Мавқеи калимаҳои иқтибосӣ дар ташаккули истилоҳот
Калимаҳои иқтибосӣ – калимаҳоеанд, ки аз забони дигар интихоб карда гирифта мешаванд. Онҳоро дар беъзе маврид калимаҳои қарзӣ низ меноманд. Ин зуҳуроти табии барои ҳар забон дар тамоми марҳилаҳои инкишофи он мебошад.
Давраҳои иқтибосшавии калимаҳо:
- Давраи аввали иқтибосшавии калимаҳо (пас аз зуҳури Ислом) ба калимаҳои арабӣ тааллуқ доранд, зеро пас аз истилои Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷониби арабҳо ва ҷорӣ шудани Ислом дар тамоми ин сарзамин ба ҳисоб меравад.
- Давраи дуюми воридшавии калимаҳои иқтибосӣ ба иқтибос гаштани калимаҳои туркӣ-ўзбакӣ пас аз истилои Чингизхон ин сарзаминро тааллуқ дорад. Омилҳои иқтибоси ин гурўҳ калимаҳо бештар ҳамсарҳадӣ ва муносибатҳои хешутаборӣ мебошанд.
- Давраи саввум иқтибосшавии калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ мебошанд, ки омили асосии он робитаи фарҳангӣ ва сиёсати ягона дар давраи ИҶШС ғ.
чой, коғаз, пиёла, собун, номус, дафтар, наргис, писта, фонус, наргис,бухоро, чуғундар, чатр
Ранги сабз – забони ҳукмрон
Ранги бунафш – забонҳои ёрирасон
Истилоҳоти арабӣ – дар забони имрўзаи тоҷикӣ ва асарҳои илмии ба забони тоҷикӣ таълифгардида чунин навъҳои – истилоҳоти арабиеро вохўрдан мумкин аст:
а) истилоҳоте, ки тибқи қонунҳои сарфу наҳви забони арабӣ сохта мешаванд: мараз, мариз, амроз, исҳол, мусҳил, дарк, идрок, даррок;
б) ибораистилоҳоте, ки як ҷузъашон тоҷикианд: бахмали меъда, ғизои тез, ғизои шикамнармкунанда, марҳами оҳак, реши масона;
В) ибораистилоҳоте, ки як ҷузъашон юнонианд: зусантариёи мирӣ, иқроси анбарбарис, сурмаи азиз, фасди қофол, фасди босалиқ;
Г) ибораистилоҳоте, ки як ҷузъашон ҳиндиянд: зимоди сандалин, иқроси кофур, маъҷуни филфил.
Истилоҳоти юнонӣ – вожа ва истилоҳоти юнонӣ ба забони форсӣ дар ду давра роҳ ёфтаанд:
а) замони ба Ҷундишопур омадани навафлотуниёни аз Афина рондашуда;
б) давраи ба забони суриёнӣ ва баъдан ба забони арабӣ тарҷума шудани осори табиби машҳури он замон Ҷолинус, ки бо номи «Ситта ашараи Ҷолинус» маъруф аст: қатрон, қалқатор, диёфроғмо, ғанғарё, қулун, сақмуниё, афюн, ғофис…
Истилоҳоти ҳиндӣ – забонҳои эронии бостон ва забонҳои кўҳнаи ҳиндӣ аз як реша муншаиб шуда, дар ҳазораи аввали пеш аз милод ба як хонаводаи забонҳо, ба гурўҳи забонҳои ҳинду ориёӣ мансуб буданд. Инчунин бо роҳи тиҷорат, вақте ки табибон – доруфурўшони ҳинду ба ин сарзамин бо нияти тиҷорат по гузоштанд.
Ҳиндӣ – шакар, нилуфар, балодар(самараи дарахт), занҷабил, мош, нил(кабуд), норгил(норҷил), пилпил, чағандар, қаранфул, кокула(гиёҳ), ҳалила, карбос, чит, чатр, тим, чаковак…
Юнонӣ – диафрагма (диёфроғмо), миқнотис, ғанғрено, ипидимиё, молехулё, қулинҷ, абюн (афюн), масориқо, кефал (қифол), истухудус (шоҳисфарами румӣ), сақмуниё, фалсафа, уқёнус, дирам, собун, пиёла…
Чинӣ- коғаз, чой, чинӣ
Арабӣ – асаб, азала, ғадуд, каъб, китф, қазиб, иҳлил, мултаҳима, тиҳол, ҳалқум, ҳанҷара, шарён, шақиқа, ҳайз, ҳасба, ҳуқна
Ўзбекӣ – қошуқ, қишлоқ, қаймоқ, санам,
Аврупоӣ – паспорт, аттестат…
Иқтибос ду хел мешавад: а) иқтибоси бевосита; б) иқтибоси бавосита.
Иқтибоси бевосита он аст, ки калимаҳои як забон бевосита ба забони дигар дохил мешаванд, масалан, калимаҳои арабӣ, туркӣ-ўзбекӣ.
Иқтибоси бавосита бошад, ба воситаи як забон ба забони дигар шомил мешаванд. Масалан, ба воситаи забони русӣ ба забони тоҷикӣ як қатор калимаҳои фаронсавӣ, олмонӣ, юнонӣ, лотинӣ ворид гаштаанд.
Сабабҳои пайдоиши калимаҳои иқтибосӣ дар услуби бадеӣ ва илмӣ фарқ мекунанд.
Ярғу, хоқон,келин, қаймоқ, тўй, қалинг
истилоҳоти соҳаи санъат
Калимаҳои иқтибосии хориҷиро шартан ба се гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст:
- Калимаҳои бегонае, ки устуворан ба забон ворид шудаанд. Онҳо хеле барвақт иқтибос шуда, аз ҷониби мардум ё мутахассисон ҳамчун калимаҳои худӣ истифода мешаванд. Масалан: акушерство (фр. accoucheur), гормон (юн. hormone), исҳол, меъда, ҳаб, қулинҷ(ар), шакар, нилуфар, банг, хардал (ҳиндӣ), уқёнус, манҷаниқ, дирам, пиёла (юн).
- Калимаҳое, ки таври васеъ интишор шудаанд ва паҳнкунандагон (интиқолдиҳандагон)-и забони бегона маҳсуб мешаванд. Масалан: «торенкур»(олм. terrainkur) – усули муолиҷа бо роҳгардии меъёрӣ аз рўйи маршрути махсус; мост – (mastu (санскрити mast) – хўроке аз анвои лабаниёт, ки аз шир тайёр мешавад; димоғ – мағзи сар, ҷисми мураккаб аз аварда ва шароин ва асли вай аз они шароини шабакӣ аст.
- Калимаҳои иқтибосӣ, ки оммавӣ нашудаанд. Ба ин гурўҳ калимаҳое тааллуқ доранд, ки дар забон муодили худро доранд, вале бо ҳаҷми ифодаи мафҳум ё тобиши маъноӣ фарқ мекунанд. Масалан, унсурҳои иқтибосии де-, ре – ресенситизация (анг. sensivity –чувствительность - ҳассосият) – камшавӣ ё кўҳна шудани эҳсосот.
Қисмати аксари калимаҳои иқтибосиро терминҳо ташкил медиҳанд.
Терминҳои пайдоишашон хориҷӣ аксаран дар забон синонимҳо надоранд, ки онҳоро дар услуби илмӣ бебадал мегардонад (жаргон диалект, фонема, морфема, морфология, лимфа, радио). Вале тарминҳои хориҷии зиёде ҳастанд, ки синонимҳои тоҷикӣ доранд (импорт-воридот, эволюция-таҳаввулот, коммюнике-хабар, агрессивный-ғосибӣ). Синонимҳои тоҷикии онҳо аслан тобиши заифи илмӣ доранд, аз ин рў дар услубҳои китобӣ истифодаи терминҳои хориҷиро афзалтар медонанд. Аз ин рў услубшиносон беасос қайд накардаанд, ки услуби илмӣ саршори калимаҳои иқтибосӣ гаштааст.
Истифодаи калимаҳои иқтибосӣ дар услуби бадеӣ нисбат ба услуби илмӣ фарқ мекунад. Баъзан дар услуби бадеӣ калимаҳои иқтибосиро аз рўйи мазмун ва мўҳтаво бо синонимҳо дар забон истифода кардан мумкин аст, вале дар услуби илмӣ истифодаи синонимҳо мазмун ва функсияи ҳамон калимаро аниқ дода наметавонад: стоматолог–дандонпизишк, фарматсевт-дорусоз, уролог-пешобшинос, акушер-генеколог –момодоя, реаниматсия-эҳёгарӣ…
Бо вуҷуди хеле зиёд ворид шудани калимаҳои иқтибосӣ аз он ҳаросидан лозим нест, зеро забон ҳодисаи ҷамъиятӣ буда, забони илм байналмиллалӣ аст. Аксари донишмандон-забоншиносон бар он ақидаанд, ки ворид шудани калимаҳои иқтибосӣ дар илм тавоноии забон ва илмро бештар мегардонад. Далели гуфтаҳои мазкур ақидаи забоншиноси эронӣ Саид Нафисӣ мебошад, ки мегўяд: «Аз ворид гаштани анбўҳи калимаҳои иқтибосӣ ҳарос набояд дошт, балки аз он бояд ҳаросид, ки дар худи забон тағйироте ба миён ояд.» Академик Евгений Чалишев қайд мекунад, ки «Ба муқобили калимаҳои иқтибосӣ баромад асосе надорад, магар ба ҷойи «мошинаи электронии ҳисоббарор» кампютер гуфтан беҳтар ва мувофиқи мақсад нест». Чунин равандҳои ғанӣ гардонидани таркиби лексикии забон аз ҳисоби калимаҳои иқтибосӣ дар тамоми забонҳои муосири дунё амалӣ мегардад.
Экзотизмҳо – калимаҳои иқтибосӣ, ки хусусиятҳои хоси миллии ҳаёти халқҳои гуногунро ифода карда, ҳангоми тасвир намудани воқеият ғайритоҷикистифода ва истеъмол мешаванд, мебошад. Масалан, дар тасвири ҳаёт ва тарзи зиндагии мардуми Rафқоз калимаҳои аул, ҷигит; дар нишон додани ҳодисаҳои Афғонистон – ҳаракати Толибон, толибон ва ғ. истифода мешавад. Хусусияти фарқкунандаи экзотизмҳо дар он аст, ки дар забон синоним надоранд, аз ин рў ҳангоми тасвири воқеаҳо, ҳаёти мардуми бегона зарурати истифодаи онҳо ба миён меояд. Дар заминаи дигар калимаҳои хориҷӣ экзотизмҳо ҳамчун калимаҳое ҷудо мешаванд, ки аз ҷониби забон пурра аз худ нашудаанд.
Варваризмҳо – калимаҳое, ки дар заминаи калимаҳои хориҷӣ ворид гаштаанд, вале истеъмоли онҳо хусусияти фардӣ дорад. Гуфтан мумкин нест, ки варваризмҳо ба таркиби луғавии забон дохил нагардидаанд, онҳо аз ҷониби забон қабул карда нашудаанд, «калимаҳое ҳастанд, ки дар забони адабӣ қабул нашудаанд». Дар нисбати дигар калимаҳои иқтибосӣ варваризмҳо дар қатори калимаҳои иқтибосӣ, хусусан дар луғатҳо қайд нашудаанд. Варваризмҳо дар нутқ ҳамчун воситаи таъсиррасон пайдо шуда, истеъмоли онҳо хусусияти умумӣ надорад: Масалан: В.В. Маяковский: Негр подходит к туше дебелой: «Ай бег ёр пардон, мистер Брегг! Почему и сахар, белий-белый, должен делать черный негр?» (пахан, махан, окей).
Варваризмҳо аз дигар калимаҳои хориҷӣ (иқтибосӣ) бо он фарқ мекунад, ки: тарҳи «хориҷӣ дорад», ки онҳоро дар заминаи калимаҳои забон зуд фош мекунад; дар нисбати экзотизмҳо мафҳумҳоеро ифода мекунанд, ки дар забон номи худро доранд; аз обу ранги услуби, илмӣ маҳрум аст. Варваризмҳоро шартан ба қатори калимаҳои иқтибосие, ки доираи истеъмоли маҳдуд доранд, дохил кардан мумкин аст, дар ҳақиқати ҳол онҳо аз доираи луғати забон дурр мемонанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё