Лексикография. Хусусиятҳои махсуси луғатҳои соҳавӣ
Ба донишҷўён дар бораи лексикография, луғат ва хелҳои он, таърихи луғатнигорӣ дар адабиёти тоҷик маълумот додан.
Натиҷаҳои ниҳоӣ: Ҳосил намудани дониши амалӣ оид ба истифодаи луғат ва дониши назариявӣ дар бораи луғатҳо.
Лексикография аз калимаи юнонӣ гирифта шуда lexiko – мансуб ба калима ва графия – навиштан таркиб ёфтааст, ки маънояш тартиб додани луғат мебошад.
Луғатҳо гуногун мешаванд ва ҳар яки онҳо вазифаи муайянеро иҷро мекунанд. Луғат ва анъанаи луғатнигорӣ таърихи чандин ҳазорсола дорад, ки баъзе аз намудҳои он пеш аз мелод низ вуҷуд доштанд.
а) калимаи як забонро ба забони дигар тарҷума мекунанд;
б) калимаҳои номаҳфумро маънидод мекунанд;
в) пайдоиши калима ва тарзи талаффузу навишти дурусти онро нишон медиҳанд;
г) дар бораи ин ё он предмет ва ё маҳфум маълумоти мухтасар медиҳад;
Луғатҳо ду хел мешаванд:
- Луғатҳои энсиклопедӣ (қомусӣ)
- Луғатҳои лингвистӣ
Дар луғатҳои энсиклопедии умумӣ ва соҳавӣ (истилоҳӣ), ки дар онҳо калимаҳо не, балки предметҳо, шахсон ва воқеаҳои таърихӣ, мавзеъҳои географӣ, мафҳумҳои абстракт, реалияҳои гуногуни илмӣ ва маданӣ тафсир меёбанд, яъне маълумоти мухтасари ҳаматарафа додан аст. Маъмултарин навъи ин луғат Энсиклопедияи калони советӣ, энсиклопедияи хурди советӣ мебошад, инчунин «Большая медицинская энциклопедия» (дар 35 ҷилд, Москва,1956-1946), «Медицинский энциклопедический словарь» (дар се ҷилд), «Большая медицинская энциклопедия» (дар се ҷилд, Москва 1974-1982), «Энциклопедияи тиббӣ» (2011). Энсиклопедияи советии тоҷик аз 8 боб иборат аст.
Луғатҳои лингвистӣ маъно ва истеъмоли калимаҳо, таърихи пайдоиши калимаҳо, характеристикаи фонетикаю грамматикии калимаҳоро нишон медиҳанд. Луғатҳои лингвистӣ якчанд навъанд: тафсирӣ, дузабона, якзабона, бисёрзабона, синонимӣ, этимологӣ, таърихӣ, фразеологӣ, диалектологӣ, орфографӣ, чаппа, чандомад (басомад, калимасозӣ, паронимҳо), соҳавӣ.
Дар луғатҳои дузабона як қисми калимаҳо нафақат тарҷума, балки тафсир ҳам мешаванд; дар луғатҳои таърихӣ унсурҳои бисёре аз луғатҳои этимологӣ мавҷуданд; дар луғатҳои умумии тафсирӣ унсурҳои энсиклопедӣ ҳам ба назар мерасанд.
Лексикография бо ташаккули забони адабӣ ба вуҷуд омада, дар инкишофи забони адабӣ ва маҳфуз доштани дастовардҳои илмӣ ва адабӣ роли бузург бозидааст. Назарияи лексикография баробари инкишофи кори амалии луғатсозӣ пеш рафт. Дар асри 20 назарияи умумии лексикография ба вуҷуд омад (махсусан дар асарҳои академик Л.В. Шерба), ки дар он ҷиҳатҳои муҳими умумии лексикографияи ҳамаи забонҳо таҳқиқ мешаванд.
Лексикографияи тоҷик таърихи қадима дорад.
Луғатҳои тафсирӣ. Луғати маъмул ва машҳури забони тоҷикӣ тафсирӣ мебошад. Аввалин муаллифони луғатҳои тафсирӣ шоирон буданд.
Дар забони тоҷикӣ хелҳои гуногуни луғатҳои тафсирӣ дида мешаванд.
Дар дохили ин луғатҳои тафсирӣ баробари луғатҳои маълумоти умумидиҳанда, инчунин луғатҳои махсусе, ки доир ба шарҳи калимаҳои асари ҷудогонаи адиби алоҳида ва ё гурўҳи адибон, луғатҳои фразеологӣ, тиббӣ, ифодакунандаи дорую дармон, инчунин имлову тарзи талаффуз (орфографию орфоэпӣ), маълумот медиҳад. Дар ин луғатҳо калимаю ибораҳои зиёди фразеологӣ гирд оварда шудаанд, ки барои омўзиши таркиби луғавии забонҳои форсу тоҷик маводи пурарзиш ба шумор мераванд.
Луғати нисбатан қадимтарини то замони мо омада расида «Луғати фурс»-и Абў Мансур Алӣ ибни Аҳмад ал – Асадӣ ат – Тўсӣ мебошад, ки (соли 1065) дар Озорбойҷон дар аввали нимаи дуюми асри ХI тартиб дода шудааст.
Ин луғат се маротиба солиҳои 1897-1940 ва 1957 чоп шудааст.
«Ат-танвир»-и Қамарии Бухороӣ (аввалин луғати соҳавӣ), «Меъёри Ҷамолӣ»–и Шамсиддин Муҳаммад Фахрии Исфаҳонӣ (Луристон – 1333-1334), «Кашф – ул- луғот» -и Абдураҳим ибни Аҳмад Сури баҳорӣ),«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҷамолиддин Ҳусайн Инҷу ибни Фатр – ул Ҳасан (Ҳиндустон, 1608),«Бурҳони Қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Халаф Ат – Табрезӣ (Калкутта 1818), «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдурашид ибни Абдуғаффур Ал – Ҳусайнӣ (Калкутта 1872), «Баҳори Аҷам»-и Рой Тек Чанд тахаллус ба Баҳор (Ҳиндустон, асри XIX), «Чароғи Ҳидоят»-и Сироҷиддини Алӣ (Ҳиндустон, асри XVIII), «Ғиёс – ул- луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин ибни Ҷамолиддин ибни Шарофиддин (Ҳиндустон, 1827).
В.И. Дал «Толковый словарь живого велико – русского языка, Д.Н. Ишаков «Толковый словарь русского языка, С.И. Ожегов «Словарь русского языка».
Таджикско-русский словарь (Москва 1954).
Мирзоев Х.Х. Анатомический словарь.
Лотино русско-таджикский словарь (Душанбе - 1966)
Борисов В.М. Русско-арабский словарь (Москва 1967), Баранов Х.К. Арабско-русский словарь (Москва 1958).
Словарь иностранных слов (Москва 1989).
«Фарҳанги забони тоҷикӣ» соли 1969, 2 –ҷилд 45 ҳазор калимаро дар бар мегирад.
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Душанбе-2010, дар ду ҷилд).
Вазифаи асосии ин луғатҳо маънидод кардани калима ва истеъмоли он дар нутқ, фарқ кардани шаклҳои дуруст ва нодурусти калимаҳо, истифодаи онҳо, истифодаи онҳо дар услубҳои гуногун, хусусиятҳои грамматикии калимаҳо, тарзи талаффуз ва навишти онҳоро нишон додан аст. Дар луғатҳои тафсирӣ шакли дуруст ва адабии калимаҳо дода мешавад. Аксари ин луғатҳо қисми асосии калимаҳои забонро фаро гирифтаанд.
Луғатҳои тарҷумавӣ, диалектологӣ, этимологӣ, соҳавӣ, терминологӣ, соҳавӣ, фразеологӣ, таърихӣ, синонимӣ, имло (орфографӣ), орфоэпӣ, омонимӣ, антонимӣ, чаппа, басомад.
Кори мустақилона
Нанизм
Нанизм (паканаги – англ. dwarf.pyqmy) – вайроншавии инкишофи ҷисмони бо зоҳиршавии ақибмонии қад дар муқоиса ба меъёри миёна барои синну сол, ҷинс ва нажод.
Дар одамони калонсоли нажоди сафедпустони қади пакна хурдтар аз 130 см дар мардон ва 120 см дар занон ба инобат гирифта шудааст.
Нанизм ба ду намуд ҷудо мешавад:
-паканаги бо мувофиқатии инкишофи бадан
-паканаги бо номувофиқатии инкишофи бадан
Пайдоиши нанизм вобаста аст ба вайроншавии генетики инкишофи бадан бо бемориҳои эндокриниологӣ ва ғайриэндокриниологӣ. Пайдоиши патологии нанизм вобаста аст ба вайроншавии кори гипофиз, ғадуди сипаршакл ва мубодилаи моддаҳо.
Аломатҳои асосии паканагӣ ҳисобида мешавад ақибмони қадкашӣ. Дигар нишонаҳои клиникӣ вобаста аст ба бемориҳое ки сабаби ба амал омадани нанизм мегарданд. Бисёртар кудакон дар вақти таваллуд қади муътадил доранд, ақибмони дар 2-4 солаги пайдо мешавад. Баъдан тағйиротҳои дағали қисматҳои бадан ба амал намеояд, лекин бисёртар дар шахсони калонсол аъзе қисмҳои кудакона боқи мемонад (бартарии дарози қисми миён нисбат ба дарозии дасту пойҳо). Бо нақшаи сентилӣ нишондодҳои вазн ва дарозии бадан дар якум долон намедарояд ва нишондодҳои ҳаҷми сар ва қафаси сина дар ҳамин долон ҷойгир шавад.
Аломатҳои нанизм, ки бисёртар мушоҳида мешаванд:
Пўсти хушки ожангдор (англ. wrinkled.pukled) ва рангпаридаву зардмонанд (намуди одами пиронсол); чеҳраи хурди кўдакмонанд; инкишофи нопураи мушакҳо; ҷамъшавии зиёдатии чарб дар қафаси сина; фишори шараёнии паст; безуриётӣ. Оқибаташ хатарнок нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё