Зеҳн

ТАҲҚИҚ ДАР МУХТАССОТИ ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ ТОЛИБИ ОМУЛӢ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 17 дақиқа хондан

Ҷаҳонгир, чаҳорумин подшоҳи Темуриёни Ҳинд нисбат ба аҳли сухан, хусусан шоирон, ниҳояти эҳтиромотро масруф дошта, дари ҳиммату сахоро бар рўйи онон боз намуда буд. Чунонки Қудратуллоҳ Гўпомўӣ дар ин маврид мегўяд: «файзу атояш бисоти номи Ҳотами Тоиро тай намуда, ҷуду сахояш дасти атопараст ба бахшоиш кушуда». Муҳаммадҳусайни Одамият миёни ҳамаи салотини темурии Ҳинд Ҷаҳонгир ва писари вай Шоҳҷаҳонро дар тарғибу ташвиқ ва тарбияву сарпарастии шоирони форсизабон мумтозтару пешгомтар эътироф намудааст, ки ба воқеият наздик аст. Нуронивисол ҳам дар ин маврид мегўяд: «Ҷаҳонгиршоҳ низ бо инъоми фаровон ба шуаро ва алоқаи бисёр ба сурудани шеър дарбори хешро маҷмаи шоирони порсизабон сохта буд». Ин муносибати хайрхоҳонаву саховатмандона нисбат ба аҳли сухан буд, ки дар дарбори Ҷаҳонгир шоирони зиёд ба корҳои дарбориву девонӣ маъмур буданд ва тавассути шуғлҳои гуногун ҳаёт ба сар мебурданд.

Аз ҷумлаи шоирони муҳоҷире, ки аз Эрону Мовароуннаҳр ба Ҳинд омада, дар дарбори Ҷаҳонгир ба корҳои гуногун машғул буда, дар зери мулозимат ва зилли илтифоти вай қарор доштанд, инҳо Толиби Омўлӣ, Назирии Нишопурӣ, Авҷии Шерозӣ, Асади Муллоҳайдар, Мир Имодиддини Олоҳӣ, Тақии Ҳамадонӣ, Хусравии Ноинӣ, Ҳасанбеги Холӣ, Ғазанфар Сабрии Марвӣ, Алиқулибеги Султонхалифа, Кайфии Систонӣ, Лутфӣ валади Урфӣ Камонгари Табрезӣ, Муҳаммадсўфии Мозандаронӣ, Мунир Муҳаммадтоҳири Толиқонӣ, Мир Муҳиддини Яздӣ мутахаллис ба Муиз, Боқирхони Амир Наҷми Сонӣ, Булёни Исфаҳонӣ, Қосимхони Ҷувайнӣ, Мирмунтаҳо Теҳронӣ, Мавлоно Алиаҳмади Нишонӣ, Мурод Сафӣ, Мирзо Мурод, Алиаҳмади Муҳркан мебошанд, ки дар дарбори ҷаҳонгирӣ ва муҳити адабии доираи дарбор нуфузи бештар доштанд.

Аз шоирони мазбур баъзе, ҳатто, ба мансабҳои баланди дарбориву ҳукуматӣ ҷалб шуда буданд. Ҳамчунин, Ҳасанбеги Холӣ - савбадори Биҳор ва Боқирхон Амир Наҷми Сонӣ дар дарбор мансаби узмо дошт, Қосимхони Ҷувайнӣ - амир ва мансабдор, Мирмунтаҳо Теҳронӣ пеш аз ҷулуси Ҷаҳонгир дар силки мулозимони вай қарор дошт, баъди ҷулус ба амри шоҳ ба ҳукумати бандари Лоҳурӣ муқаррар гашт, Мавлоно Алиаҳмади Нишонӣ низ амир буд. Ҳамсари шоири ахир, яъне Қосимхони Ҷувайнӣ, хоҳари Нурҷаҳонбегим - ҳамсари Ҷаҳонгир буд ва Манижабегим ё, чунонки дар тазкираҳо зикр гардида, Маниҷабегим ном дошт. Яъне, Қосимхон ба Ҷаҳонгир ҳаққи домодӣ дошт. Қосимхон бо миёнҷигарии ҳамсари худ дар дарбори ҷаҳонгирӣ соҳиби мансаби баланд ва, ҳамчунин, мансаби низомии амирӣ мегардад. Аз ин ҷиҳат, дар муҳити дарбори Ҷаҳонгир бо номи Қосимхони Маниҷа машҳур мегардад. Баъдтар, дар аҳди Шоҳҷаҳон Қосимхони Маниҷа соҳиби мансаби 5-ҳазорӣ ва ба савбадории Бангола маъмур мегардад. Қосимхон худ шоирпарвару саховатманд буд ва дар тарбияи суханварон низ кўшиш ба харҷ медод. Яке аз шоирони ҳунарманд, ки дар мулозимати вай қарор дошт, Абулқайюм Исои Қарохонӣ буд. Мавлоно Алиаҳмади Нишонӣ устоди Ҷаҳонгир буд. Ў ҷуз аз ҳунари шоирӣ, ҳамчунин, олими риёзӣ ва улуми табиӣ буд ва дар муҳрканиву хаттотӣ низ ҳунарманд буд.

Миёни ҳама шоирони даврони салтанати Ҷаҳонгир Толиби Омулӣ, шоири мусофир ва маликушшуарои дарбори ў, новобаста ба синни хурдаш, яке аз ҳунармандтарин шоирони на танҳо дарбори марказии Темуриёни Ҳинд, ҳатто, мустаидтарин шоири тамоми доираҳои адабии Ҳиндустон маҳсуб мешуд. Муаллифи «Хизонаи омира» дар васфи вай чунин гуфтааст: «Булбули Омул ва шоири хуштахайюл аст. Суханро ба марҳамати воло менавозад ва пояи ўро то сидратулмунтаҳо баланд месозад».

Номи пурраи вай Мавлоно Сайидмуҳаммад Толиби Омулӣ аст ва, чунонки аз нисбати зодгоҳияш бармеояд, асли вай аз Мозандарон аст. Таърихи дақиқи таваллудаш маълум нест ва баъзе муҳаққиқони муосир онро тахминан соли 996 ҳ. 1588 нишон додаанд. Толиб дар ҷавонӣ донишҳои роиҷи даврро аз худ карда будааст. Чунончи муаллифи «Майхона», вақте соли 1020 ҳ. 1569 Толибро ҳангоми аввалин сафараш дар Ҳинд мебинад ва бо вай ҳамсуҳбат мегардад, дар ин хусус менависад: «Ин заифро мартабаи аввал дар Ҳинд дар он айём бо ў мулоқот воқеъ шуд. Ҷавоне дид ба анвои ҳунар ороста, азизе мулоҳиза намуд, ба аснофи суханварӣ пироста. Дар фанни шеър аз амсолу ақрон мумтоз ва дар илми сулук ва мардумӣ беанбоз. Чунон халиқ ва зудошно, ки дар ин фан низ адил надошт ва дар суханфаҳмӣ ва инсоф ба мартабае муқайид, ки дақиқае фурўгузошт дар идрок намудани абёти сағиру кабир наменамуд».

Худи Толиб дар ҷавонӣ аз фанҳои ҳандаса, мантиқ, ҳайат, ҳикмат, фалсафа, ирфон, хаттотӣ ва монанди инҳо бархурдор шудан ва дар ин фанҳо ба ҳадди устодӣ расиданашро чунин баён мекунад:

По бар дувумин пояи авҷи ашаротам
В- инак адади фаннам аз олоф зиёд аст.
Бар ҳандасаву мантиқу бар ҳайату ҳикмат
Дастест маро, к- аш яди байзо зи ибод аст.
В- ин ҷумла чу тай шуд намакин илми ҳақиқат,
К- устоди улум аст, бар ин ҷумла музод аст.
Тири ҳикаме, чун ба камон оварам, аввал
Бар табъи Фалотуни илоҳи- м гушод аст.
Бо ҳайатиётам чи кашокаш, ки ба ҷайбам
Уқлидусшони омӣ нашунида савод аст.
Дар силсилаи васфи хат ин бас, ки зи килкам
Ҳар нуқта сувайдои дили аҳли мурод аст.
Пўшам салаби шеър, чу донам, ки ту донӣ,
К- ин поя маро сомини ин сабъи шадод аст.

Ин абётро ҳам, ки худи Толиб дар яке аз маснавиёташ дар таърифи хеш гуфтааст, Фахруззамонӣ бетакаллуфу бемуҳобот мешумурад:

Кутуб тай кардам дар дўстдорӣ,
Яке алломаам дар илми ёрӣ.
Сазад онон ки илми меҳр донанд,

Дар ин фаннам ваҳидуддаҳр хонанд.
Набошад бевафоӣ дар бисотам,
Вафо як гул бувад аз ихтилотам.

Чун дар аҳди Шоҳ Аббоси Аввал пойтахти Сафавиён аз Қазвин ба Исфаҳон кўчонида шуд, Толиб барои роҳ ёфтан ба дарбори шоҳи сафавӣ аз Кошон ба ин пойтахти нав раҳсипор мешавад. Ў ду қасида дар мадҳи Шоҳ Аббос менависад, аммо шоҳи мазкур бар асари сиёсате, ки хонадони сафавӣ дошт, ба қасоиди Толиб аҳамияте намедиҳад. Ин мўҷиб бар нокомии Толиб дар Исфаҳон мегардад ва ў аз он ҷо ба Машҳад ва сипас ба Марв, ба хидмати Бектошхон, ҳокими он, меравад. Толиб чанде дар хидмати Бектошхон ба сар бурда, аз хони сахову илтифоти вай баҳраманд мегардад. Чун орзуи ниҳоии Толиб сафари Ҳинд буд, аз Бектошхон бо баҳонаи зиёрати ватан рухсати сафар мегирад. Аммо, чун хони мазкур ба вай иҷоза медиҳад ва ўро бо эъзози тамом гусел менамояд, Толиб дар роҳ қатъи азми ватан намуда, роҳи Ҳиндустонро пеш мегирад. Худи вай дар ин хусус, яъне майли зиёд ба сафари Ҳинд доштанашро чунин баён менамояд:

Толиб, гули ин чаман ба бўстон бигзор, Бигзор, ки мешавӣ пушаймон, бигзор. Ҳинду набарад ба туҳфа кас ҷониби Ҳинд, Бахти сияҳи хеш ба Эрон бигзор.

Шояд яке аз таҳрикдиҳандагони Толиб ба сафари Ҳинд Ҳаким Рукно буд, ки холазодаи вай ба ҳисоб мерафт ва дар ҳангоми азми мусофирати Толиб ҳакими мазбур дар дарбори салтанатии Ҳинд аз шаъну мартабае вижа бархурдор буд. Толиб бо ворид шудан ба Ҳинд, аввал чанде дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Лоҳур, Синд, Мултон ба сар мебарад ва, баъдан, ба Қандаҳор, ки яке аз савбаҳои салтанати Ҷаҳонгир буд, рафта, дар силки мулозимони савбадори он, Мирзо Ғозихон ё Мирзо Ғозихони Тархон дохил мешавад. Ҳокими мазкур, ба нишондоди Насрободӣ, «дар камоли ҳиммат сулук мекард» ва дар фазлу дониш камол дошт ва қариҳаи шоирӣ низ дошт ва дар назми форсӣ Қорӣ тахаллус мекард (8, 60). Толиб дар хидмати ҳоким аз қадрдонӣ ва ҷавҳаршиносии зиёди вай бархурдор мешавад. Аммо, баъд аз чанде, соли 1020 ҳ. 1609, Мирзо Ғозихон дар сини 25- солагӣ аз ҷониби ғуломе масмум мегардад ва кушта мешавад. Чун бо фавти Мирзо Ғозихон ҳукумати Тархониён дар Қандаҳор хотимат мепазирад, Толиб ҳам тарки Қандаҳор мекунад ва ба Агра меравад. Ин сафари дувуми Толиб ба Ҳинд буд. Муаллифи «Майхона» шояд дар ҳамин Агра бо Толиб вохўрдааст, ки, тахминан, соли 1021 ҳ. 1610 воқеъ афтода буд. Толиб аз Агра ба Пишовар рафта, чанде дар мулозимати савбадори Пишовар - Чинқиличхон ба сар мебарад. Дар хидмати Чинқиличхон Толиб аз эҳтирому инояти хуби вай баҳраманд будааст, ки дар як қасидаи мадҳиявияш чунин мегўяд:

Омул зи ёд рафт маро зи илтифоти ў,
То хешро ба бандари Саврат кашидаам.

Аммо, мулозимати Толиб дар назди Чинқиличхон дер давом намекунад, ў бо сабаби бадрафториҳои бародари худ ба вазъи нохубе гирифтор шуда, аз дунё мегузарад. Толиб пас аз вафоти мамдўҳи худ боз ба Агра меравад. Дар Агра ў таваҷҷуҳи яке аз умарои Ҷаҳонгир, Хоҷа Қосими Диёнатхонро ба худ ҷалб мекунад ва Толиб чанде дар меҳмонии ин амири илмпарвару фозил ба сар мебарад. Номи пурраи Диёнатхон Муҳаммад Ҳусайни Даштибаёзӣ буд ва Диёнатхон хитобе буд, ки Шоҳҷаҳон бар вай сазовор дониста буд. Ў дар аҳди Ҷаҳонгир аз ватани худ ба Ҳинд ворид мешавад ва, чун ақли закиву фаҳми расо дошт, дар силки мулозимони ҷаҳонгирӣ муқаррар мегардад. Пас аз чанде, ба хидмати шоҳзода Шоҳҷаҳон, ки дар Хайробод сукунат дошт, дохил мешавад. Дар мулозимати шоҳзода Диёнатхон мансаби дуҳазорӣ ва инъоми ҳашт ҳазор рупияро дарёфт менамояд. Вақте Шоҳҷаҳон ба тахти салтанатӣ ҷулус мекунад, Диёнатхон, аввалан, ба воқеанависии Дакан ва, баъдан, ба қалъадории Аҳмаднагар маъмур мегардад. Дар соли савуми подшоҳии Шоҳҷаҳон, Диёнатхон ба мансаби 255- ӣ мушарраф мегардад ва ҳам дар хамин сол вафот менамояд.

Муаллифи «Наштари ишқ» қайд мекунад, ки Толиб дар хидмати ҳамин амири фозил ба мансаби муҳрдорӣ муқаррар гардида буд (3, 924). Ин маълумоти муаллифи мазкур ба ҳақиқати ҳоли Толиб созгор нест, зеро Диёнатхон Толибро ба хидмати худ ҷалб накарда, баръакс, ўро ба савбадори Гуҷарот, ки дўсти вай буд, муаррифӣ менамояд. Муҳрдории Толиб дар хидмати вазири воломақоми Ҷаҳонгир, Эътимодуддавла ба ҳақиқат мувофиқат менамояд. Диёнатхон, ки худ шахси фозилу донишманд буд, нисбат ба Толиб хидмати шоистае кард ва Толиб ба васотати вай ба силки мулозимони ҳокими Гуҷарот пайванд ёфт. Диёнатхон унвонии савбадори Гуҷарот, Абдуллоҳхон Баҳодури Фирўзҷанг номае менависад ва аз вай дархости талаби Толибро менамояд. Ҳокими мазбур ҳам Толибро назди худ, ба Гуҷарот мехонад. Толиб худ дар ин бобат чунин мегўяд:

Ман он маншури давлат чун ба дасти хештан дидам,
Шудам сар то қадам баҳри суҷуди шукр пешонӣ.
Ба сўйи қиблаи Гуҷрот рў таслимҳо кардам,
Ба одобе, ки бар ман кард гардун офаринхонӣ.

Муаллифи «Майхона» дар хусуси илтифоту иноятҳои Абдуллоҳхон нисбат ба Толиби ҷавон чунин маълумот медиҳад: «Он азиз (Толиб - С. О.)- ро ба хидмати он хони баландҳиммат фиристод. Чун Толиб ба матлуб расид, Хон Фирўзҷанг он қадар муруввату мардумӣ бад- ў намуд ва он моя эҳсону инсоният ба ў фармуд, ки дар ин ҷузви замон аз кам касе ояд». Қудратуллоҳи Гупомўӣ низ қайд менамояд, ки дар хидмати ҳокими Гуҷарот Толиб аз шаъну эътибори зиёде бархурдор буд ва «ба фарти иззату эътибор гузаронид».

Аммо, Ҳасани Содот бар ин назар аст, ки Абдуллоҳхон танҳо ба хотири шаъну шавкати дарбори худ нисбат ба Толиб саховатмандиву олиҳимматӣ мекардааст, на ба хотири чизи дигаре. Ба андешаи вай, ҳокими мазкур худ аз илму фазл бебаҳра будааст: «Абдуллоҳхон, ки, дар ҳақиқат, аз завқи шеърфаҳмӣ ва шоирдўстӣ бехабар ва ҳам марде тундхў буд ва Толибро фақат барои ҳифзи шууннати дастгоҳи худ нигаҳдорӣ мекард, аз иҷобати масъули вай сар боззад». Шояд ҳамин сабаб шуда, ки Фахруззамон тарки хидмати Абдуллоҳхон кардани Толибро бесабаб шумурдааст ва гуфта: «Баъд аз муддате, ба тақрибе, ки сабаби он хуб бар ин заиф зоҳир нест, муфориқат аз хидмати он хони олишаън ихтиёр намуда, ба дорулхилофаи Огра омад...». Пас аз тарки хидмати Абдуллоҳхон, Толиб, қаблан, азми сафари ҳаҷ мекунад, вале, чун аз Гуҷарот хориҷ мешавад, дубора мехоҳад толеи худро дар Агра бисанҷад. Ў нахуст назди Ҳаким Садро, ки дар дарбори салтанатӣ ба Масеҳуззамон маъруф буд ва дар силки умарои ҷаҳонгирӣ қарор дошт, рафтанӣ мешавад ва, қаблан, унвонии ҳакими мазбур номаи манзуме ирсол медорад ва дар он нома, аз ҷумла, мегўяд:

Рафтам, ки нўки хома ҷавоҳирфишон кунам,
Оби гуҳар ба ҷўйи фасоҳат равон кунам.
Ихлосномае кунам иншо зи килки шавқ
В- он гаҳ ба сўйи мақсади ақсо равон кунам.
Лавҳе тарошам аз дилу бар садри он рақам
Номи хуши Ҳаким Масеҳуззамон кунам.
Гуҷротро гузошта, кардам ҳавои Ҳинд,
То касби файзи суҳбати он нуктадон кунам...

Вале, пас аз он ки худро ба Ҳаким Садро мерасонад, аз суҳбат бо вай маъюсу навмед мегардад. Дар ҳамин ҳангом Диёнатхони амир боз ба имдоди Толиб мерасад. Диёнатхон дар назди Ҷаҳонгир таърифи зиёд аз Толиби ҷавон мекунад, то ин ки ба дастури шоҳ Толиб ба дарбор фаро хонда мешавад. Дар натиҷа, Толиб ба ҳузури Ҷаҳонгир бор меёбад ва шоҳ, қаблан, нисбат ба вай изҳори ҳамсуҳбатӣ менамояд. Аммо, аз ҳаракоти номуносиби Толиб, ин борёбии нахусти Толиб бо ихроҷи вай аз дарбори ҷаҳонгирӣ хотима меёбад. Сабаби ихроҷ он буд, ки Толиб барои дар суҳбати Ҷаҳонгир ҷасорат пайдо кардан, муфарраҳи бо банг даромехта истеъмол карда буд. Вақте шоҳ ба вай иҷозаи сухан кардан медиҳад, Толиб бар асари истеъмоли мухаддирот забонаш лакнат пайдо мекунад ва лол мегардад. Аз ин рафтори Толиб Ҷаҳонгир дар қаҳр шуда, Диёнатхонро сарзаниш менамояд ва Толибро аз ҳузураш меронад.

Толиб, пас аз ронда шудан аз дарбори ҷаҳонгирӣ, барои пўзиш талабидан аз амир Диёнатхон, фавран, қитъае иборат аз 57 байт навишта, дар он аз амири мазбур узрхоҳӣ менамояд ва сабабҳои дар ҳузури шоҳ аз сухан бозмондани худро баён мекунад:

Чи лутфҳо, ки намудиву менамоӣ боз,
Ба ҳар ғарибу мусофир, алалхусус, ба ман.
Нахуст он ки чу дар ғурбатам назар кардӣ,
Ба меҳр бурдӣ аз хотирам ҳавои ватан.
Чаҳорум он ки ба базми шаҳнишинам бурдӣ,
Чу дил ба паҳлуи худ сохтӣ маро маскан.
Ба подшоҳам саргарми гуфтугў кардӣ,
Ба меҳр дидӣ хаффошро ҳарифи сухан.
Ту, он чи бояд, кардӣ, вале- к толеи шум
Ба дастёрии гардун нифоқ зад бо ман.
Бибаст нутқи маро бахти бад в- аз он бастан
Кушуд бар ман ҳам дўст таъна, ҳам душман.
Киро гумон, ки чу ман истиорапардозе
Ба сад забон фасоҳатбаён, шавад алкан?!
Киро гумон, ки фитад риштаи каломи маро
Чу тори зулфи арўсон шикан ба рўйи шикан?!
Аз ин қиёс намо, ғавр кун, ки қудрати кист
Ба як- ду лаҳза чунин қитъае адо кардан?!

Ду чиз муҳри забони суханварӣ гардид,
Маро ба базми шаҳаншоҳи хушъиёри сухан.
Яке забунии толеъ, ки доим аз асараш
Ба ҳар диёр қаринам ба гуна- гуна маҳан.
Дигар зиёдатии нашъае, ки номашро
Наметавонам аз шарм бар лаб овардан.
Адо сареҳ кунам, то гумон менабарӣ,
Чаро ки шустаам аз вай ба ҳафт об даҳан.
Муфарраҳе зада будам ба қасди гуфтани шеър,
Уруҷи нашъаи он кард, ҳар чи кард ба ман.
Ба базми подшаҳам з- он забон намегардид,

Ки гашта буд маро хушк аз ў забону даҳан.
Суханшиносо, пеши ту чун барорам сар,
К- аз инфиол сарам ғўта хўрад дар гардан?!
Накарда ҷурм, маро афв кун ба лутфи амим,
Ки хушнамост хатои накарда бахшидан.
Ман, арчи бегунаҳам, бахти ман гунаҳкор аст,
Гуноҳи бахти маро лутф кун, бибахш ба ман.

Толиб пас аз ин воқеа ба Лоҳур меравад. Дар Лоҳур вай бо шоири тиҷоратпеша, Шопури Теҳронӣ вомехўрад. Шопур шоири машҳури даврони худ буд ва бо Ғиёсуддин Муҳаммади Теҳронӣ, садри аъзами Ҷаҳонгир ва падарарўси вай, ки бо хитоби Эътимодуддавла маъруф буд, пайванди хешӣ дошт ва писари амми вай ҳисоб меёфт. Бо миёнаравии Шопур, Толиб дар Лоҳур бо Эътимодуддавла ҳамсуҳбат мегардад ва таваҷҷуҳи вайро нисбат ба худ ба вуҷуд меоварад. Эътимодуддавла шахси бисёр фозилу илмпарвар буд. Ин буд, ки пас аз аввалин вохўрӣ бо ин шахсияти олимартабаи дарбори ҷаҳонгирӣ, Толиб дар шаъни ў чунин мегўяд:

Булбулеро шуд мураббӣ бўстонорои нутқ,
Он гиромӣ гавҳари якдонаи дарёи нутқ.
Шахси дониш, Эътимодуддавла, к- аз лутфи калом Мениҳад дасти камолаш кафш пеши пойи нутқ.

Пас аз он ки Эътимодуддавла мартабаи донишу заковати Толибро пай мебарад, ўро дар Агра ба мансаби муҳрдорӣ муқаррар менамояд. Аммо, чун мансаби мазкур бо табъи Толиб мувофиқ намеомад, вай мураххас намудан аз ин мансабро аз Эътимодуддавла хоҳиш мекунад ва қитъае ба номи вай менависад, ки яке аз абёташ ин аст:

Чу меҳри ту дорам, чӣ ҳоҷат ба муҳрам,
Маро меҳрдорӣ беҳ аз муҳрдорӣ.

Эътимодуддавла ин муддаои Толибро ба назари эҳтиром гирифта, ўро аз мансаби зикршуда маъзул медорад. Вазири мазкур, чун майли зиёди Толибро ба шеъру сухан маълум менамояд, барои бори дувум бор ёфтани Толиб дар ҳузури Ҷаҳонгир кўшиш ба харҷ медиҳад. Ў дар ҳузури шоҳ Толибро таърифу тавсиф намуда, таваҷҷуҳи шоҳро нисбат ба вай зиёд мегардонад. Дар ниҳоят, Толиб соли 1025 ҳ. 1614, мукарраран, ба тавассути Эътимодуддавла комёб бар ҳузури шоҳ мегардад. Ҷаҳонгир ҳам, ки худ суханшинос ва истеъдоди баланди шоирӣ дошт, ин дафъа пояи ҳунари Толибро дарк кард ва ўро дар силки шуарои дарбори худ муқаррар гардонид.

Пас аз се соли мулозимат, соли 1028 ҳ. 1620 Ҷаҳонгир Толибро бо хитоби маликушшуароӣ сарфароз мегардонад. Худи Ҷаҳонгир дар «Тузук»- аш дар ин маврид қайд менамояд: «Дар ин таърих, яъне рўзи даҳуми даймоҳ аз чаҳордаҳумин соли ҷулус, баробар бо авохири муҳаррами санаи 1028 ҳиҷрии камарӣ, Толиби Омулӣ ба хитоби маликушшуароӣ хилъати имтиёз пўшид. Асли ў аз Омул аст. Якчанде бо Эътимодуддавла мебуд ...».

Аммо, Ҷаҳонгир Толибро якбора маликушшуарои дарбор нагардонид, танҳо пас аз санҷиши зиёд ўро ба ин мансаби баланд мушарраф гардонид. Шиблии Нуъмонӣ дар хусуси нуктафаҳмиву заковати шеършиносии Ҷаҳонгир чунин назар дорад: «Завқи Ҷаҳонгир бисёр олӣ ва ба андозаи як наққоди бузурги фан будааст. Он чи дар бораи ҳар шоире навиштааст, наметавон чизе бар он изофа намуд. Толиби Омулӣ то муддате дар дарбори ў ба шеъру шоирӣ мепардохта, вале лақаби маликушшуароиро вақте ба ў дод, ки, дар ҳақиқат, шоиста ва барозандаи ин мақом будааст... Ашъоре чанд аз Толиб интихоб кардааст, ки худи Толиб наметавониста беҳтар аз он интихоб намояд» (11, 5).

Ба ин тариқ, Толиби Омулӣ солҳои дурударозе дар дарбори Темуриёни Ҳинд ба мансаби расмии маликушшуароӣ сарфароз буд. Толиб дар санаи 1036 ҳ. 1625 бо гирифторӣ ба беморӣ ва, чунонки Азимободӣ қайд карда, «охируламр хабте ба димоғаш роҳ ёфт, ки аз он футуре дар талош ва афкори ў ориз шуд», вафот намуд.

Толиб аз худ девони бузурге муштамил бар 18- 19 ҳазор байт боқӣ гузоштааст. Се нусхаи девони Толиб дар китобхонаҳои Теҳрон: Китобхонаи Маҷлиси Шўрои Миллӣ ва Китобхонаи миллии мулк таҳти шумораҳои 1019, 5291 ва 5543 маҳфуз аст. Теъдоди абёти девони Толиб аз рўйи нусхаҳои мазкура, дар маҷмўъ, 18962 байтро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1154 адад ғазал- дар 13125 байт, 48 адад қасида- дар 2595 байт, 46 адад қитъа- дар 657 байт, 7 адад таркиббанд- дар 600 байт, 154 адад дубайтӣ дар 1509 байт ва 3 адад маснавӣ- дар 476 байт ба ҳисоб мераванд.

Ҷуз аз нусхаҳои мазкур, соли 1346 ш. дар Эрон бо кўшиши Тоҳирии Шиқоб куллиёти Толиби Омулӣ дар асоси муқоиса бо 35 нусхаи муътамади маҳфуз дар китобхонаҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Англия ба табъ расид. Нусхаи мазкур иборат аз 1869 ғазал- 13828 байт, 51 қитъа- 814 байт, 8 таркиббанд- 593 байт, маснавиҳои «Сўзу гудоз», «Ҷаҳонгирнома», «Қазо ва қадар»- 728 байт, рубоиёт ва абёти пароканда мебошад, ки дар маҷмўъ 22 968 байтро дар бар мегирад. «Ҷаҳонгирнома»-и худро Толиб дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ манзум сохтааст.

Дар феҳристи Ганҷинаи шуъбаи дастхатҳои АИ ҶТ таҳти шумораҳои шартии 867 / 3, 224 ва 280 се нусхаи хаттии девони Толиби Омулӣ мавҷуданд, ки нусхаи аввал аз 59 варақ, дувум аз 138 варақ ва савумӣ аз 258 варақ иборат аст. Нусхаи аввал бо хатти шикаста ва дуи дигар бо хатти настаълиқ навишта шудаанд. Нусхаи бо хатти шикаста, нисбатан, сифати навтар дошта, мутааллиқ ба асри ҳабдаҳи милодӣ аст. Он шомили қасоид, ду маснавӣ, таркиббанд, ғазалиёт, қитъа ва рубоиёт буда, дар Эрон ба табъ расидааст.

Дар Тоҷикистон низ бори аввал мунтахаби девони Толиб бо кўшиши Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров соли 1993 дар нашриёти «Адиб» ба нашр расидааст. Мунтахаби мазкур дарбаргирандаи 269 ғазал, 6 қасида ва 180 рубоӣ мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2