Зеҳн

ИДҲОИ РАМАЗОН ВА ҚУРБОН

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол мусулмон ва пайрави дини мубини исломанд. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон дар қатори ҷашнҳои миллӣ идҳои динӣ низ ботантана таҷлил карда мешаванд. Рамазон ва Қурбон аз ҷумлаи идҳои динии мардуми кишварамон мебошанд.

Рамазон аз калимаи «рамз» пайдо шуда, маънояш гарм, гармии тоқатфарсо аст. Моҳи нуҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ аст, ки онро моҳи рӯза ё ки моҳи сиём низ гӯянд.

Рамазон аз сӣ рӯз иборат буда, дар ин моҳ мусулмонон рӯза мегиранд. Дар интиҳои Рамазон се рӯз иди Фитр давом мекунад. Рамазон аз рӯйи солшумории милодӣ ҳар сол 10 рӯз пеш меояд. Соли 2016-уми милодӣ оғози Рамазон ба 6-уми июн ва иди шарифи Фитр 6-уми июл рост омад.

Қурбон аз калимаи арабии «қурб» гирифта шуда, маънои наздикӣ ва қаробатро дорад. Маросимест дар дини мубини ислом, ки аз садақа дар роҳи Худо иборат буда, рӯзи 10-уми моҳи 12 (моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрӣ) баъди 70 рӯзи Рамазон қайд карда мешавад. Қурбонӣ дар давраҳои аввали пайдоиши ислом асосан барои ҳоҷиёне фарз буд, ки ба тавофи Каъба меомаданд. Х,оло мусулмононе, ки ба тавофи Каъба мераванд, рӯзи 10-уми ҳаҷ гӯсфанд ё шутур қурбонӣ мекунанд. Таърихан маросими қурбонӣ дар динҳои тоисломии арабҳо ва яҳудиён вуҷуд дошт. Мувофиқи ривоятҳои Тавроту Инҷил ва Қуръон, Иброҳими пайғамбар барои нишон додани садоқату вафодории худ ба Худованди Бузург писараш Исмоилро қурбонӣ карданӣ шудааст, вале Парвардигор гӯсфанде фиристода, ӯро аз ин кор боздоштааст. Маросими ҳаҷ ва қурбонӣ дар шариати ислом ба расмият даромада, яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом ба шумор меравад ва барои касоне, ки қудрату тавоноӣ доранд, фарз гардидааст.

Иди Қурбонро мардуми арабизабон иди шарифи Азҳо мегӯянд, ки маънои руҷӯъ ба бозгашт, ба сӯйи адолату ҳақталошӣ, ба сӯйи инсофу диёнат, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва муҳаббату бародарӣ мебошад.

Бачаҳо дар рӯзи иди Қурбон низ бо шодию нишот идгардак мекунанд, аз устодони худ ёд мекунанд, ба онҳо ҳадяҳо мефиристанд, зеро онҳо дари илму маърифатро ба рӯяшон боз кардаанд.

Иди Қурбон омаду қурбон кунем,
Ҷон фидои ҳазрати Раҳмон кунем,
Ҳоҷиён андар тавофи Каъбаанд,
Мо ба устодони худ эҳсон кунем.

Дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон мардуми мусулмон мувофиқи русуми аҷдодии худ дастархони меҳру муҳаббат кушода, ёди марҳумон мекунанд. Оромгоҳи гузаштагонро зиёрат карда, бо дуои хайр рӯҳу равони онҳоро шод мегардонанд.

Азбаски дини мубини ислом оини инсоф, адолат, сабр ва хайру эҳсон аст, дар рӯзҳои ид дили озурдаеро шод гардонидан, ба ниёзманде дасти ёрӣ дароз кардан ва сари ятимеро сила намудан, барои ҳар як фарди мусулмон ҳатмист.

Дар рӯзҳои ид роҳбарони корхонаю муассисаҳо, тоҷирону соҳибкорон, ходимони дин ва умуман, мардуми саховатпешаи мусулмон ба ятимону барҷомондагон, маъюбону бепарасторон, тарбиятгирандагони сағир- хонаҳо кумаку мадад мерасонанд.

Имрӯз шукрона бояд кард, ки бо шарофати Истиқ- лолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон иду маросимҳои миллию динии худро озодона, дар фазои осоишта ва якдигарфаҳмии комил ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, қарзи инсонии ҳар яки мову шумо, пеш аз ҳама, расидан ба қадри оромии кишвар, обу хоки Ватан ва эҳтироми муқаддасоти давлати Тоҷикистон аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2