Зеҳн

ТОҶИКИСТОН

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 142,6 ҳазор километри мураббаъ дар Осиёи Марказӣ воқеъ гардидааст. Тоҷикистон бо давлатҳои Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Чин ҳамсоя мебошад. 93 дарсади ҷумҳурии моро кӯҳҳо фаро гирифтаанд. Баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои кишварамон «Исмоили Сомонӣ» (7 495 метр), «Абӯалӣ ибни Сино» (7 134 метр) мебошанд. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз ҳашт ҳазор пиряхи хурду бузург ҷой доранд, ки онҳо манбаи асосии оби тоза на танҳо барои кишварамон, балки барои кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Тоҷикистон дорои кӯл, обанбор ва рӯдҳои хурду бузург ва обҳои шифобахши зиёде аст. Бузургтарин рӯдҳои кишварамон Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Сурхоб, Яхсу, Мурғоб ва Хингоб мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарватҳои зиёди зеризаминӣ, аз қабили тилло, нуқра, мис, руҳ, сурб, оҳан, уран, симоб, сурма, ҳамчунин, сангҳои гаронбаҳо мебошад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 3 вилоят: Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 17 шаҳр, 55 шаҳрак, 62 ноҳия, 368 ҷамоати деҳот тақсим шуда, дар онҳо беш аз 8 миллион аҳолӣ умр ба сар мебарад. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ мебошанд.

ТОҶИКИСТОН

Аз Душанбе то ба Хатлон,
Аз Зарафшон то Бадахшон
Сарзамини Тоҷикистон
Баҳри мо густурда домон.

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Каъбаи дил, нури имон.

Тоҷдорӣ - суннати мо,
Растагорӣ - зиннати мо.
Бахту тахту савлати мо
Бошад андар Ваҳдати мо.

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Каъбаи дил, нури имон.

Кӯҳсорат пуштибонам,
Чашмасорат ҳамзабонам.
Ман биҳишти ҷовидонро
Ҷуз канорат менадонам.

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Каъбаи дил, нури имон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2