МЕБОЯД ПИСАНДИД
Бо ҳар кас маросими пояшиносӣ ба ҷой овардану бисоти буқаламун меҳмондорӣ биёростан шеваи хирадмандон асту тариқаи ҳунарпарварон. Агар бахт бедор асту иқбол ёвар, то тавонӣ, дили аҳли ҷаҳон аз талаттуфу мадор хуш дор, ҳин-ул-васеъ ба зўру бозуи ҳиммати хеш муродоти маҳлуқот барор, ки оби дарё аз серобӣ кому даҳони ташнагон танзил напазирад ва давлати илму ҳунар аз бахшоишу файзрасонии дигарон камӣ нагирад.
Нест, мумкин нашавад дахл зи резиш афзун,
Дона дар хок яке сад шавад аз афшондан.
Аммо боз ин вақт ба даст наёяд, ки мулку давлат даст ба даст биравад ба байни ҳафт кишвар. Мафтуҳаро Сикандар чӣ сохт ва чӣ гуна «Чиҳил ганҷ»-ро Қорун ба ҳасрату нокомӣ гузошт?
Истимдод – ёрӣ, мададталабӣ.
Афлок – ҷ. фалак.
Талаттуф – лутф.
Ҳин-ул-васеъ – инак васеъ.
Танзил – суд, фоида.
Ҳафт кишвар – ҳафт иқлим.
Мафтуҳа – фатҳ.
Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,
К-ин неъмату мулк меравад даст ба даст.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Пайдоиши инсони заиф-ул-баниён аз қатраи нопок асту анҷомаш хок. Дар ҳамчунин фурўмоягӣ, худро аз нахват Фиръавни сонӣ сохтану бизоати такаббуру руунати дарбор бастан аз донишмандӣ баид аст. Аз бодаи такаббур чеҳра арғувонӣ намудан кўтоҳии ақл, аз моҳтоби нодонӣ тор-тор гардонидан аст ва ба чашми ҷаҳониён тан ба ҳақорат супурдан.
Зи нахват ғарқи дарё гашта Фиръавн,
Шуд аз кибру манӣ Намруд бе авн.
Такаббур бин чӣ бо Шаддод карда,
Такаббурҳо дар абру бод карда.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Маълум шуд зи ҷунбиши набзам, ки як нафас
Дар дасти ихтиёр набошад инони умр.
Ҳар дам ба ранги шишаи соат нигоҳ кун,
Ғофил мабош аз сафари корвони умр!
Ғунча, ки аз насими мушкбори баҳор ба саҳни гулзор гул-гул шукуфт, дар чашм задан самуми хазон қабои ҳаёташ дарид ва гавҳаре, ки аз абри найсон дар пушти садаф пайдо гашт, санги ҳаводиси рўзгор сурмасо гардонид. Ҳамчунин, агар шайдое иттифоқан шоҳиди таманноро дар оғўши мурод ҷилвагар ёфт, ба фаври чархи ситамгари фитнапардоз санги тафриқа барандохт.
Дирўз пайи гулоб мегардидам,
Пажмурда гуле ба рўи оташ дидам.
Гуфтам, ки чӣ кардӣ, ки туро месўзанд?
Гуфто, ки дар ин чаман даме хандидам.
Рангу бўйи гулзори рўзгор гоҳе беранг намемонад, балки ҳар лаҳза ва ҳар дам ранг ба рўй мешиканад.
Филҷумла, касеро дар ин ҷаҳон суботу оромӣ нест ва ҳеҷ мутанаффасро аз гардиши чархи каҷрафтор осоиш не.
Як тан дар ин замона бе доғи мотаме нест,
Кардем сайри олам аз моҳ то ба моҳӣ.
Руунат – калонгирӣ.
Арғувонӣ – маҷозан сурх.
Ҳақорат – хорӣ.
Авн – ёрӣ, мадагорӣ.
Самум – гармсел.
Қабо – либоси мардона.
Найсон – баҳорӣ.
Басо навниҳолони чамани рангин, мизоҷони гулшан, ки дар ин бўстони хаёл боду шамол рангу обе бар рўйи кор оварда буданд, ба даме аз сур-сури тунд баргу бор рехта, сарфи хазон шуданд ва басе шаҳрёрони рўйи замин ва тоҷдорони пуртамкин аз ҳафт кишвар хироҷу боҷ мегирифтанд, ба ламҳа аз нозураи кору бори мамлакат ақди мавонӣ гусиста, зери замин пинҳон гаштанд.
Чунон хирмани умрашон шуд ба бод,
Ки ҳаргиз касе з-он нишоне надод.
Садаф – ҷилди гавҳар.
Тафриқа – пароканда.
Тамкин – виқдор, бовиқор.
Ламҳа – лаҳза, дам.
Нозура – соҳиби зироат, боғ.
Мавонӣ – монеъаҳо.
Алҳосил, дар ин сурат дилро ба бозиҳои рўзгори талаввуншиор масруф сохтан ва умри азизро ба таҳсили симу зар мубтало доштан дар киштзори рўзгору охират хор коштан асту номаи аъмолро сиёҳ намудан.
Эй дил, ту дар ин ҷаҳон чаро бехабарӣ?
Ҳар субҳу масо дар талаби симу зарӣ.
Ҳамроҳи ту з-ин ҷаҳон ҳамин як кафан аст,
Он ҳам ба гумонам, ки барӣ ё набарӣ.
Ин аст, ки дилро дар ишқи шоҳиди ҳақиқӣ мубтало гардонидану аз тааллуқоти коинот мубарро.
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас!
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас.
Макун такя бар мулки дунёву пушт!
Ки бисёр чун ту бипарварду кушт.
Лиҳозо, инсонро дар ҳама ҳолат ибодати маъбуд воҷиб асту ба ҳар ламҳа ва лаҳза шукр муносиб.
Ғофил зи эҳтиёти нафас як нафас мабош!
Шоҳид ҳамин нафас, нафаси вопасин бувад.
Талаввун – нопойдор.
Масо (ъ) – бегоҳ.
Тааллуқот – алоқа.
Лиҳозо – бинобар ин, бо ин сабаб.
Вопасин – охирин
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё