Зеҳн

ВАТАН - МОДАР

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 2 дақиқа хондан

Ватан! Чӣ гуна калимаи гуворост, сода, дилнишин ва равон. Ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст дар он. Ватан болу пари инсон, сарфарозию сарбаландии шахс, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон аст. Ватан лаби хандон, қуввати ҷон, имону виҷдони одам аст.

Ватан ва Модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Он тавр ки инсон як Модар дорад, ҳамин тавр як Ватан дорад. Беҳуда баъзан ин ду калимаро дар паҳлуи якдицар наменависанд: Ватан Модар ва ё Модар - Ватан. Ба қадри модар расидан маънои онро дорад, ки ба қадри Ватан бирасем. Ва агар модарро хор нигоҳ дорем, чунин маъно дорад, ки Ватанро хор дорем. Ватан он ҷост, ки хуни ноф мерезад, яъне зода мешавию нашъунамо меёбӣ. Ватан он ҷост, ки бо ҳамроҳии халқу миллат ва дар ҳалқаи онҳо ба камол мерасӣ, ҳунар меомӯзӣ, дар пайи озодию ободии он мекӯшӣ. Ватан мамлакат ё сарзамини фарохест, ки зодгоҳи туро ҳам фаро мегирад. Оғӯши Ватан мисли оғӯши модар аст. Дар он деҳа, ноҳия ва шаҳрҳои зиёд мегунҷанд. Аз ин оғӯши гарм ҳеҷ чиз берун намемонад, на сангаш, на кӯҳаш, на чашмасоронаш, на рӯду дарёҳои хурӯшонаш ва на боғу роғи сарсабзаш.

Як маънои Ватан моликият аст, яъне тамоми ин хок, ин сарзамин, аз хонаи муқаррариамон то сарҳадҳои дурамон моли мо, сарвати мо, моликияти мо мебошанд. Ба ибораи дигар, мулк аз мову мо аз мулкем.

Қариб дар байни ҳамаи халқҳо саволе паҳн шудааст: аз чӣ сар мешавад Ватан? Ҷавобҳо гуногунанд. Ман ҷуръат мекунам ва посух мегӯям, ки Ватан оғоз мешавад:

- аз аллаи модарон;

- аз афсонаи модаркалон;

- аз панду насиҳатҳои бобо;

- аз расмҳои «Алифбо»;

- аз талошҳои Айнию Лоҳутию Турсунзода;

- аз ҷонбозиҳои фарзандони содиқи Ватан;

- аз ашъори ҷонпарвари Лоиқ:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.

Ватан - беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан - хушномию фирӯзии мост.

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо.

Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони падарҳо.

Ватан - дилҷамъию озодии мост,

Ватан - хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Ватан - имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Ватан яктост, Модар яктост, Моҳу Хуршед ва Замин яктост. Агар касро муяссар гардад, ки дар Ватанаш таваллуд шаваду зиндагӣ кунад, ободию сарсабзӣ аз худ ба ёдгор гузорад, ифтихорест бузург. (М. Лутфуллоев)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2