Зеҳн

НАВРӮЗ ВА ПАЙДОНШИ ОН

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Бачаҳои азиз, шумо бояд таьрихи Наврӯзро, ки ҳамчун ҷашни миллии мо ҳар сол қайд мешавад, хуб донед. Огаҳӣ дошта бошед, ки баргузории ин ҷашн кадом рӯз аст, чаро онро Наврӯз меноманд.

Ҷашни Наврӯз яке аз суннату анъанаҳои писандида ва неки тоҷикон аст, ки пайдоиш, густариш ва мақому манзалаташ дар фарҳанги ниёгон таърихи панҷҳазорсола дорад.

Тавре ки маълум аст, дар тӯли ҳазорсолаҳо мардумони ориёӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаанд, ки Наврӯзро тибқи анъанаҳои ниёгон ба маросимҳои хосаш истиқбол намоянд. Пеш аз таҷлили он миёнаҳои моҳи ҳут «Аловпарак», «Чоршанбеи охирин», «Ҷашни ҳут», «Оташафрӯз», «Чоршанбеи сурӣ» барин маросимҳоро баргузор намуда, аз ҳар гуна ранҷурию нохушӣ ва бебарориҳо худро пок сохта, Наврӯзро ба шодмонӣ, нишоту тараб, дастархони пурнозу неъмат ва дегҳои лаболаб аз таом истиқбол менамуданд. Ақидае роиҷ буд, ки ҳар хонадон, ҳар касе рӯзи аввалини сол Наврӯзро ба шодмонию фаровонии ғизо ва сарҷамъ ба аҳли хонавода истиқбол намояд, тамоми сол рӯзгораш осуда, хонааш обод монда, нохушию дасткӯтоҳӣ ба хонадонаш роҳ намеёфтааст, тамоми сол хайру баракат ва фаровонӣ манзили ӯро тарк намегуфтааст. Инчунин, мардум кӯшиш мекарданд, ки дар Наврӯз босаховат бошанд, дилозору бешафқат набошанд, чунки тибқи ақидаи ниёгон Наврӯз рамзи некӣ, покӣ, эҳёи олами хуфта, фано ёфтани зимистони сарду бераҳм будааст. Яъне Наврӯз маънии пирӯзии ҳаёт бар маргро дорад. Беҳуда нест, ки ниёгони мо дар таърихи тӯлонии фарҳанги худ Наврӯзро чун мардумаки чашмонашон эҳтиёт намуда, маҳфуз дошта, то ба рӯзгори мо расонидаанд.

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Бачаҳои азиз! Инак, ба куҳандиёри мо фасли баҳори гулбасар омад. Дашту даман, талу теппаҳо ҷомаи сабзи махмалин ба бар карда, гулпӯш гаштаанд. Наврӯзи нозанин дасти мову шуморо гирифта, ба домани дашти сарсабзу зебо ва озоду беканори табиат мебарад, ки гарму равшан аз офтоб, зебо аз ҳунармандии боду борон аст.

“Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.-таъкид шудааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Наврӯз.-Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигахдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст”.

Маҳз ҳамин вижагиҳои Наврӯз муҷиби он гардид, ки бо дастури Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 64-уми он аз 18 феврали соли 2010 бо дарназардошти пешниҳоди Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ҷашни Наврӯз ҳамчун иди байналмилалии ҷаҳонӣ пазируфта шуд:

Гулафшон гашт аз нав зиндагонӣ,
Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ.

Донишмандон шинохти Наврӯзро аз се ҷанба ё дидгоҳ пайгирӣ намудаанд:

Аввал, ҷанбаи асотирӣ, ки тибқи он Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Мувофиқи ривояте дар китоби «Занд-Авесто», Аҳурамаздо - ҳомии неруи некӣ баъди се ҳазор соли подшоҳӣ аз тарафи ҳомии бадӣ - Аҳриман мавриди зулму ситам қарор мегирад. Барои мағлубияти ӯ Аҳурамаздо рӯшноиро офарида, ба ҷонибаш равона месозад ва рӯзи пирӯзӣ бар неруи бадиро Наврӯз меномад. Ҳамчунин, тибқи ривояти дигаре Шайтон файзу баракатро аз мардум мерабояд ва рӯзи бозгардонидани онро мардум Наврӯз номидаанд.

Дувум, ҷанбаи нуҷумӣ, ки ба воқеият наздик аст. Мувофиқи он офтоб баъди паймудани дувоздаҳ бурҷ ба хатти экватор баробар мешавад. Баъди ин шабу рӯз мусовӣ мешавад, ки онро офтобтарозу мегӯянд. Аз рӯйи ҳисоби деҳқонӣ офтоб ба бурҷи ҳамал рост меояд, тибқи ҳисоби мусулмонӣ Наврӯз ба оғози фарвардинмоҳ ва тибқи солшумории милодӣ вуруди Наврӯз ба 21 - 22 март мувофиқ меояд. Дар робита ба ҷанбаи нуҷумии Наврӯз ҳақ бар ҷониби донишманд ва шоири бузургамон Умари Хайём-муаллифи «Наврӯзнома» аст, ки чунин таъкид намудааст: «Ҷамшед чун бидонист, ки Офтобро ду давр аст ва ин ду давр, ки ба охир расид, сол поён ёфта, фасли баҳор оғоз меёбад».

Севум, ҷанбаи моддии Наврӯз, ки аз ҳама муҳим ва асос ҳамин аст, зеро ба қавли олими эронӣ доктор Алии Шариатӣ: «Наврӯз достони зебоест, ки дар он табиат, инсон ва ҷомеа - ҳар се дастандаркоранд». Маҳз бо зуҳури Наврӯз хоки сияҳ аз нав гарм шудан мегирад ва як навъ гӯё ҷон мегирад, табиат зинда мешавад, аввалин гулҳои пайки наврӯзӣ - сияҳгӯш мерӯянд, ҷонварон тадриҷан аз хоби зимистона бедор мешаванд.

Ривояте ҳаст, ки гӯё Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Бохтару Суғд таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳро дида, дар ҳайрат мондааст ва фармудааст, ки Наврӯзро дар саросари қаламраваш ҷашн бигиранд. Баъд аз ин тантанаи иди мазкур дар тамоми Осиё паҳн гардид.

Дар даврони шӯравӣ бо сабабҳои гуногун Наврӯз ҷашн гирифта намешуд. Танҳо соли 1978 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнгирии Наврӯз чун анъанаи ниёгон ба расмият даромад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон акнун Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил карда мешавад.

Шумо бояд инро ҳам донед, ки баробари омад-омади Наврӯз одамон омодагӣ мегиранд ва аз пайи оростани дастархони наврӯзӣ мешаванд. Чунонки дар замонҳои қадим тоҷикон хони наврӯзиро аз рӯйи анъана бо ҳафт чиз таҳия менамуданд, ки ҳарфи аввалини онҳо бо овози «ш» шурӯъ мешуд: шамъ, ширинӣ, шароб, шарбат, шакар, шоя, (бо гулобу оина). Дар асрҳои минбаъда «ҳафтшин» ба «ҳафтсин» мубаддал гардид. Яъне мардум хони наврӯзиро бо себ, сабза (ки ин ҷо навъҳои сабзаҷот ва сабзаи суманак низ бояд бошад), сир, сумоқ, санҷид, сипанд, санбӯса оро медоданд. Хушбахтона, бо чунин тарз оро додани дастархони солинавии ниёгонамон то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Акнун якҷоя андеша намоем, ки шумо ба ҷашни Наврӯзи имсола чӣ гуна омодагӣ мебинед. Беҳтараш, биёед, нақшаи таҷлили Наврӯзи имсоларо якҷоя тарҳрезӣ намоем. Пеш аз ҳама, аз ороиши синфхона шурӯъ намоед. Бо ҳарфҳои зебову хоно бо матнҳои «Наврӯз муборак!», «Наврӯзи оламафрӯз омад», «Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон пирӯз бод!» шиору овеза тайёр намоед. Пораҳои шеърҳои наврӯзии шоирони классик ва муосири тоҷикро бо ҳуруфи ҳозира ва арабиасоси тоҷикӣ дар коғазҳои калонҳаҷм хушнависӣ намуда, овезед. Дар синф ба муносибати фарорасии Наврӯз рӯзномаи деворӣ таҳия намоед. Озмунҳои ҳунарии гулдӯзӣ, хӯрокпазӣ, сураткашӣ доир намоед ва дар онҳо фаъолона ширкат варзед. Дар гирду атрофи мактаб дар арафа ва рӯзҳои наврӯзӣ маъракаи сарсабзгардонии муҳити зист, яъне ниҳолу гулшинониро аз ёд набароред. Субҳи Наврӯз тибқи суннатҳои ниёгон табрик намудани падару модарон, устодон ва ҳамдарсонро бо суханони ширин, лаҳни гуворо ва дастагулҳои тару тоза фаромӯш накунед. Дар сурати иҷрои ин маслиҳату тавсияҳо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барои шумо хубу хотирмон хоҳад гузашт.

АЁ ҚИШЛОҚАКИ МАҲТОБИИ МАН...

Аз сабзии сабза сабз дар сабз баҳор,
Аз долу дарахт фасли сарсабз баҳор,
Ту суръати набзи худ ба ангушт бигир,
Сар мешавад аз ҳаракати набз баҳор.

Дигар аз шиддати сармо макун бим,
Ки рӯзу шаб баробар гашт тақсим.
Ба санге пешпоӣ мехӯрӣ, хӯр,
Ба гулҳо мекунӣ ин лаҳза таъзим.

Ҳисоби сол сар шуд аз сари хат,
Хутути сабзаю себарга сархат.
Лаби дарё пур аз кафку ҳубоб аст
Ба рӯзи ҷомашӯйии табиат.

Туро то дар бағал гирам ба як бор,
Туро дар бар кашам девор-девор,
Аё қишлоқаки маҳтобии ман,
Ба ман дасти дарахтони ту даркор.

Хазону машриқи фасли зимистон,
Баҳору машриқи фасли хиёбон.

Тулуи офтоби синаро бин,
Пагоҳӣ аз уфуқҳои гиребон.

Замину осмон, обу ҳаво тар,
Нафасҳо тар, назарҳо тар, адо тар.
Чароғак мезанад чашме зи ҳар сӯ,
Ба ҳар кӯе садои кафши по тар.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2