Зеҳн

МАРКАЗҲОИ ВИЛОЯТҲОИ ТОҶИКИСТОН

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Бохтар яке аз шаҳрҳои калони Точикистон ва маркази вилояти Хатлон мебошад. Ин шаҳр соли 1926 таъсис ёфтааст. Он дар соҳили чапи рӯди Вахш дар баландии 428 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Ҳарораги ҳаво дар ин шаҳр дар зимистон тахминан 0,9°С ва дар моҳи июл 46,9°С аст. Масофаи байни Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе 99 километр аст. Қӯрғонтеппа маркази муҳимми саноатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дорои заводҳои трансформатор, таъмири механикӣ, пахта, нон, равған, консерв, шир, оби ҷав, комбинатҳои гӯшт, маҳсулоти ғаллагӣ, хизмати маишӣ, фабрикаҳои калобаресӣ, «Тоҷикатлас», «Дилоро», Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва омӯзишгоҳи касбҳои техникии рақами 9 мебошад.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Қӯрғотеппа, ки акнун номи Бохтарро гирифт дар соҳили чапи дарёи Вахш доман густурда, дар масофаи беш аз 100 км аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон  буда, дорои 105 ҳазор аҳолист ва баъд аз Душанбе ва Хуҷанд саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт табдил дода шуданд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Қӯрғонтеппа дар ахди Кӯшониён бунёд ёфтааст. Номи имрӯзаашро дар асри ҳаждаҳи милодӣ ба худ гирифтааст. Маънои Қӯрғонтеппа ҳисор дар болои теппа мебошад. Наҳрҳои Ҷӯйбор ва Ҷӯйи Хонум ва Теппаи Қӯрғон аз ҳамон асрҳо арзи вуҷуд доранд. Қӯрғонтеппа соҳиби таърихи беш аз 2500-сола мебошад ва он дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи шаҳри Вахш ҳам ёд мешавад ва бузургон бо ҳамин ном онро васф кардаанд:

Умри ҷузви ҳамчу барқ асту дурахш,
Бо дурахше кай тавон шуд сӯйи Вахш.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Шунидам, ки бигирист донои Вахш,
Ки ё Раб, мар ин мардро тавба бахш.

Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳон
Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.

Саъдии Шерозӣ

Ҳоло шаҳри Қӯрғонтеппа аз беҳтарин шаҳрҳои кишварамон ба ҳисоб рафта, симои худро рӯз то рӯз зебову дилоро месозад.

ХУҶАНД

Шаҳри Хуҷанд таърихи бостонӣ дорад. Дар бораи Хуҷанд ҳамчун шаҳри Искандарияи Канора ҳанӯз муаррихони Юнони Қадим дар асрҳои ¥!-¥ то милод маълумот додаанд, вале номи Хуҷанд дар маъхазҳои нимаи дуюми асри ҳафт ёд шудааст. Ин шаҳри бостонӣ ба ҳайати давлати Хдйтолиён дохил мешуд. Лақаби ифтихории шаҳри Хуҷанд “Тирози ҷаҳон” аст.

Хуҷанд чун дигар шаҳрҳои тоҷикнишин борҳо аз ҳуҷуми арабҳо, муғулҳои ғоратгар ва дигар аҷнабиён ғарқи хун гардидааст. Соли 1866 Хуҷанд ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда шуд. Соли 1916 аҳолии шаҳри Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳии Русия шӯриш бардоштанд. Шаҳри Хуҷанд баъди Инқилоби Октябр 9 январи соли 1936 таъсис ёфтааст.

Дар айни замон Хуҷанд маркази вилояти Суғд буда, яке аз зеботарин ва ободтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр марказҳои калонтарини саноатӣ, иқтисодию фарҳангӣ қомат афрохта, ба ҳусни шаҳр ҳусну таровати тоза ато менамоянд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар Хуҷанд муассисаҳои маориф, фарҳанг боз ҳам рушду нумӯ ёфтаанд, таълимгоҳҳои нави олию миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ дари худро ба рӯйи толибилмон боз намудаанд.

ХОРУҒ

Хоруғ дар қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, шаҳрест, ки маркази ин вилояти дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Шаҳри Хоруғ дар ҳар ду соҳили рӯди Ғунд дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Тобистонаш гарм ва зимистонаш хунуки муътадил мебошад. Дар Хоруғ комбинатҳои хизмати маишӣ, гӯшту шир, заводи нон, чопхона ва дигар муассисаҳои истеҳсолӣ мавҷуданд.

Дар ин шаҳр донишгоҳи олӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, техникӣ, омӯзгорӣ, мусиқӣ амал мекунанд. Театри драмаи мазҳакаи ба номи Рӯдакӣ, қасри фарҳанг, осорхонаи кишваршиносӣ ва дигар иншоот ба ин шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд. Муассисаҳои илмии Хоруғ: Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Боғи ботаникии Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Хоруғ аз соли 1925 маркази вилоят ва аз 27 ноябри соли 1932 мақоми шаҳрро дарёфт кардааст.

Бунёди Донишгоҳи байналмилалии Кӯҳистон дар шаҳри Хоруғ ва ба истифода дода шудани шоҳроҳи Кӯлоб-Кулма-Қароқурум шаҳри Хоруғро ҳамчун маркази тиҷорат ба ҷаҳон пайваст хоҳад намуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2