Бедор намудани ҳисси ватандўстӣ дар ниҳоди хонандагон.
Тарғиб намудани ҳисси ватандўстиву эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангии миллӣ байни наврасону ҷавонон яке аз вазифаҳои асосии омўзгорон ба ҳисоб меравад. Барои бедор сохтан ва пурзўр намудани ҳисси ватандўстӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон роҳу усулҳои гуногуе вуҷуд дорад. Омўзгорон пайваста мекўшанд шогирдонашон ватандўсту соҳибмаърифат бошанд,ҳар як муқадасоти миллиро эҳтиром намоянду маънои ҳар як рангу рамзро донанд. Набояд фаромўш кард,ки бе заҳмат натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Барои ноил шудан ба мақсад кўшиши зиёд бояд кард.
Тарғиби ватандўстиву эҳтиром ба муқаддасоти он байни хонандагон аз даромадгоҳ ва роҳраву даҳлези муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад.Расми қаҳрамонони Ватан, Муқаддасоти Миллӣ, Рамзҳои Давлатии Тоҷикистон, шиору овезаҳо ва гўшаҳои пурмазмуну диққатҷалбкунанда дар бораи Ватану миллат дар даромадгоҳу роҳравҳои муассисаҳо худ кўшиши нахустини бедор намудани ҳисси ватандўстӣ дар ниҳоди хонандагон аст.
Дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои «Истиқлолияти Давлатӣ», «Рўзи Конститутсия», «Ҷашни Парчами Давлатӣ » «Иди Ваҳдати Миллӣ» ва дигар иду ҷашнҳои хусусиятҳои сиёсиву миллидошта дар муассисаҳои таълимӣ, албаттта, метавонад таъсири хубе барои ватандўст шудани хонандагон расонад. Гузарондани соатҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои «Мо ҳимоятгари Ватанем!», «Ватан-Модар барои мо азизӣ», «Эҳтироми Ватан-Модар қарзи фарзандӣ.», «Дастовардҳои Истиқлолият», «Родмардони Ватан.» ва даҳҳо мавзўъҳои ба инҳо монанд қадами дигарест барои бедор намудани ҳисси ватандўстии хонандагон.
Роҳи дигар,ин дар маҷлисҳои умумии ҳафтаҳои фанни таъриху ҳуқуқ қироати маърўзаҳои пурмазмун аз ҷониби омузгорони ин фанҳо аз таърихи соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, корнамоиҳову ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи миллат барои ба даст овардани истиқлолу озодӣ мебошад.Инчунин намоиш додани саҳначаҳои тарбиявии таъсирбахшу пурмазмун низ дар мавзўъҳои зикршуда аз аҳмият холӣ нестанд. Гузарондани озмунҳои «Иншои беҳтарин дар васфи Ватан», «Иншои беҳтарин дар бори Истиқлолият», «Иншо ва ё расми беҳтарин дар бораи Парчами Тоҷикистон» ва ба инҳо монанд, ки ба тарбияи ватандўстии хонандагон таъсири мусбат мерасонд, метавонад паҳлўи дигари ин масъала бошад. Ҳамчунин маъмурияти муассиса метавонад вохўрӣ бо шоиру нависандагонро ба нақша гирад ва дар давоми соли хониш ин коррро ташкил намояд. Адибон аз Ватану ватандўстӣ ба наврасону ҷавонон суҳбат ороянду моҳияти дарки қадри Ватану худшиносии миллиро аз нигоҳи худ таҳлил намоянд. Бо боварии пурра гуфтан мумкин аст, ки вохўрӣ бо адибон дар ватандўст шудани хонандагон таъсири амиқе хоҳад гузошт. Агарчанде дар кишварамон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам мондаанд,бо истифода аз фурсатҳои муносиб, ташкил намудани вохўриро бо онҳо ё даъват намудани онҳоро ба муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондан лозим аст. Бо шунидани хотироти онҳо аз солҳои мудҳиши ҷангу ҷонбозиҳои одамон барои озодӣ ва ҳимояи Ватан нанги ватандории хонандагон бедор мешавад.
Ниҳоят, бо истифода аз технологияи навин дар арафаи ҷашнҳои сиёсӣ ва миллӣ ба хонандагон намоиш додани порчаҳои филмҳои бадеӣ ё ҳуҷҷатӣ дар бораи Қаҳрамонони Миллат, дар бораи ҳимояи Ватан, дар бораи азобу машаққатҳои мардум дар давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ, оқибатҳои даҳшатноки маҳалгароӣ, барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, даствардҳои замони истиқлол ва ғайраҳо бе шакку шубҳа метавонад ҳисси ватандўстиву эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллиро дар вуҷуди хонанда бедор кунад. Ин аст чанд маслиҳате ба омўзгорони муҳтарам дар ин мавзўъ.
Мирзораҳимов Идибег.
Омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, шаҳри Ваҳдат
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё