Зеҳн

Ай дил, бидон, ки обиди бе илм ҷоҳил аст

ДУ
Дунё2 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

*Ҳазрати Алӣ розияллоҳу ъанҳу дар бораи таҳсил ва истифодаи илм фармудаанд: *

«Бародари азизам! Илмро ба даст намеоварӣ магар вақте ки шаш хислатро барои худ ҷамъ намоӣ, ман аз он шаш хислатро ба тафсил бароят баён ва равшан менамоям:
Тезҳушӣ, ҳирс бар омӯхтан, кӯшиш ва иҷтиҳод, тӯша ва хӯрока, ҳамроҳи устод ва замони тӯлонӣ ».


Имом Ғаззолӣ дар китоби «Иҳёу ъулумид дин»- и худ мефармоянд:
 «Чизе, ки байни инсон ва чаҳорпо фарқ мегузорад, илм аст ва маҳз илм инсонро шариф медорад, на ин ки қувваи ӯ, зеро агар чунин мебуд, уштур аз инсон пурқувваттар аст, инсон на бо ҷуссаи худ шариф аст, зеро фил нисбат ба инсон ҷуссаи калонтар дорад, ҳамчунин на ба шуҷоати худ, зеро паланг аз инсон шуҷоати бештар дорад. Аз ин сабаб ягона чизе, ки ба инсон шараф меорад, илм аст.»

АЙ ДИЛ, БИДОН, КИ ОБИДИ БЕ ИЛМ ҶОҲИЛ АСТ.

Ай дил, бидон, ки обиди бе илм ҷоҳил аст,
Онро, ки нест илм, ту медон, ки ғофил аст.
Ҳарчанд ки зарфи ақли вай, аз ақл пур бувад,
Дар назди комилони замон ҳамчу соил аст.
Он обиде, ки дар талаби маърифат нашуд,
Ўро бидон, ки ҷоҳилу нодону коҳил аст.
Ҳар кас, ки илму маърифат, ай дил, нахондааст,
Ўро зи ишқу ҷоми муҳаббат, чӣ ҳосил аст?
Он кас, ки дар шариати Ҳақ мустақим нест,
Берун зи чаҳор мазҳаби он чаҳор одил аст.
Он кас, ки дар тариқаи суннат назад қадам,
Онро бигў, ки мазҳабу дини ту ботил аст.
Бо дини поки Аҳмаду бо миллати Халил,
Ҳар мўъмине, ки чанг занад, марди оқил аст.
Ай дил, зи ҷоми Одаму бо нури бил яқин,
Менуш бодаву бош, ки ў пири комил аст,
То кай зи ҷоми ишқ, Муҳаммо ту май кашӣ?,
Он бодаро, ки хўрдани ў заҳри қотил аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2