АФКОРИ АХЛОҚИИ МУТАФАККИРОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲИССИЁТИ МЕҲНАТДЎСТИИ НАВРАСОН
Агар ба таърихи адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷик назар афканем, дар баробари тасвири паҳлуҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ масъалаи иҷтимоӣ низ мавқеи хосса дошта, намояндагони машҳури он ба масъалаҳои тарбия ва таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Таълифот ва осори гаронбаҳои онҳо паҳлуҳои гуногуни тарбияро дар бар гирифта, баҳри дар сатҳи зарурӣ инкишоф додани сифатҳои ҳамидаи инсонӣ нақши бориз дорад. Аз ҷумла, мавқеи меҳнат дар маркази диққати чанде аз намояндагони адабиёти бадеии тоҷик қарор дошта, бобати ташаккули ҳисси меҳнатдўстии наврасону ҷавонон аз худ назари хоссатан ҷолибро ба мо мерос гузоштаанд. Танҳо моро зарур аст, ки вобаста ба мазмун ва дараҷаи фарогирӣ аз ин хазинаи маънавӣ истифода намуда, ҳисси меҳнатдўстии тарбиягирандагонро ба воқеият наздик сохта бошем.
Бинобар ин ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсади дар боло зикршуда, ба эҷодиёти намояндагони мардумӣ рў оварда, гулчине аз боғи маънавиётро мавриди таҳлил ва истифода қарор хоҳем дод. Вобаста ба ин ҳадаф агар таърихи педагогика ва афкори пешқадами ниёгонро варақгардон намоем, дучори он мегардем, ки аксарияти мутафаккирон оид ба меҳнат андешаҳои ҷолиби диққат гуфтаву мавқеи онро дар ҳаёти инсон устувор нишон додаанд. Масалан, педагоги машҳур Маъруф Орифӣ чунин менигорад: «Тарбияи меҳнатӣ ва омўхтани касбу ҳунар дар афкори педагогии халқи тоҷик мавқеи намоёнро ишғол мекунад».
Дар ҷараёни таҳқиқи масъала бошад, бо сабаби васеъ будани мавзўи мазкур, танҳо андешаҳоеро истифода менамоем, ки бештар инъикоси меҳнатро дошта бошанд.
Масалан, яке аз мутафаккироне, ки бештар ба ҳамин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, Носири Хисрав мебошад. Дар осори ин марди хирад аҳли меҳнат мақоми хосса дошта, нисбат ба муфтхўрон нафрат хондаву рафтори онҳоро маҳкум менамояд. Аз истеъмоли нони дастархони ин гурўҳи одамон худдорӣ карданро низ ба мардум тавсия дода, чунин мегўяд:
Рибохорон зи аҳли нор бошанд,
Куҷо аз хулд бархўрдор бошанд...
Рибохоро сабук давлат сарояд,
Агар чизе кунад, не дархўр ояд.
Махўр нонаш, агарчи нафъи ҷон аст,
Ки гирдовардаи хони касон аст.
Нисбат ба рафтори муфтхўрон бошад, дар ҷойи дигар мавқеи санъатро хеле хуб ба қалам дода, баҳри талқин ва роҳандозӣ гардидан васфи онро намудааст:
Беҳ аз санъат ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест!
Дар баробари маҳсули дасти инсон, ки аз санъати баланд далолат медиҳад, Носири Хисрав ба мақоми деҳқон баҳои баланд дода, бо эҳтиром васф менамояд, ки ба ақидаи шоир, тамоми мавҷудотро ризқрасону роҳатрасон деҳқон ба шумор меравад ва мисраъҳои зер далели ин гуфтаҳост:
Беҳ аз саннои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Зи сонеъ ройгон нафъе нахезад,
Зи деҳқон оқибат чизе бирезад.
Бо роҳандозӣ кардани ақидаҳои мазкур дар байни тарбиягирандагон муносибати онҳо ба аҳли заҳмат ва хоссатан ба деҳқон назаррас гашта, ҳурмату эҳтироми на танҳо деҳқон, балки маҳсули дасти ўро низ ба ҷо меоранд. Барои боз ҳам тақвияти фикр ва амалӣ гаштани мақсадҳои тарбиявӣ аз мисраъҳои зер низ бояд истифода бурд:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Ки хористон аз ў чун бўстон аст.
Ба майдон ҳама мардони коранд,
Арақ резанду қути халқ коранд.
Ҳақ бар ҷониби андешаи хирадмандонаи шоир аст, ки мавқеи заҳматкашонро хуб ба қалам додааст, вале дар тамоми давраҳои таърихӣ ва, аз ҷумла имрўз, на ҳар як фард ба қадру қимати деҳқон расидаву нисбат ба маҳсули дастони ў эҳтиром зоҳир менамояд. Ин ҳама рафтори бехирадонаи бошандагони ҷамъият аст, ки ҷиҳати таъсиррасонӣ ба тарбиягирандагон ҳамеша аз чунин мисраъҳои пандомез бояд истифода бурд.
Дар заминаи андешаҳои баландмазмуни педагогии Носири Хисрав муҳаққиқи машҳури тоҷик Маъруф Орифӣ ба ў чунин баҳо медиҳад: «Носири Хисрав масъалаи меҳнатдўстӣ ва эҳтироми одами меҳнаткашро нисбат ба пешгузаштагон ва пайравони худ хеле аҷиб ва объективона ҳал кардааст».
Умуман, Носири Хисрав дар эҷодиёти худ нисбат ба касбу ҳунар диққати махсус зоҳир намуда, бо ин ақидаҳои тарбиявии худ ҷавононро ба ҳунармандӣ, касбомўзӣ ва меҳнатдўстӣ ҳидоят менамояд.
Идомаи ақидаҳои Носири Хисравро андешаҳои пандомези Унсурулмаолии Кайковус ташкил медиҳад, ки мутафаккири барҷаста андешаҳои тарбиявии хешро дар асараш «Қобуснома» баён кардааст. Масалан, андар боби «Фурўтанӣ ва афзудани ҳунар» дар «Қобуснома» Кайковус ба писараш чунин панд медиҳад: «Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад на ғайрро. Ва мардуми асилу насиб агарчи беҳунар бувад, аз рўи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад. Батар он бошад, ки на гавҳар дораду на ҳунар». Воқеан, гуфтори мазкурро ба ҳаёти имрўза қиёс намоем, рафтори як гурўҳи мардум ба мушоҳида мерасад, ки на ҳунар доранду на чашми диди ҳунарманд. Аз ин рў, на манфиати худро таъмин сохта метавонанду на ҷамъият аз онҳо баҳра мегирад. Бинобар ин зарур аст, ки наврасонро вобаста ба мазмуни гуфтори мазкур аз овони кўдакӣ ба омўхтани ҳунар ҷалб намоем.
«Андар боби ёд кардани пандҳои Нушервони Одил» оид ба дўст гирифтани мардуми беҳунар сухан ронда, чунин мегўяд: «Бо мардуми беҳунар дўсти макун, ки мардуми беҳунар на дўстиро шояду на душманиро». Ҳаёти имрўза исбот намудааст, ки дўстии шахси беҳунар ба ҷуз зарар дигар суде надошта, рафиқи бадкешу бадрафтор ва беҳунар танҳо каҷрафториҳои иҷтимоиро роҳандозӣ ва дар замири рафиқи хеш ҷой медиҳаду халос. Бинобар ин аз дўстӣ бо чунин гурўҳи одамон ҳазар бояд кард.
Дар ҳошияи гуфтори қаблӣ, ба андешаи баъдинаи мутафаккир назар андозем меҳнатгурезии ҳамин гурўҳи фардиятҳоро аз коҳилӣ вобаста дониста, коҳилиро сабаби бадбахтӣ мешуморад ва ба фарзандаш чунин панд медиҳад: «Кори хеш беҳ дон аз кори касон ва аз коҳилӣ нанг дор, ки коҳилӣ шогирди бадбахтӣ аст. Ранҷбардор бош, ки чиз аз ранҷ гирд шавад, на аз коҳилӣ».
Ҳадафи насиҳат ба фарзандро Кайковус дар тақвият додани касбу ҳунар дида, аз ҷониби дигар, ба меҳнати ҳалол намудан талқин мекард ва чун муфтхўронро зери тозиёнаи танқид гирифта, чунин назар дорад: «Аз гуруснагӣ мурдан беҳ, аз он ки аз нони сифла сер шудан».
Аз таҳлили фикрҳои тарбиявии Кайковус бармеояд, ки асарҳои вай ба тарбияи фарзандаш бахшида шудааст, вале нақши тарбиявии ин осор барои насли навраси имрўза низ мусоидат хоҳад намуд. Алалхусус, ба тарбияи меҳнатӣ, ки асоси пешрафти ҷомеа аз он вобастагии зиёд дорад.
Пайравӣ аз андешаҳои баландмазмуни гузаштагонро маҳбубтарин мутафаккири тоҷик, муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ намудааст, ки дар баробари қисматҳои дигари тарбия ба васфи меҳнат назари хоссаи хешро дорад. Ў ҳамагонро ба меҳнати ҳалол даъват намуда, дар ин бора чунин навиштааст:
Бихўр, то тавонӣ ба бозўи хеш,
Ки саъят бувад дар тарозуи хеш.
Чу мардон бубар ранҷу роҳат расон,
Муханнас хўрад дастранҷи касон.
Саъдӣ шахсонеро, ки худ меҳнат накарда, самараи меҳнати дигаронро аз худ мекарданд, шахсони манҳус шуморида, қадри халқи меҳнаткаш ва ҳунармандонро аз бойҳо ва ашхоси муфтхўр болотар медонист. Мутафаккирони гузаштаи халқи тоҷик меҳнатро роҳи халосӣ аз душвориҳо медонистанд, аммо Саъдӣ бошад, меҳнатро мақсади асосии зиндагӣ ҳисобидааст. Барои ҳамин нуқтаи назари ў дар бедор кардани ҳисси меҳнатдўстии наврасону ҷавонон арзиши бузург дорад.
Бо мақсади тайёр намудани ҷавонон ба зиндагӣ Саъдӣ ба волидайн муроҷиат намуда, таъкид менамояд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омўзу рой.
Басо рўзгорон, ки сахти барад,
Писар чун падар нозукаш парварад.
Пайравӣ аз андешаҳои мазкурро намуда, гуфтанием, ки тарбияи оила асоси инкишофи зинаҳои минбаъдаи ҳаётӣ, хусусан тарбияи меҳнатӣ буда, инсониятро ба ҳаёти оянда омода месозад.
Шайх Саъдӣ омўзиши ҳунарро талқин намуда, онро яке аз воситаҳои асосии давлату дороии одамон шуморидааст. Махсусан, ҷавононро ба омўзиши ҳунар даъват менамояд, ки андешаи мазкур далели ин гуфтаҳост: «Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад».
Умуман, Саъдӣ зарурати омўхтани ҳунар ва меҳнат карданро халос шудан аз қашшоқию бенавоӣ ва нафъ расонидан ба ҷамъият медонад.
Аз гуфтаҳои муаллими ахлоқ бармеояд, ки новобаста аз давру замон омўхтани касбу ҳунар яке аз самтҳои асосии пешбурди зиндагӣ буда, насли башарро зарур аст, ки ба ҷойи луқмачиниву ихтилофангезӣ софдилона меҳнат кунад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани ҳисси меҳнатдўстӣ ва касбомўзии насли наврас аз ин фарҳанг ва гуфторҳои бузурги тарбиявӣ самаранок истифода намоем.
Абдураҳмони Ҷомӣ ба мисли Саъдии Шерозӣ оид ба меҳнату меҳнатдўстӣ эътибори ҷиддӣ додааст. Чӣ хеле ки мо ҳангоми таҳлили ақидаҳои Саъдӣ шоҳид гаштем, ки вай меҳнатро воситаи асосии зиндагӣ ҳисоб карда, онҳоеро, ки худ меҳнат накарда, аз ҳисоби заҳмати дигарон зиндагӣ мекарданд, мавриди танқид қарор дода буд. Ҷомӣ низ ба монанди Саъдӣ меҳнатро воситаи зиндагӣ, сабаби роҳат ва боиси баланд шудани қадру қимати инсон шуморида, омўхтани ҳунарро тарғиб кардааст:
Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт,
Баҳри ноҳамвории нафси дағал суҳонгараст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.
Ба ин монанд дар ҷойи дигар мутафаккир неъмати ҳалоли дастурхони худро аз барраи бирёни нафароне, ки бо миннат бурдаи нон медиҳанд, беҳтар дониста, чунин мегўяд:
Ҳар кӣ гўяд хону нони ман, бикаш,
Дасти хеш аз нону, пой аз хони ў.
Таррае, к-аз бўстони худ хўрӣ,
Хуштар аст аз барраи бирёни ў.
Мутафаккир гирди молу чиз гаштани амалдорону суфиёнро, ки аз меҳнати мардуми одӣ сарват ҷамъ менамуданд, ҳарисон номида, онҳоро ба махлуқе монанд кардааст, ки аз ҳирс ба гирди ганҷ ҳалқа задаанд. Аз чунин ашхос чизе хостанро нодуруст ва манфур ҳисоб мекунад. Шоир талаб менамояд, ки шахс бояд аз касе тамаи луқмаи ноне накарда, аз меҳнати дастони худ ризқашро ёбад:
Ҳарис аз баҳри як лаб нон ниҳода кўҳи ғам ба дил,
Чи ҳосил гуфтугў аз қонеони кўҳи Лубнонаш.
Махўр хун баҳри туъма, аз калоғе кам наӣ, ўро
Таваккул чун дуруст омад, баромад аз замин нонаш.
Ҳамзамон, ин абармарди дунёи маърифат молу чизро ба абри гузаро шабоҳат дода, ба он дилбастагиро на аз кори хирадмандон, балки кори бехабарон медонад ва чунин менигорад:
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.
Абри гузарон агарчи гавҳар борад,
Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.
Дар баробари ҳамаи ин Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, ки хосса ба фарзанд эътиқоди зиёд дошт, дар асарҳои худ нисбати тарбияи вай эътибори ҷиддӣ дода, дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, ҷавонмардӣ, ватандўстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба воя расидани фарзандро меписандид ва пайваста атрофи он суханони ҷолиби диққат гуфтааст. Масалан, оид ба омўхтани ҳунар ва аз зар боло донистани онро дар васиятномаи ба фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф бахшидааш чунин мефармояд:
...Дар ҳунар кўш, ки зар чизе нест,
Ганчи зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре не, ки диҳад ганҷу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.
В-он ҳунар нест насиби ҳама кас,
Баҳри зиндадилон омаду бас...
Дар ҳақиқат, гуфтаҳои ин мутафаккири бузург дар таҷрибаи ҳаётӣ исбот шудаанд, зеро ҳунар танҳо насиби он нафароне шуда метавонад, ки аз паси омўхтан ва ба даст оварданаш мебошанд. Ин турфа афрод мардоне ҳастанд, ки ҳамеша дар паи такомул ва ҷустуҷўй мебошанд.
Вобаста ба андешаи зикргардида Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи чунин ашхос сухан ронда, қимати мардонро ба ҳунар дониста, чунин мегўяд:
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Аҳамияти педагогии ин гуфтаҳои Ҷомӣ дар он аст, ки вай қадру қимати косибу ҳунарманд ва эътибори меҳнатро дар ҷамъият баланд мебардорад, дар замони беҳуқуқии феодалӣ аҳли заҳматро аз хоки мазаллат бардошта, ба мақоме, ки аз мақоми соҳибони симу зар болотар аст, мегузорад.
Ҳар чи бештар мероси Абдураҳмони Ҷомиро варақ занем, ҳамон қадар бештар ба ақидаҳои педагогии ин мутафаккир, махсусан, ба фикрҳое, ки оиди меҳнату меҳнатдўстӣ баён гаштаанд, бештар дучор мегардем. Бинобар он дарк кардан мумкин аст, ки шоири бузург нисбат ба мардуми заҳматкаш эътиқоди зиёд дошта, дар баробари онҳо дигар табақаҳои ҷамъиятро ба меҳнати ҳалолу софдилона даъват намудааст.
Илова ба андешаи пешиниён назари Миробид Сайидои Насафиро бобати тарбияи меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи меҳнатдўстии наврасон фаромўш набояд кард. Сайидо, ки худ аз аҳли меҳнат буд, нисбати меҳнаткашон эътиқоди зиёд дошт ва азобу шиканҷаҳои табақаҳои поёнро бо чашми сар дида, ҳамеша шароити онҳоро таҳлил менамуд ва ба ҳимояи ин табақаи ҷамъиятӣ бархоста, дар эҷодиёти худ васфи меҳнаткашонро мекард.
Ҷиҳати дастрасӣ пайдо кардан ба мазмуни эҷодиёти Сайидо ба порчаҳои назмии ў рў меорем, ки мақсадҳои ўро ифода кардаанд. Масалан, барои ризқу рўзиро дарёфт намудан даъват ба амал меорад, ки бидуни нишастан ва доимо дар ҳаракату фаъолият қарор доштан мақсадҳои инсон амалӣ мегарданд. Байти зерин бошад, ҳамин маъниро дар бар мегирад:
Рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.
Эҷодиёти Сайидои Насафиро дар баробари ҳидоят намудан ба меҳнату меҳнатдўстӣ, инчунин, тарғиби касбу ҳунар ишғол мекунад, ки бо ин роҳу васила мутафаккир мехоҳад ҳамаро соҳибкасбу ҳунарманд бинад ва дар ҷамъият мақому мартабаи худро дошта бошад. Чуноне ки дар мисраъҳои зер тасвир намудааст:
Сайидо, аҳли ҳунар иззати дигар доранд,
Нарасад оҳуи ваҳшӣ ба ғазоли хутанӣ.
Дар қиёс ба фаъолияти ҷамъиятии инсон назар афканем, гуфтаи шоири бузурги адабиёти тоҷику-форс далолат медиҳад, ки фардиятҳои соҳибкасбу ҳунарманд ва оқилу доно дар ҷамъият ва назди аҳли заҳмат соҳиби обрўю эътибори хосса ҳастанд.
Манфиати дигари касбу ҳунарро Сайидо дар озод будан аз вобастагиҳои зиндагӣ, муҳтоҷӣ ва миннати дигарон тасвир намудааст:
Рў намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехўрад.
Мавқеи ҳунарманд, чӣ хеле ки дар ашъори дигар мутафаккирони тоҷик мақоми худро дорад, ҳамзамон аз назари Сайидо дур намондааст. Соҳибҳунар, мегўяд Сайидо, рўзии худро ҳатто аз санг пайдо карда метавонад:
Ҷўи шир ояд бурун аз кўҳ баҳри Кўҳкан,
Рўзии худ мекунад соҳибҳунар ҳосил аз санг.
Навъе ки дида мешавад, ин мутафаккири бузург аҳли ҳунарро дасгирӣ намуда, дар баробари ин баҳри боз ҳам диққати аҳли ҷомеаро ба сўи ҳунару ҳунармандӣ ҷалб кардан зидди коҳиливу танбалӣ ва нодонӣ баромадааст. Ҷиҳати ифодаи мазмун порчаҳои зерин далел шуда метавонанд, ки дар он дастони беҳунарро маҳкум намуда, чунин гуфтааст:
Паймонае, ки бода надорад шикастанист,
Дасте, ки нест масдари эҷод бастанист.
Васф намудани аҳли меҳнат ва ҳунар дар ашъори Сайидои Насафӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки шоир дар натиҷаи мушоҳидаҳо аз шароити даврони худ хулосабарорӣ намуда, мехоҳад ҳамаро, алалхусус, наврасону ҷавононро ба меҳнатдўстиву ҳунармандӣ даъват намояд.
Тазаккур бояд дод, ки новобаста аз андешаҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявии мутафаккирони тоҷику форс, таҳлилу қиёсҳои имрўза собит намудаанд, ки сатҳи меҳнатдўстиву касбомўзӣ дар байни наврасону ҷавонон дар ҳолати нигароникунанда қарор дорад. Соҳаи мактабу маорифро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати касбомўзии ҷавонон роҳу усулҳои ҷадидро ҷустуҷў намуда, ҳамзамон аз истифодаи андешаҳои пандомезӣ бузургон низ фаромўш насозанд.
Хулоса, ҳаминро бояд қайд кард, ки педагогикаи мардумӣ дорои мазмуни баланди тарбиявӣ мебошад, ки ин таҳлилҳои нишондодашуда танҳо қатрае буд аз ин дарёи маърифат ва роҳҳои тозаю муассиртари онро ҷустуҷў намудан, дар кори тарбиявии ҳаррўзаи оила, мактаб ва ҷамъият васеъ истифода бурдан талаботи замон аст, ки муваффақияти ин бештар ба мо маорифчиён, вобаста хоҳад буд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё