Зеҳн

УСЛУБИ РАСМӢ-КОРГУЗОРӢ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Шинос намудани донишҷўён бо хусусиятҳои умдаи услуби расмию коргузорӣ.

Вазифаҳо.

  • фаҳмидани дараҷаи аз услуби расмию коргузорӣ бархурдор будани донишҷўён;
  • мавқеъ ва тарзи истифодаи калимаҳо дар услуби расмию коргузорӣ;
  • сохти ибораву ҷумлаҳо дар услуби расмию коргузорӣ .

Натиҷаҳои интизорӣ: Маълумот пайдо кардан оиди  хусусиятҳои асосии услуби расмию коргузорӣ, пайдо намудани малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои расмию коргузорӣ

Мўҳтавои дарси амалӣ:

УСЛУБИ РАСМИЮ КОРГУЗОРӢ

Услуби расмию коргузорӣ услуби  функсионалии нутқ дар доираи муносибатҳои расмӣ: дар доираи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ мебошад. Ин доира муносибатҳои байналхалқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, иқтисодиёт, реклама, муошират дар муасиссаҳои расмӣ, фаъолияти давлатиро дар бар мегирад.

Дар байни услубҳои китобӣ услуби расмию коргузорӣ бо устуворият ва маҳдудияти нисбии худ фарқ мекунад. Бо гузашти вақт табиист, ки он ба баъзе тағйиротҳо дучор мегардад, ки аз сабаби худи мундараҷаи он бармеоянд, вале  бисёре аз хусусиятҳо он, жанрҳои таърихан шаклгирифта, лексикаи махсус, фразеология, воситаҳои синтаксисӣ умуман тағйир наёфтаанд.

Хусияти фарқкунандаи услуби расмию коргузорӣ  дар он мавҷуд будани бисёре аз стандартҳо – қолабҳои нутқ мебошад. Агар дар дигар услубҳо ифодаҳои қалибкардашуда аксаран ҳамчун норасоии услубӣ шуморида шаванд, пас дар услуби расмию коргузорӣ  дар бисёр ҳолатҳо онҳо ҳамчун қисми таркибии табии он қабул карда мешаванд.

Бисёре аз намудҳои ҳуҷҷатҳои коргузорӣ шаклҳои умумиқабулшудаи ифода ва ҷойгиркунии маводро доранд ва ин бешубҳо истифода бурдани онҳоро осон ва одӣ менамояд. Бесабаб нест, ки дар ин ё он мавриди амалияи коргузорӣ варақаҳои тайёре истифода бурда мешаванд, ки фақат пур кардани онҳо лозим аст. Ҳатто ба тартиби муайян навиштани лифофаҳо қабул шудааст, ки ин ҳам кори нависандагон ва ҳам кормандони почтаро осон мегардонад. Аз ин сабаб ҳамаи қолабҳои нутқ, ки коммуникатсияи расмиро осон ва тез мекунанд, дар он комилан қобили қабул мебошанд.

Хусусиятҳои умдаи услуби коргузорӣ

Услуби расмию коргузорӣ  - ин услуби асноду ҳуҷҷатҳо мебошад: шартномаҳои байналхалқӣ, ҳуҷҷатҳои давлатӣ, қонунҳои ҳуқуқӣ, қарорҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, мукотибаҳои хизматӣ, варақаҳои коргузорӣ ва ғайра.

Бо вуҷуди фарқияти мундариҷа ва гуногунрангии жанрҳо услуби расмию коргузорӣ  як қатор хусусиятҳои умумии худро дорад. Ба онҳо шомил мебошанд:

  1. фишурдагӣ, ихчамии ифода, истифодаи сарфакорани воситаҳои забонӣ;

  2. ҷойгиркунонии стандартии мавод, гоҳо ҳатмияти шакл (шаҳодатномаи шахсӣ, дипломҳои намудҳои гуногун, шаҳодатномаи таваллуд, ақди никоҳ, ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ғайра), истифода бурдани қолабҳои барои онҳо хос;

  3. истифодаи васеи терминология, номгузориҳои неменклатурӣ (ҳуқуқӣ, дипломатӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ ва ғайра), мавҷуд будани захираи махсуси лексика  ва фразеология (расмӣ, коргузорӣ), ба матн ворид намудани калимаҳои мураккаби кутоҳкардашуда, ихтисораҳо;

  4. аксаран истифода бурдани масдарҳо, пешояндҳои номӣ (дар асоси, нисбати, мувофиқи, аз сабаби, ба мақсади, аз ҳисоби, дар самти ва ғайра), пайвандакҳои мураккаб (аз сабаби он ки, бо назардошти он ки, дар натиҷаи он ки ва ғайра) , инчунин биораҳои гуногуни устувор, ки барои пайвастани қисматҳои ҷумлаи мураккаб хизмат мекунанд (дар ҳолате, ки агар…., дар асоси он, ки…., аз сабаби он, ки ….., ба шарти он, ки …., ба тарзе, ки …., он делел, ки …. ва ғайра);

  5. хусусияти нақлии ифода, истифодаи ҷумлаҳои номӣ бо номбаркунӣ;

  6. тартиби мустақими калимаҳо дар ҷумла ҳамчун принсипи бартаридоштаи сохтори он;

  7. тамоюл ба истифодаи ҷумлаҳои мураккаб, ки тобеияти мантиқии як далелро ба дигараш инъикос менамоянд;

  8. қариб пурра вуҷуд надоштани воситаҳои эмотсионалию экспрессивии нутқ;

  9. фардияти сусти услуб.

Барои дақиқтар фаҳмидани фарқияти услубию расмию коргузорӣ аз дигар намудҳои услуби забон ба ҳам муқоиса намудани матнҳои зерин кифоя аст:

МИСОЛИ 1

Мўҳтарам Карим Содирович!

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ба нуқтаи таъинот дар мўҳлати нишондодашуда расида омада ва ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шурўъ карда наметавонам, зеро вазъи саломатии ман бад шудааст. Ман ба муолиҷа сахт эҳтиёҷ дорам. Бинобар ин аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман рухсатии бе пардохти музди меҳнат диҳед.

Бо эҳтиром,

Омўзгор Г. Қобилова

МИСОЛИ 2

Азизам Каримҷон!

Бубахш, ки туро хафа мекунам, вале ман ба ҳеҷ ваҷҳ дар мўҳлати хостаат расида омада наметавонам. Вале ту ғамгин мабош. Зеро, ба қавли шоир доимо яксон намонад чархи гардун, ғам махўр. Иншоолоҳ, ҳама корҳо хуб мешаванд. Ман ба кор баромада ҳам наметавонам, зеро хеле шалпар шудаам ва худро хеле бад, ҳатто аз пештара ҳам бадтар ҳис мекунам. Хоҳиш мекунам, ки барои табобат ба ман рухсатӣ диҳанд. Кошки рухсатӣ медоданд, ҳатто бе маош бошад ҳам майлаш, хеҷ гап  нест! Зиқ нашав!

Гулнора

Дар ҳуҷҷати расмӣ  ва услуби расмию коргузорӣ  (мисоли  № 1) лексикаи адабии китобӣ бартарӣ дорад: мўҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонам, ки, ба нуқтаи таъинот омадан, мўҳлати нишондодашуда, ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шурўъ кардан ва ғайра. Дар мактуби шахсӣ (мисоли № 2) бошад калимаву ифодаҳои зерин истифода шудаанд: а)  умумиистеъмолӣ: ба кор баромада натавонистан, худро хеле бад, ҳатто аз пештара ҳам бадтар ҳис кардан, рухсатии бе маош;* б) гуфтугўӣ: шалпар шудаам, зиқ нашав, ҳама корҳо хуб мешаванд; в) тобишҳои эмотсионалӣ: азизам, Каримҷон, бубахш, хафа мекунам. Чунин интихоби воситаҳои лексикӣ асоснок карда шудааст ва муносибати байниҳамдигарии нависанда ва гирандаро (адресатро) ифода мекунад.

Услубию расмии коргузорӣ як қатор хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад:

1. Ҳаҷми муайян

Матни бо услуби расмию коргузорӣ таҳияшуда то ҷое имкон дорад бояд мухтасар: равшан, машуххас ва моҳияти матлаб  бошад. Тафсилоти барзиёд ва суханороӣ бояд ҷой надошта бошад.

Масалан:

Нодуруст: Сипас Каримови бағазабомада чунон ба шўр омад, ки бо калтак ба сари Шарипов зада, ўро аз лой гирифта, ба лойдон зад.

Дуруст:  Каримов ба сари Шарипов бо чўб зад.

2. Набудани эҳсосот

Усулуби расмию коргузорӣ бояд аз ҳар гуна эҳсосот холӣ бошад. Ҳатто агар шумо шикояти пурғазабонае нависед ҳам, матни Шумо бояд ягон хел тобиши эҳсосотӣ надошта бошад. Дақиқият, аниқият ва хунсардӣ дар ҷои авал меистад. Муҳим нест, ки матнро кӣ таҳия намудааст – хизматчии давлатӣ ё дуредгар, профессор ё посбон, омўзгор ё донишҷў  – дар усулби расмию коргузорӣ фардият бояд зоҳир карда нашавад

Масалан

Нодуруст: Баъд ин оқи падар, ин ҳаромӣ, ин шўрапушт Мағзумов дар девори ман чунон ҳақоратҳои болохонадоре навишт, ки …. Бо ранги сурх чизҳое навиштааст, ки шумо дар хоби шабатон ҳам надидаед ва тасаввур намоед, ки баъди ин думро хода кардааст?!

Дуруст: Мағзумов бо истифода аз ранги сурх дар девори ман як қатор калимаҳои қабеҳ навиштааст ва ғайб задааст .

3. Лексикаи махсус

Лексикаи услубию расмию коргузорӣ аксаран масдар, пайвандакҳои таркбӣ ва биораҳои устуворро дар бар мегирад: дар асоси, мувофиқи он ки, бо назардошти он ки, аз ҳисоби, аз сабабии он ки ва ғайра

Ғайр аз ин услубию расмию коргузорӣ истифодаи ихтисораҳо (ДДТТ, БКШ, МҶИС) ва истилоҳҳоеро пешбинӣ менамояд, ки барои ҳамон соҳа хосанд ва маънои онҳо шарҳо дода намешавад.

Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки барои услуби расмию куоргузорӣ истифода бурдани ҷонишини шахси якум хос аст, ки масалан дар  услуби илмӣ ба кор бурда намешавад.

Масалан:

«Дар асоси аризаи хаттии донишҷўи соли аввали факултаи тиббӣ Аҳмадов З. ва бо назардошти ахлоқи намунавӣ ва фаъолияти хуби ҷамъиятиаш фармон медиҳам, ки ба Аҳмадов З ба андозаи 150 сомонӣ кўмаки моддӣ расонда шавад.»

4. Сохтори услуби расмию коргузорӣ

Сохтори услуби расмию коргузорӣ аксаран аз рўи ҳуҷҷате муайян карда мешавад, ки дар он ин услуб ба кор бурда мешавад. Масалан, ариза қатъиян бояд аз рўи намунаи умумиқабулшуда навишта шавад.

Ба ҳамин тариқ, ба таври ҷамъбастӣ хусусиятҳои зерини услуби расмию куоргузорӣ қайд намудан лозим аст:

Сохтори қатъии мантиқӣ

Набудани эҳсосот

Мушаххасӣ ва далелҳо

Терминалогия ва ифодаҳои хос

Ҷонишини шахси якуми танҳо

Созмони конфронси исломй

Оид ба ҳамкории глобалӣ бо барномаи решакан намудани бемории фалаҷ дар байни давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ

Иҷлосияи сиву якуми Конфронси исломии вазирони корҳои хориҷӣ (ичлосияи пешравй ва мувофиқатии глобалӣ), ки дар Истамбул, Ҷумҳурии Туркия аз 14 то 16 июни соли 2004 баргузор гардида буд,

бо назардошти Қарори дар Конфронси сарони кишварҳои исломӣ ва конфронсҳои дигари исломӣ қабулгардида, махсусан Иҷлосияи даҳуми Конфронси сарони кишварҳои исломӣ, ки дар шаҳри Путрачаяи кишвари Малайзия аз 20-12 моҳи шаъбон, мувофики таквими мусалмонӣ, ки ба рўзҳои 16-17 октябри соли 2003 мувофик, меояд, баргузор гардида буд,

бо назардошти шартҳои асосии нигоҳубин ва муҳофизати кўдак дар ҷаҳони исломӣ, ки дар иҷлосияи сездаҳуми Конфронси исломии вазирони корҳои хориҷӣ тахти карори 13/ЗО-С қабул гардида буд;

бо эътирофи он, ки миллионҳо  нафар кўдак дар кишварҳои исломӣ гирифтори бемориҳое ҳастанд, ки аз ин бемориҳо онҳоро муҳофизат кардан мумкин аст;

бо эътирофи он, ки ҷаҳон дар дами решакан намудани бемории фалаҷ карор дорад ва эътирофи комёбиҳои Ташаббуси (аз соли 1998 инчониб) чаҳонии решакан намудани бемории фалаҷ, ки ба 99% паст гардидани шумораи ҳодисаҳои солонаи гирифтори фалаҷ оварда расонидааст;

бо эътирофи пешравии назарраси кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар масъалаи решакан намудани бемории фалаҷ дар кишварҳои худ;

бо зикр ва шукргузорӣ аз он, ки қариб хамаи кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ минтақаи аз бемории фалаҷ озод ба ҳисоб мераванд;

бо дарки он, ки баъзе кишвархои аъзо то ҳол бо решакан намудани вируси фалаҷ мубориза мебаранд;

бо изҳори нигаронӣ аз он, ки вируси бемории фалаҷ ба кишварҳои аз бемории фалаҷ озод ворид шуда метавонад ва ҳамаи 21 кишвари Африкой Ғарбӣ ва Марказиро, ки аз онҳо 11 кишвар узви Созмони Конфронси исломӣ мебошанд, зери хавф мегузорад;

Ўҳдадорихои худро марбут ба решакан намудани бемории фалаҷ аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ бо мақсади саҳми пурсамар гузоштан ба мақсадҳои Решаканнамоии глобалии бемории фалаҷ ҷиддан тасдиқ менамояд.

2. Аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ даъват ба амал месозад, ки барои кафолати он, ки ҳамаи кўдакон аз ин бемории вазнин муҳофизат карда мешаванд, захираҳои зарурӣ  ҷудо намоянд.

3.Ҷомеаи байналмилалӣ, кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои хайриявиро, аз ҷумла ташкилотҳои хайриявии ҷаҳони исломиро даъват менамояд, ки захираҳои зарурӣ пешниҳд намоянд барои;

а) то соли 2005 решакан намудани бемории фалаҷ аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ;

б) фавран муҳофизат намудани кўдакон дар 21 кишвари Африқои Ғарбӣ  ва Марказӣ аз хавфи паҳншавиии бемории фалаҷ дар соли 2004.

4. Аз Котиби кулл хоҳиш менамояд, ки барои татбиқи  ин тавсия ва пешниҳоди гузориш оиди он ба иҷлосияи 32 Конфронси исломии вазирони корҳои хориҷӣ  чораҳои дахлдор андешад.

Супоришҳо

Матнро хонед. Ба усулуби расмию коргузорӣ таалуқ доштани онро исбот намоед. Воситаҳои лексикӣ, морфологӣ ва синтаксисиеро ҷудо намоед, ки ба ин услуб хос мебошанд .

Аз матн калимаву ифода ва ибораҳои хоси расмию коргузориро ҷудо намуда, ба дафтарон нависед.

Таҷҳизоти машғулияти амалй: асбобҳои айёнӣ, маводҳои омўзиш.

САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ ДОНИШИ ДОНИШҶЎЁН БА РОҲИ ПУРСИШ:

1. Услуби расмию коргузорӣ ва зеруслубҳои он дар кадом диораи фаъолияти ҷамъиятӣ истифода бурда мешаванд?

2. Барои чӣ матнҳои расмию коргузорӣ ҳамчун ҳуҷҷат қабул карда мешаванд?

3. Кадом хусусиятҳои услубӣ ва маъноии матни коргузорӣ (ҳуҷҷатнигорӣ) бо махсусияти он вобастагӣ доранд?

4. Фарқияти байни меъёрҳои матнӣ ва забонии шаклгирии ҳуҷҷат кадомҳоянд?

6. Услуби расмию коргузорӣ аз дигар намудҳои услубҳои забон чӣ фарқ дорад?

7. Хусусиятҳои умдатарини услуби расмию коргузориро номбар намоед?

8. Ба фикри шумо, аз рўи кадом хусусиятҳояш матни дар боло овардашуда ба услуби расмию коргузорӣ таалуқ дорад?

9. Оё калимаву ибораҳои овардашуда дар нутқи ҳаррўзаи шумо истифода бурда мешаванд? Агар не, барои чӣ?

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2