МЕБОЯД ДИД
Ин панҷ хислатро хўи худ созӣ, то ба дину дунё хуш бошӣ: яке муҳофизати амонат; дувум, ростӣ; севум, ҳусни хулқӣ ва нектинатӣ; чаҳорум, парҳезкорӣ; панҷум, ҳаё бо Худованди таоло.
МЕБОЯД ДИД:
Пойдории мулку миллат ва иззату ҳурмат аз мол аст ва мол маҳбуби халоиқ. Назди ҳар кас, ки бошад, мардум таъзими ў ба ҷо оранд ва ба дўстии ў рағбат намоянд. Чун мол аз дасти ў биравад, дигар перомунаш нагарданд. Ободии мамлакат аз раият ва тараққии раоё аз адлу дод. Пас лозим аст, ки мол бемаҳал сарф накунанд ва аз ҳадди инсоф нагузарад, то мол маҳфуз монад ва раият саломат.
МЕБОЯД ДИД:
Агар шуморо давлат ёварӣ кунад ва бахт мадад диҳад, то аз бодаи нахват махмур нагардед, балки ба чашми ибрат ғавр кунед, ки фалаки сифлашиор ва гардуни ноҳинҷор8 ба як гардиш аз шоҳони салаф, мисли Ҷамшед ва Заҳҳок чи кард ва низ аз ғадри рўзгор ва дурангии лайлу наҳор ғофил гашта, умри азизи худро ба лаҳву лаъб нагузоред, ки осмон кадоме соҳибҷалолро ба давлату мол бар як ҳол нагузошта, агар туро найранги дунёи дун ва дарангии чархи чанбари гуногун диданӣ ва шуниданӣ ҳавас аст, ҳолати салотини пешин ва раисони собиқин барои ибрати ту бас аст.
Яқин – ростӣ.
Тафвиз – ба уҳдаи касе гузоштан, вогузорӣ.
Раият – халқ, мардум.
Раоё – ҷамъи раият, оммаи мардум.
Нахват – худбинӣ, худписандӣ.
Ғавр – назари чуқур.
Фалаки сифлашиор – фалаки паст, маҷозан каҷрафтор.
Ноҳинҷор – каҷрав, бадкор.
МЕБОЯД ДИД:
Зоеътарини молҳо он аст, ки аз ў интифоъе набошад. Ғофилтарини раис он аст, ки дар ҳифзи мамолик ва забти раоё эҳтимом нанамояд ва лаимтарини дўстон он, ки дар ҳоли шиддату накбат ҷониби дўстро фурў гузорад ва малъунтарини хешу ақориб он аст, ки аз ў нафъе ба хеш нарасаду ағёр мутаматтеъ бошад ва нобакортарини занон он аст, ки бо шавҳари худ насозад ва бадтарин фарзанд он аст, ки аз итоати модару падар ибо намояд ва ноқистарини хидматгор он аст, ки хидмати махдум ба ҷону дил накунад ва нохуштарин суҳбатҳо он аст, ки мусоҳибатонро дил ба ҳам рост набошад ва ноқистарин тан он аст, ки дар ў сиҳату тандурустӣ набошад, ҳамвора дар маразу ранҷ бошад ва вайронтарини шаҳрҳо он аст, ки дар ў эминӣ ва арзонӣ набошад.
Дурангии лайлу наҳор – сиёҳию зардии шабу рўз.
Лаҳв – ишрат.
Лаъб – бозӣ; айшу нўш.
Даранг – оҳистагӣ, беҳаракатӣ.
Чархи чанбар – маҷозан гардиши фалак, дунё.
Интифоъ – нафъ, фоида.
Забт – идоракунӣ.
Эҳтимом – ғамхорӣ.
Накбат – бадбахтӣ, хорӣ.
Мутаматтеъ – баҳравар.
Ҳамвора – ҳамеша.
МЕБОЯД ДИД:
Соҳиби ҷуду карам ба ҳар ҷо ва ба ҳар дам муҳтарам ва мукаррам бошад ва бахили бенасли худованди хиссат қобили лаънат, ҳамвора залилу хор ва беэътибор мебошад, агарчи амири кабир аст.
Ба ҳар кас лозим аст, ки аз ин се феъл бипарҳезад ва аз худ тарк кунад, яъне макру бағоват ва нақзи аҳд.
Се феъл аст бад дар ниҳоди башар,
К-аз он нафсро майл бошад ба шар:
Яке нақзи аҳд аст, к-андар вуҷуд
Аз ў хислате нест мазмумтар.
Дувум макр кардан, севум чист?
– Бағӣ, К-аз ў дину дониш бувад дар хатар.
Гарат ҳаст мардиву ҳушу хирад,
Аз ин ҳар се хислат ҳазар кун, ҳазар!
МЕБОЯД ДИД:
Инсонро бояд ки дар бахшиш эътидол кунад ва ифроту тафритро нигоҳ дорад.
Мадеҳ роҳ соҳибғараз пеши хеш,
Ба нохун макун синаи хеш реш,
Ки ин ҷумла найрангу макру фан аст,
Бурун дўст дорад, дарун душман аст.
Хиссат – хасис.
Залил – беэътибор.
Бағоват – саркашӣ, беитоатӣ.
Нақз – шикастани паймон.
Мазмум – мазаммат.
Ифрот – аз андоза берун.
Тафрит – бепарвоӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё