ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Истиқлол ва озодӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдӣ ва муқаддастарини аҳли башар ба ҳисоб рафта, натанҳо ҳамчун падидаи фарҳангию сиёсӣ, балки ҳамчун хосияти фитрии инсон эътироф мешавад. Инсоният дар тамоми давраи мавҷудияти хеш пойбанди арзишҳои истиқлолу озодӣ буда, ҷиҳати таъмину нигаҳдории истиқлоли андеша ва озодии сарзамину ватани хеш ҷоннисориҳо кардааст. Зеботарин тараннуми далериву шуҷоат ва ҷонбозиву ҷоннисориҳо ин мубориза барои озодиву истиқлол ба ҳисоб меравад. Таърих исбот намудааст, ки маҳз ному корномаҳои соликону муборизони роҳи озодиву истиқлол ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳофизаи таърихи башарият фаромуш нашуда, ҳамчун намунаи ибратбахшу пур аз ифтихори миллӣ шинохта мешавад.
Воқеан, истиқлолу озодӣ барои миллати тоҷик низ ҳамчун арзиши муқаддастарин шинохта шуда, дар тамоми давраи таърихии ташаккул ва рушди миллати тамаддунофари мо мақом ва нақши бунёдӣ дошт. Бо ба даст овардани истиқлол, ки ба даҳаи охирини асри гузашта рост меояд, умеди миллати тоҷик дигарбора барои ояндаи озоду дурахшон бедор гардид. Вале, мутаассифона ин неъмати бебаҳо ва арзиши муқаддас дар давраи нахустин ба хатару таҳдидоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари аз даст додани он ба миён омад. Дар ин замина марҳилаи нахустини ташаккули Истиқлоли давлатӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои сиёсӣ тавсиф дода шуда, давлати тозаистиқлоли мо фарогири бӯҳрони шадид гардид.
Хушбахтона, дар ин марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори ҷавону қавиирода Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат интихоб гардида, дар нахустин суханрониҳои хеш таъкид сохтанд, ки мо бояд ин миллат ва ин давлатро соҳибӣ кунем ва қавл доданд, ки ман ба шумо сулҳ меорам. Аз ҳамон лаҳза умеди миллати тоҷик ба ояндаи дурахшон ва ба истиқлоли комил зинда гардида, тавассути татбиқи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саодати дурахшон сарфароз гардиданд. Бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – унсури муҳимтарини давлатдорӣ, яъне ягонагии миллӣ таъмин гардида, рушди мунтазами тамоми самти соҳаҳо таъмин карда шуданд.
Яке аз пояҳои бунёдӣ ва асоси моддии таъмини истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот ин иқтисодиёти устувор ва рушдкарда ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар даврони истиқлол ба масоили мубрами ташаккул ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, як қатор ислоҳоти бунёдӣ гузаронида шуданд. Дар ин замина, нахустин унсурҳои сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ин анҷоми ислоҳоти институтсионалӣ ва коҳиши сатҳи фақр ба ҳисоб мерафт.
Бо ин мақсад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини шароити кору фаъолият дар қаламрави деҳот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар як давраи кутоҳ роҳи рушди устувори иқтисодиёти миллиро пайдо намуданд. Ислоҳоти бахши кишоварзӣ ва ба деҳқонон додани замин аз ҷумлаи ташаббусҳои оқилонаи Пешвои миллат буд, ки ба таъмини шуғл ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбӣ расонид. Таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба он оварда расонид, ки он аз 83% соли 1999 то ба 21.2% соли 2023 паст карда шуд.
Яке аз хусусиятҳои хоси рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар он аст, ки дар оғози ҳазораи сеюм Пешвои миллат се ҳадафи рушди миллиро муқаррар намуданд, ки барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар заминаи боэътимод гузоштанд. Яъне дар давраи то соли 2015 таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафҳои рушди миллӣ муайян шуда, дар ин замина бахши энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиёт ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.
Бо назардошти ислоҳоти анҷомшуда ва хусусиятҳои хоси давраҳои алоҳидаи рушди иқтисодии кишвар афзалиятҳои рушди миллӣ такмил шуда, бо таҳия ва тасдиқу мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 модели рушди иқтисодӣ аз аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ иваз карда шуда, рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ дар шакли индустриалию инноватсионӣ пешбинӣ карда шуд. Марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушди устувори соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, бахши хизматрасонӣ, низоми молиявӣ ва дигар бахшу соҳаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ тавсиф карда мешавад.
Бо мақсади таъмини истиқлоли энергетикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шуда, дар баробари ин дар заминаи ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ соҳаи мазкур пурра модернизатсия карда шуда, рушди устувори он таъмин гардид. Ҳамчунин, бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи рушди миллӣ дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуданд.
Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ бошад дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода, танҳо дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст. Барои мисол соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Яъне, тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат сатҳи таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти озуқаворӣ баланд бардошта, вобастагии бозори дохилиро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш дод.
Бо иваз шудани модели рушди иқтисодӣ ва бо мақсади табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати индустриалию аграрӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо назардошти муҳиммияти соҳаи мазкур ҳамчунин солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд, ки дар ин давраи бунёди садҳо корхонаҳои нав ба нақша гирифта шудааст.
Дастовардҳои муҳимтарини иқтисодӣ, аз он ҷумла дар самти рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, бахши молия ва буҷет, бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бахши хизматрасонӣ ва инфрасохтори нақлиёту алоқа, таъмини фазои мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ дар таъмини пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дошта, дар воқеъ иқтисодиёт пояи моддии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ин самт таъмини минбаъдаи рушди иқтисодӣ ба татбиқи босифати консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ алоқаманд буда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаанд.
Хулоса, татбиқи саривақтӣ ва саҳмгузории мо дар амалисозии сиёсати давлатии иқтисодӣ барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам сохта, дар таъмини Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагии кишвар мавқеи бунёдӣ хоҳад дошт.
Меҳрбону МИРЗОЕВА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё