Зеҳн

Нуқтаҳои ройгони Wi-Fi

АХ
Ахбор26 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Wi-Fi (Wireless Fidelity) як технологияи бесим барои пайваст кардани дастгоҳҳо ба интернет ё шабакаҳои маҳаллӣ мебошад. Он имконият медиҳад, ки бе истифодаи ноқил дастрасӣ ба шабакаҳои рақамӣ фароҳам гардад.

Чӣ гуна Wi-Fi кор мекунад?

Wi-Fi бо истифода аз сигналҳои радиомавҷ кор мекунад. Ин сигналҳо тавассути дастгоҳи махсус бо номи роутер интиқол мешаванд. Дастгоҳҳои монанди телефонҳо, ноутбукҳо ва планшетҳо ин сигналҳоро қабул мекунанд ва бо шабака пайваст мешаванд.

Афзалиятҳои Wi-Fi:

Бесим будан: Дастгоҳҳо бе ноқил (кабел) ба шабака пайваст мешаванд.

Ҳаракатпазирӣ: Шумо метавонед дар доираи фарогирии сигнал бо дастгоҳ ҳаракат кунед.

Пайвастшавӣ бо чанд дастгоҳ: Якчанд дастгоҳ метавонанд ба як шабака пайваст шаванд.

Осонӣ дар истифода: Танҳо лозим аст пароли шабакаро ворид кунед.

Камбудиҳои Wi-Fi:

Маҳдудияти масофа: Дар доираи маҳдуди сигнали роутер кор мекунад.

Сигнали заиф дар мавридҳои муайян: Монеаҳо (деворҳо ё мебелҳо) метавонанд сигналро заиф кунанд.

Амният: Агар пароли шабака қавӣ набошад, хатари дастрасии ғайриқонунӣ вуҷуд дорад.

Wi-Fi барои кор дар хона, офис, мактаб ва дигар ҷойҳо яке аз муҳимтарин василаҳои пайвасти бесим ба интернет шудааст.

Имрӯзҳо мо ба истифодаи нуқтаҳои ройгони Wi-Fi дар марказҳои савдо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одат кардаем ва дигар зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонем. Аммо мо боре фикр накардаем, ки ин пайвастшавиҳо метавонад оқибатҳои нохуб ҳам дошта бошад. Пас аз пайвастшавӣ ба он қаллобон метавонанд ба маълумоти муҳими дастгоҳи Шумо дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин кор тавре ба роҳ монда шудааст, ки вақте шумо ба нуқтаи Wi-Fi ройгони сохтаи қаллобон бо истифодаи ноутбук бо корти махсус ва антена сохтааст, ба ин васила онҳо метавонанд ба смартфони Шумо дастрасӣ пайдо мекунанд: саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, маълумотҳои бонкии онлайн, мукотиба, аксҳо ва ғайра. Онҳо қобилияти нигоҳ доштани тамоми додаҳоеро доранд, ки шумо тавассути Wi-Fi ройгон интиқол медиҳед.

Барои Шумо чанд маслиҳат дар бораи солим ва бехатар нигоҳ доштани худ ва дастгоҳатон пешниҳод менамоем:

Кӯшиш кунед, ки аз шабакаҳои оммавӣ, ки шумо намедонед, канорагирӣ кунед ва беҳтараш тамоман Wi-Fi -ро истифода набаред.

1. Агар ин имконнопазир бошад, пас сайтҳоро бо протоколи боэътимоди пайвастшавӣ https истифода баред (аммо на http).

2. Пайвасти худкори Wi-Fi -ро хомӯш кунед.

3. Дар смартфони худ антивирус насб кунед, ки бо ёрии он шумо дар бораи фаъолияти шубҳанок дар шабакаи бесим огоҳ мегиред.

4. Барномаи VPN -ро насб кунед. Ин пайвастшавӣ маҳалли ҷойгиршавӣ ва дастгоҳи шуморо рамзгузорӣ мекунад.

5. Барои хариди онлайн аз корти виртуалии пардохт истифода баред.

Масалан, Tinkoff Bank кортҳои маҷозиро ройгон медиҳад (ин гуна хизматрасонӣ то ҳол дар Тоҷикистон дастрас нест, - идора). Афзалияти чунин корт дар он аст, ки шумо метавонед маблағи заруриро, ки барои харид харҷ кардан мехоҳед, интиқол диҳед. Пас аз пардохти мол, корт дигар эътибор надорад ва қаллобон ба ҳисоби асосӣ дастрасӣ пайдо карда наметавонанд.

Бехатарии дастгоҳҳо ва шабакаҳои иҷтимоии худро фаромӯш накунед, зеро аз смартфони корбар гирифтани рамз кифоя аст, то аз ҳаёти ӯ чизҳои зиёдеро омӯзед ва маълумотро бо ниятҳои гуногун истифода баред.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба