Зеҳн
Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...

Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дигар на бобои Тоҷиддину на бародараш Нуриддин ва на Баҳриддин чизеро намефаҳ- миданду гушҳояшон дод мезаданд. Баъди панҷ – шаш дақиқа онҳо каме ба худ омаданду диданд, ки аз сару рӯйи Баҳриддин хун мешорад.

Гӯшҳо ҳамоно ғунгос доранду чизеро намешунаванд. Сару рӯйи Баҳриддинро бо сачоқу дигар латтаҳо пок мекарданду шоридани хун ҳеҷ бас намешуд. Ба якдигар чизе мегуф- танду лек касе чизеро намешунид. Баҳриддинро болои кӯрпача хобонида болиштеро дарронида аз он пахта гирифта дар сару рӯйю гарданаш мегузоштанд. Баъди шояд даҳ – понздаҳ дақиқа хайрият шоридани хун қатъ гардид. Акнун ҳар се ба пушт зада буданду намедонистанд чӣ кор кунанд. Ҳамоно даруни сарҳояшон ҳуштак дораду гӯшҳо низ ғунг-ғунг карда ягон овозеро намешунаванд. Он ҷо телпаки зимистонаеро ёфтанду ба сари Баҳриддин пӯшонида бандҳои зери манаҳашро бастанд. Дар чиллаи тобистон телпак Баҳриддинро боз гарм ҳам менамуд.

Баъди ягон соате ногоҳ аз дари кушодаи вагон Камол писари бобои Тоҷиддин ворид гардид. Ӯ ба онҳо салом дода аҳволпурсӣ карда чизе мегуфт. Гуфтаҳои Камолро касе намешунавиду намефаҳмид. Камол ҳайрон буду намедонист, ки чӣ воқеае рух додааст. Боз ҳам ӯ баландтар дастакзанон чизеро фаҳмониданӣ мешуд. Лекин бефоида...

Баҳриддин каме ба худ омада, аз болои раф дафтару ручкаи онҷо бударо гирифта, чунин навишт: “Мо запали гранатаро таркондему ҳамамон ярадорем. Чизера намешунавем.

Гушҳомон маҳкаману ғунгас доранд.”.

Камол қоғазро хонда чунин навишт: “Кадом граната? Ай куҷо гирифтен?”.

“Ээ... ай берун ёфтем. Ҳамин хел шуд аку...” – боз навишт Баҳриддин ва идома дод: “Моро беморхона бар, ки ҳолмон бадай...”.

Камол навиштаҳоро хонда чунин навишт: “Булдозер қатӣ омадам, дар пушташ тележка (ядак) дорад. Дар Иғрон хонада бегоҳӣ нони маърака дорум, омадум, ки отама барм.”.

Баҳриддин қоғазро хонда навишт: “Майли маъракат... Тезтар мара духтурда бубар.”.

Камол зуд як-як онҳоро аз ҷой хезонда бурда ба ядак савор кард. Падараш – бобои Тоҷиддинро бошад дар даруни трактор шинониду роҳи деҳаи Иғронро пеш гирифтанд.

Вазъи онҳо, махсусан ҳолати Баҳриддин ташвишовар буду онҳо ҳатто садои кори муҳаррики булдозерро намешунавиданд. Пас аз ба деҳаи Иғрон расидан, зуд Баҳриддинро бо мошини сабукрав ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бурданд. Маълум шуд, ки даруни он “запали гранат” аз симҳои хеле борики печхӯрда (спирал) пур карда шуда будааст. Ана ҳамон симҳои печхӯрдаи борик ба сару рӯю гардани Баҳриддин халида даромаданд. Онҳоро бо чашми оддӣ ҳатто дида ҳам намешавад. Ҳар яктои он симҳои печонро духтурон эҳтиёткорона ба сӯи қафо тоб дода кашида бароварданд. Чунки агар онҳоро баръакс, тоб надода берун кашӣ гӯштро дарронида ҳамаро ярадор менамоянд.

Барои барқарорнамоии миқдори хуни зиёди рафташуда, ба Баҳриддин хун рехтанд. Дар умум, дӯсту бародари мо – Баҳриддин понздаҳ рӯзи расо дар беморхона хобида табобат гирифт.

Аз байн даҳсолаҳо гузаштаасту то ҳол баъзан сару рӯйӣ Баҳриддин мехораду он “қаҳрамонӣ”- ашро ба ёдаш меовараду шукр мегӯяд, ки хайрият зинда мондааст...

Дар умум, дар деҳаҳои кӯҳистон ҳар хел воқеаҳои хандаовару фалокатовар бисёр рух медиҳанд.

Як рӯзе Баҳриддин аз деҳаи Олучадара ба маркази ҷамоати деҳот ба деҳаи Пушинг меравад. Мардуми Олучадара ба деҳаҳои гирду атроф асосан пиёда ва ё аспсавор мерафтанд.

Баҳриддин пиёда-пиёда аз хонааш баромада, талу теппаҳои сарсабзу зеборо тай намуда, ба деҳаи Пушинг мерасад. Дар ин мавзеъҳо боғҳои токи ангур хеле зиёданд. Аз дур Баҳриддин нохост дид, ки дар назди яке аз боғҳо булдозери сурхи Т-4 истодаасту ду кас дар назди он ҷунбуҷулу рафтуо доранд. Булдозер дар шафати симхоре, ки боғи ангурро аз гову молу одамон ҳимоят мекунад, истодааст.

Марди ҷавони қадбаланди сиёҳпӯсте бо дастони равғанолудаш кӯшиш намуда истодааст, ки булдозерро ба кор дарорад. Барои ин, ӯ ресмони ғафси махсусеро ба чархи оҳанини муҳаррики хурди ёрирасон печонида, сахт мекашид. Муҳаррики хурд “тур-тур” садо мебароварду зуд хомӯш мегардид. Булдозерчӣ боз такрор ба такрор ҳамин амалашро иҷро менамуд. Вале муҳаррик ҳеҷ ба кор намедаромад.

Марди дигари қадпасти шикамкалон, ки дар сараш кулоҳ – “шляпа” дошт, беист булдозерчиро дашном медоду таҳқир менамуд.

Баҳриддин ин мардро мешинохт. Ӯ раиси хоҷагӣ Талбакзода буд. Раис ҳам Баҳриддинро медонист.

Раис мехост, ки тезтар булдозер ба кор дарояду заминҳои хоҷагиро ҷуфт намояд. Дар паси булдозер як плуги ҳафтбелаи калоне васл шуда буд. Ҷуфти замин бо чунин плуги калон вақти ҷуфтрову хароҷоти сӯзишвориро нисбатан кам менамояд. Ин хел плугҳои калонро ана ҳамин булдозерҳои пурқувват кашида кор фармуда метавонанд.

Раис аз кӯшишҳои булдозерчӣ безор шуда, ба Баҳриддин рӯ оварда гуфт: -Мирҳазор, ҳами булдозера ба кор бдарор.

Ай дасти и булдозерчӣ хок намеоя.

Баҳриддини ҳамакора ба булдозер наздиктар шуду аз булдозерчӣ латта ва каме бензин пурсид.

Булдозерчӣ латтапораеро ба ӯ доду ронандаи раис бошад, аз қафои мошинаш як боклашкаи бензиндорро оварда дод. Баҳриддин латтаро дар бензин тар намуда, ба ҷои ҳавокашии муҳаррики хурди ёрирасон гузошту ресмони ғафсро ба чархи махсус печонида сахт силтав зад. Бо ҳамин муҳаррики хурд ба кор даромаду ба таври автоматӣ муҳаррики асосии дизелии булдозер низ ғуррос занон ба кор шурӯъ намуду аз тутаи болои трактор дуди сиёҳи ғафси ғамангезе боло шуд.

Ҳамагон зуд шод шуданду нигоҳ карданд, ки булдозери бе ронанда ба ҳаракат даромад.

Баҳриддин фаҳмид, ки фишанги суръат(бо истилоҳи русӣ – рычаг скорости)-и булдозер фаъол гардонида шуда будааст. Суръати ҳаракати булдозер меафзуду плуги ҳафтбелаи қафояш ин сӯю он сӯ ҳой мехӯрд. Раис аз тарс шляпаашро аз сараш гирифта, аз қафои булдозер медавид. Булдозерчӣ ва Баҳриддин бошанд аз қафои раис медавиданд.

Паҳлавонплуги калон ба болою поёну ба сӯи чапу рост калавиданаш ба касе имконият намедод, ки ба булдозер наздик шавад. Дар ноомадии кор, дари паҳлӯи чапи булдозерро соҳибаш бо болту гайка кадом вақте махкам намуда будаасту аз ин хотир ба воситаи ин дар ба кабина даромадан ғайриимкон буд. Дари тарафи рости булдозер кушодаасту лек булдозер бо суръати баланд хеле наздик ба симхори атрофи боғ рафта истодааст. Аз тангии ҷой ва тарси симхор аз ин тараф низ, ба булдозер савор шудан имконнопазир аст.

Ҷонвар, мисли аспи маст ғурросзанон аз бинияш дуди сиёҳро ба фалак бардошта, боз ҳам тезтар медавид.

Раис, Баҳриддин ва булдозерчӣ баъди ягон сесад-чорсад метр давидан, монда шуданду дигар ба тамошобини воқеа табдил ёфтанд.

Булдозер бо шасти баланд бо хати рост давида ба ғори дар охири роҳ буда паррид.

Раису Баҳриддину булдозерчӣ қувваи охиринашонро ҷамъ намуда, боз ба давидан шурӯъ намуданд. Ин вақт мошини раис ба онҳо наздик шуду раис зуд ба мошинаш савор шуду ба сӯи ғор рафт. Аз чӣ бошад, ки Баҳриддину булдозерчиро ӯ ба мошинаш савор накард.

Баъди лаҳзаҳое, ҳама ба лаби ғор расиданд.

Булдозер дар даруни ғор хомӯш меистод. Ана ҳамин хеле, ки гӯё онро ба он ҷо дароварда бошанд. Ҳатто чаппа нашудааст. Бовиқор бо бузургплуги васлшудааш хомӯш буду ягон зараре надида буд. Раис боз шляпаашро ба сараш гузошту ба ғор фуромад. Дигарон низ аз қафояш ба ғори ҷуқуриаш тақрибан даҳметра фуромаданд.

Баҳриддин ба кабинаи булдозер даромада, фишанги суръатро нофаъол намуда, фаромада боз латтаи бензиндорро ба бинии муҳаррики хурд гузошта, ресмони ғафсро печонида, бо тамоми қувваташ якбора сахт кашида булдозерро ба кор даровард. Булдозер боз ғурросзанон аз тутааш дуди сиёҳро бароварда ҳавои ғорро ғализ намуд. Аз ғурроси баланди булдозер тамоми паррандаҳои ғор ба ҳаво парриданду хазандаҳо бошанд ба лонаашон давида даромаданд.

Баҳриддин ба кабина ворид шуда, рӯи булдозерро ба сӯи роҳи баромади ғор тофта онро то берун баровард.

Раиси аллакай оромшуда, аз воқеаи рухдода акнун қаҳ-қаҳзанон механдид. Ронандаи раис низ чун анъана, ҳамаи иқдомҳои раисашро дастгирӣ намуда сахт механдид. Аз хандаи онҳо Баҳриддин низ ҳаловат бурда ба ханда даромад.

Танҳо булдозерчӣ хапу хомӯш буду намехандид. Ӯ дар бораи чӣ фикр мекард, номаълум...

пешина
аз 17
навбатӣ