб муроҷиат бояд кард. Лек агар миёни шумо дарди ночиз пайдо карда бошад пас мудати муайян интизор шуд (масалан 1-ҳафта). Агар дард наравад пас ба духтури асаб метавон муроҷиат кард.
Бояд қайд кард, ки дар духтурхонаҳо алҳол табибони ноинсоф бисёр шуда истодаанд, ки дар байни онҳо роҳбарон ҳам ҳастанд ва баъзеи онҳо аз сабаби нафсашон бошад дигарҳояшон аз сабаби бесаводӣ беморонро ба ҷойи аз дард раҳоӣ кардан баракс саломатиашонро баддтар мекунанд ва барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама ҳушёрро аз даст надод.
Тавсия мекунем, ки пеш аз рафтан ба назди духтур чунин матнҳоро дар шабакаи интерент ба забонҳои руссӣ ва англисӣ хонда саводи худро зиёд кард ва ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо духтур алакай аз сатҳи хизматрасони у баҳо дода хулосаи дахлдорро мебароред.
Албатта духтури хуб аввал беморро табобат бо роҳи ғайри ҷарроҳи давоми якчанд моҳ ба роҳ мемонад ва баъдан пешниҳод мекунад, ки дар ҳолати ноилоҷӣ ҷарроҳи карда шавад. Вале духтури ноинсофу бесавод дарҳол ҷарроҳӣ мегӯяд ва ҳатто рентген ҳам намекунад.
Чӣ тавр бояд остеохондрозро пешгирӣ кард?
Остеохондроз аз ду калимаи юнонӣ: “остеон”-устухон ва “хондроз”-буғум иборат аст. Чи тавре ки медонем, сутунмуҳра аз устухончаҳои сутунмуҳра ва диски байни сутунмуҳраҳо ва буғумҳо иборат аст. Саршавии бемории остеохондроз аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид дар узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад.
Аз рӯи сохт мо медонем, ки дар байни ҳамаи сутунмуҳраҳо канали ҳаромағз мегузарад. Дар он худи ҳарромағз ҷойгир аст ва аз он решаҳои асаб мегузаранд ва дар навбати худ ҳама узвҳо ва системаҳои баданро идора мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки остеохондроз ба ҳамаи организм таъсири худро мерасонад. Қариб ҳама бемориҳои узвҳои дарунӣ аз ҳолати сутунмуҳра вобаста мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: сарчашмаи ҳамаи бемориҳо, асаб аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми табобат ва беҳтар шудани ҳолати сутунмуҳра ҳолати тамоми бунияи инсон хубтар мешавад.
Аксаран дар вақти табобати остеохондроз мариз аз бемориҳои гастрит, колит, захми меъда, астмаи бронхиалӣ, санги гурда, бемориҳои гуногуни пӯст, инчунин аз илтиҳоби занона ва мардона раҳо меёбад. Дар баробари пиршавӣ ва беҳолшавии сутунмуҳра мушакҳои он ҳам пир ва беҳол мешаванд, ки ин ба вайроншавии ғизо ва ҷамъшавии моддаҳои аз натиҷаи метаболизм ба вуҷудоянда меоварад. Дар натиҷа мушакҳо хусусияти оромиро аз даст медиҳанд ва ҳама вақт зери фишор қарор мегиранд. Ин боис мегардад, ки мубодилаи моддаҳо дар пайвандҳо ва рагҳо вайрон шавад.
Ҳамин гуна, сутунмуҳра, ки аз 24-муҳраҳои бо ҳам пайваст иборат мебошад, дар он чорбанд ва копчик асоси сохтор (склет) маҳсуб мешаванд. Склети одам зиёда аз 200-усухон ва 700-мушаки ба онҳо пайваст таркиб ёфтааст. Табобати сутунмуҳраро аз мушакҳо, пайвандҳо, рагҳо, ки онро иҳота кардаанд ҷудо тасаввур кардан ғайри мумкин аст. Табобатро бояд пурра бо фарогирии тамоми организм ва хуб кардани ҳолати сутунмуҳра ба роҳ монд.
Шахсе, ки мехоҳад бемории остеохондрозро табобат кунад ва онро аз байн барад, бояд ин қоидаро донад: “Ҳолати сутунмӯҳра – ҳолати организм”. Чуноне медонем, бемороне, ки бо дарди миён ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд, табиб ба онҳо варақаи беморӣ ё аналгетикҳо тавсия медиҳад ва дар ҳолати беҳбудӣ бемор ба кор шурӯъ мекунад, хусусан, агар бемор ба сини нафақавӣ нарасида, ҷавон бошад. Ҳамин тавр, бемор бо дарди миён дучор мегардад, дар сурате ки сари вақт табобат нагирад ва фикр кунад, ки номаълум бо кадом сабабҳо худи дард оҳиста – оҳиста гум мешавад. Раванди беморӣ марҳила ба марҳила дар бадани бемор зиёд мешавад, дарди миён шиддат мегирад ва то дараҷае мерасонад, ки карахтшавии дасту пой, аз пой мондани бемор ва гум кардани фаъолияти корӣ сар мезанад.
Аз тарафи дигар, бемор дар марҳилаи римисия мебошад, аммо тарс аз он дорад, ки қоматашро рост бигардад. Бори дигар қайд мекунем, ки дар баробари табобати ин беморӣ муолиҷаи мануалӣ бо машқҳои кушодашавии бандҳо ва мустаҳкамкунии мушакҳо, масҳ барои тезтар ва беҳтар гардидани модаҳо дар бофтаҳо зарур аст. Мушакҳо ва бандҳо бо сутунмуҳра дар алоқаи ҷудо нашавандаанд ва баргардонидани сутунмуҳра ба ҳолати муқаррарӣ ғайримкон аст. Ба истиснои ҳолате, ки мушакҳо ва бандҳо пурра мулоим ва дар вазъи эластикӣ набошанд.
Аз қадим ба ҳама маълум аст, ки ҳаракат асоси ҳаёти организми инсон аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ омили ягонаи бартараф гардидани беморӣ ва ҳифзи саломатӣ мебошад. Бо назардошти урфу анъанаи ҷомеа, ки одамонро аз тарзи серҳаракати ҳаёт дур мекунад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳаракати ҷисмонӣ усули беҳтарини табобати инсон ба ҳисоб меравад.
Мудири шуъбаи варзишдармонӣ К.А.Раҳимов, Г.С.Маҳмаджонова.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё