ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мегӯянд, давлатдорӣ лахчаи оташ аст, ки рӯйи каф мегиреду онро бояд ба манзил расонед, то ҳам мурод ҳосил шаваду ҳам кафи дастон насӯзад. Соли 1992 чун роҳбарии кишварро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон доданд, гӯё дар кафи дасташ лахчаи оташро гузоштанд, зеро миллати тоҷик дар ҳолати парокандагӣ ва нестшавӣ буд. Тамоми мулкро камондорон идора мекарданд. Мансабдорон ҳама гӯшаи орому осуда меҷустанд. Ҳамсафаре, роҳбаре ва шахсе сарсупурдаи миллатро ёфтан душвор буд, вале ӯ хоҳару бародарони ҳамфикру ҳамдил ва далеру ғаюри миллатро дар атрофаш ҷамъ намуда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо ва ормонҳои беҳсозандаи рӯзгори мардуми баҳоргумкарда талош варзид. Батадриҷ андешаҳои вусъатободӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷойи яъсу ноумедиҳоро мегирифт. Он нуқта ӯро азоб медод, ки баъзе душманони беруна ҷанги шаҳрвандиро асос намуда, тоҷиконро на аз нажоди ориёӣ, балки аз қавми омехтаи юнонию турку араб медонистанд. Ин масъала ӯро ба омӯзиши ҷиддии таърихи Ватан кашид. Зиндагиномаи мардуми тоҷикро пур аз саҳифаҳои рангини ҷоннисорию худфидоиҳо дар сангарҳои ватанхоҳӣ дарёфт. Ӯро ба андешае овард, ки ҷавонмардони тоҷик дар майдони мубориза ҳамеша мард будаанд, ҳила ва найрангро намедонистаанд, онҳо ҳама бурду бохтро аз худ медидаанд. Агар шикаст мехӯрдаанд, иллатро аз хориҷи кишвар намекофтаанд. Гоҳе ба ҳам дарафтанд ҳам, оқибат ҳисси амиқи худогоҳию хештаншиносӣ онҳоро ба сари сулҳу салоҳ ва авфи гуноҳҳои якдигар меовард. Ин хулосаи дуруст ӯро ба сӯйи хатми ҷанг ҳидоят мекард. Вале ҳалли масъалаи дигар пеш омад: бадхоҳони дохилию хориҷии миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон ҷор мезаданд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакилони дастнигар интихоб кардаанд, на мардум. Бинобар ин, интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуд. Мардум аз миёни довталабони ин мансаб ӯро пазируфтанд. Ин ба вай мадор бахшид. Аз пайи хомӯш сохтани оташи ҷанг шуд. Азбаски халқ пуштибонаш буду нияташ соф, аз сафари нахустинаш аз Хосдеҳи Афғонистон паёми сулҳу сафоро овард. Садои даҳшатангези тир дар сарзамини тоҷикон хомӯш гардид. Хираду анъанаи ҷангбезорию сулҳсолории мардуми тоҷик ғолиб омад ва Созишномаи сулҳу суботи кишвар 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт сухани таърихиеро ба забон оварда буд: «То даме, ки охирин гурезаро аз дари ғарибӣ ба хоки муқаддаси Тоҷикистон бознагардонам, осуда нахоҳам буд». Ӯ ба савганди худ вафо кард ва фирориёни дур аз Ватан чун мурғакони пазмони лонаву макон ба сарзамини аҷдодӣ баргаштанд ва ба кори ободию созандагӣ пайвастанд. Сулҳу ваҳдат ва оромию осудагӣ Тоҷикистонро ба роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва тараққиёт бурд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорад, ки Тоҷикистони азиз паҳновар, ганҷовар ва мардпарвар аст. Рӯҳбаланд аз қуллаҳои сар ба афлоки Ватан, аз оби зулоли чашмасорону рӯдхонаҳои чун шири модар сафед мегардад. Имони комил дорад, ки хоки Тоҷикистон нӯшдоруст, боди Тоҷикистон марҳам, оби Тоҷикистон ширинтар аз шаҳду қанд асту оташи Тоҷикистон зиндагиафрӯз.
Дар айни замон маромномаи ҷовидонаи ватанхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки:
- то хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз барқи Роғуну Сангтӯда саршори нур набошад;
- то нақбҳои Истиқлолу Шаҳристону Шаршар дарбеҳи кандаи пироҳани тани миллатро ба ҳам надӯзанд;
- то сарватҳои бешумори дастнахӯрдаи кишвар шурӯъ ба истихроҷ накунанд;
- то хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз барқи Роғуну Сангтӯда саршори нур набошад;
- то нақбҳои Истиқлолу Шаҳристону Шаршар дарбеҳи кандаи пироҳани тани миллатро ба ҳам надӯзанд;
- то сарватҳои бешумори дастнахӯрдаи кишвар шурӯъ ба истихроҷ накунанд;
- то мардуми бебизоат сармояи кофии харҷи рӯзгор наёбанд;
- то раҳи манзили тоҷик ба олам напайвандад;
- то қадру манзалати тамаддуни ориёиро бар муҳри худ наоварад. нафасе фориғ нахоҳад нишаст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуд: давлатдории миллӣ сохт, тафаккури миллиро дар миёни шаҳрвандон ба вуҷуд овард ва ваҳдати сартосарии миллиро пойдор намуд. Ин буд, ки ӯ дар соли 2015 аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба ҳайси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ ва Пешвои миллат пазируфта шуд.
Садоқати ӯро, муҳаббати ӯро кӯдакон низ эҳсос кардаанд ва дӯсташ медоранд. Дар дили кӯдак ҳеҷ кас бо дурӯғ ва бо фиреб роҳ наёфта. Дили кӯдак чун оина бисёр софу рӯшан аст ва он кас дар дилаш роҳ меёбад, ки чун худи вай соф, пок, дур аз кибру ғурур, бо меҳру муҳаббат ва самимият бошад.
Ҳеҷ сарвари давлате, ҳеҷ президенте чун Пешвои миллати мо, чун Президенти мо ба дараҷаи бисёр олӣ кӯдаконро дӯст намедорад. Ҳамаи кӯдакон бовар доранд, ки як рӯз Президент дар алоҳидагӣ бо онҳо вомехӯрад. Дасти онҳоро бо муҳаббат мегирад, мефишорад, онҳоро бо меҳри зиёд мебӯсад, гулқандашон медиҳад ва аҳволашонро мепурсад, шеърҳои азёднамудаашонро бо мароқ гӯш мекунад. Охир, ҳар кадоми онҳо ин амали неки Сарвари давлаташонро борҳо аз оинаи нилгун дидаанд ва ҳеҷ кас ҳам наметавонад ин муҳаббати онҳоро, ин бовариашонро аз байн бибарад. Сарвари давлат борҳо бо кӯдакон вохӯрӣ гузаронидааст. Ин хуб аст. Хуб аст, ки тухми меҳру муҳаббати Пешвои миллат аз кӯдакӣ дар замирашон кишта мешавад ва бор меорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё