ПАСВАНДҲОИ СИФАТСОЗ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Калимасозӣ яке аз роҳҳои асосии такомули таркиби луғавии забони адабӣ ба шумор меравад. Ба туфайли калимасозӣ забон ашё, ҳодисаву воқеаҳо ва мафҳумҳои навро ифода карда, мубодилаи афкори одамонро осон мегардонад, чунки дар натиҷаи калимасозӣ воҳидҳои нави лексикӣ-калимаҳо пайдо мешаванд. Забони адабии ҳозираи тоҷик меъёрҳо ва тарзҳои муайяни калимасозӣ дорад.
Тарзҳои калимасозии забони адабӣ то андозае устувор буда, дар садсолаҳо тағйир намеёбанд ва дар асоси ҳамин қолабҳо калимаҳои нав сохта мешаванд.
Олимони забоншиноси тоҷик, аз қабили Д. Тоҷиев, Ш. Рустамов, Н. Шарофов, Ш. Ниёзӣ, М. Қосимова, М. Саломов, М. Муҳаммадиев, Ш. Бобомуродов ба масъалаи мазкур (калимасозӣ) аҳамияти ҷиддӣ дода, асару мақолаҳои зиёди илмӣ таълиф намудаанд.
Забоншинос М. Саломов дар як мақолааш доир ба баъзе хусусиятҳои услубии пасвандҳои калимасоз дар забони шеъри тоҷикӣ маълумот дода, вижагиҳои онҳоро дар сохтани калимаҳо дар забони шеър мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор додааст.
М. Муҳаммадиев дар бораи принсипҳои асосии калимасозии забони тоҷикӣ ва роҳҳои он тадқиқоти зиёди илмӣ бурдааст.
Дар забони адабии тоҷик роҳҳои гуногуни калимасозӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо тарзи морфологии калимасозӣ ва, хусусан, бо ёрии вандҳо сохтани калима нисбатан роиҷ аст. Тамоми ҳиссаҳои нутқ дар забони тоҷикӣ вандҳо ва қолабҳои хоси калимасозии худро доранд. Дар усули морфологии калимасозӣ пасвандҳои сифатсоз низ мавқеи асосиро ишғол карда, барои сохтани сифатҳо ба таври фаровон истифода мешаванд.
Пасвандҳои сифатсозро тибқи назарияи калимасозӣ ва доираи истеъмол ба се гурўҳ - сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул ҷудо намудаанд.
Дар ин мақола мо мавқеъ ва дараҷаи истеъмоли навъҳои пасвандҳои сифатсозро дар ғазалиёти Ҷалолиддини Балхӣ мавриди таҳлил қарор медиҳем ва ҳунари эҷодии шоирро дар сохтани калимаҳои сохтаи пасаванддор муайян хоҳем кард.
Дар ғазалиёти Мавлоно тамоми вандҳо (пешванду пасвандҳо)-и калимасозу шаклсоз ба таври густурда мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Воқеан, “Забони Мавлоно забони рамзу роз аст. Баён ва паёми вай ба забони порсии дарӣ, ки аз қудратмандии бузурги вожапардозӣ ва таркибсозӣ бархўрдор аст, ба ваҷҳи расо сурат гирифтааст”. Далелҳо ва маводи гирдовардашуда нишон медиҳанд, ки Ҷалолуддини Балхӣ аз вижагиҳои хоси ҳар як ванди калимасози забони тоҷикӣ ба хубӣ огоҳӣ дошта, зимни истифода ва сохтани калимаҳо хусусиятҳои калимасозии онҳо ва ҷанбаҳои услубии онҳоро ба инобат гирифтааст.
Пасванди -ӣ (-гӣ, -вӣ), ки дар сохтани сифатҳо хеле сермаҳсул аст, дар ғазалиёти шоир ба таври фаровон мавриди истифода қарор гирифтааст, масалан: аръарӣ, торӣ, яздонӣ, Табрезӣ, кўҳӣ, найсонӣ, зимистонӣ, аҳадӣ, зарӣ, заррагӣ, хонагӣ, тахтагӣ, машшотагӣ, девонагӣ, сагӣ, фархундагӣ, исавӣ, мўсавӣ, ҷодувӣ, оҳувӣ ва амсоли инҳо.
Қомати аръарият қомати мо дуто кард, Нодирии зақану зулфи чу зуннор магир.
Ай сахт гирифта ҷодувиро,
Шерӣ бинмуда оҳувиро.
Пасванди -ин сифати нисбисоз буда, Мавлоно бо истифода аз он калимаҳое сохтааст, ки бори аввал дар ашъори худи ў дида мешаванд. Ифодаи ин пасавандро дар ғазалиёти шоир ба чунин гурўҳҳо тасниф намудан мумкин аст: а) аз исмҳои маънӣ: шармин, ишқин, нангин, зулмин, рангин, хашмин, ҷангин, дурўғин ва ғайра.
Чу аксию дурўғинӣ, ҳама баръакс мебинӣ,
Чӣ кардӣ машварат бо зан, хилофи зан кун, ай нодон.
б) аз исмҳои моддӣ: гургин, гаргин, ниҳолин, хокин, дафин, далқин, сарвин, симин, сангин, оташин, заррин, оҳанин, пўстин, камин, чўбин, хасин, шакарин, хунин ва ғайра.
Гўсолаи зарринро он қавм парастида,
Гўсолаи гургинам, гар ишқ бинапрастам.
в) аз зарф: пешин, аввалин, охирин, дерин:
Дар ишқ куҷо бошад монанди ту ишқине,
Шоҳон зи ҳавои ту дар хирқаи далқине.
Пасванди –ина каммаҳсул аст ва дар ғазалиёти Мавлоно низ камтар ба назар мерасад. Масалан: симина, пашмина, лавзина, зардина, дерина:
Он синаи симина, сайқалдеҳи ойина,
Он сина, ки андар худ сад боғи Ирам дорад.
Пасванди –она (-ёна, -гона, -вона) сифати нисбисози сермаҳсул аст ва дар ғазалиёти Мавлавӣ ба таври васеъ истифода шудааст. Масалан: а) аз исм: хасона, харона, сагона, шерона, ғуломона, хуршедона, ошиқона, ёрона, мардона, посбонона, каримона, хаёлона, оҳувона ва ғайра.
Гуфто, ки хамўш, к-ин хинги фалак,
Лангона равад дар маҳзари ман.
Ду чашми оҳувона-ш шергир аст,
К-аз бар ман равон борони тир аст.
б) аз сифат: лангона, бахилона, шергирона, кўрона, карона, ғофилона, хамўшона, ҷуҳудона, оқилона, оромона, мастона, улёна ва ғайра.
Ба моҳи рўза ҷуҳудона май хўр,
Биё ба базми Муҳаммад, мудом нўш, мудом.
в) аз шумора: ягона, дугона, сегона.
Ман дар аҷаб афтодам аз он қутби ягона,
К-аз назараш ҷумла вуҷудам ҳама ҷон кард!.
Пасванди –нок аз исмҳо сифати аслӣ месозад ва дар ғазалиёти Мавлоно ба таври густурда истифода шудааст: арафнок, шакарнок, адабнок, ишқнок, тарабнок, саҳмнок, дарднок, айбнок, ғамнок, намнок ва ғайра.
Маро ёри шакарнокам, агар биншонд дар хокам,
Чароғам дорад он муфлис, ки ёри муҳташам дорад.
Суратат саҳмноке, ҳолатат дардноке,
Гардиши осиёҳо дорию печи арқам.
Пасванди -манд пасванди сермаҳсул буда, бо он аз исмҳои маънӣ сифатҳое сохта шудааст, ки хислат, хосият ва ҳолати ашёро мефаҳмонанд. Мавлоно бо истифода аз он калимаҳое сохтааст, ки хоси забони худи ўст: ҳушманд, васвасаманд, захмманд, авфманд, ҳоҷатманд, қавмманд, баноманд, хашмманд, силсиламанд, орзуманд ва ғайра.
Чӣ касам ман, чӣ касам ман, ки басе васвасамандам,
Гаҳ аз он сўй кашандам, гаҳ аз ин сўй кашандам.
На чунон масту харобам, ки хўрад оташу обам,
Ҳамагӣ ғарқи ҷунунам, ҳамагӣ силсиламандам.
Пасванди -ваш пасванди бемаҳсул буда, дар ғазалҳои Мавлоно низ камтар ба назар мерасад: моҳваш (маҳваш), намадваш, хуршедваш, чалиповаш, султонваш, абрваш, гадоваш, савдоваш, ҷонваш ва ғайра.
Ман абрваш, ў моҳваш, ў рўзу ман ҳамчу шабаш,
Ў ҷону ман чун қолабаш ҳайрон аз он хубию фар.
Пасванди –гун каммаҳсул аст: гулгун, майгун, дигаргун, обгун, нилгун, садгун, лаългун, бозгун.
Сухан мақлуб мегўям, ки карда-ст,
Ҷаҳони бозгуна бозгунам.
Пасванди –вар низ каммаҳсул буда, дар ашъори Мавлоно кам дида мешавад: суханвар, дидавар, номвар, забонвар.
Гарчи маст афтода будам аз шароб,
Гашт як-як мўй бар ман дидавар.
Пасванди –осо, -со бемаҳсул буда, хеле кам ба назар мерасад: нуқраосо, наҳангосо, абирсо, мушксо ва ғайра.
Яке ҷон диҳад он дарё, ҳама оташ наҳангосо,
Агар дорӣ чунин ҷоне, равонаш кун, равонаш кун.
Пасванди –онӣ низ пасванди бемаҳсул аст: рўҳонӣ, сипоҳонӣ, хусравонӣ.
Ғанист чашми ман аз сурмаи сипоҳонӣ,
Зи хоки Табрез ўро магар нисор кунед.
Пасванди –ак шаклсоз буда, ба сифат маънои хурдию навозиш медиҳад ва дар ғазалиёти Мавлоно хеле зиёд истифода шудааст: пирак, зирак, гирдак, малўлак, ростак, пастак ва ғайра.
Пираке, гандадаҳоне баста сад чангу ҷалаб,
Сар фурў карда зи боме, то дарафтад зираке.
Азбаски забони ғазалиёти Мавлоно то андозае аз ҷиҳати услуб ҷанбаи мардумӣ дорад, дар шеъри ў баъзе вижагиҳои услуби гуфтугўии пасвандҳоро низ мушоҳида карда метавонем. Масалан, дар байти зер шоир бо истифода аз пасванди -ак (фалсафияк) маънои таҳқиру истеҳзоро баён кардааст:
Фалсафияк кўр шавад, нур аз ў дур шавад,
З-ў надамад сунбули дин, чун-к никори санамо.
Пасванди -вор каммаҳсул буда, аз исм ва сифат сифатҳои нисбӣ месозад: қиёматвор, қандвор, умедвор, бечоравор, девонавор, мардвор, маствор, мусалмонвор, хуршедвор, шамсвор, қамарвор, маъшуқвор, харвор, исивор, қадаҳвор, созвор ва ғайра.
Тохт рухи офтоб, гашт ҷаҳон маствор,
Бар масали зарраҳо, рақскунон пеши ёр.
Пасвандҳои –сон, -сор, -фом пешвандҳои бемаҳсул буда, дар ғазалиёти Мавлавӣ калимаҳои бо пасвандҳои мазкур сохташуда ангуштшуморанд: абирсон, сабуксор, зираксор, хоксор, сабзфом.
Сабр аз дили ман бурдаӣ, масту харобам кардаӣ,
Ку илми ман, ку ҳилми ман, ку ақли зираксори ман?.
Чанд равӣ бехабар? Охир, бингар ба бом,
Бом чӣ бошад, бигў, бар малаки сабзфом.
Пасвандҳои –ук, -ик, -ам пасвандҳои каммаҳсул буда, дар ғазалиёти Мавлоно низ камтар мавриди истифода қарор гирифтааст: нозук, торик, наздик, борик, форам ва ғайра.
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ў ин банда наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеҷ мар ҷонро.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили мисолҳо маълум мегардад, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо истифода аз пасвандҳои сифатсоз дар сохтани калимаҳо ва ифодаи маъноии калимаҳо саҳми назаррасе гузошта, аз як ҷониб, собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ имконияти васее дорад, ки тавассути пасвандҳои гуногун аз дигар ҳиссаҳои нутқ сифатҳои гуногун сохта шавад ва аз ҷониби дигар, зимни истифодаи пасвандҳо ҳунари волои сухандонию суханшиносии худро нишон дода, бо ҳунари волои эҷодии худ дар такмили таркиби луғавии забони тоҷикӣ нақши назаррасе гузорад. Тавре ки аз таҳлил бармеояд, шоир тавассути пасвандҳо як қатор калимаҳоеро сохтааст, ки онҳо дар забони адабии то замони шоир мавҷуд набуданд ва метавон як гурўҳи калимаҳои сохтаро мансуби қалами ин шоири тавоно шуморид.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё