Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
Бобои Тоҷиддин бо Баҳриддин новобаста аз фарқияти синну солӣ дустӣ доштанд. Баҳриддин он вақтҳо сокини деҳаи Олучадара буд.
Баҳриддин низ чун дигар ҳамдеҳагонаш аксар вақт ба вагони бобои Тоҷиддин меомаду бо ҳам онҳо сӯҳбатҳои дуру дароз, ба қавле “чақ-чақ”, мекарданд. Бисёр вақтҳо бобои Тоҷиддин хоҳиш мекард, ки Баҳриддин бо онҳо, яъне ӯ ва писаронаш Камол ва ё Ҷамол шаб дар ҳамин вагон бихобад.
Бобои Тоҷиддин хислати дерхобравӣ дошт. Ӯ як чанд бор дар хонаи мо низ дар шаҳри Душанбе меҳмон шудааст. Соат аз ёздаҳи шаб мегузараду дигар ҳамаро хоб зер менамояд.
Лекин бобои Тоҷиддинро не! Ӯ ҳамеша ба ҳамроҳонаш мегуфт, ки шабҳо дарозанду “хоб мекунию бедор мешавӣ, боз хоб мекуниву бедор мешавӣ, боз хоб мекунию бедор мешавӣ баъд субҳ медамад”. Ҳамин: “хоб мекунию бедор мешавӣ”-ро махсус ӯ се бор такрор менамуд.
Шабҳо, баъзе ҳамроҳонаш ҳар хел баҳонаҳо ёфта мерафтанду дигаронашон бошанд, то соати яки шаб бо бобои Тоҷиддин маҷбур шуда мешиштанд. Доираи фаҳмиши ӯ васеъ буду аз ҳар гуна мавзуъҳои динӣ, таърихӣ ва масъалаҳои ҷомеа сӯҳбатҳои таъсирбахше менамуд.
Як бегоҳи тирамоҳӣ, Баҳриддин роҳгузарон ба вагони саҳроии бобои Тоҷиддин ворид шуду он ҷо бо бобои Тоҷиддин ва писари ӯ – Камол вохӯрд. Баҳриддин мехост саломуалейк кунаду зудтар торик нашуда ба хонааш – ба деҳаи Олучадара равад. Лекин боз ҳам бобои Тоҷиддин аз дидори Баҳриддин шод гардида, ӯро хеле ба гап гирифту шом фаро расид. Баъдтар ба Баҳриддин гуфт, ки дар ин шаби торик се километр роҳро аз байни теппаю хамиҳо тай намуда ба деҳа рафтан хатарнок асту онҳо секаса шаб ин ҷо мехобанду саҳарӣ Баҳриддин ба хонааш меравад. Баҳриддин низ аз ноилоҷӣ таклифро пазируфту онҳо бо ҳам хӯроки шом хӯрда, сӯҳбатро гарм намуданд. Оташи печка хеле пасттар шуда буду лекин ҷои хобашон он қадар хунук набуд. Баъди сӯҳбатҳои дуру дароз дар атрофи чароғи керосинӣ Баҳриддин хоҳиши хоб кардан дошт. Ӯ роҳи дарозро тай намуда, аз шаҳри Душанбе омада буду аз ҳисоби кӯфти роҳ монда шуда буд. Лекин бобои Тоҷиддин ҳамон бобои Тоҷиддине аст, ки баъди соатҳои яки шаб хоб меравад. Камоли писари бобои Тоҷиддин, ки ҳамсоли Баҳриддин буд, дарди сарро баҳона карда ба ҳуҷраи дуввуми вагон гузашта хоб кард.
Бинобар наздик будани дарҳои ин ҳуҷраҳо хурроккашии Камол ба гӯши ин дерхобҳо мерасид. Баҳриддин боз каме аз ин сӯю он сӯ бо бобои Тоҷиддин “чақ-чақ” карду монда- шавиашро сабаб гуфта, хоҳиши хоб карданро намуд. Вале бобои Тоҷиддин боз ҳамон андешаи худашро ба Баҳриддин чунин гуфт: -Баҳриддинҷон, додар! Шабҳо дарозанду хоб мекунию мехезӣ, боз хоб мекунию мехезӣ ва боз хоб мекунию мехезӣ баъд субҳ медамад. Биё хубуш, алови печкаро дар бигирон, хона камтар хунук шидай...
Баҳриддин зуд даҳони печкаро кушода чӯбҳои хушкро ба он андохта оташро даргиронд.
Чӯбҳои хушк зуд дар гирифтанду хона каме гармтар шуд.
Нохост дар хона садои “ҷиззз-ҷиззз”-е пайдо гардид. Баҳриддин зуд пай бурд, ки ин садои тирҳои камони сочма ҳастанд, ки Камол каме пештар болои тутаи дудбарои печка барои хушкшавӣ гузошта буд. Баҳриддин ҳоло чизе нагуфта буд, ки як тир таркид. Баъди таркиш ӯ бо овози баланд чунин гуфт: -Камол болои тутаи печкада ҳафт – ҳашт тири сочмара барои қоқшавӣ монда буд, ҳамонҳоян таркида истодиян.
-Эҳее, войе – гӯён бобои Тоҷиддин зуд ҳамаи кӯрпаҳоро ба болои худ пӯшонида гилемро низ ба рӯяш кашид.
Баҳриддини меҳмон дигар чизеро барои пӯшонидани худ наёфта, чӣ карданашро надониста худро ба шикам ба замин партофта хост, ки ақаллан чашмонашро эҳтиёт кунад.
Инак садои тараққоси тири дуввум, баъдтар сеюму чоруму панҷуму... Дигар ҳисобаш гум.
Нохост оромӣ фаро расид. Акнун на садои “ҷиззз” буду на садои таркиш. Бобои Тоҷиддин аз таги кӯрпаҳо каллашро бароварда дод зад: -Камол зиндаӣ? Камол аз ҳуҷраи он тарафгӣ ҷавоб дод: -Ҳоо, зиндаюм.
Баҳриддини бечора ба ёди касе намерасид.
Бобои Тоҷиддин кӯрпаю гилемашро як тараф намуда, хеста шишт. Баҳриддин низ ба паҳлӯ гашт. Акнун ҳама шод буданд, ки хайрият таркиши тирҳо тамом шуду онҳо зарар надиданд.
Лекин пас аз лаҳзае чунон таркиши сахте шуд, ки ҳама боз лап заданду талхакаф шуданд. Дигар се-чор дақиқа ҳама хомӯш буданд.
Баҳриддин пас аз лаҳзае ғайрат карда, хеста чароғро бардошта болои тутаро дида гуфт: -Тамом, ҳами охиронш буд.
Дигар онҳоро то рӯз хоб набурду “чақ- чақашон”-ро то субҳ идома доданд...
Дар ана ҳамин вагон, каме баъдтар боз як воқеаи дигаре низ рух дод.
Рӯзе нисфирӯзӣ Баҳриддин ба назди бобои Тоҷиддин омад. Ҳавои тобистон гарм буд. Ин дафъа онҷо акаи Нуриддин гуфтанӣ мӯйсафеди он вақтҳо ҳафтоду дусола низ будааст. Акаи Нуриддин додари хурдии бобои Тоҷиддин мебошад. Ӯ марди ришдори қадпасти харобаи гандумрангест. Акаи Нуриддин низ он замон аз ноҳияи Фархор ба зодгоҳаш – деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара кӯчида буд.
Онҳо секаса сари дастархон чой нӯшида бо ҳам гуфтугӯ менамуданд. Акаи Нуриддин ба берун баромаду пас аз муддате дар дасташ ким- кадом як асбоби оҳанин ба вагон ворид гашт. Ӯ он асбобаки мисли ангуштбудаи ҳалқадори оҳанинро нишон дода гуфт, ки онро аз таги дарахти чанори баланд ёфтааст. Баҳриддин он асбоби оҳанинро гирифта аз назар гузаронида, гуфт, ки ин асбоби таркандаи норинҷак мебошад.
Ва боз чунин илова намуд: -И асбоб бо забони русӣ “запал” ном дорад Инро дар граната бо ана ин тарафаш маҳкам карда, баъд ана ин ҳалқаашро мекашию гранатаро дур мепартоию он метаркад.
Баҳриддин, ки дар аскарӣ хизмат карда буд, ин чизҳоро медонист.
Бародарони мӯйсафед бобои Тоҷиддину акаи Нуриддин бо шавқ ба гуфтаҳои Баҳриддин гӯш карданду боз он асбобро гирифта, ин сӯю он сӯяшро тамошо карданд.
-И, ай куҷо иҷа афтода боша? – пурсид акаи Нуриддин кунҷкобона.
-Ээ... иҷа командирону шикорчиён бисёр меоянду сояи таги чанори баландда мешинан...
Ай кадомш и афтодай – посух дод бобои Тоҷиддин.
-Ҳами ҳалқара агар бкашӣ, и метарка? – боз пурсид акаи Нуриддин.
-Ҳоов... Ҳалқара мекашию мепартоӣ, мекафа... – фаҳмонид Баҳриддин.
Аз гармии ҳавои нисфирузӣ дари вагон кушода буду онҳо дар дарун болои кӯрпачаҳои кӯҳнашуда якпаҳлӯ менишастанд.
-Ку ҳалқаша кашида берун партош тамошо кнем – фармуд бобои Тоҷиддин.
-Майлӣ – гуфт Баҳриддину ҳалқаи оҳанини он асбобро кашида аз ҷои нишасташ онро ба берун партофт. Ҳангоми партофтан он ба болочӯби дар бархурда, баргашта ба болои дастархон афтиду таркид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё