Зеҳн

Хусусиятҳои ибора ва ҷумла дар услуби бадеӣ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

а) ибораҳои озод ва фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо;
б) сабкҳои адабӣ (назм);
в) таносуби калом ва мусиқии дохилӣ дар дохили мисраъҳо;
г) насри мусаҷҷаъ.

Мақсади дарс: Ба донишҷӯён додани маълумот оид ба ибораҳои озод ва таъбирҳо, фарқи зарбулмасал ва мақол, сабкҳои адабӣ, таносуби калом ва насри мусаҷҷаъ.

Вазифаҳо: Маълумот оид ба фразеологизмҳо, қисматҳои он ва фарқи байни онҳо. Маълумот дар бораи сабкҳо, нозукиҳо ва ифодаи фикр дар онҳо. Санъати саҷъ ва хелҳои он.

Натиҷаҳои фарҷӣ: Дар бораи хусусиятҳои ибора ва ҷумла дар услуби бадеӣ дониши мукаммал ба даст овардани донишҷӯён.

Мӯҳтавои дарси амалӣ

Ибораҳои фразеологӣ як ҳиссаи калони боигарӣ ва ҳусну таровати ба худ хоси забони миллӣ ба шумор мераванд. Бештарини онҳоро халқ офаридааст. Ибораҳоро дар забон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: 1. ибораҳои озод; 2. ибораҳои фразеологӣ.

Ибораҳои озодро ҳар як гӯянда ё шунаванда ҳангоми нутқ худаш месозад ва мувофиқи талаби фикр ҳар як сухангӯй онро тағйир дода метавонад. Мисол: бо калимаи «хона»: хонаи калон, хонаи торик, хонаи баланд. Вале ибораҳои фразеологиро тағйир додан мумкин нест, чунки таркиби онҳо устувор аст.

Ибораҳои фразеологӣ бо чанд хусусияташон аз ибораҳои озоди синтаксисӣ фарқ мекунанд:

  • Ибораҳои фразеологӣ устуворанд.

  • Ба маънои маҷозӣ меоянд.

  • Ҷойи ҷузъҳои онҳоро тағйир додан ё бо калимаи дигар иваз кардан мумкин нест.

  • Ибораҳои фразеологӣ аз як забон ба забони дигар айнан тарҷума намешаванд.

  • Ибораҳои фразеологӣ дар ҷумла ба вазифаи як аъзо меоянд.

Ибораҳои фразеологиро солҳои 40-уми асри ХХ В. В. Виноградов аз ҷиҳати маънӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо намудааст.

Гурӯҳи аввалро идиомаҳо ташкил медиҳанд, ки ин қисми аз ҳама мӯъҷаз ва образноки ибораҳои фразеологӣ мебошанд. Хусусияти фарқкунандаи ин қисм дар он аст, ки ҳамаи ҷузъҳои он ба маънои маҷозӣ меоянд, шакли яклухти онро вайрон кардан мумкин нест ва аз як забон ба забони дигар айнан тарҷума намешаванд: гурги борондида, гули сари сабад, хона равшан кардан, дандон ба дандон мондан, соя аз девор тарошидан.

Гурӯҳи дуюмро таркибҳои фразеологӣ меноманд. Хусусияти фарқкунандаи ин гурӯҳ дар он аст, ки маънои умумии ибора ба маънои луғавии ҷузъҳои он вобаста аст, яке аз ҷузъҳо ба маънои аслӣ меояд: чашм дӯхтан (чашм ба маънои аслӣ), сухани обдор (сухан ба маънои аслӣ), хунук хӯрдан (хунук ба маънои аслӣ), дил бохтан (дил ба маънои аслӣ).

Як хусусияти дигари ин гурӯҳ дар он аст, ки ҷузъи ба маънои аслӣ омадаи ибораро бо муродифаш иваз кардан мумкин аст: гапи обдор (сухани обдор), марди девкор (шахси девкор).

Гурӯҳи сеюм ибораҳои тасвирии фразеологӣ ном дошта, хусусияти фарқкунандааш он аст, ки таркиби онҳо устувор буда, ҳамаи ҷузъҳо ба маънои аслии худ меоянд ва аз як забон ба забони дигар айнан тарҷума мешаванд: занбӯри асал, роҳи оҳан, ангушти ишорат, рӯдаи мустақим, ғадуди сипаршакл, раги хунгард, аз ташхис гузаштан ва ғайра.

Зарбулмасалу мақолҳо танҳо аз ҷиҳати устуворӣ ба ибораҳои фразеологӣ монандӣ доранд. Ибораҳо як мафҳумро ифода мекунанд, вале зарбулмасалу мақолҳо фикрро ифода мекунанд ва хусусияти предикативӣ доранд. Дар зарбулмасалу мақолҳо маъноҳои амиқи иҷтимоӣ ифода ёфтаанд. Онҳо мазмунҳои ба ҳади охирин фишурда, суфтаю сайқалдодашудаи воқеаҳо, хулосаҳои борҳо санҷидашудаи таҷрибаи рӯзгор ва маҳсули фаъолияти фикрию ҷисмонии одамонро дар бар мегиранд: «Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб», «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ», «Хонаи бачадор бозору бебача мазор», «Элак баҳонаю дидор ғанимат», «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор», «Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад» ва ғайра.

Воҳидҳои фразеологӣ муродифи калима ҳастанд, аммо зарбулмасалу мақолҳо бо як калима ифода карда намешаванд: «Аз бинияш гирӣ, ҷонаш мебарояд» (хароб), «Ба замин занӣ, ба осмон меҷаҳад» (шӯх).

Дар зарбулмасалу мақол аввал муҳокима, баъд хулоса оварда мешавад: «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор».

Дар назми классикии тоҷик чор сабк амал мекунад:

  1. Сабки хуросонӣ;

  2. Сабки ироқӣ;

  3. Сабки ҳиндӣ;

  4. Сабки бозгашт.

Сабки хуросонӣ дар асри IX оғоз шуда, дар асрҳои X–XI инкишоф ёфтааст. Хусусияти асосии ин сабк аз равшанбаёнӣ ва истеъмоли воситаҳои тасвири кушоду возеҳ иборат мебошад. Пайравони ин сабк аз калимаҳои душворфаҳм ва таъбирҳои арабӣ сарфи назар карда, ба воситаи ибораҳои содаю оммафаҳм равонии баёнро ба даст овардаанд. Намояндагони барҷастаи ин сабк Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва дигарон мебошанд.

Сабки ироқӣ аз асри XI сар карда, то асри XIV давом ёфтааст. Дар ин сабк истифодаи таъбирҳои арабӣ ва архаистӣ ба миён омад. Инчунин, ба замми санъату воситаҳои тасвири мураккаб истилоҳоти нуҷум, алгебра, меъморӣ ва амсоли инҳо низ истифода мешаванд. Асосгузори сабки ироқӣ Абулфараҷи Рунӣ мебошад.

Сабки ҳиндӣ аз асри XVI қариб то ибтидои асри XX идома ёфтааст. Воситаҳои тасвири мураккабтарин, ташбеҳҳои пӯшида, истиораҳои душворфаҳм хоси ин сабк аст. Дар назми ин сабк шаклҳои шеърии муаммо, чистон, луғз, лутф ва ғайра авҷ мегиранд. Истифодаи ибораҳои арабӣ ва суфизм ин сабкро боз ҳам мушкилфаҳм менамояд. Сабки ҳиндӣ дар асрҳои XVII–XVIII ба қуллаи баланди тараққиёти худ мерасад. Мирзо Абдулқодири Бедил ҳамчун намояндаи барҷастаи ин сабк шинохта шудааст.

Сабки бозгашт дар асрҳои XVII–XVIII дар Эрон пайдо шудааст (бозгашт ба сабки хуросонӣ). Асосгузораш Сабо мебошад.

Асоси ҳамаи санъатҳои бадеӣ бар таносуби сухан аст. Шоир дар як байт калимаҳоеро меорад, ки ба ҳамдигар алоқадор бошанд ва зикри яке зикри дигареро лозим медорад: агар калимаи гул биёяд, лозим аст, ки булбул, хор, чаман, гулистон, ранг, бӯ низ оварда шавад, ё ин ки сарв оварда шавад, лозим аст, ки қумрӣ, фохта, сарсабзӣ, қади ёр низ оварда шавад. Яъне калимаҳои дар як байт омада бояд байни худ муносибати том дошта бошанд. Ин гуна риоя шудани муносибати суханро санъати таносуб меноманд:

«Напиндорам, эй дар хазон кишта ҷав,
Ки гандум ситонӣ ба вақти дарав».
Саъдӣ

Калимаҳои ҳалқа, гесӯ, мӯй, силсила (занҷир), дили шаб низ дар байти зерин ба якдигар сахт вобастаанд:

«Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесӯи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯи ту буд».
Ҳофиз

Дар навиштаҷот ба таносуби ҷойи аъзоҳои ҷумла, ба талаботи фикр эътибор дода мешавад. Агар ҷойи ягон аъзои ҷумла бесабаб тағйир дода шавад, фикр сареҳ ифода намеёбад.

Дар насри бадеии тоҷик баробари риояи таносуби маъно ба мувозинаи вазну оҳанги калимаҳо ҳам диққат дода мешавад.

Санъати саҷъ яке аз воситаҳои муҳими салосати сухан дар назму насри форсӣ ба шумор меравад ва ҳоло низ таъсири он пойдор аст.

Мусаҷҷаъ ҷумлаҳои мусалсалест, ки охири ҳар кадоми онҳо бо калимаҳои ҳамшакл ё калимаҳое, ки шаклан ба ҳамдигар наздиканд, тамом мешавад. Ин ҳамшаклии охири ҷумлаҳо саҷъ аст. Саҷъ дар наср ҳукми қофияро дорад.

Сухани мансуре, ки саҷъ дорад, мусаҷҷаъ номида мешавад. Масалан: «Фалон азм карда ва нияти ҷазм оварда, ки дар нишемани узлат нишинам ва доман аз суҳбат фарочинам». Саъдӣ

Саҷъ се хел мешавад: мутавозӣ, мутавозин, мутарраф.

Саҷъи мутавозӣ: дар ду мисраъ ё ибораву ҷумлаҳо калимаҳое оварда мешаванд, ки ҳам дар вазн ва ҳам дар қофия як хел мебошанд: «Яке аз дӯстон дар каҷоваи ғам анис ва дар ҳуҷраи ҳам ҷалиси ман буд, аз дар даромад». Саъдӣ

Саҷъи мутавозин: калимаҳои саҷъшавандаи охири мисраъҳо ё ибораву ҷумлаҳо дар вазн, ғайр аз риояи ҳарфи қофия, якранганд: «Ҳар кӣ ба зиндагӣ нонаш нахӯранд, чун бимирад, номаш ба некӣ набаранд». Саъдӣ

Саҷъи мутарраф: дар ду мисраъ ё ибораву ҷумлаҳо калимаҳое оварда мешаванд, ки дар қофия як хел бошанд ҳам, дар вазн баробар нестанд: «Хабаре, ки донӣ, ки диле биёзорад, бигзор, то дигаре биёрад». Саъдӣ

Матн

Бемории ришта

Яке аз бемориҳое, ки дар замони амирҳо давое надошт, бемории ришта мебошад. Дар ду-се соли охири айёми риштабарории ман аз Петербург ва Москва олимони микробшиноси рус дар мавсими риштабарорӣ ба Бухоро пай дар пай омада, риштаҳои тоза кашидашударо аз дасти сартарошони риштакаш гирифта, бурда дар лабораторияҳои худ таҳлил карда диданд. Ҳарчанд натиҷаи тадқиқоти он донишмандон ба аҳолии шаҳри Бухоро расман маълум карда нашуда бошад ҳам, ба воситаи касони мӯътамад ба ман маълум шуд, ки онҳо сабаби асосии риштаро дар оби ҳавзҳои Бухоро ёфтаанд ва ин ҳам маълум шудааст, баъд аз софкорӣ карда, аз дока гузаронидани об ҳам тухмҳои ба назар нонамоёни ришта мемондааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2