ДАСТУР БАРОИ СОҲИБЗАБОНОН
Азизон, забони тоҷикӣ, ки худ ширину гуворост, муҳити тоза, оромию осудагиро мепарварад. Лаҳни форамро гӯши шунавою тоза, муҳити гуворо мебояд, ҳам гӯянда ва ҳам шунавандаи ин забон бояд одамони поку покиза, орӣ аз ҳар гуна олудагиҳо бошанд.
Азизон, забонро нигоҳ доред, ки ба қавле, посбони сар аст.
Азизон, сухандон бошед, вале дониста, бомаврид, кӯтоҳ ва боандеша сухан гӯед.
Азизон, аз он рӯзе, ки Парвардигор ба инсон забони гӯё ато намуд, одамон ба васфу таҳқиру таадид ва таъкиди якдигар пардохтанд. Яке дигареро болои зин бароварду гоҳе зери зин фуровард. Забон неруест, ки одамро ҳам ба хоки сиёҳ яксон мекунаду ҳам зинда. Забон қудрате дорад, ки одамро аз марг наҷот диҳад.
Азизон, ду чиз аст, ки агар эҳтиёт накунем, балои азим ё душмани ҷон мегардад: яке нафси шум, дигаре забони сурх.
Азизон, ба қавли Саъдии бузургвор, якро сад магӯед, садро як гӯед.
Азизон, иддае ҳазор сухан гӯянд ҳам, кам аст, дигаре як сухан гӯяд, зиёд аст.
Модарони азиз, забони шумо мисли шири сафедатон пок ва беолоиш аст. Намеарзад, ки ин гуна забонро бо дашном ва алфози қабеҳ биолоед.
Азизон, забони шумо ширину гуворост, агар аз ғайбату буҳтону дашному носазо дур бошед.
Азизон, забони худро, ки беҳтарин ганҷинаи инсонист, бо шакар омезед, на бо заҳр.
Азизон, дар робита бо ҳифз, омӯхтан ва донистани забони модариамон таъкид карданиам:
-аввал ҳамаамон забони модариамонро ва пеш аз ҳама, забони адабиро, ки забони коргузорӣ, илму адаб, мактабу маориф, табъу нашр аст, омӯзем ва донем;
-дар муқоиса бо забони модариамон аз омӯхтани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ сар напечем, зеро дар урфият барҳақ гуфтаанд, ки забон донӣ, ҷаҳон донӣ;
-забони модарии худро байни забонҳои дигар ҳақиру нотавон муаррифӣ накунем, балки заковат, равонӣ ва имкониятҳои васеи онро дар муомилаю муносибат, илму фарҳанг, ифодаи фикр собит намоем;
-аз забони ноб ва равони тоҷикӣ ифтихор намоем, шарафи онро, ки на камтар аз шарафи миллат аст, ҳифз бикунем, парчами забонамонро баланд бардорем, ки пайваста бо шири модар омада. (М. Лутфуллоев)
ЗАБОНГУМКАРДА
Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре,
Хештанро бенишон гум кардааст.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони хамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон,
3-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухан гум кардааст,
Дигаре боғу чаман гум кардааст,
Аз забони модарӣ гумкарда лек,
Мерасадрӯзе ватангумкардае...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё