Зеҳн

МУШКИЛОТИ ИМЛОИ ҲАРФИ Ӣ ВА УСУЛИ ТАЪЛИМИ ОН

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Мушкилоти имлои ҳарфи ӣ (и-дароз) дар он аст, ки он дорои вазифаҳои гуногун буда, дар мавриду мавқеи мухталиф истифода мегардад. Ба сабаби набудани дастури мукаммалу мушаххаси таълимӣ-методӣ вобаста ба масъалаи мазкур усули таълими ҳарфи ӣ-и дароз гуногуну коста мебошад. Дар натиҷа, ҳангоми истифодаи ҳарфи ӣ-и дароз дар корҳои хаттии донишҷўён ва навиштаҷоти кормандону устодони соҳаи ғайрифилологӣ ғалатнависӣ ба назар мерасад, ки он хатои имлоӣ қариб хатои ом гардидааст.

Сабаби дигари хатонависии имлои ҳарфи ӣ-и дароз дар он аст, ки ғалатнависҳо вазифаҳои асосии ӣ-и дароз ва и-и муқаррариро хуб намедонанд. Ҳамчунин ӣ-и дарозро аз и-и муқаррарӣ ё аз бандаки изофӣ (и) фарқ карда наметавонанд ва сабаб дар он аст, ки тарзи талаффузи онҳоро (бо зада ё дароз ва безада ё кўтоҳ талаффуз шудани онҳоро) намедонанд.

Муаллифони китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёна бо мақсади ба миён овардани малакаи имлоӣ ва барои фарқ карда тавонистани ӣ-и дароз аз бандаки изофии и ба дараҷаи муайяне маводҳои дидактикӣ ҷудо карда ва оид ба мавридҳои истифодаи ӣ ба таври сода маълумот додаанд.

Дар китоби дарсии шодравон профессор Д.Т. Тоҷиев дар баробари таъкид намудани ҷойи ӣ-и дароз ва хусусияти заданокии он, ҳамчунин вазифаи калимабандӣ надоштани он таъкид шудааст: “Ҳарфи ӣ фақат дар охири калима меояд ва ба худ зада гирифта, калимаро ба калимаи дагар намебандад: мардӣ- марди нотарс, қаҳрамонӣ-қаҳрамонони мо, ҷавонӣ-ҷавони хушқад, зебоӣ-зеби хона”.

Дар китобҳои методии шодравон Мадохир Қурбонов, ки яке аз олимони сермаҳсули соҳаи методикаи таълими забони тоҷикӣ ба шумор мерафт, усули таълими ӣ-и дароз ва вазифаҳои он хеле хуб баррасӣ шудааст. М. Қурбонов ба 3 вазифа: а) ҳамчун овози таркибии реша-овози садонок; б) суффикси-пасванди калимасоз; в) бандаки шахсии феълию хабарӣ омадани ӣ-и дарозро таъкид намуда, се ҷадвал тартиб додааст. Дар ҷадвали 2-юм вобаста ба се вазифаи ӣ-и дароз ба таври алоҳида мисолҳо оварда шудааст:

Ӣ - овози садонок: холӣ, кӣ?, чӣ?, чӣ тавр? боқӣ;
Ӣ - суффикси (пасванди) калимасоз: хубӣ, сафедӣ, пахтачинӣ;
Ӣ - бандаки феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, хондӣ;
Ӣ - дар таркиби дигар суффиксҳо: аспакӣ, хондагӣ, рафтанӣ.
Дар ҷадвали сеюм мисолҳое мавҷуданд, ки тавассути онҳо ӣ-и дарозро аз бандаки изофии и фарқ кардан мумкин аст: Имлоиӣваи

Кӣ (ҷонишин) - Кӣ гуфт?
Ки (пайвандак) - Ман омадам, ки бо ту маслиҳат кунам.
Чӣ (ҷонишин) - Ту чӣ кор карда истодаӣ?
Чи (пайвандак) - Чи дар шаҳр ва чи дар деҳа кор дар авҷ буд. Дар китоби дарсии Хакамов Х.Р., Каримов А.К. Забони тоҷикӣ низ чунин баёнотро дидан мумкин аст.
Дар китобҳои дарсии дигари барои мактабҳои таҳсилоти миёна муаллифон дар бобати ҷой ва мавриди истифодаи ҳарфи ӣ маълумот додаанд, аммо вазифаҳои онро ба таври мушаххас таъкид накардаанд. Ҳамчунин, дар яке аз он. китобҳо маълумоти додашуда; (а) дар охири исмҳои конкрет...) бо мисолҳои овардашуда (сафедӣ, сурхӣ, зардӣ) мантиқан чандон мувофиқат намекунад. Зеро ҳарфи ӣ дар охири исмҳо наомада, дар охири сифатҳо омадааст ва исми мушаххас сохтааст. Ба туфайли ҳамроҳ кардани ӣ сифат ба исм табдил ёфтааст. Ифодаи б) дар бандакҳои феълӣ (гуфтӣ, омадӣ...) низ ба назари мо, чандон мувофиқи мақсад нест ва ба ҷойи он дар охири “асосҳои феълӣ...” ё ҳамчун бандаки феълӣ гуфтан шояд дуруст мебуд.

Дар китобҳои дарсии барои донишҷўёни факултетҳои ғайрифилологии мактабҳои таҳсилоти олӣ низ маълумот дар бораи имлои ӣ-и дароз хеле мухтасар ва маҳдуд буда, дар охири калима омадани-ӣ (и-дароз) ва ба вазифаи бандакҳои феълӣ ва хабарӣ омадани он таъкид шудааст, аммо вазифаи он - ҳамчун пасванди калимасоз чандон равшан баррасӣ нашудааст.

Дар китоби дарсии профессор Ш. Кабиров ва дотсент С. Анварӣ дар охири калима кашида талаффуз шудани ҳарфи ӣ-и дароз, дар нақши пасванди калимасоз омадани он, ҳамчун бандаки феълию хабарӣ омадани он ва дар назму насри классикӣ дар вазифаи пешванди ме-истифода шудани он қайд гардидааст, аммо ҳамчун овози таркибии реша - овози садонок истифода шудани он ва дар сохтани калимаҳои гуногунмаъно (исм, сифат, сифати феълӣ...) ба кор бурдани он ба таври мушаххас таъкиду баррасӣ нашудааст.

Дар васоити таълимии дотсент С. Сафаров низ айнан ба ҳамин мазмун баррасӣ гардидани мавқею вазифаи овози “ӣ ба назар мерасад ва дар охири калимаҳо зада нагирифтани он таъкид гардидааст. Бо дарназардошти он ки овоз заданок намешавад ва зада дар ҳиҷо меафтад ва ҳиҷо заданок мешавад, дар китоби Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (Душанбе, 2013) ӣ-ро (и-и дароз) номидаанд.

Дар мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ, ки дар таърихи 2 феврали 2007 бо иштироки аксари забоншиносони ҷумҳурӣ дар мавзўи “Мушкилоти имлои забони тоҷикӣ” дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуда буд, мо дар гузориши худ вобаста ба се вазифаи асосии ӣ-и дароз (ҳамчун овоз, пасванди калимасоз, бандаки феълию хабарӣ) муайян кардану нишон додани вазифаҳои калимасозию калимабандӣ ва мавридҳои истифодабарии он баъзе тавсияҳо пешниҳод карда будем, ки он аз ҷониби олимони забоншинос қобили қабул гардида буд.

Дар китоби “Забони тоҷикӣ”-и профессор Т.Е. Шокиров бо ҳаммуаллифии М.Ҳалимова чор мавриди истифодаи ҳарфи “ӣ” дар анҷоми калима: а) дар калимаҳои решагӣ; б) ҳамчун пасванди калимасоз; в) бандакҳои феълию хабарӣ; г) ҷонишинҳои саволии кӣ? чӣ? қайд гардидааст.

Дар мақолаи Қ.Мухторӣ таҳти унвони “Чанд пешниҳод оид ба таълими “ӣ”» нишон додани нуҳ ҳолат ё мавқеи истифодабарии ҳарфи ӣ-и дароз ҳамчун усули таълим пешниҳод шудааст, ки истифодаи ин усул ҳам дар мавриди таълими “ӣ” аз аҳамият холӣ нест ва ин ҳолатҳо ё мавқеи калимаҳое, ки бо “ӣ” (и-и дароз) хотима ёфтаанд, чунинанд: 1. дар аввал ва мобайни калима наомадани “ӣ” (и-и дароз); 2. пеш аз аломатҳои китобат омадани калимаҳои бо “ӣ” хотимаёфта; 3. пеш аз пайвандаки “ва” омадани он; 4. пеш аз бандаки хабарии “аст”, “нест”, (“ҳаст”), “буд” “набуд” омадани калимаҳои бо “ӣ” хотимаёфта; 5. пеш аз феъл (яъне хабари ҷумла) омадани калимаҳои мазкур; 6. пеш аз феълҳои “будан”, “кардан”, “доштан” ҷой гирифтани он калимаҳо; 7. ба калимаи баъдан алоқаи бевосита надоштани калимаҳои мазкур; 8. пеш аз пешоянд омадани калимаи мазкур; 9. овози таркибии реша будани “ӣ” (и-дароз).

Муаллифи мақолаи мазкур таъкид менамояд, ки “Ин усул аз бар намудани қоидаҳои грамматикиро талаб намекунад, ба хонанда ва донишҷў лозим мешавад, ки танҳо чанд ҳолатро дар хотир нигоҳ дорад”.

Ба назари мо, қоидаҳои грамматикиро аз эътибор дур кардани муаллиф чандон дуруст нест, зеро ки таъкид намудани ҳолат ё мавриди истифодаи ҳарфи ӣ-и дароз ҳамчун воситаи грамматикӣ - тартиби калима қобили қабул гардиданаш мумкин аст. Тартиби ҷойгиршавии калима ҳамчун воситаи грамматикӣ дар ташаккули ибора ва ҷумла мавқеи муҳим дорад ва ин яке аз қоидаҳои грамматикӣ аст. Ба назари мо, бо ин усулҳои пешниҳоднамудаи Қ. Мухторӣ нишон додани мавридҳои истифодабарии “ӣ” (и-и дароз) хеле мушкил аст.

Хулоса, дар назди устод ҳангоми таълими имлои ӣ-и дароз чанд мушкилиҳо ба миён меояд ва ўро водор менамояд, ки вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

- ба донишҷўён ёд додани талаффузи ӣ-дароз, бандаки феълии ӣ ва бандаки изофии и тавассути қироати матнҳое, ки дар таркибашон ҳарфи ӣ-дароз дар вазифаҳои гуногун омада бошад;

- бо шарҳу эзоҳ дар асоси талаффуз, сохти овозӣ ва таркиби морфологии калимаҳоро нишон додан ва фаҳмондани вазифаҳои асосӣ ва мавридҳои истифодабарии ӣ-и дароз.

  1. ӣ-и дароз ҳамчун овози таркибии реша (калима): Алӣ, бинӣ, биҳӣ, қозӣ.

  2. ӣ-и дароз ҳамчун пасванди калимасоз.

а) аз исми моддӣ (мушаххас), (шаклдор ё ҷондор) - мард, дўст, бача, ҷавон...

исми маънӣ (бешакл ё беҷону ноаён - мардӣ, дўстӣ, бачагӣ, ҷавонӣ) месозад;
б) аз сифат - (сафед, сурх, бад, нек...) исм - сафедӣ, сурхӣ, некӣ, бадӣ месозад;
в) аз исм - (шаҳр, кўҳ, баҳор...) сифати нисбӣ (шаҳрӣ, кўҳӣ, баҳорӣ) месозад; г) аз масдар - (рафтан, омадан, дидан...) сифати феълӣ - рафтанӣ, омаданӣ, диданӣ... месозад.
3. Ҳарфи ӣ ҳамчун бандаки феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо дар вазифаи калимабандӣ - ифодагари алоқаи байни мубтадо ва хабар:
Ту хондӣ. Ту омадӣ. Ту мардӣ. Ту муаллимӣ. Ту рафтӣ;\

  • тавассути ҷадвалҳо (таблитсаҳо) бори дигар таъкид намудани ҳар як вазифаи ҳарфи “ӣ”;\
  • дар сутунҳои алоҳида вобаста ба вазифаҳои ҳарфи ӣ-заданок тартиб додани луғат.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2