Зеҳн

МЕБОЯД ПИСАНДИД

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Созу сомони ҷаҳон зар асту зебу зиннати инсон зар, аз заркори олам фуруғ мебояд... ва аҳли қалам шабро ба рўз меорад, душмани ҷон ба ғамгусорӣ гирояд ва сангдил аз дуруштӣ боз ояд.

Зар бар сари фўлод ниҳӣ, нарм шавад.

Алҳақ, зар муҷиби истиқомати давлат асту боиси таъзиму такрими бани навъи инсон, зариаи зарқи коинот асту василаи осоишу оромӣ, айбро кимиёсту амрози тақсирро даво.

Эй зар, ту Худо наӣ, валекин ба Худо,
Саттори уюбу қозиюлҳоҷотӣ.

Касе, ки дасташ аз зар холист, агар чи аз дудмони олӣ бошад, насабу ҳасабаш касе намепурсад ва бар шунидани ҳолу табораш гўш намедиҳад.

Имрўз хулқи хеш ба симу ба зар кунанд,
Бе зар агар бародар, з-ў ҳам ҳазар кунанд.

Зардор гарчи нодон, гўянд: оқил аст,
Безар агар чи доно, мислаш ба хар кунанд.

Зардор агар бимирад, хешону ғайр гирянд,
Безар агар бимирад, кам чашм тар кунанд.

Фурўғ – ривоҷ.
Гироидан – майл, рағбат.
Зариа – восита.
Зарқ – фиреб.
Коинот – бошандагон, мавҷудот.
Қозиюлҳоҷот – ҳоҷатбарор.
Дудмон – хонадон, қабила.

Зардорро ба маҷлис ҷое диҳанд бар сар,
Безар агар биёяд, ҷо тангтар кунанд.

Лозим аст, ки дасту бозуи ҳиммат кушода, ганҷ ба даст орад ва дар таҳсили мол ҳадди ҳалолро нигоҳ дорад.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Шоҳе, ки содалавҳону каҷтабъонро кору бори мамлакат тафвиз намояд, подшоҳ асту ҳукумат аз даст бидиҳад.

Қитъаи Саъдӣ:
Надиҳад ҳушманди равшанрой,
Бо фурўмоя корҳои хатир.

Бурёбоф гарчи бофанда аст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Риояти ҳаққи дўстон накардан ва аз эшон чашми манфиат доштан чунон аст, ки дар замин тухм наафшондану умедвори зироат мондан.

Касе дар анҷуман шамъе наяфрўхт,
Нишони равшаниро кай тавон ёфт?

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Ҳар ки бар рўят абвоби карам ва эҳсон бикшод, аз ганҷи беранҷи хеш ба ту насибе бидод, зинҳор гардан аз тоаташ напечӣ ва дил аз хаёлоти инқиёдаш натобӣ. Агар аҳёнан ў чеҳраи ҳолат аз нохуни мазаррат бихрошад ва чашми дилат ба ғубори кудурат мукаддар созад, то ҳам ангушти ҳакамаш бар чашми эҷоб наниҳӣ ва забон ба гилаву шиквааш накушоӣ, ки побанди салосили миннаташ ҳастӣ, намакхўри хони эҳсонаш.

Куфри неъмат мекунад ризқи ҳалоли худ ҳаром,
Тифл аз пистон газидан мекунад хун ширро.

Тафвиз – супоридан.
Равшанрой – равшанфикр.
Хатир – корҳои бузург.
Инқиёд – итоат.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Забти ин панҷ хасоили намакхўрони хони подшоҳиро зарурист ва мулозимони зилли олиҳиро лозимӣ:

Аввал: шуълаи хашмро аз оби таҳаммул фурў нишондан ва хористони ғазабро бо ахгари бурдборӣ сўхтан.

Таҳаммул кунад, ҳар киро ақл ҳаст,
На ақле, ки хашмаш кунад зери даст.
Таҳаммул чу заҳрат намояд дуруст,
Вале шаҳд гардад, чу дар табъ руст.

Дувум: аз ҳасади абнои ҷинс синаро мусаффо доштану лавҳи дилро аз нуқуши буғз поку муарро.

Кина бари сина, ки бинҳод рахт?
Дил шавадаш аз пайи озор сахт.

Кудурат – дилтангӣ, хафагӣ.
Муқаддар – тира, сиёҳ.
Ҳакам – миёнарав.
Эҷоб – қабул.

Салосил – силсилаҳо.
Забт – худдорӣ.
Зил (л) – ҳимоя.
Бурдборӣ – сабру тоқат.
Абно – ҳамҷинсон; одамони дар як дараҷаву вазъият.
Лавҳ – сармашқ, маҷозан дафтар.

Муарро – холӣ, поку озод.

Севум: моҳтоби табиатро аз хусуфи тамаъ торик нагардонидан ва хуршеди дилро аз кусуфи ҳавову ҳавас бе нур насохтан.

Ҳарисро накунад неъмати ду олам сер,
Ҳамеша оташи сўзанда иштиҳо дорад.

Чаҳорум: дар ҳудуси ҳодисаи ҷонгузо изтироб намудан, шадоиди масоиб пайи ҳиммат аз кўи истиқлол берун наниҳодан.

Калиди таваккул гар ояд ба даст,
Дари ганҷи иқбол битвон кушуд.
Ба чавгони сидқ андар ин арсагоҳ,
Зи майдон тавон гўйи давлат рабуд.

Панҷум: ба ҳар кор дурустиву андозаро нигоҳ доштан ва дар роҳи харҷ аз ҳадди дахл берун нагузоштан.

Ҷаҳон мегузорад ба хушхорагӣ,
Ба андоза дорад тагборагӣ.
На базле, ки тўфон барорад зи мол,
На бухле, ки сахтӣ дарорад ба ҳол.

Хусуф – моҳгирӣ; ин ҷо ба маънои торикӣ.
Кусуф – офтобгирӣ, дар ин ҷо ба маънои хирагӣ.
Ҳудус – пайдоиш; рўй додан.
Ҷонгузо – ҷоннок.
Шадоид – ҷамъи сахтӣ.
Масоиб – мусибатҳо.
Истиқлол – беқарорӣ.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Дар маҷлиси бузургон ва маҳфили ҳасби лаёқату ҳасбияти худ нишастан боиси донишмандисту ҳифзи маротиби дигарон доштан муҷиби хирадмандӣ. Беандеша ҳамчун девонагон сухан гуфтан фарқи хиҷолат пеш афтодан асту бе маҳал лаб аз табассум ошно гардонидан чашм бар пушти пои надомат дўхтан.

Лоиқи маҳфил набошад, ҳар ки хандад бемаҳал,
Кафш чун дандон намояд, мешавад аз пой дур.

Ҳар ки бо касе ба такаллум машғуф бошад ва ба сухангўйӣ масруф, ло калом каломаш қатъ накунад ва дар гуфтугўяш дахл надиҳад.

Суханро сар аст, эй хирадманду бун.
Маёвар сухан дар миёни сухун.

Чун тақрираш ба ихтимом расад ва силсилаи ақвояш ба анҷомҳо фил замири хеш макри кам аз беш ба ширинзабонӣ бар забон овардан беҳтар аст ва аз саргўшӣ ошкоро гуфтан хуштар.

Дар маҷолис ҳарфи саргўшӣ задан бо якдигар,
Дар замини синаҳо тухми нифоқ афкандан аст.

Ҳасб – қадр; ҳасбият – андоза, миқдор.
Машғуф – мафтун.
Бун – поён, охир.
Тақрир – сухан.

Ихтимом – анҷом, охир.
Фил – филҳол, дарҳол.
Замир – фикру хаёлҳои пинҳонӣ.
Саргўшӣ – ба гўши ҳамдигар пичир-пичир гап задан.

Аз айбҷўйӣ ва дурўғгўйӣ забонро ошно намудан ва аз ғайбату буҳтон дили сомеъин шодон кардан ва аз гулгунаи истеҳзаи ў тамасхур ранги орази табиат афрўхтан ва ҳаракати дасту бозу ва чашму абру хилофи таҳзиб ба кор бурдан шамъи шармандагӣ дар базм равшан сохтан асту дуди парешонхотирӣ ба димоғ печонидан, реш аз бозуи ано мул масун дорад ва гўшу биниву даҳан аз ангушти маъмун.

Агар зарурати қазо ҳавоиҷи зарурӣ афтад, ба тариқе аз маҳфил берун рафта фориғ шавад, ки бори хотири анҷуман нагардад ва бар дили ҳозирин гарон нагузарад, либоси пўшиданӣ аз олоиши ҷисмонӣ мусаффо дорад ва хештанро аз такаббуру нахват мубарро. Сармояи фахри обо ва аҷдод нафурўшад, дар санову ситоиши худ накўшад.

Санои худ ба худ гуфтан намезебад туро,
Соиб, Чу зан пистони худ молад, ҳузузи нафс кай ёбад?

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Баландҳиммат дасти таваҷҷуҳ ба нафъи махлуқот баркушояд ва ба ҳеҷ вақт аз касе мутаваққеи ёрӣ набошад. Агар ба ў ҳаводиси рўзгор пойи тавсани ҳимматашро аз ин роҳ билағжонад, зимоми шикеб ва истибор аз даст намедиҳад, умеди беҳӣ ва беҳрўзӣ аз хўшачинони дунявӣ бар намедорад.

Офтоби ҷаҳонтобро хосияте аст, ки бар зарраи бемиқдор партаве андозад ва аз ў хоҳиши ивазу бадал наёрад. Дарахти сандалро одатест, ки аз хушбўии хеш тамоми оламиён муаттар созад ва таманнои истимдод ғайре хотираш ҷо напазирад.

Аҳли ҳимматро набошад такя бар бозуи кас,
Хаймаи афлок бе чўбу таноб истодааст.

Сомеин – шунавандагон.
Ано – ранҷ, заҳмат.
Масун – эмин, амон.
Маъмун – дар амон.

Қазо – иҷро.
Ҳавоиҷ – эҳтиёҷ, ҳоҷат.
Ҳузуз – баҳра, лаззат.
Мутаваққеъ – умедворӣ.
Тавсан – шўхӣ, саркашӣ.
Шикеб – сабр, тоқат.
Истибор – сабр, таҳаммул.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2