ЗАБОНИ МО-ҶАҲОНИ МО
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст (Аз моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ забони миллат ба шумор меравад. Бинобар ин, яке аз нишонаҳои асосии миллати тоҷик забони тоҷикӣ мебошад ва маҳз забони модарӣ аст, ки боиси мавҷудияту бақои миллати гоҷик гардидааст.
Забони тоҷикӣ омили муҳимми муоширати одамон ва пайвандгари риштаҳои дӯстӣ ва бародарии тамоми халқҳои сокини Тоҷикистон аст, зеро Конститутсияи Тоҷикистон танҳо ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро додааст. Аз ин рӯ, мо чун сокини ин кишвар ва як шахси ватандор вазифадорем, ки ин нуктаҳои конститутсиониро дар бораи амали забони давлатӣ бечунучаро ва ҳатмӣ иҷро намоем.
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талабу дархости мардуми кишварамон 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони аксари сокинони ҷумҳурӣ ва забони ҳамноми ҷумҳурӣ мақоми давлатӣ дод.
Онҳое, ки ба ин амали хайр даст заданд, нағз медонистанд, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, форсии дарӣ) аз забонҳои тавоно ва соҳибхатти дунёст, ки ҳанӯз дар асри даҳ, дар ахди Сомониён бе қабули қонуни забон ё чорабиниҳои сиёсии дигар танҳо аз рӯйи иродаи устувор ва сатҳи баланди худшиносии амирони сомонӣ мақоми давлатиро соҳиб гардида буд. Садҳо асарҳои назмию насрӣ ба ин забон таълиф шудаанд, ки эътибори онро баробари забонҳои машҳури асрҳои миёна чун забонҳои лотинию арабӣ бардоштаанд. Барои касе пинҳон нест, ки забони форсии тоҷикӣ дар давоми чандин аср аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то халиҷи Форс барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва муошират ба ҳисоб мерафт.
Баъзан, шумо, азизон, дар баробари истилоҳи “забони тоҷикӣ” бо ибораҳои “забони форсӣ” ва “забони дарӣ” низ дучор меоед. Аслан забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ шохаҳои як дарахти азим буда, дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мавриди истифода қарор доранд. Бинобар ин, мову шумо бояд ифтихор намоем, ки вориси фарҳанг ва адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳастем.
Баъди Инқилоби Бухоро (1920) пас аз табартақсими маъмурию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна маҳз ба шарофати мавҷудияти забони тоҷикӣ, ки яке аз нишонаҳои асосии давлат аст, дар як гӯшаи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравий Сотсиалистип Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар тӯли таърих аҷнабиёне, ки ба кишвари мо дастдарозӣ кардаанд, пеш аз ҳама, барои аз байн бурдани забони форсии тоҷикӣ чораю тадбир андешидаанд, вале на юнонӣ, на арабу турку муғул ин забони ширини модарии моро аз байн бурда натавонистанд. Дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам тадриҷан забони тоҷикӣ дар чор девори хона маҳдуд шуда монд, ҷойи онро забони русӣ танг кардан гирифт. Маҳз қабули Қонуни забон ба ин амали номатлуб хотима гузошт, вале раванди татбиқи Қонуни забон ба монеа ва душвориҳои сахт дучор мешуд.
Танҳо бо дамидани субҳи Истиқлол ва махсусан баъди ба сари қудрат омадани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳони даъвогароне, ки дар Тоҷикистон дузабонию сезабонӣ ҷорӣ карданӣ буданд, муҳри хомӯшӣ зада шуд. Бо мақсади такмили забони тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун “Дар бораи забони давлатй” қабул гардид. Минбаъд ҳар сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояш зимнан ба масъалаи забон дахл намуда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як инсони бедордилро таъкид менамояд, ки забони давлатиро омӯзанд, барои рушду такомули он кӯшиш намоянд, зеро ҳанӯз ҳам носуфтагиҳои зиёди забонӣ ба чашм мерасанд, ҳанӯз ҳам баъзе зиёиёни мо ба забони тоҷикӣ андеша кардан ва сухан ронданро наомӯхтаанд, ҳанӯз ҳам забони аксари мардум камбағал буда, баъзеҳо аз омӯхтани забони модарӣ ор мекунанд.
Бачаҳои азиз! Илоҳо, забонатон бурро, фикратон расо ва умратон чун забони тоҷикӣ бобақо бошад!
БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКЙ
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯй.
Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯй.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯй.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯй.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри вай ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
3-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё