Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
РАШКИ КАМПИР
Тобистони соли 2002. Як бегоҳӣ бобои Тоҷиддин дар хонаам меҳмон шуду баъди сӯҳбатҳои ду-се соата ба таклифҳои шабистии ман розӣ нашуда, ба хонаи дигар хешамон рафтанӣ шуд. Ҳангоми гуселнамоӣ ба ман гуфт: -Додар, дар Душанбе зиқ шидам, ду ҳафтаай дар шаҳрм. Мегум хонам брам.
-Ээ... бобо, шаҳра тамошо кун, истироҳат кун, баъд меравӣ – гуфтам ман.
-Дилм зиқай, ягон мошина мегуфтӣ мара мебурд – хоҳиш кард ӯ.
Ростӣ дидам, ки бисёр дар ташвиш аст, зуд ӯро ором намуда гуфтам: -Кадом вақте хоҳен, ина додарум Зиёдулло ба қишлоқи Иғрон то даруни ҳавлита бурда мерасонад.
Зиёдулло низ каллаашро ҷунбонида гапи маро тасдиқ намуд.
Бобои Тоҷиддин хурсанд шуду гуфт: -Пагаҳ, соатҳои 9-и рӯз меравем.
Ҳамин хел пагоҳӣ, Зиёдулло амакам Абдураҳимро бо худ ҳамроҳ гирифта, рафта бобои Тоҷиддинро савор кардаанду роҳакӣ шуданд. Бобои Тоҷиддин дар роҳ фармудааст, ки дар назди мағозаҳои либосфурӯшӣ панҷ дақиқа истанд. Ӯ ба мағозаи сари роҳ даромада, чизеро харида зуд баргашту дигар сӯҳбаткунон сафарашонро идома додаанд.
Баъди ягон соати аз пойтахт баромадан онҳо ба деҳаи Иғрони ноҳияи Данғара ба ҳавлии бобои Тоҷиддин расиданд. Ҳамакаса аз мошин фаромада будаанд, ки доду фарёди момаи Нусратой – завҷаи бобои Тоҷиддин баланд шудааст: -Ээ, мӯйсафеди беинсоф. Мерай ҳафта- ҳошқатӣ намеой. Ту дар Душанбе зан гирифтай.
Бачаҳои Сайкамол очаи бевашона додиянта...
Зиёдулло ва Абдураҳим аз чунин ранг гирифтани кор дар ҳайрат буданду ба худ оҳиста мегуфтанд: -Бобои Тоҷиддин 85-сола асту кампири занаш 81-сола. Дар ин синну сол мӯйсафед чӣ хел зан мегирад?! Момаи Нусратой бо тамоми овозаш ҳаёҳуро давом медод.
Бобои Тоҷиддин низ ӯро дашном медоду мегуфт, ки дар пеши меҳмонон айб шуд охир.
Вале ба кӣ мегӯӣ? Зиёдулло ва Абдураҳим зуд аз он ҷо ба пойтахт баргаштанӣ шуданду аз бобои Тоҷиддин иҷозат пурсиданд. Бобои Тоҷиддин онҳоро ҷавоб надода, маҷбур ба ҳуҷраи меҳмонӣ дароварду гуфт: -Зиқ нашавен. Ма давои дарди и падар- лаъната медонум. Ҳозир камтар истен.
Момаи Нусратой мӯйсафедро ҳар гап гуфта, доду фарёдашро идома дода истода буд, ки бобои Тоҷиддин аз халтааш матоъи занонаеро бароварда ба занаш гуфт: -Ана и тӯҳфа ба ту.
Момаи Нусратой матоъро гирифта, дар як лаҳза ором шуду ба ханда даромада, зуд дастархон партофта, нону чою хӯрок оварда гузошт. Ӯ чунон тез-тез қадам мезад, ки мисли ҷавондухтари ҳаждаҳсола...
Бобои Тоҷиддин ба Зиёдуллою Абдураҳим нигариста гуфт: -Диден, ма доруи дарди и занака медонум. Ӯ ҳозир ҳам ба ма рашк дора. Як матоъи куртаворӣ мегирумша, дига знкш мегира...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё