Зеҳн

МАОРИФ ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

КИ
Китобдор21 сентябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат санадест, ки дар он мақсаду нақшаҳои роҳбарияти мамлакат таҷассуми худро ёфта, ҳамчун василаи муҳимми роҳнамо барои кулли ҷомеа хизмат мекунад.

Таҷрибаи ироаи паёмҳо нишон медиҳад, ки дар заминаи дастуру супоришҳои дар онҳо дарҷгардида даҳҳо нақшаҳои амал таҳия ва татбиқ мегарданд, ки ҳар кадоми онҳо барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими қудрати давлат, ташаккул ва тақвияти иқтидорҳои нав ва таъмини рушди неруи инсонӣ, ҳамчун захираи стратегии кишвар аҳамияти хос доранд. Дар ин раванд диққати ҷиддие, ки ҳамасола ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва тақвияти мавқеи илм дар ҷомеа дода мешавад, боиси таъкиди махсус мебошад. Ин бесабаб нест, зеро маориф ҳамчун самти стратегӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гашта, баҳри тақвияти фаъолият дар ин самт чораҳои доимӣ андешида мешаванд.

Ташаккули низоми илму маориф, истифода аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар ин соҳа, кӯшишҳо ҷиҳати ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба дар ин самт, ташкили шароит ҷиҳати омӯзиши илм дар пешрафтатарин макотиби олии хориҷи кишвар барои ҷавонони болаёқати кишвар дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, ташкили озмуну чорабиниҳои илмию зеҳнӣ, афзун гаштани дастовардҳо дар ин самт, рушди марҳила ба марҳилаи инфрасохтори соҳа ва чораандешӣ ҷиҳати тақвияти мавқеи омӯзгор дар ҷомеа номгӯи ками пешравиҳое мебошад, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил гаштаем.

Дар баробари ин,бояд ба инобат гирифт, ки дастовардҳои дигар соҳаҳо ҳам маҳз аз соҳаи маориф вобаста мебошанд, зеро амаликунандаи ҳама гуна навоварӣ ва пешрафт дар соҳаҳои иқтисоду истеҳсолот, саноат, хоҷагии қишлоқ, энергетикаю роҳсозӣ маҳз нафарони таҳсилдидаю мутахассисони соҳибкасбе мебошанд, ки парваридаи домонимактабу маорифанд. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паёми худ таъкиди бамаврид намуданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Маҳз бо дарназардошти ҳаминнукта, масъалаи маориф ва маърифатнокии ҷомеа масъалаест, ки баҳри ба сатҳи сифатан нав баровардани он роҳбарияти давлат кӯшишҳои доимӣ ва пайваста ба харҷ дода истодаанд.

Президенти мамлакат бо пешниҳоди таҳлили мантиқан асоснок дар бораи дастовардҳои соҳа нишон доданд, ки вусъати корҳо дар ин самт бо кадом суръат рафта истодаанд. Тибқи таъкиди Пешвои миллат: “Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад”. Чунин масъалагузории сарвари сиёсии давлат аз он далолат мекунад, ки соҳаи мазкур дурнамои рушди соҳа доимо дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дода, вобаста ба ин нишондиҳандаҳо тарҳрезии минбаъдаи фаъолият амалӣ карда мешавад.

Масъалаи дигаре, ки таъсири бевоситаи худро ба ногузирии тақвияти имкониятҳои соҳаи маориф мерасонад, суръати рушди демографӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба он, Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад”.

Ҳамаи мо мушоҳида намуда истодаем, ки сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми маблағгузории давлатӣ ба соҳаи маорифи кишвар баҳри рушди ҳамаҷиҳатаи соҳа мусоидат намуда истодааст. Тибқи нишондоҳои Паёми имсола: “Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”. Ин ҳам нишондиҳандаи хуб буда, ифодаи иродаи давлат дар масъалаи тақвияти неруи инсонӣ мебошад.

Масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим моҳияти муҳимми амалӣ дошта, метавонанд ба рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар такони ҷиддӣ бахшанд. Татбиқи ин вазифаҳо имкони бештарро баҳри тақвияти заминаҳои меъёрию кадрии соҳа муҳайё намуда, имкон медиҳанд, ки маориф ҳамчун омили муҳимми рушди ҷомеа рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намояд.

Нушофарин МИРЗОЕВА,

мутахассиси раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба