Зеҳн
Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...

Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАҚСИМОТИ ОДИЛОНА

Бобои Сироҷиддин бо писаронаш Сафолу Шамол ва ҷавонмарди ҳамсояаш Карим як шуғле доштанд. Онҳо гоҳ-гоҳе шабона ба кӯҳ баромада аз ғорҳо кабутарҳоро медоштанд. Ин намуди “шикор” мушкилиҳои зиёде дошт. Мебоист аз болои ғори бист-симетра бо банд нафареро ба поён кашол намуд. Он кас бо чароғи дар дастбудааш сӯрохиҳои лонаҳои кабутарҳоро ёфта онҳоро безобита менамуд. Кабутарҳо аз лонаашон паррида, ба тури дасти “шикорчӣ” меафтиданду ӯ онҳоро ба халта меандохт.

Дар назари ман, ин шикор набуда як амали бераҳмонае мебошад. Лекин чи илоҷ, нафси безанҷири идоранашаванда одамро ба ҳама беинсофию беадолатӣ бурда мерасонад.

Чунин тарзи кабутарқапӣ аз болохонаҳои беморхонаю мактабҳо низ дар деҳаҳо мушоҳида карда мешуданд. Дар ин маврид низ “шикорчиҳо” бо халтаҳояшон шабона ба болохонае, ки дар он ҷо кабутарҳои зиёде шабро рӯз мекунанд, баромада бо ҳамон усул онҳоро дошта, каллакан намуда ба халтаҳо меандозанд.

Мо писарбачаҳои қишлоқӣ дар солҳои наврасиамон чӯҷаҳои хурди кабутарҳоро оварда дар хонаҳоямон онҳоро калон мекардем. Чӯҷаи хурди кабутарро аз даҳонамон дон медодем.

Яъне чӯҷа нӯлашро ба даҳони пур аз донаи мо меандохту “фиш-фиш”-кунон қанотак зада хурдонашро пур менамуд. Баъди паррончакшавӣ, кабутарҳо дар хонаҳои мо меистоданду онро лонаи худ меҳисобиданд.

Шояд аз ин хотир бошад, ки шахсан ман умуман куштани ҷондореро, махсусан кабутар- ҳоро маҳкум менамоям. Охир шикор ҳам қоида- ҳои хешро доштагист.

Аммо тавре маълум аст, ҳар сареву савдое...

Шояд он “шикорчӣ”-ҳо ба ин гуфтаҳоям биханданд.

Шабе, бобои Сироҷиддин, писаронаш Сафолу Шамол ва ҳамсояаш Карим ҷуволу банду халтаҳои дигар лавозимоташонро гирифта кабутарқапӣ (бо забони лаҳҷавӣ – кафтарқапӣ) рафтанд. Онҳо, ки одамони таҳҷоиянду ба ин кор солҳои дароз машғуланд, медонанд, ки ба кадом ғор раванд.

Баъди ягон ним соат онҳо аспсаворон ба ҷои даркорӣ расиданд. Шаб торик буд, чунки абрҳо моҳтоби нимпураро пӯшонида буданд. Дар болои ғор арғамчинро ба миёни Карим бастаю ӯро ба поён сар медоданд. Карими таҷрибадор кабутарҳоро дошта, халтаҳояшро пур мекарду овоз медод. Сафолу Шамол Каримро ба боло кашида, халтаи пур аз кабутарҳоро он сӯ гузошта, ба ӯ халтаи навро баста боз поён мефароварданд. Ҳамин тартиб пас аз якчанд маротиба болою поёншавии Карим се халтаи калон пури кабутар шуд. Нафси бад онҳоро водор менамуд, ки боз ҳам бештар кабутарҳоро доранд. Лекин Карим гуфт, ки дигар ягон лона ин ҷо намонд, ҳамаашро гирифтем. Ба ҳар ҳол ӯро боз ду-се бори дигар бо банд ба поён кашол намуданд. Ин дафъаҳо се-чор кабутари дигарро дошта кушта гирифту дод зад: -Бардоренма, дигар тамом.

Аз боло бобои Сироҷиддин бо овози баланд: -Додар, хушрутар бубин ҳоли кафтар бисёрай ғорда... – мегуфт.

-Оо бобо, дигар ҳеҷ чиз нест, бо ягон мор нагазама! -Ээ... неээ... мор мора бина мегуреза – шӯхӣ кард бобои Сироҷиддин.

Каримро боло бароварданду ҳар чор давра нишастанду ба тақсимоти кабутарҳо оғоз намуданд. Новобаста аз оне, ки бобои Сироҷиддину Сафолу Шамол аз як хонаанду Карим аз хонаи дигар ва зиёда аз ин, охир ҳамаи кори асосиро Карим иҷро намудааст, кабутарҳо аз рӯи давра ба ҳар кас яктогӣ дода мешуд.

Тақсимкунанда бобои Сироҷиддин буд. Дар торикии шаб ҳангоми тақсимот бобои Сироҷиддин агар кабутари хароберо мегирифт, онро бо дасташ “соп-соп” карда харобиашро аниқ намуда ҳатман ба Карим медод. Кабутарони фарбеҳро ба худашу писаронаш тақсим мекард.

Ана тақсимоти одилонаи “шикор”- и якҷоя...

пешина
аз 17
навбатӣ