Зеҳн

РУСУМН НАВРӮЗӢ

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Ҳанӯз дар ахди Сосониён мардум бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз гандум, ҷав, нахӯд барин навъҳои ғалладонаро сабзонида, аз рӯйи сабзиши онҳо оғози корҳои деҳқонӣ ва авзои солро пешгӯйӣ мекарданд. Агар майсаи сабзида рост нашъунамо мекард, сол серӣ меомад, вале агар сабза ба ҳар тараф паҳн мешуд, ба мардум ҳушдор медод, ки сол қаҳтӣ мешавад.

ГУЛГАРДОНӢ

Гулгардонӣ маросими бачагона мебошад. Бачаҳо охири зимистон ба кӯҳҳо баромада, аз таги кӯрпаи барф гулҳои сияҳгӯшро чида меоварданд ва аз омадани баҳор мужда мерасониданд. Хона ба хона гашта, суруд мехонданд:

Баҳор омад, баҳор омад,
Гули ҳафтранг қатор омад.
Ба деҳқон вақти кор омад,
Баҳори нав муборак бод!

Баҳор омад ба нимрӯзӣ,
Бичин гулҳои наврӯзӣ.
Бимон тоқии гулдӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод!

Гули сияҳгӯш ҳафтранг аст,
Миёни хоку ҳам санг аст.
Хдмеша дар сараш ҷанг аст,
Баҳори нав муборак бод!

Мардум гули сияҳгӯшро аз дасти бачаҳо гирифта, ба дидаҳояшон молида, ба Худо шукр мегуфтанд, ки ба баҳори нав сиҳату саломат расиданд ва ба онҳо ҳар гуна туҳфа ва қанду ширинӣ медоданд.

ЧОРШАНБЕИ ОХИРИН

Дар Х,исор, Рашт, Кӯлоб мардум бегоҳи чоршанбеи охири сол дар майдончаҳо, чорраҳаҳо гулхан даргиронида, аз болои он себорӣ меҷаҳиданд ва ин суханонро такрор мекарданд: «Ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман». Ҳамчунин, барои хушбахтии оянда кӯзаҳои холӣ ва зарфҳои сафолиро ба оташ партофта мешикастанд.

Ин маросимро дар Рашту Мастчоҳ «Чоршанбеи охирин» ва дар байни тоҷикони Хуҷанду вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Сафаркоҷдӣ» мегуфтанд.

идӣ

Аслан муждарасони соли нав бачагонаид. Агар гулгардонӣ пайки наврӯзӣ бошад, навиштани идӣ аз фарорасии Соли нав хабар медиҳад. Дар мактабҳои куҳна мактабдорон чанд рӯз пеш аз Наврӯз ба шарафи вуруди соли нав «Идӣ» ё «Ҳафгсалом» навишта, паҳн мекарданд ва ба ивазаш аз падару модарон идона мехостанд. Идиҳо дар коғазҳои гуногун ва ҳатто дар рӯйи тахтача навишта мешуданд. Бештарини идиҳо аз ду ё чаҳор мисраъ иборат буда, онро ашхоси босавод иншо мекарданд ва рӯзи Наврӯз бачаҳо ба падар, модар ва хешу табор гӯшзад карда, ба ивазаш идона (сарулибос, туҳфа, хӯрок ва ғайра) мегирифтанд ва идиҳоро то соли оянда ба девори хонаашон часпонида мемонданд:

Рӯзи Наврӯз асту ҳар кас идие дорад ҳавас, Иди мову идии мо дидани рӯйи ту бас.

Бачаҳо пагоҳии иди Наврӯз барвақт аз хоб хеста, либосҳои наву тоза ба бар карда, аз калонсолон идона мехостанд:

Наврӯз шуду дилшодам, Аз банди ғам озодам. Сад танга бидеҳ, бобо, Идонаи устодам.

БОРОНИ ҲАМАЛ

Ба истиқболи Наврӯз мардум хонаҳоро рӯбучину сафед мекарданд, бонувон худро оро медоданд, бачаҳову мардон либосҳои нав мепӯшиданд. Одамон зарфҳоро аз оби борон пур карда менӯшиданд, бо оби борон оббозӣ мекарданд, духтаракон дар таги борон сари луч суруд мехонданд:

Борони ҳамал,

Ба мӯям амал.

Мӯям дароз кун,

Дарози соз кун.

ё ки:

Борон биё ба ёвон,

Алаф шавад ба говон.

Говони мо шир диҳанд,

Шира ба кампир диҳанд.

 

СУМАНАК

Суманакро дар ҷануби Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳамин ном, дар шимоли Тоҷикистон «сумалак» ва дар Эрон «саману» мегӯянд. Маросими занона буда, пухтани суманак ба ухдаи зани зебо, покиза, ростгӯю ростқавл, серфарзанд ва бобаракат гузошта мешавад. Он барои ороиши дастархони наврӯзӣ пухта мешавад.

Суманакпазӣ аз бегоҳ оғоз ёфта, то субҳ давом мекунад. Тамоми шаб занону духтарон дойра задаву суруд мехонанд ва нақароти зеринро замзама мекунанд:

Суманак дар ҷуш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.

Дар Эрону Афғонистон низ маросими суманакпази роиҷ аст.

ҶУФТБАРОРОН

Ҷуфтбаророн маросими қадимӣ мебошад. Вақти шудгори заминро Бобои Деҳқон муайян мекард. Рӯзи «Ҷуфтбаророн» мардум хӯрокҳои бомаза мепухтанд. Пири кор фотеҳа медод: «Кушоиши кор, баракату барор, Бобои Деҳқон мададгор, якатон шавад ҳазор!» Барзгарон пеш аз оғози ҷуфт ба шохи барзаговҳо равғани зағир мемолиданд, онҳоро бо ҳазориспанд дуд медоданд ва ба барзаговҳо яктоӣ нон мехӯрониданд.

БАХТКУШОЁН

Тоҷикони баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маросиме доранд бо номи «Бахткушоён». Дар баландии сабзу зебо идгоҳ таъйин намуда, бонувон ва ҷавонони муҷаррад ба он ҷо даъват карда мешаванд. Духтарон либосҳои наву тоза ба бар карда, худро оро дода, ба идгоҳ мебароянд, бо ҷавонони бахтҷӯ вомехӯранд ва бахташонро меёбанд.

ОШИ БОРОН

Дар охири баҳор вақте ки хушксолӣ меомад ва ғалладона хушк шудан мегирифт, занон дар лаби дарё ҷамъ шуда, хӯрок мепухтанд, ки ҳалила ном дошт. Занеро то гиря карданаш ба об тар мекарданд, то ин ки раҳми Худованд биёяду борон фиристад ва чунин тарона мехонданд:

Ашагулони ростина,

Оста биҷунбон остина.

Ғаллаи савзум қоқ шидаст,

Як бор бирезон боруна.

Ин маросимро дар ҷануби Тоҷикистон «Ашагулон» ва дар шимоли Тоҷикистон «Сусхотун» меномиданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2