Зеҳн

Ҷавони Шоҳномахон

АХ
Ахбор4 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Дар як мадрасаи Бухоро ҷавони қашшоқе таҳсил мекард. Азбаски ӯ ба хондан шавқи бисёр дошт, ба ҳар азобу душворӣ тоқат мекард. Рӯзе шуд, ки на дар ҳамёни ӯ пул монду на дар ҳуҷрааш хӯрдание. Ҳамин ҳол чанд вақт давом кард. Ҷавон чӣ кор карданашро надониста, баъди фикру ҳаёл тадбире андешид: китоби «Шоҳнома»-ро гирифта ба кӯча баромад ва дар маркази шаҳр як майдони серодамро интихоб карда, ба «Шоҳнома»-хони сар кард. Овози баланду форам ва хониши буррову равшани ӯ диққати мардумро ҷалб кард. Одамон дар гирди ӯ ҳалқа зада, сар то по гӯшу хуш шуданд. Вақте ки ӯ чанд достони «Шоҳнома»-ро хонд, китобро пушид. Одамон ба қадри ҳиммату қудрати худ пеши ӯ як миқдор пул гузоштанд. Давон пулҳоро гирифта ба бозор рафт, гӯшту равғану пиёз харида, ба ҳуҷрааш овард.

Дар он миён се дузд ӯро назора мекарданд. Дуздон аз пайи ҷавон афтоданду диданд, ки ӯ рафта ба як Мадраса даромад. Дуздон ҳуҷраи ӯро муқаррар карда, интизори торикӣ шуданд. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, оҳиста ба ҳуҷра зада даромаданду ба ҷавон гуфтанд:

- Аз ҷоят наҷунб, овозатро набарор, ки мекушемат! Ҷавон, гӯё ин суханро нашунида бошад, дуздонро ба рӯйи курпача даъват кард:

- Марҳамат, меҳмонони азиз, хуш омадед! Ҳозир палав дам кардам, то як пиёла чой мехӯред, ош тайёр мешавад. Бӯйи ош ба димоғи дуздон расида иштиҳояшон карнай шуд. Онҳо ба якдигарашон чашмак заданд: «аз насиба рӯй нагардон» гуфтаанд, аввал ошро бихӯрем, баъд ҳар чӣ хоҳем, мекунем.

Ҷавон ба дуздон чой дароз карда гуфт:

- Се сол аст, ки ман дар ҳамин Мадраса таҳсил мекунам, чӣ одамҳое ин ҷо дидаам, шогирдони ин Мадраса яке одами рост-қавлу ҳалолу покиза, дигаре дағалу бадмуомила, савумӣ хап-паки дамдузд - хулоса ҳар кас ҳар ҳел. Дар ҳуҷраи рӯ ба рӯ як муллобача истиқомат дорад, ӯро одат ҳамин аст, ки ҳар замон агар ягон дурӯғ нагӯяд, девона мешавад.

Дишаб вақти ҳуфтан ногоҳ, фарёд зад: «Ҳой мардум, аз ҷой хезед, ин ҷо биёед!» Одамон фикр карданд, ки шояд ин дурӯғи навбатӣ бошад, бинобар ин касе аз ҳуҷрааш набаромад.

- «Шумо чӣ ҳел мардуми бепарвоед, ки аз ҷоятон намеҷунбед ва ин аҷоиботро дидан намехоҳед?!» - гуфта боз баландтар дод зад он ҷавон.

- Ҷавони Шоҳномахон ҳам овозашро баландтар карда ин гапҳоро такрор кард:

- Ҳой, шумо, муллобачаҳо, чӣ ҳел мардуми бепарво, ки аз ҷоятон намеҷунбед ва аҷоиботро дидан намехоҳед?! Овози ҷавонро шунида, аз чор тараф муллобачаҳо омада ба ҳуҷраӣ ӯ даромаданд:

- Чӣ аҷоибот аст ин ҷо? - пурсиданд онҳо.

- Мана, ин се дузди гузаро, қасди ҷону пули маро карда, ин ҷо омаданду ман инҳоро бо палав зиёфат карданиам. Аҷоибот магар аз ин зиёдтар мешавад?! Муллобачаҳо дуздонро дастгир карда, ба қозихона кашиданд ва баргашта ба ҷавони Шоҳномахон хабар доданд, ки надимони қози дуздонро ба зиндон андохтанд.

-Хас каму ҷаҳон пок! - гуфт ҷавони Шоҳномахон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба