ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО ДАР ОСОРИ НАСРИИ САДРИДДИН АЙНӢ
Ҳар як забон дорои адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Адабиёти хаттӣ маҳсули эҷоди адибону донишмандонест, ки дар шакли китоб дарҷ шудааст. Муаллифи адабиёти шифоҳӣ халқ буда, он аз даҳон ба даҳон, ба наслҳои минбаъда интиқол меёбад. Эҷодиёти даҳонакии халқ доираи васеъ дошта, мавзўъҳои мухталифро дар бар мегирад. Одамон тавассути рубоиву қитъа, байту афсона, ривояту латифа ва суруду достон шодиву сурур, ишқу муҳаббат, одобу ахлоқи ҳамида, меҳнатдўстиву инсонпарастӣ, иттифоқу дўстиро тараннум карда, дар абёти худ шиква аз замона, амалҳои зишти инсонӣ - маккорию бераҳмӣ, хасисиву пулпарастиро зери тозиёнаи танқид қарор додаанд.
Эҷодиёти даҳонии халқ бо фарохии мавзўъ ва жанр, бо содагиву оммафаҳмиаш мақбули ҳамагон аст. Онро метавон пойдевори асосии адабиёти хаттӣ шуморид. Тамоми шоирону нависандагон ва мутафаккирон илҳом аз адабиёти шифоҳии халқ гирифтаанд. Бад-ин минвол бинои бузурги забони адабӣ дар болои таҳкурсии забон ва эҷодиёти мардумӣ қомат афрохтааст.
Адибони зиёде чӣ классику чӣ муосир, чӣ тоҷику чӣ хориҷ таъсири эҷодиёти халқро нисбати даст ба қалам гирифтанашон зикр намуда, онро сарчашмаи илҳоми худ дар ҷодаи адабиёт шуморидаанд.
Адабиётшиноси рус Муравёва Н.И. таъсири фолклорро дар рушди шахсияти В.Шекспир оид ба ҳаёт дар Страдфорд омўхта, чунин менигорад: «Ба фикрам, аз даҳони деҳқонони маҳаллӣ байтҳо ва афсонаву ривоятҳои халқӣ дар бораи садоқату накукории Робин Ҳуд бишнид. Маҳз дар ҳамин ҷо забони зиндаи халқро шунид, тавассути он дидан ва ҳис кардани зебоиҳои табиатро омўхт».
Мо дар осори адибони гузашта ва ҳамасрони хеш бо байту мисраъ ва зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ дучор мешавем. Ин беҳуда нест. Зеро барои пуробуранг намудан ва ба халқи одӣ фаҳмо гаштани маҳсули эҷодашон аз ин ганҷинаи бебаҳо истифода мебаранд. Хонандаи асосии асар халқ буда, ба забони онҳо бояд наздик ва ба табъу завқашон мувофиқ бошад. Маҳз ҳамин вазифаи адабиёти хаттиро М.Горкий дарк намуда, аз ҳамқаламони хеш даъват карда гуфта буд: «Ибтидои санъати сухан эҷодиёти даҳонакӣ аст. Эҷодиёти даҳонакиро ҷамъ кунед, аз рўи он таълим гиред, онро кор карда бароед. Вай ҳам ба шумо, ҳам ба шоирон, насрнависони иттифоқ маводи хеле бисёр медиҳад».
Яке аз аввалинҳо шуда, аз гуфтаҳои боло устод С.Айнӣ илҳом гирифт ва дар асарҳои баъдинаи худ аз эҷодиёти даҳонии халқ фаровон истифода намуд. Ў чандин маротиба таъкид намуда буд, ки бояд забони адабиёти хаттӣ сода ва оммафаҳм бошад.
Ҳангоми хондани повесту романҳои С.Айнӣ мебинем, ки забони асарҳояш фаҳмо буда, хонанда дар мутолиаи он ба дарки маънӣ танқисӣ намекашад. Қаламкаше, ки дар абёт ё насри худ калимаҳои душворфаҳмро истифода кунад, ба печидагии забони асар рў орад, доираи хонандааш маҳдуд мегардад. Вазифаи асосии нависанда тавассути инъикоси падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар шахсияти қаҳрамонон ва воқеаҳои асар тарбияи шахсияти хонанда ва, дар умум, ҷомеа аст.
«...Имрўзҳо навҷавонони мо аз омўхтани истилоҳҳои печ дар печи арабӣ безор ва аз хондани он ҳам дилгир мешаванд.
Имрўз забони тоҷикиро ба дараҷае овардан лозим аст, ки як ҷавони тоҷик бе хондани қоидаи забони арабӣ ва ҳам ғайри кўр-кўрона ёд кардани калима ва истилоҳҳои он, забони адабии худро ба тарзи осон ва сабук биёмўзад».
Агар ба асарҳои баъдиинқилобии С.Айнӣ назар андозем, мебинем, ки то чӣ андоза дараҷаи истифодаи фолклор, хусусан зарбулмасал ва мақолҳо рушд кардааст. Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С.Айнӣ ҳамчун як жанри муҳими фолклорӣ мавқеъ ва мақоми баландеро ишғол намудааст. Устод зарбулмасал ва мақолҳоро устокорона, бомавқеъ истифода бурда, ба повесту романҳояш нафосату зебоӣ бахшидааст. С.Айнӣ бо истифода аз онҳо ҳолатҳои равонӣ, хулқу атвор, мушкилоти ҳаёт ва муносибати қаҳрамононашро ба падидаҳои иҷтимоии замонаш нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки ибораҳои рехтаи мардумӣ мазмуни асарҳояшро ба хонанда фаҳмо намуда, ба нутқи қаҳрамононаш қувваву ҷаззобият мебахшад. Бар замми ин, ҳусну латофати забони асарро баланд бардошта, онро оммафаҳм гардонидааст. Ҳар як зарбулмасалу мақол аз тарафи С.Айнӣ устокорона, моҳирона ва дар лаҳзаҳои мувофиқ истифода гардидааст.
Зарбулмасал ва мақолҳое, ки устод С.Айнӣ дар осори насрии худ корбаст кардааст, мавзўъҳои мухталифро дар бар мегиранд. Онҳоро метавон аз рўи мазмун, баёни ақида ва муносибати қаҳрамон ба ҷомеа ба таври зайл гурўҳбандӣ намуд:
1. Хислатҳои бади инсонӣ:
а) пулпарастӣ, ришваситонӣ, ҳирси ҷамъоварии давлат, моли мардумхўрӣ: «Чашми танги дунёдорро хоки гўр пур мекунад»;
б) маккорӣ, дурўягӣ, фиребгарӣ: «Дузд дуздро дар шаби торик мешиносад»;
в) бераҳмӣ, хунхўрӣ, ҷаллодӣ: «Гўр сўзаду дег ҷўшад»;
г) хасисӣ, лаъинӣ, мумсикӣ:
«Судхўр аз пули худ нон шиканад, гар ба масал, Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад».
2. Мушоҳидаи ҳаёти оммаи васеи мардуми одӣ ва хусусиятҳои мусбати онон:
а) инсонпарварӣ, қадршиносӣ: «Қурбони одами доно шав»;
б) панду насиҳат, одобу ахлоқи нек, ростгўӣ ва ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва некуатворӣ: «Аз хурдон гуноҳ кардан ва аз калонон бахшидан»;
в) ҳаҷви тезу тунд нисбати синфи истисморгар ва табақаҳои муфтхўр: «Мулло – ҷорўби дастархон»;
г) ишқу муҳаббат, садоқат, вафодорӣ: «Дар як дил ду ёр намеғунҷад»;
д) шафқат, рафоқати байниҳамдигарӣ: «Як мавизро чил кас хўрдааст».
3. Мушоҳидаи ҳаёт, таҷрибаи ҳаёт: «Дарахт дар як ҷо сабз мешавад».
4. Устуворӣ, қавииродагӣ: «Сар медиҳанд, сир намедиҳанд».
5. Масъалаҳои дўстӣ ва иттифоқ: «Аз дўст як ишора, аз мо ба сар давидан». С.Айнӣ хислатҳои бади табақаи истисморгарро бо истифодаи ибораҳои намакин зери тозиёнаи танқид қарор додааст.
Ў маккориву фиребгарӣ, ҷаллодиву бераҳмии ин гурўҳ одамонро танқид намуда, нафрати халқро бо забони қаҳрамонони асараш баён мекунад. «...Ҳамин ҳирс буд, ки ба қозикалон ин қадар чизҳоро ҷамъ кунонд; ҳамин ҳирс буд, ки ўро ба рехтани хуни мардум ва ба хўрдани моли мардум водор кард; ҳамин ҳирс буд, ки ўро ба ҳамин рўзи сиёҳ овард ва ҳамин ҳирс аст, ки ўро кашон-кашон ба лаби гўр мебарад, пас чӣ гуна аз вай ҷудо шуда монад? – чашми танги дунёдорро хоки гўр пур мекунад» гуфтаанд.
Дар асарҳои С.Айнӣ амалҳои неки инсонӣ тарғиб мешаванд, қаҳрамонони шуҷои асарҳояш бо хислатҳои наҷиби худ – инсонпарвариву меҳнатдўстӣ, поквиҷдониву вафодорӣ, дўстиву рафоқат ва иттифоқу қавииродагӣ худ ва оммаи мардумро ба фардои нек дилгарм менамоянд. «...Азбаски ҳама ба колхоз медароянд, даромадани ман ҳам зарур шуда монд. Аз даруни ҷамоат берун баромада намешавад. Ҳар чанд бад бошад ҳам, «марг бо ёрон тўй аст» гуфтаанд».
Устод С.Айнӣ мақолҳоеро низ истифода намудаанд, ки дар он мушоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ, таҷрибаи рўзгор таҷассум ёфтааст.
«Усто баъд аз қадре хомўш монда, коркунонро аз назар гузаронидан боз сухани худро давом дода илова кард:
- Шумо гумон накунед, ки фоидаи бунак барои коркунон танҳо ҳамин аст, ки бо ин тарфбозии худро давом медиҳанд. Ин тавр нест. Ин як фоидаи дилхушкунии бунак аст. Фоидаи асосии бунак дар ин аст, ки коркунон ба ин восита ба як корхона баста мешаванд «дарахт дар як ҷо сабз мешавад» гуфтаанд».
Садриддин Айнӣ ҷиҳати интихоби зарбулмасал ва мақол бисёр ҷиддӣ муносибат намудаанд. Ҳангоми таҳлили онҳо бо хелҳои гуногуни маҷоз рў ба рў шудан мумкин аст. Чуноне ки медонем, маҷоз нисбат ба маънои аслӣ мазмунро баланд, ҳусни ибора ва таъсири онро пурзўртар мекунад. Дар зарбулмасал ва мақолҳои мардумӣ ин санъати бадеӣ бештар ба кор бурда мешавад. Ибораҳои маҷозии халқӣ, ки С.Айнӣ истифода намудааст, ҳамаи намудҳои маҷозро дорост. Онҳоро метавон ба таври зайл тасниф намуд:
а) киноявӣ – дара задам, девор кафид;
б) ташбеҳӣ – довучча нашуда, ғўлинг шуда будам;
в) ташхисӣ – асои пир ба ҷои пир;
г) истиоравӣ – дарахт дар як ҷо сабз мешавад;
ғ) идеомавӣ – дарди кампир - ғўза.
Дар асарҳои насрии С.Айнӣ, инчунин, зарбулмасал ва мақолҳо истифода шудаанд, ки ҳоло онҳо дар забони гуфтугўӣ истеъмол гардидаанд ва метавон онҳоро архаистӣ шуморид. Мисол: «Аз барф манора сохтан»; «Арбобро бин, деҳро тоз» ва ғайра.
Инчунин, асарҳои Садриддин Айнӣ мақолу зарбулмасалҳоеро дороанд, ки бо ҳамон мазмун, вале дар шаклҳои мухталиф дар нутқи шифоҳӣ қарор мегиранд.
Масалан:
«Деҳаи вайрон аст, номи калон дорад», «Номи калону шаҳри вайрон», «Аз борон гурехта, ба новадон дучор гардидам», «Аз борон гурехта, ба жола мондан», «Арўс чӣ гуна аст? – Додарарўс намуна аст», «Духтар чӣ гуна? – Модар намуна», «Бо як тир ду сайдро задан», «Як тиру ду нишон» ва ғайра.
Садриддин Айнӣ ибораҳои рехтаи мардумиро дар осораш фаровон истифода намудааст, ки ҳангоми пажўҳиши онҳо метавон ба ду гурўҳ ҷудо намуд:
а) синонимӣ:
«Аз борон гурехта, ба новадон дучор гардидам»,
«Аз лой гурехта, ба лойдон афтодам»;
«Ба болои сўхта намакоб», «Болои мурда сад чўб»;
«Коре, ки ба сулҳ дарнаояд, девонагие бар ў бибояд»,
«Ё ба зўрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар».
б) антонимӣ:
«Гўри худ - аъмоли худ», «Марг бо ёрон тўй аст»;
«Дер ояду дуруст ояд», «Интизорӣ бадтар аз марг аст»;
«На сих сўзаду на кабоб», «То шаҳре насўзад, кабоби дарвеше напазад».
Нақши С.Айнӣ дар адабиёти тоҷик бузург аст, ў на танҳо ба омўхтан ва таҳқиқи классикони худ пардохтааст, балки ба забон ва эҷодиёти халқ низ рў овардааст. Назари С.Айнӣ ба фолклор ва эҳё арҷгузорӣ ба забон ва миллат аст.
Ин мавзўъ боз пажўҳиши амиқтар ва таҳлили ҳаматарафаро талаб мекунад. Зеро доираи фаъолияти Садриддин Айнӣ фарох буда, истифодаи фразеологизмҳои халқӣ на танҳо дар асарҳои бадеӣ, балки таърихиву илмӣ ва назму публисистикаи ў истеъмол шудаанд. Дар мақолаи мазкур зарбулмасал ва мақолҳо танҳо аз повесту романҳои С.Айнӣ оварда шуда, танҳо мавриди таҳлили маъноӣ ва луғавӣ қарор гирифтаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё